ШОИР ВА СИЁСАТМАДОР

Автор: ИИПСАЕ

Расм

  Абдураҳмони Пажвок, фарзанди қозӣ Абдулло соли 1919 дар шаҳри Ғазнӣ, вақте ки падараш қозии ин вилоят буд, ба дунё омад. Дусола буд, ки падараш аз Ғазнӣ ба Кобул ва чанде пас ба зодгоҳаш вилояти Нангарҳор рафт. Ӯ дарсҳои ибтидоиро дар хонаводаи фазлпарвари худ оғоз намуд ва пас аз хатми синфи сеюм таҳсилро дар мактаби «Ҳабибия» идома дод. Пас аз хатми мактаб ба факултети тиб дохил шуд, вале аз беҳавасӣ ба ин касб ва бо марги падар таҳсилро раҳо карда, машғули корҳои давлатӣ шуд. 
  Ибтидо ба ҳайси тарҷумони забони англисӣ дар шуъбаи таърихи «Анҷумани адабии Кобул» ва аз он ба баъд дар вазифаҳои мухталифи раёсати мустақили матбуот, мудири масъули рӯзномаи «Ислоҳ», раиси «Де Бохтар ожонс» ва мудири умумии «Пашту тулона» кор кард. Сипас аз олами матбуот ба дунёи сиёсат «қадам гузошта», чандин сол намояндаи матбуотии сафорати Афғонистон дар Лондон, Вашингтон, сафири Афғонистон дар Ҳинд ва намояндаи доимии Афғонистон дар Созмони Милали Муттаҳид буд.
  «Баъд аз рӯйдоди соли 1357 (апрели 1978) Пажвок бинобар номувофиқатӣ ба идеологияи он аз мансабҳои давлатӣ канор рафта, соли 1983 ба хотири беморие, ки дошт, иҷозат ёфт аз Афғонистон хориҷ шавад». Бо дарёфти ин иҷозатнома барои табобат ба Ҳиндустон ва аз он ҷо ба Амрико рафт. Саранҷом ӯ соли 1996 аз олам даргузашт ва ҷанозаи ӯ ба вулусволии Сурхруд (вилояти Нангарҳор) интиқол ёфта, дар зодгоҳи аҷдодиаш ба хок супурда шуд»[1].
  Пажвок гузашта аз шуҳрату обрӯи шоистаи сиёсӣ-иҷтимоӣ, дар таърихи адабиёти ватанаш низ соҳиби ҷойгоҳи арҷманде мебошад. Ӯ дар се забон – дарӣ, пашту ва англисӣ адиб ва нависандаи тавоно буда, даҳҳо асару мақолоти сиёсӣ ва адабиаш дар матбуоти дохилӣ ва хориҷӣ чоп шудааст. Доктор Ш.Ориёнфар теъдоди осори ӯро сездаҳ ва тарҷумаҳояшро панҷ адад шуморидааст.
  Пажвок аз овони навҷавонӣ ба шеъру шоирӣ алоқаманд буда, бо мурури замон ва дарки шинохти беҳтари шеър, худ низ ба шеърсароӣ пардохт. Муаллифи «Сайри адаб дар Афғонистон» (Кобул, 1340) Муҳаммад Усмони Сидқӣ дар бораи Пажвок ва шеъри ӯ чунин менависад: «Пажвок ҷузви дастае аз шуарои муосир аст, ки табъашон аз усули анъанаӣ сар печид ва хостанд суханро ба тарзи дигар адо ва бар мавзӯот аз айнаки дигар тамошо кунанд. Дар ин ришта иддаи зиёде табъозмоӣ карданд, ки аз миён Пажвок ва иддаи дигар қобили зикранд».
  Шоир ва донишманди намоён Абдурауфи Бенаво осори Пажвок ва шахсияти ӯро чунин муаррифӣ мекунад: «Фикри тоза, тахайюли бикр, таамуқи маънӣ, салосати иборат ва ҷазобияти матлаб аз мумаизоти осори вай аст, билхусус дар навиштани мазомини адабӣ ва афсонаҳои миллӣ қалами афсункор дорад. Дар гуфтор низ дорандаи мантиқ ва истидлоли қавист»[2].
  Пажӯҳишгарони адабиёти муосири дарӣ ӯро дар сафи пайравони устодони сабкҳои машҳури хуросонӣ ва ироқӣ ҷой дода, ҳамзамон илова кардаанд, ки ин шефтагӣ ва алоқамандӣ ӯро аз масъалаҳои муҳимми рӯз дур насохтааст. Хулоса Абдураҳмони Пажвок дар таърихи адабӣ ва сиёсӣ-иҷтимоии ватанаш ҷои пои хос ва хотираи неке ба ҷо гузоштааст.
  Се маҷмӯаи ашъораш ба номҳои «Чанд шеър аз Пажвок» (Кобул, 1342), «Гулҳои андеша» (Кобул, 1344) ва «Гузидае аз ашъори Пажвок» ба чоп расидааст. Шарҳи ҳол ва панҷ порча шеъри ӯ дар маҷмӯаи «Баҳори Кобул» (тартибдиҳанда С.Саидов, Душанбе, 1977) ба хонандагони тоҷик пешниҳод шудааст.
 
  Намунаи ашъор:
 
Рӯзе, ки ҳаркиро ба худаш во гузоштаанд,
Моро дар ихтиёри дили мо гузоштаанд.
Оташ фиканд даҳр ба ҳар ошён, ки ёфт,
Ҷуз ошёнае, ки ба анқо гузоштанд.
Бишкаст ҳарчи буд дар ин аҳд рӯзгор,
Ҷуз муҳри ғам, ки бар дили доно гузоштанд.
Мардон, ки рози хеш ҳувайдо намекунанд,
Сад маънии нуҳуфта дар имо гузоштаанд.
Дил дархури забунии яъсу умед нест,
Онро чаро ба дасти таманно гузоштанд?
Дар чашми ахтарон натавон хонд бешароб,
Он розҳо, ки дар дили шабҳо гузоштанд.
Баъд аз ҳазор давр чу навбат ба мо расид,
Соғар ба тоқу ваъда ба фардо гузоштанд.
Ратли гарон кашидану мастона зистан,
Бори амонатест, ки бар мо гузоштанд.
Пажвок, шод бош, ки ёрон ба базми хеш,
Ҷойи туро ба дида, на беҷо гузоштанд.
 
Як хандаву хомӯшӣ
 
Бархезу ба соғар кун соқӣ майи ноб андар,
Гӯянд баҳор омад, то кай ту ба хоб андар.
Дӣ пайки баҳорон гуфт, паймонаи дай пур шуд,
Бархез ба комаш кун, як пайки шароб андар.
Вақти тарабу айш аст, овони нишоту сур,
Аз захма хароб афкан, дар коси рубоб андар.
Аз лола табиат бин, соғар ба чаман чида,
Он қадр, ки менояд ҳаргиз ба ҳисоб андар.
Ибриқи хирад бишкан, минои ҷунун пур кун,
Ҳайф аст ба ҳушёрӣ бошӣ ба сароб андар.
Нӯҳ дафтари доноӣ як сатр тараб надҳад,
Як хат неҳу в-онгаҳ оташ ба китоб афкан.
Биштоб хуме пеш ор з-он пеш, ки даҳри дун,
Паймонаи умрат пур созад ба шитоб андар.
Гар шаҳна шавад монеъ, як хандаву хомӯшӣ,
К-ӯро насазад чизе дигар ба ҷавоб андар.
Бархез тамошо кун, оташ ба ҷаҳон афтод,
Аз гул ба замин в-аз барқ дар қалби саҳоб андар.
Не зоҳиду не суфӣ, не фосиқу не фоҷир,
Як тан ба ҷаҳон имрӯз набвад ба савоб андар.
Домони тарат ар нест, чоке ба гиребон зан,
К-аз қатраи найсоне саҳрост ба об андар.
 
Ҷунуни ошкор
 
Шароб дар сараму дӯст дар канори ман аст,
Биёр бода, ки имрӯз рӯзгори ман аст.
Худой донаду ман донаму надонад кас,
Ки ишқ кори ману майкашӣ шиори ман аст.
Ба чашми масти ту соқӣ, ки имшаб ин дили маст,
Чу орзуи ту берун зи ихтиёри ман аст.
Пиёларо зи каф мениҳам, на ҳушёрист,
Ки марг мунтазири навбати хумори ман аст.
Ҳамин бода ниҳон мекашам зи қозии шаҳр,
Нишонае зи ҷунунҳои ошкори ман аст.
Чу гул нишаста дар оташ гузашт умр маро,
Дар интизори хазоне, ки навбаҳори ман аст.
Агар чи бар ҳама олам нуҳуфта мегирям,
Раҳини хандаи хешам, ки пардадори ман аст.
 
Рози ниҳон
 
Андар миёна бо ту чу рози ниҳон ниҳам,
Бояд нахуст соғари май дар миён ниҳам.
Чун гарм шуд сарам ниҳамаш дар канори ту,
В-андешаҳо зи сар ҳама яксар карон ниҳам.
Мастӣ кунам, чунон ки дилам орзу кунад,
Дилро дар ихтиёри ту, эй дилситон ниҳам.
Нанги хумор душмани номуси бихрадист,
Ратли гарон зи даст надонам чи сон ниҳам.
Дар гулситон даҳр нарӯидааст ҳанӯз,
Шохе, ки ман бар он ду шабе ошён ниҳам.
Бигзашт зиндагониву Пажвок то кунун,
Номе наёфтам, ки бар ин достон ниҳам.
 
Таманно
 
Хоҳам, ки шабе Парвин дар домани шаб резам
Яъне ки ба чашми тар дар зулфи ту овезам.
Хоҳам, ки диҳӣ ҷоме, эй соқии маҳталъат,
З-он май ки зи ҷӯши вай бо наша даровезам.
Хоҳам, ки ба растохез аз мастиву мадҳӯшӣ,
Махмур барорам сар ҳангома барангезам.
Беҳуда наяфтодам чун хок ба чашми чарх,
То по нахӯрам аз кас бар рӯш намехезам.
Рақси тараби ман ҳам бесӯз намебошад,
Чун шӯъла зи бетобӣ биншинаму бархезам.
 
Ҷунуни ишқ
 
Бошад шабе, ки май ба фароғат тавон кашам,
Ҷоме ба зиндагии сари дӯстон кашам.
Дар ҷоми моҳ хӯшаи Парвин бияфшурам,
В-онро ба сар ба рағми ғами осмон кашам.
Дар мотами диле, ки надорад ҷунуни ишқ,
Як пардаи сиёҳ ба рӯи ҷаҳон кашам.
Имсол дар баҳор ҷунуне намекунам,
То интиқоми хештан аз боғбон кашам.
Дар сарнавишти ҳастии олам қалам занам,
Хатти фано ба саҳфаи кавну макон занам.
Дунё харобу мову ту аз он харобтар,
Онгаҳ туро ба бар зи муҳаббат чу ҷон кашам.
Пажвок, ноз мекунам аз он бар осмон,
То сар ба остони ниёзаш тавон кашам.
 
Тапиш
 
Гӯш кар гашта агар, завқи шунидан боқист,
Чашм гар бохт назар, ҳасрати дидан боқист.
Гард гаштему ба гесӯи касе наншастем,
Оҳ, к-умеди дар он ҳалқа тапидан боқист.
Бишикастем ба соне, ки ба соҳил амвоҷ,
Дили садпора, вале шӯри тапидан боқист.
Ғунча хандид агар аз дили мо боз нашуд,
Гули ин боғ хазоне шуду чидан боқист.
Орзуҳои башар дар талаби сулҳ мудом,
Ҳамчу ашки сари мижгону чакидан боқист.
Зиндагӣ муқтазии дарки рамузи дигарест,
Норасоему ҳамин дарди расидан боқист.
Ман чу Пажвок дар ин роҳ наям бе тапише
Пой вомонда агар, шавқи давидан боқист
 
* * *
Бошад шабе, ки бахт маро раҳнамун шавад,
Эй орзуи гумшуда, пайдо кунам туро.
То кай нуҳуфта дорамат, эй ишқ, сӯхтам,
Эй рози сар ба муҳр, ҳувайдо кунам туро.
 
Аз тарҷумаҳо:
Хотира
 
Соғар тиҳӣ зи бодаву мино шикаста буд,
Бистар дар интизору дари хона баста буд.
Пои нишот, бас ки лагадкӯб карда буд,
Аз фарш то ба арш яке гард ҷаста буд.
Чун шӯъла гарм буд сари мастам аз шароб
Гуфтӣ ҷаҳон дар оташи равшан нишаста буд.
Ӯ низ маст буду пур аз шавқи зиндагӣ,
Дил ҳам инони сабр зи мастӣ гусаста буд.
Ларзон тани бараҳнаи ӯ дар канори ман,
 Суст аз хумори бода чу аҳди набаста буд.
 
Қодиров Ғиёсиддин
ходими пешбари илмии
шуъбаи Шарқи миёна ва Наздик
 
[1] Ниг: Шамсулҳақ Орёнфар. Шахсиятҳои калони Афғонистон, Кобул, 2008, - с. 71-72.
[2] Абдурауфи Бенаво, пешгуфтор ба маљмуаи «Чанд шеър аз Пажвок», Кобул, 1342, с. 5.

НАЗАД