Шукрона аз он мекунем, ки офтоби сулҳу салоҳу амонӣ дар осмони кишвари азизамон партавафшониву нурафшонӣ мекунад. Ҳамаи ин бо баракат ва саъю талоши шабонарӯзии фарзанди фарзонаи миллати тоҷик Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистони муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва мардуми шарифи бонангу номуси кишварамон ба даст омадааст.
Чун анъана, ҳамасола рӯзи якуми сентябр дар яке аз муассисаҳои олии кишвар Рӯзи дониш ва Дарси сулҳ бо иштирок ва суханронии Ҷаноби Олӣ баргузор мегардад. Бо омадани ин санаи муборак Президенти муҳтарам оғози соли нави таҳсилро ба тамоми сокинони Ватани азизамон табрику таҳният мегӯянду дар оғози Дарси сулҳ пурарзиш будани неъмати сулҳ ва ба ҷо овардани шукронаи онро ба ҳамаи сокинони кишвар хотиррасон менамоянд.
Дар суханронӣ бештар Президенти кишвар аҳамият доштани илму дониш барои рушди маънавиёти инсон ва инкишофи давлату миллат суҳбат намуда, масъалагузориҳои илмиву оммавӣ карда, моро ба сӯи донишу маърифат ва сулҳу ваҳдат роҳнамоӣ мекунанд.
Бо ҳамин мақсадҳои неку арзишманд солҳои 2020-2040 ҳамчун Солҳои омӯзиш ва рушди илмҳои табиӣ, дақиқ ва риёзӣ эълон гардид, ки тавассути он тамоми сохторҳои илму маориф ва умуман, муассисаҳои таълимӣ вазифадоранд, ки бо мақсади бунёди ояндаи дурахшон ба таълими илмҳои табииву риёзӣ зиёдтар таваҷҷуҳ зоҳир намуда, андешаронии техникии насли ҷавонро мустаҳкам гардонанд.
Пешвои миллат саъю талоши шабонарӯзӣ менамоянд, ки ҳеҷ фарзанди тоҷик аз илму дониш бенасиб нагардад. Бо ҳамин ҳадафи олӣ дар тамоми шаҳру ноҳияҳои кишвар имрӯз муассисаҳои нави таълимӣ бо шароити муосир бунёд гардиданд, ки шаҳодат аз арҷгузорӣ ба донишу донишомӯзии миллати сулҳдӯсту сулҳҷӯи мо медиҳад.
Хулоса, мо бояд шукрона аз он намоем, ки чунин Ватани маҳбуб дорем, миллаташ раҳбареро ба худ ихтиёр намудааст, ки хирадманду дӯстдори илм буда, ҳамеша мехоҳанд ояндаи мардуму миллат дар зери партави озодӣ, оромӣ ва ободӣ дурахшону сарбаланд бошад.
Мирсаид РАҲМОНОВ,
ходими илмии шуъбаи Осиёи Ҷанубу Шарқии
Институти Осиё ва Аврупои АМИТ