Шогун баҳор муборак!

Автор: ИИПСАЕ

Расм

  Мувофиқи тафсири луғатҳо «шогун» маънои фоли нек, хайр ва муборак шумурдани чизе мебошад, ки дар «Фарҳанги форси имрӯз» калимаи «шогун» чунин шарҳ дода шудааст: он чӣ рӯйдоди хуб тасвир шавад; фоли нек; фархундагӣ.
  Шугун-фоли нек, муборак шумурдани чизе ва шугун гуфтан-фоли нек шумурдан аст.
  Забоншиноси машҳури руси соҳаи эроншиносӣ ва забонҳои эронӣ Иван Михайлович Стебленский дар фарҳанги этимологии худ вожаи «шогун»-ро бо забонҳои гуногун ба монанди тувӣ shaga (соли нав), ҳиндии қадим shakuna (парранда, фоли нек), забони вершикӣ shagun (унвони суруди солинавӣ) ва дигар забонҳо нишон додаст.
  Бо ин суханони нек, яъне “Шогун баҳор муборак!” мардуми Бадахшон дар Наврӯз ҳамдигарро табрику таҳният гуфта, бо орзуҳои беҳтарини зиндагӣ дасти ҳамдигарро мебӯсанд.
  Наврӯз ҷашни пуршукӯҳи мардумони кишварҳои ориётабор ба шумор меравад. Барои мардуми Бадахшон ин ҷашн яке аз ҷашнҳои зеботарину бошукӯҳ ва бофайзу баракат ба ҳисоб меравад ва мардуми ин минтақа Наврӯзро махсусан бесаброна интизор мешаванд, чунки иқлими Помир аз дигар минтақаҳои кишварамон хунуктар аст. Бинобар ин, мардум Наврӯзро, ки мужда аз баҳор ва гармию фараҳмандӣ мебошад, бесаброна интизор шуда, бо як шукӯҳи хосу суннатҳои махсуси асрҳо маҳфузмонда ботантана ҷашн мегиранд.
  Бояд қайд кард, ки Наврӯз дар Бадахшон дар давраҳои пеш се рӯз ҷашн гирифта мешуд. Дафъаи аввал ин ид дар моҳи ҳут (17-20 феврал) бо номи «bat-ayom» - ҷашни атола, баъд бо номи «шогун» (20-21 март) ва бори сеюм «yamund» - ҷуфтбаророн, вақти кишти баҳорӣ (вобаста ба шароити иқлим) ҷашн гирифта мешуд.
  Дар ноҳияҳои Ванҷу Дарвоз Наврӯзро ду бор дар рӯзҳои баробаршавии шабу рӯз ҳамчун Наврӯзи баҳор ва Наврӯзи тирамоҳ ҷашн мегирифтанд.
  Мардуми Бадахшон якҷоя гузарондани иди Наврӯзро бо хешу табор, ҳамсоягону ҳамдеҳагон  як суннати хуби наврузӣ мешуморанд ва боварӣ доранд, ки ба ҳам омадан ва ҳамроҳ таом танаввул кардан суннати хуби аҷдодӣ буда, мардумро ба ҳам наздиктар мекунад ва онҳо гуноҳҳои якдигарро дар ин рӯз бояд бахшанд ва буғзу кинаро аз дилҳо раҳо кунанд.
  Наврӯз ҳамчун ҷашни эҳёи табиат, иди некию покӣ ва иди баракату фарохрӯзии рӯзгор аст.
  Бигзор, Наврӯзи имсола шогунии худро дар тамоми дунё сарафроз кунад ва ба сартосари олами дилафрӯз муждаҳои амонию осудагӣ, некию якдилӣ ва покию фархундагиро расонад.
Шогун  баҳор муборак,
Бар дӯстон муборак,
Ба рӯи ёр муборак,
Шогун баҳор муборак!
Нигина Душанбиева
ходими илмии шуъбаи
Осиёи Ҷанубӣ ва Шарқӣ

НАЗАД