Шумораи нахустини маҷаллаи илмии «Осиё ва Аврупо» аз чоп баромад

Автор: ИИПСАЕ

Расм

   Нахустин шумораи маҷаллаи илмии Институти омӯзиши масъалаҳои давлатҳои Осиё ва Аврупои Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти унвони “Осиё ва Аврупо” аз чоп баромад.

   Маҷаллаи «Осиё ва Аврупо» нашрияи Институти омӯзиши масъалаҳои давлатҳои Осиё ва Аврупои Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад. Дар маҷалла мақолаю тақризҳо ва ахбор дар бахши омӯзиши сиёсат, иқтисоди ҷаҳон, афкори иҷтимоӣ, забон, адабиёт, таърих, ҷунбишҳои динию идеологӣ ва сиёсӣ, низоъҳои минтақавӣ дар кишварҳои Осиё, Аврупо ва Амрико ба табъ мерасанд.  Маҷалла мақолаҳоро бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва англисӣ пазируфта, ҳамроҳи мақола фишурдаи он низ ба забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва англисӣ талаб карда мешавад. Маҷалла баъди се соли фаъолият Институт аввалин шумора буда, аз 160 саҳифа иборат мебошад ва соле 4 маротиба нашр мешавад.

   Институти омӯзиши масъалаҳои давлатҳои Осиё ва Аврупо муассисаи навтаъсиси илмӣ-тадқиқотӣ буда, он бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 28 октябри соли 2016 №466 дар сохтори Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ташкил шудааст.

   Институти мазкур ягона муассисаи илмиест, ки ба омӯзиши сиёсат, иқтисоди ҷаҳон, афкори иҷтимоӣ, забон, адабиёт, таърих, ҷунбишҳои динию идеологӣ ва сиёсӣ, низоъҳои минтақавӣ дар кишварҳои Осиё, Аврупо ва Амрико машғул мебошад.

 Умед Пудинаев,
корманди Институт

НАЗАД