СИЁСАТИ ХОРИҶИИ ТОҶИКИСТОН ДАР ОСТОНАИ 35-умин СОЛГАРДИ ИСТИҚЛОЛИЯТ: САМТҲОИ АСОСӢ ВА ДУРНАМОИ РУШД

Автор: Юсуфджанов Фаридун

Расм

(Самтҳои таҳаввул ва авлавиятҳои сиёсати хориҷии Тоҷикистон)

        Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки 9 сентябри соли 1991 ба даст омад, на танҳо оғози марҳилаи нави давлатдорӣ буд, балки заминаи ташаккули сиёсати хориҷӣ ва дипломатияи миллӣ гардид. Ҳамин рӯйдоди таърихӣ шароит фароҳам овард, то Тоҷикистон ҳамчун субъекти мустақили муносибатҳои байналмилалӣ вориди низоми ҷаҳонӣ шуда, манфиатҳои миллии худро дар сатҳи минтақавӣ ва глобалӣ ҳимоя намояд. Истиқлолият имкон дод, ки дипломатияи тоҷик саҳифаи навро оғоз намуда, тадриҷан ба як унсури муҳим дар таҳкими давлатдорӣ ва рушди устувори кишвар табдил ёбад.

        Имрӯз, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон дар остонаи 35-умин солгарди Истиқлолияти давлатӣ қарор дорад, баррасии дастовардҳо ва таҷрибаи сиёсати хориҷӣ аҳамияти хоса касб мекунад. Ин таҷриба нишон медиҳад, ки дипломатияи тоҷик тавонистааст дар шароити мураккаби ҷаҳонӣ ва минтақавӣ на танҳо мавқеи кишварро ҳифз кунад, балки барои муаррифӣ ва ҳимояи манфиатҳои миллӣ, ҷалби шарикон ва татбиқи ташаббусҳои байналмилалӣ замина гузорад.

        Марҳалаи аввали ташаккули сиёсати хориҷии Тоҷикистон (1991-2000). Давраи аввали Истиқлолият барои Ҷумҳурии Тоҷикистон душвориҳои зиёде вуҷуд доштанд: ҷанги шаҳрвандӣ, буҳрони иқтисодӣ, норасоии кадрҳои дипломатӣ ва набудани таҷрибаи идораи мустақилонаи сиёсати хориҷӣ. Бо вуҷуди ин, давлати ҷавон тавонист дар як муҳити пур аз чолишҳо пояҳои сиёсати хориҷии худро гузорад.

        Яке аз аввалин қадамҳои муҳим – ин шинохти давлати муосири Тоҷикон дар сатҳи байналмилалии буд. Дар соли 1992 Тоҷикистон узви комилҳуқуқи Созмони Милали Муттаҳид гардида, ҳамин тариқ роҳ ба ҳамкориҳои бисёрҷониба кушода шуд. Узвият дар СММ барои Тоҷикистон имконияти таъмини мақоми байналмилалӣ ва ҳамзамон дастрасиро ба дастгирии ҷомеаи ҷаҳонӣ фароҳам овард. Дар солҳои минбаъда, Тоҷикистон ба Созмони амнияти ва ҳамкорӣ дар Аврупо (САҲА), Созмони ҳамкории исломӣ (ОИК) ва дигар созмонҳои ҳамгироии минтақавӣ ва ҷаҳонӣ пайваст. Сиёсати хориҷии Тоҷикистон дар ин марҳала бештар хусусияти дифоӣ ва ҳифозатӣ дошт. Аввалан, зарурати асосӣ ҳифзи истиқлолият ва тамомияти арзии кишвар буд. Ҳамзамон, роҳандозии гуфтушунидҳои сулҳ, ки бо миёнаравии СММ ва давлатҳои минтақа сурат гирифт, ба дипломатияи тоҷик таҷрибаи аввалини мулоқоти бисёрҷониба бахшид. Ин гуфтушунидҳо, ки дар ниҳоят ба имзои Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ дар соли 1997 оварданд, намунаи барҷастаи истифодаи дипломатия ҳамчун воситаи ҳаллу фасли низоъҳои дохилӣ бо дастгирии байналмилалӣ гардиданд.

        Дар ҳамин давра, Тоҷикистон бо қудратҳои бузург низ қадамҳои аввалини муносибатҳои дуҷонибаро гузошт. Бо Федератсияи Русия пайвандҳои стратегӣ барқарор шуданд, ки барои таъмини амният ва суботи кишвар аҳамияти ҳаётан муҳим доштанд. Бо Ҷумҳурии Мардумии Чин ва Иёлоти Муттаҳида низ муносибатҳои дипломатӣ оғоз ёфтанд, ки дар солҳои баъдӣ густариш ёфтанд.

Бо вуҷуди мушкилоти дохилӣ, солҳои 1990-2000 давраи ташаккули дипломатияи тоҷик ба ҳисоб меравад, ки чунин дастовардҳоро метавон номбар намуд:

  • Тоҷикистон ҳамчун давлати мустақил дар харитаи сиёсати ҷаҳонӣ ҷойгоҳи худро пайдо кард;

  • Пояҳои ҳамкориҳои дуҷониба ва бисёрҷониба гузошта шуданд;

  • Таҷрибаи нахустини дипломатияи сулҳ ба даст омад;

  • Ҳузури байналмилалӣ ва шинохти кишвар таъмин гардид.

Ин ҳама қадамҳо пояи устувори марҳилаҳои минбаъдаи сиёсати хориҷии Тоҷикистон гардиданд.

 

Дастовардҳои калидии дипломатияи тоҷик 

        Пас аз ба даст овардани сулҳу суботи сиёсӣ дар дохили кишвар, Тоҷикистон вориди марҳилаи нави сиёсати хориҷӣ гардид. Аз ибтидои солҳои 2000-ум, Душанбе талош кард, ки муносибатҳои дуҷонибаро бо кишварҳои калидӣ ба сатҳи сифатан нав барорад.

        Муносибат бо Русия. Федератсияи Русия ҳамчун шарики стратегии аввалиндараҷаи Тоҷикистон боқӣ мемонад. Дӯстии таърихӣ, ҳамгироии фарҳангӣ ва вобастагиҳои иқтисодӣ робитаҳои ду давлатро муайян месозанд. Ҳузури пойгоҳи низомии Русия дар Тоҷикистон, ки кафолати амнияти марзӣ ва мубориза бо таҳдидҳои минтақавӣ ба шумор меравад, ба муносибатҳои стратегӣ аҳамияти иловагӣ бахшид. Илова бар ин, ҳамкориҳои иқтисодӣ, бахусус дар соҳаи энергетика, нақлиёт ва муҳоҷирати меҳнатӣ, симои шарикии ду кишварро тақвият доданд.

        Муносибат бо Чин. Ҷумҳурии Мардумии Чин дар давраи истиқлол ба яке аз шарикони муҳими стратегии Тоҷикистон табдил ёфт. Ҳамкориҳои иқтисодӣ, сармоягузорӣ ва лоиҳаҳои зерсохторӣ, аз роҳу пулҳо то энергетика, робитаҳои ду кишварро таҳким бахшиданд. Дар доираи ташаббуси «Камарбанд ва Роҳ», Тоҷикистон ҷойгоҳи муҳими геостратегӣ гирифт ва тавонист аз манфиатҳои худ ҳимоя кунад. Чин ҳамчунин нақши муҳим дар рушди иқтидори мудофиавии Тоҷикистон ва тақвияти марзҳои ҷанубӣ бо Афғонистон бозид.

        Муносибат бо ШМА. Бо Штатҳои Муттаҳида муносибатҳо бештар хусусияти сиёсӣ-дипломатӣ ва амниятӣ пайдо карданд. Пас аз ҳодисаҳои 11 сентябри соли 2001 ва оғози амалиёти зиддитеррористӣ дар Афғонистон, Душанбе ба шарики боэътимод дар минтақа барои Вашингтон табдил ёфт. ШМА тавассути барномаҳои гуногуни кӯмакҳои иқтисодӣ, рушди ҷомеаи шаҳрвандӣ ва беҳбуди инфрасохтор саҳмгузор гардид.

        Муносибат бо кишварҳои дигар. Тоҷикистон бо кишварҳои ҳамсоя, аз қабили Ӯзбекистон, Қирғизистон, Қазоқистон ва Туркманистон низ муносибатҳоро рушд дод. Агар дар солҳои аввал мушкилоти марзӣ ва баҳсҳои обу энергетикӣ вуҷуд доштанд, солҳои охир рӯйкарди ҳамкорӣ ва ҳамгироӣ бартарӣ пайдо кардааст. Бо кишварҳои Ховари Миёна, махсусан Эрон, Туркия ва кишварҳои арабӣ, ҳамкориҳои сиёсӣ, фарҳангӣ ва иқтисодӣ густариш ёфтанд.

Ҳамкориҳои бисёрҷониба. Тоҷикистон дар ду даҳаи охир сиёсати фаъолро дар созмонҳои байналмилалии минтақавӣ ва ҷаҳонӣ пеш бурд.

  • Созмони Милали Муттаҳид (СММ): Тоҷикистон аз тариқи СММ тавонист ташаббусҳои муҳимро дар соҳаи об, иқлим ва амнияти минтақавӣ ба ҷаҳониён пешниҳод кунад. Ҳамаи қарорҳои марбут ба Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои ҳаёт» (2005-2015) ва Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор» (2018-2028) бо пешниҳоди Тоҷикистон қабул шуданд.

  • Созмони Ҳамкории Шанхай (СҲШ): Тоҷикистон яке аз аъзои муассиси СҲШ мебошад ва дар таҳкими ҳамкориҳои амниятӣ, иқтисодӣ ва фарҳангӣ нақши фаъол дорад.

  • Созмони Аҳдномаи Амнияти Дастаҷамъӣ (СААД): тавассути СААД Тоҷикистон тавонист масоили амнияитро таҳким бахшида, дар муқобили таҳдидҳои минтақавӣ, аз ҷумла терроризм ва қочоқи маводи мухаддир, ҳамкориҳои низомиро густариш диҳад.

  • Созмони Амният ва Ҳамкории Аврупо (САҲА): Тоҷикистон аз ин минбар барои татбиқи ислоҳоти демократӣ, дастгирии ҷомеаи шаҳрвандӣ ва назорати интихоботҳо истифода намуд.

  • Созмони Ҳамкории Исломӣ (ОИК): Тоҷикистон дар доираи ОИК имкони муаррифии манфиатҳои кишварҳои мусулмонӣ ва ҷалби ҳамкории иқтисодиву фарҳангиро пайдо кард.

Самтҳои сиёсӣ-дипломатӣ, иқтисодӣ-энергетикӣ, амниятӣ ва фарҳангӣ-гуманитарӣ. Сиёсати хориҷии Тоҷикистон танҳо ба сатҳи сиёсӣ маҳдуд намешавад. Самтҳои зерин низ аҳамияти калидӣ доранд:

  • Сиёсӣ-дипломатӣ: таъмини истиқлолият, ҳимояи арзишҳои миллӣ, ташаббусҳои сулҳомез.

  • Иқтисодӣ-энергетикӣ: ҷалби сармоягузорӣ, ҳамкорӣ дар соҳаи гидроэнергетика (нахуст бо Бонки Ҷаҳонӣ, СБҲР, Бонки Осиёии Рушд), рушди инфрасохтори нақлиётӣ.

  • Амниятӣ: мубориза бар зидди терроризм, экстремизм, қочоқи маводи мухаддир, таъмини амнияти марзӣ.

  • Фарҳангӣ: таҳкими ҳувияти миллӣ, густариши робитаҳои илмӣ ва фарҳангӣ, ҳамкориҳои байниҳамдигарфаҳмӣ дар сатҳи мардумон.

  • Гуманитарӣ: дар дохили кишвар ва дар фазои байналмилалӣ пешбурди принсипҳои бунёдии башардӯстона ва манфиатҳои гурӯҳҳои осебпазир дар ҳама гуна вазъият, хоҳ муноқиша ё офати табиӣ мебошад.

Нақши Тоҷикистон дар ташаббусҳои байналмилалӣ. Яке аз хусусиятҳои фарқкунандаи дипломатияи тоҷик дар давраи истиқлол он аст, ки Тоҷикистон як актори ташаббускори фаъоли равандҳои байналмилалӣ гардид. Ин самти фаъолияти сиёсати хориҷӣ имкон дод, ки кишвар бо вуҷуди имкониятҳои маҳдуд дар низоми ҷаҳонӣ мавқеи намоён касб намояд.

  1. Ташаббусҳои вобаста ба масъалаи об

Тоҷикистон ҳамчун кишвари дорои захираҳои бузурги обӣ масъалаи обро ба як ҷузъи асосии сиёсати хориҷӣ табдил дод. Пешниҳод ва қабул шудани як қатор қарорҳои муҳим аз ҷониби Маҷмаи Умумии СММ далели ин аст:

  • Қабули Соли байналмилалии оби тоза (2003) бо ташаббуси роҳбарияти сиёсии Тоҷикистон, хусусан Пешвои муаззами миллат.

  • Эълони Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои ҳаёт» (2005–2015), ки ба беҳтар шудани ҳамкорӣ дар сатҳи ҷаҳонӣ оид ба идоракунии захираҳои об мусоидат намуд.

  • Пешниҳод ва қабули Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор» (2018–2028), ки ҳоло ҳамчун заминаи ҳамгироии кишварҳо дар масъалаи об ва иқлим хизмат мекунад.

Ин ташаббусҳо ба Тоҷикистон обрӯ ва эътибори байналмилалӣ оварда, ҳамзамон мавқеи онро ҳамчун “Сарзамини об” (ё “Ватани об”) муаррифӣ карданд.

  1. Мубориза бо таҳдидҳои амниятӣ

Тоҷикистон, ки дар ҳамсоягӣ бо Афғонистон ҷойгир аст, ҳамеша масъалаи амнияти минтақавиро ба миён гузоштааст. Душанбе пайваста аз минбарҳои байналмилалӣ зарурати ҳамкории дастаҷамъиро дар мубориза бо терроризм, экстремизм ва қочоқи маводи мухаддир таъкид мекунад. Ин мавқеъ боис гардид, ки Тоҷикистон ба шарики боэътимоди созмонҳои амниятӣ, аз ҷумла СААД ва СҲШ, табдил ёбад.

  1. Ташаббусҳои фарҳангӣ

Тоҷикистон тавассути СММ ва ЮНЕСКО чандин пешниҳодро барои гиромидошти арзишҳои таърихӣ ва фарҳангии мардуми худ ба миён гузошт. Аз ҷумла, аз ибтидои солҳои 2000-ум Ҷумҳурии Тоҷикистон бо пешбарии пайвастаи Пешвои муаззами миллат ташаббусҳои ҷиддӣ ва дорои аҳамияти глобалиро дар сатҳи Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид ироа намуд, ки натиҷаи он қабули 7 қатъномаи калидӣ дар мавзуи идоракунӣ ва ҳалли мушкилоти об гардид. Ин раванд, бешубҳа, ҷойгоҳи байналмилалии Тоҷикистонро таҳким бахшида, онро ба яке аз марказҳои ташаббускори сиёсати ҷаҳонии об табдил дод.

Ба таври мушаххас, дар ин радиф бояд аз эълони соли 2003 ҳамчун “Соли байналмилалии оби тоза”, аз солҳои 2005-2015 ҳамчун Даҳсолаи байналмилалии амалиёти “Об барои ҳаёт”, ҳамчунин эътирофи соли 2013 ба сифати “Соли байналмилалии ҳамкорӣ дар соҳаи об” ва дар ниҳоят аз солҳои 2018-2028 ҳамчун Даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои рушди устувор” ёдовар шуд. Қадами дигар, ки аҳамияти таърихӣ ва стратегӣ дорад, ин қарорест, ки 14 декабри соли 2022 аз ҷониби Маҷмаи Умумии СММ қабул гардида, соли 2025-ро ҳамчун “Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо” муқаррар намуд ва санаи 21 мартро ба сифати “Рӯзи ҷаҳонии пиряхҳо” дар тақвими ҷашнвораҳои байналмилалӣ ворид сохт.

  1. Ташаббусҳои гуманитарӣ

Дар доираи таҳкими сиёсати хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки бар мабнои арзишҳои инсондӯстӣ ва масъулияти умумибашарӣ ташаккул ёфтааст, фаъолияти Ҷаноби Олӣ, Пешвои муаззами миллат, ҳамчун намунаи возеҳи дипломатияи гуманитарӣ арзёбӣ мегардад. Ҳанӯз дар давраи ҳассоси ҷанги шаҳрвандӣ, ҳангоме ки ҳазорҳо шаҳрвандони тоҷик ба Афғонистон паноҳ бурда буданд, бо талошу ибтикороти сиёсӣ ва дипломатии Роҳбари давлат шароити мусоиди бозгашти амну босуботи онҳо ба ватан фароҳам омад. Ин иқдом, на танҳо амнияти миллиро таҳким бахшид, балки ҳамчун намунаи татбиқи принсипҳои инсонпарварона дар амал муаррифӣ гардид.

Илова бар ин, чанд соли қабл ҳангоми офати табиӣ ва заминларзаи шадид дар Ҷумҳурии Туркия, ки боиси талафоти ҷонӣ ва харобиҳои азим гардид, Тоҷикистон бо роҳнамоӣ ва ҳидояти Пешвои миллат дар қатори нахустин кишварҳо ба мардуми осебдидаи турк кӯмаки фаврӣ ва эҳтиёҷоти башардӯстона расонд. Ин иқдом, ки аз ҳамбастагӣ ва масъулияти байналмилалии Тоҷикистон шаҳодат дода, баёнгари он аст, ки дипломатияи гуманитарии кишвар аз доираи миллӣ гузашта, ба як унсури муҳими саҳмгузорӣ дар субот ва ҳамбастагии глобалӣ табдил ёфтааст.

Ҳамаи ин иқдомҳо баёнгари нақши бунёдии Тоҷикистон дар ташаккули рӯзномаи глобалӣ дар соҳаву бахшҳои мухталиф буда, ҷомеаи ҷаҳонӣ бо як иттифоқ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро ҳамчун муаллиф ва поягузори ҳамаи ин ташаббусҳои дорои аҳамияти сайёравӣ эътироф намудааст.

Бо ин роҳ, Тоҷикистон тавонист дар сатҳи ҷаҳонӣ ҳамчун ташаббускори фаъол дар соҳаҳои муҳити зист, фарҳанг ва амният муаррифӣ шавад.

Ҷойгоҳи Тоҷикистон дар низоми байналмилалии муосир ва дурнамои рушди ҳамкорӣ. Дар давоми қариб 35 соли Истиқлолият, Тоҷикистон аз як кишвари дар ҳолати буҳронӣ ба давлати дорои мавқеи устувор дар низоми байналмилалӣ табдил ёфт.

  1. Ҷойгоҳ/мақом дар минтақа

Тоҷикистон имрӯз ба унвони як узви фаъол дар Осиёи Марказӣ шинохта мешавад. Агар солҳои 1990-2000 кишвар бештар ба ҳалли мушкилоти дохилӣ машғул буд, имрӯз он метавонад ташаббусҳои минтақавиро пешниҳод, татбиқ ва роҳбарӣ кунад. Масалан, ҳамкорӣ бо кишварҳои Осиёи Марказӣ дар соҳаҳои об, энергетика ва амният тадриҷан ба сатҳи нав баромадааст.

  1. Ҷойгоҳ дар низоми ҷаҳонӣ

Тоҷикистон тавассути ҳамкории стратегӣ бо Русия ва Чин, инчунин робитаҳои муташаккил бо ШМА ва Иттиҳоди Аврупо, тавонист сиёсати матвозинро пеш барад. Ин сиёсат ба кишвар имконият дод, ки аз рақобати геополитикии абарқудратҳо ба нафъи худ истифода карда, ба маркази эътибори дипломатӣ дар минтақа табдил ёбад.

  1. Дурнамои ҳамкориҳо

  • Сиёсӣ-дипломатӣ: идома додани сиёсати мутавозин ва тавсеаи шарикӣ бо давлатҳои нав, аз ҷумла кишварҳои Аврупо, Осиё, Африқо, Амрикои Шимолӣ ва Амрикои Ҷанубӣ.

  • Иқтисодӣ: ҷалби сармоягузории хориҷӣ, густариши нақши Тоҷикистон дар тарҳҳои минтақавӣ ба мисли “Камарбанд ва Роҳ”.

  • Энергетика: идомаи татбиқи лоиҳаҳои гидроэнергетикӣ ва содироти барқи «сабз» ба кишварҳои ҳамсоя.

  • Амният: таҳкими марзҳо, ҳамкориҳои дастаҷамъӣ бо СААД, СҲШ ва дигар сохторҳо.

  • Фарҳангӣ: густариши робитаҳои байни ҷомеаҳо, таҳкими равобити илмӣ ва таълимӣ, истифода аз дипломатияи фарҳангӣ барои муаррифии Тоҷикистон.

  • Гуманитарӣ: таҳкими нақши Тоҷикистон ҳамчун кишваре, ки арзишҳои башардӯстиро дар сиёсати хориҷӣ амалӣ месозад. Дар ин замина, зарур аст ҳамкориҳо бо сохторҳои СММ, Кумитаи байналмилалии Салиби Сурх ва Ҷамъиятҳои Ҳилоли Аҳмари Тоҷикистон, ҷамъятҳои миллии шарики Салиби Сурх ва Ҳилоли Аҳмари дигар кишварҳои ҷаҳон тавсеа ёбад. Иштироки фаъол дар ташаббусҳои байналмилалӣ оид ба муҳоҷират, паноҳандагон ва рафъи оқибатҳои офатҳои табиӣ метавонад на танҳо имиҷи мусбати кишварро тақвият бахшад, балки заминаи ҳамбастагии минтақавиро низ фароҳам оварад.

Дурнамои сиёсати хориҷии Тоҷикистон дар заминаи қариб 35 соли истиқлол нишон медиҳад, ки кишвар метавонад ба як пул байни Шарқ ва Ғарб, Ҷануб ва Шимол табдил ёбад.

Хулоса ва тавсияҳо

        Сиёсати хориҷӣ ва дипломатияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар давраи пас аз истиқлолият роҳи пурпечутоб, вале созандаро тай намуд. Дар шароити душвори солҳои аввал, аз буҳрони иқтисодӣ то ҷанги шаҳрвандӣ давлат тавонист мавқеи худро ҳамчун субъекти мустақили муносибатҳои байналмилалӣ таҳким бахшад. Узвият дар СММ ва дигар созмонҳои ҷаҳонӣ ва минтақавӣ замина фароҳам овард, то Тоҷикистон ба таври расмӣ ба низоми байналмилалӣ ворид шавад.

Дар солҳои минбаъда (2000-2025), Тоҷикистон ба як актори фаъоли равандҳои байналмилалӣ табдил ёфт. Муносибатҳои стратегӣ бо Русия ва Чин, ҳамкории мутавозин бо Иёлоти Муттаҳида ва Иттиҳоди Аврупо, инчунин рушди робитаҳо бо кишварҳои ҳамсоя ва олами ислом, нишон доданд, ки дипломатияи тоҷик сиёсати “тавозун ва ҳамкорӣ”-ро пайгирӣ менамояд.

Ҳамзамон, Тоҷикистон бо ташаббусҳои худ дар соҳаи об, иқлим ва рушди устувор тавонист обрӯи байналмилалӣ ба даст орад. Пешниҳодҳои кишвар, ки аз ҷониби Маҷмаи Умумии СММ қабул гардиданд, на танҳо манфиатҳои миллиро инъикос намуданд, балки ба ҳалли мушкилоти умумибашарӣ низ мусоидат карданд.

Дар маҷмӯъ, метавон гуфт, ки 35 соли истиқлолият барои Тоҷикистон як давраи ташаккул ва таҳкими дипломатия ҳамчун омили муҳими давлатдорӣ мебошад. Бо такя ба ин таҷриба, дурнамои нав барои рушди сиёсати хориҷӣ дар марҳалаи оянда боз ҳам равшан мешаванд.

 

Тавсияҳо барои рушди минбаъдаи сиёсати хориҷӣ

  • Тақвияти сиёсати ҳамгироии минтақавӣ. Тоҷикистон бояд ҳамкориҳои бисёрҷонибаро бо кишварҳои Осиёи Марказӣ тақвият бахшад, зеро танҳо тавассути ҳамгироии минтақавӣ мумкин аст мушкилоти об, энергетика, нақлиёт ва амният ба таври муассир ҳал шаванд.

  • Давом додани сиёсати мутавозини “Шарқ ва Ғарб”. Бояд сиёсати мувозанати геополитикиро ҳифз намуд, ки он имконият медиҳад аз ҳамкории ҳам бо абарқудратҳо (Русия, Чин ва ШМА) ва ҳам бо кишварҳои минтақа манфиат бардорад.

  • Рушди иқтисодӣ тавассути татбиқи дипломатияи иқтисодӣ. Зарур аст, ки дипломатияи тоҷик бештар ба самти ҷалби сармоягузорӣ, густариши савдои хориҷӣ ва тавсеаи ҳамкориҳо дар соҳаи энергетикаи “сабз” равона гардад.

  • Амнияти фаромарзӣ ва суботи дохилӣ. Тоҷикистон бояд бо истифода аз платформаҳои СААД, СҲШ ва СММ ҳамкориҳоро дар мубориза бар зидди терроризм, экстремизм ва қочоқи маводи мухаддир идома диҳад. Ин раванд бояд бо таҳкими иқтидори миллӣ дар марзҳо якҷо сурат гирад.

  • Дипломатияи илмӣ ва фарҳангӣ. Барои таҳкими ҳувият ва муаррифии Тоҷикистон дар ҷаҳон зарур аст, ки робитаҳои илмӣ ва фарҳангӣ бо кишварҳои хориҷӣ тақвият дода шаванд. Дипломатияи фарҳангӣ метавонад ба густариши ҳамкориҳои “мардум ба мардум”, таҳкими эътибори байналмилалӣ ва ҷалби сайёҳон мусоидат кунад.

  • Ташаббусҳои нав дар соҳаи экология ва иқлим. Бо такя ба таҷрибаи муваффақи ташаббусҳои обӣ, Тоҷикистон метавонад дар масъалаи тағйирёбии иқлим ва истифодаи манбаъҳои барқароршавандаи энергия пешниҳодҳои нави байналмилалӣ роҳандозӣ намояд.

        Ҳамин тавр, дар остонаи 35-умин солгарди Истиқлолияти давлатӣ, метавон бо итминон гуфт, ки дипломатияи тоҷик аз як дипломатияи ҳифозатӣ ба як дипломатияи фаъол ва ташаббускор табдил ёфтааст. Агар дар ибтидо ҳадаф бештар ҳифзи истиқлол ва суботи дохилӣ буд, имрӯз Тоҷикистон метавонад ҳамчун актори фаъол дар ҳаллу фасли мушкилоти ҷаҳонӣ ва минтақавӣ баромад кунад.

        Ҳадафи асосӣ барои марҳилаҳои оянда ин аст, ки Тоҷикистон бо истифода аз таҷрибаи 35-сола, дипломатияи худро ба як абзори муассири рушди миллӣ, таҳкими амният ва ҳамгироии байналмилалӣ табдил диҳад. Танҳо дар ин сурат кишвари мо метавонад мавқеи худро ҳамчун давлати ташаббускор ва боэътимод дар сиёсати ҷаҳонӣ боз ҳам таҳким бахшад.

 

Юсуфҷонов Фаридун Муҳаммадиевич

номзади илмҳои сиёсӣ

Ходими пешбари илмии шуъбаи ШМА ва Канадаи

Институти омӯзиши масъалаҳои давлатҳои Осиё ва Аврупои

Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон

НАЗАД