Сиёсати хориҷии Туркия нисбат ба давлатҳои пасошӯравии Осиёи Марказӣ  дар солҳои 1990-2001

Автор: Салимов Акбар

Расм

Осиёи Марказӣ аз қадим минтақаи бархӯрди манфиатҳои давлатҳои арбарқудрат буд. Баробари барҳам хӯрдани Иттиҳоди Шӯравӣ ин давлатҳо кӯшиш намуданд то барои ба даст овардани иқтидори сиёсии худ дар минтақа фаъол гарданд. Бешубҳа пош хӯрдани Иттиҳоди Шӯравӣ барои рақобати ғояву ақидаҳои геополитикии онҳо асос гардид.

Фурӯпошии Иттиҳоди Шӯравӣ боиси он гардид, ки Туркия барои босуръат таҳким бахшидани ҳузури сиёсӣ, иқтисодӣ ва фарҳангии худ дар Осиёи Марказӣ, тарзи усулан нави имкониятҳоро истифода барад.

Давлатҳои нави мустақили Осиёи Миёна ва Қафқоз ҳамчун субектҳои пуриқтидор таҳти назари сарварии Тургут Озал ишора гардида буданд.  То вақти аз олам гузаштанаш дар соли 1993, ӯ кушиш намуд Иттиҳоди туркиро таъсис диҳад, аммо боварии ӯ ба худ ва суханонаш дар бораи нақши Туркия дар низоми нави ҷаҳонӣ аз ҳама гуна воқеият бе асос буда, хаёлҳои пучро инъикос менамуданд [1].

Ҷумҳурии Туркия кӯшиш намуд, “модел”-и рушди худро дар кишварҳои Осиёи Марказӣ бо мақсади мубориза бурдан алайҳи исломи фундаменталистӣ, ки аз Эрон сарчашма мегирад, тақвият диҳад[2]. Т.Чиллер (Сарвазири Туркия дар солҳои 1993-1996) дар яке аз мақолаҳояш чунин навиштааст: “Мо машғули он ҳастем, ки таҷрибаи мавҷудаи худро дар рушди демократия ва иқтисоди бозаргонӣ бо Озарбойҷон ва кишварҳои Осиёи Марказӣ мубодила намоем. Наздикии Туркия бо  ин кишварҳо ба робитаҳои таърихӣ, фарҳангӣ ва забонӣ асос ёфтааст, ки барои чунин ҳамкорӣ пояи устувор таъмин намуда, метавонад барои онҳоро муттаҳид кардан ва ба ҷомеаи ҷаҳонӣ роҳ ёфтан, кӯмак расонад”[3].

Дар асл, Туркия сиёсати худро нисбати Иттиҳоди Шӯравӣ аз соли 1920 инҷониб нигоҳ дошта, то остонаи барҳам хӯрдани Иттиҳоди Шӯравӣ, ҳукумати Туркия ба кишварҳои Осиёи Миёна таваҷҷуҳ зоҳир намекард.  Туркия истиқлолияти ИҶШС-ро  дар қаламрави “ ҷумҳуриҳо” дар Қафқоз ва дар Осиёи Марказӣ қабул кард, сафари собиқ раиси ҷумҳури Туркия Тургут Озал ба Қазоқистон дар соли 1991, қабл аз сафари ӯ ба Маскав пешкаш шуд.  Дар ҳамин замина, дар охири моҳи августи соли 1991 муовини вазири корҳои хориҷии Туркия Оздем Санберк эълон кард, ки Туркия арзишҳои худро дар мавриди Қафқоз ва Осиёи Марказӣ афзоиш хоҳад дод. Ҳамчунин ӯ изҳор намуд, ки муносибатҳои Туркия бо Русия назар ба муносибатҳои Туркия бо “ҷумҳуриҳо” муҳимтар буданд[4]. Бо вуҷуди ин, пурра дар давоми соли 1991 манфиати Туркия дар минтақа мунтазам ривоҷ ёфта, дар натиҷа дар моҳи декабри соли 1991 боиси аз ҷониби Туркия эътироф намудани истиқлолияти хамаи давлатҳои нави мустақили Осиёи Марказӣ ва Қафқоз гардид.

Сиёсати хориҷии Туркия  дар самти Қафқоз ва самти Осиёи Марказӣ таҳти унвони  “эйфория”, дар охири солҳои 1991 ва соли 1993 сурат гирифт[5]. Тургут Озал собиқ раиси ҷумҳури Туркия дар суханронии худ дар Ҷаласаи калони миллии Туркия  (TGNA) изҳор намуд, ки анҷоми ҷанги сард ва пошхӯрдани Иттиҳоди Шӯравӣ барои сарвари минтақа шудани Туркия имконияти хуби таърихӣ фароҳам овард. Мувофиқи гуфтаҳои ӯ, Туркия чунин имкониятеро, ки бори аввал пас аз 400 сол ба миён омадааст, аз даст нахоҳад дод. Дар ин давра, бисёри аз боздидҳои сатҳи баланди байни давлатии Туркия бо давлатҳои мустақили Осиёи Марказӣ бо имзо намудани якчанд шартномаҳо ба анҷом расиданд. Намояндагони расмии давлатҳои мустақил чандин маротиба изҳор намуданд, ки онҳо “модели Туркия” –ро  ҳамчун  модели рушд ва азнавсозӣ қабул менамоянд, дар равобити хориҷии худ (муносибат) дар самти Туркия эътибори хоса хоҳанд дод. Дар ин давра, аз тарафи роҳбарияти Туркия лавҳаи зерин таҳти унвони “Аз Адриатик то ба деворҳои бузурги Хитой” ифода карда шуд. Ба ҳамин монанд, Президенти Қазоқистон Нурсултон Назарбоев, асри 21 –ро  “асри туркзабонҳо” номид, ки он “эйфория”-и туркиро дар байни ҳайати роҳбарикунандаи туркзабонҳо нигоҳ доштааст.[6] 

Дар охири соли 1991 Туркия яке аз аввалин кишваре буд, ки истиқлолияти давлатҳои нави мустақилро пазируфт ва баъдан пайгирӣ намуд. Сиёсати Туркия дар самти Қафқоз ва Осиёи Марказӣ ба таври қатъӣ тағийр ёфт. Туркия сиёсати аввалиндараҷаи худро дар муносибат ба Русия ба як тараф гузошта, саргарми робитаҳои пуршиддат бо давлатҳои мустақили Осиёи Марказӣ гашт. Барои ҷалбшавии Туркия дар муносибатҳои наздик бо давлатҳои нави мустақил, ба ғайр аз муносибатҳои таърихӣ, фарҳангӣ ва этникӣ, як қатор сабабҳои прагматикӣ низ вуҷуд доштанд. Пеш аз ҳама, вақте ки кишварҳои Осиёи Марказӣ мустақил гардиданд, Туркия давраи муносибатҳои мушкилро бо Ҷамъияти Аврупо дошт, чунки аз ҷониби Ҷамъияти Аврупо барои шомил гардидани Туркия ҳамчун аъзои баробарҳуқуқ рад карда шуда буд. Баробари ин вазъияти дохилии Туркия ба сиёсати хориҷии он монеа эҷод менамуд.

Ғайр аз ин, бархе аз сиёсатмадорон ва зиёиёни Туркия бар он ақида буданд, ки пастшавии аҳамияти стратегии кишварашон бо сабаби пош хӯрдани ИҶШС, дар муносибати Иттиҳоди Аврупо нисбати Туркия таъсири манфӣ гузошт. Ба ҳамин монанд, набудани дастгирӣ оид ба мавқеи Туркия дар масъалаҳои асосӣ, яъне масъалаи Миср дар ҷомеаи ҷаҳонӣ, Туркияро водор намуд, то ки иттифоқчиёни нав пайдо кунад. Аз ин рӯ, Туркия ба давлатҳои мустақил диққат дод, чунки онҳо дар самтҳои зерин, ба монанди таърих, фарҳанг ва дин бо Туркия  ҳамрайъ буданд.

Чи тавре ки Гаррит Уинроу ишора намудааст, аксари мардуми Туркия умед доштанд, ки нақши фаъол дар Осиёи Марказии пасошӯравӣ, мавқеи байналмилалии Туркияро зиёдтар хоҳад кард ва имконоти шомилшавии онро ба Иттиҳоди Аврупо (ИА) афзоиш хоҳад дод.[7]

Гузашта аз ин, робитаҳои наздик бо ҷумҳуриҳои нав метавонад нақш ва қудрати минтақавии Туркияро таҳким бахшад. Ғайр аз ин, Ғарб, махсусан ИМА, Туркияро даъват менамуд, сиёсати суботкоронаро нисбати  минтақа анҷом диҳад, то ки Эрон фазои сиёсии холиро, ки пас аз барҳам хӯрдани Шӯравӣ дар Осиёи Марказӣ ба вуҷуд омадааст, пур карда натавонад. Дар робита ба ин, ҳукуматдорони кишварҳои ғарбӣ кӯшиш намуданд то “модели туркӣ”  -ро ҳамчун модели дунявӣ, демократӣ ва дар бозори озоди иқтисодӣ заминакунонидашуда, барои пешгирӣ намудани фарогирии таъсири Эрон дар Осиёи Марказӣ ва Қафқоз пешниҳод намоянд.

Имкониятҳои нави тиҷоратӣ ва иқтисодӣ боз як омили дигаре барои ҷалби Туркия ба самти Давлатҳои мустақили Осиёи марказӣ  ҳисобида шуда буданд.  Бо мақсади ҳамоҳангсозӣ намудани фаъолияти Туркия дар  муносибат бо Қафқоз ва Осиёи Марказӣ ва расонидани кӯмак барои рушди давлатҳои мустақил, махсусан давлатҳои туркзабон, дар моҳи январи соли 1992 Агентии туркӣ оид ба ҳамкорӣ ва ҳамоҳангсозӣ (ТИКА) таъсис дода шуд.

Илова бар ин, мавҷудияти захираҳои бузурги газу нафти ҳавзаи Каспий низ диққати Туркияро ба минтақа ҷалб намуд. Дар тӯли солҳои 1990-ум Туркия барои кашидани қубури нафтгузари Боку-Ҷайҳун тариқи консорсиуми байналхалқии истихроҷи нафт талош намуд.[8]

Ҳузури Туркия дар минтақа зина ба зина инкишоф ёфтан гирифт. Туркия ба давлатҳои Осиёи Марказӣ барои шомил шудан ба Ташкилоти ҳамкориҳои иқтисодӣ (организация экономического сотрудничества)  ва Ташкилоти “Конференсияи исломӣ”, инчунин ҳамроҳшавӣ ва САҲА (ОБСЕ) мусоидат намуда, ҳатто қисман ба расмият даровардани ҳуҷҷатҳои дахлдорро ба ӯҳда гирифт. Баҳори соли 1992 ба кишварҳои Осиёи Марказӣ қарзи туркӣ (кредит) ва ёрдами бебозгашт ҷудо намудааст.[9]

Яке аз ҷанбаҳои сиёсати Туркия дар самти ДМ – ҳамкории мутақобилан муфид бо кишварҳои туркзабон, бо ишораи махсус ба фарҳанги умумии туркӣ буд. Бо мақсади қабули алифбои лотинӣ аз ҷониби давлатҳои мустақили Осиёи Марказӣ, Туркия якчанд марказҳои фарҳангии туркӣ, мактабу литсейҳо, инчунин донишгоҳҳоро дар Қафқоз ва Осиёи Марказӣ бидуни пешниҳоди лоиҳаи степендия ба донишҷуёни ҷомеаи туркзабон таъсис дод. Ғайр аз ин, дар ҳоле, ки Вазорати маорифи Туркия  лоиҳаи коркарди китобҳои таърих ва адабиёти умумро оғоз кард, Вазорати фарҳанги Туркия фаъолияти муштараки фарҳангӣ ва санъати идораи туркзабонҳоро роҳбарӣ намуд (TURKSOY). Телевизиони TRT Avrasya пахши мавҷи телевизионии худро дар Осиёи Марказӣ оғоз кард. Сиёсати Туркия дар Осиёи Марказӣ дар доираи мубориза бар зидди исломи ифротии «дар Эрон таъсисёфта» ҷанбаи исломӣ низ дошт. Дар ин ҷода, ғайр аз фаъолияти рӯҳониёни ғайрирасмии дар Туркия маскан гирифта, дар кишварҳои мустақили Осиёи Марказӣ, ба монанди коллеҷҳои туркӣ, ки аз тарафи ҳаракати Гюлен дастгирӣ меёфтанд, Туркия ба минтақа маводи зиёди динӣ равон карда буд. Гузашта аз ин, раёсати корҳои бо дин барои таъмиру азнавсозии масҷидҳои дар кишварҳори Осиёи Марказӣ буда ёрии молиявӣ расонида, дар Озарбойҷон, Қирғизистон ва Туркманистон се факултаи фиқҳ таъсис дод.[10]

Аз тарафи дигар, пас аз эълон кардани истиқлолият, давлатҳои нави мустақил изҳор намуданд, ки бо Туркия бесаброна барпо намудани муносибатҳои хубро доранд. Талаботи таъхирнопазири онҳо эътироф гардидан аз ҷониби “ҷомеаи ҷаҳонӣ”, инчунин таҳким бахшидани соҳибистиқлолӣ буд. Ҳамин тавр, роҳбарони “ҷумҳуриятҳо” ба Туркия ҳамчун миёнарави асосии ҳамгироӣ дар системаи байналхалқии сиёсӣ ва иқтисодӣ, муроҷиат намуда, умед доштанд, ки робитаҳои наздики Анқара бо Ғарб, алалхусус бо ИМА,  барои дарёфти дастгирии Амрико имкон хоҳад дод. Аз ҷониби дигар, онҳо мехостанд таҷрибаи кишвареро ба монанди Туркия, ки бо онҳо дорои фарҳанги умумӣ буда лдар таҳкими давлатдории онҳо ҳамроҳ аст, истифода баранд.  Ғайр аз ин, Ғарб тақлиди давлатҳои мустақил аз модели эрониро дастгирӣ намекард. Масалан, дар моҳи феврали соли 1992  Джеймс Бейкер собиқ котиби давлатии Амрико изҳор доштааст, ки умед доранд кишварҳои мустақили Осиёи Марказӣ назар ба модели эронӣ ва ё назар ба  моделҳои дигар кишварҳои минтақа, ба модели туркӣ тақлид хоҳанд кард. Аммо, эйфорияи Туркия дар соли 1993 ба охир расида, ба “эҳтиёт ва воқеият”иваз гардид. Ин сараввал бо “нокомӣ”-и ҳамоиши роҳбарони кишварҳои туркзабон, ки дар моҳи октябри соли 1992 дар Анқара баргузор гардида буд, маҳв карда шуда буд. Дар муқоиса бо изҳороти Президент Озал ва нияти ӯ барои таъсис додани бозории умумии туркзабонҳо, бонки рушди туркзабонҳо ва сармоягузорӣ, эъломияи Анқара баъд аз ҳамоиш ба чунин лоиҳаи “ороишӣ” тааллуқ надорад. Мақсади Туркия барои ба даст овардани дастгирии ин кишварҳо барои бунёди қубурҳои нафту газгузар тавассути қаламрави Туркия ва ҳалли якчанд масъалаҳо, аз ҷумла масъалаи Миср ва Қарабоғ, дар ин ҳамоиш роҳандозӣ нагардиданд. Ғайр аз ин, пешвоёни давлатҳои нави мустақили туркзабон барои ташкил додани созмону ташкилотҳое, ки дар асоси ақидаҳои этникӣ ва динӣ дар байни ҷумҳуриҳои туркзабон бунёд мегарданд, мухолифат намуданд. Ин нокоми метавонад аз он далолат кунад, ки он замон баробари дарёфти эътирофи байналхалқӣ, давлатҳои нави мустақил мехостанд озодии худро нигоҳ дошта, бо дигар кишварҳои минтақа робитаро вусъат диҳанд. Аз сабаби доштани манбаъҳои маҳдуд, онҳо инчунин аз он бархӯрдор буданд, ки Туркия метавонад ба онҳо кӯмаки молиявӣ ва техникӣ пешниҳод кунад. Дар натиҷа роҳбарони аксарияти кишварҳои Осиёи Марказӣ кӯшиши намуданд то Русияро дар баробари худро ба узвияти ташкилоти туркзабонҳо шомил намудан, наранҷонанд. [11]

Бо дар назардошти гуфтаҳои боло қайд  кардан ба маврид аст, ки Ҷумҳурии Туркия мехоҳад сиёсати хориҷии худро бо кишварҳои туркзабони пасошӯравии Осиёи Марказӣ дар масоили  сиёсӣ, иқтисодӣ, фарҳангӣ, динӣ ва забонӣ густариш диҳад. Дар ин васила, Туркия мехоҳад мавқеи геополитикии худро дар фазои сиёсии холии Осиёи Марказӣ, ки пас аз барҳам хӯрдани Иттифоқи Шӯравӣ ба вуҷуд омад, пурзӯр намояд. Илова бар ин, бояд қайд намуд, ки таҳким ва барқорор намудани муносибатҳои бардавом бо кишварҳои ҳамсоя дар маҷмуъ минтақа, барои шомил шудани Туркия ба Иттиҳоди Аврупо яке аз омилҳо маҳсуб меёбад.
 

                                                           Адабиёт               

 

[1]FOREIGN POLICY OF THE POST-COLD WAR PERIOD (1990-2002). http://www.mfa.gov.tr/turkey-africa-relations.en.mfa

[2] Avrasya etüdleri, Sonbahar-kış 2005, Bayram Sınkaya ‘Turkey-Iran geopolitıcal competition over Central Asia and the Caucasus: 1989-2001’, p.77-78

[3] Çiller T. Turkish foreign policy in its dynamic tradition // http://www.sam.gov.tr/perceptions/Volume1

/September-November1996/

[4] Bayram Sınkaya. Avrasya etüdleri, Sonbahar-kış 2005, ‘Turkey-Iran geopolitıcal competition over Central Asia and the Caucasus: 1989-2001’, p.78

[5] Хамон ҷо. саҳ.78.

[6] Ҳамон ҷо. саҳ.79

[7] Gareth M. Winrow. “Turkish Policy in Central Asia”, in Touraj Atabaki and Johno’Kane, ed., Post-Soviet Central Asia (London: Tauris Academic Studies, 1998),pp. 91-108, p.91.

 

[8] Bayram Sınkaya. Avrasya etüdleri, Sonbahar-kış 2005, ‘Turkey-Iran geopolitıcal competition over Central Asia and the Caucasus: 1989-2001’, p.79-80

[9]Троицкий Е.Ф.  «Политика Турции в Центральной Азии (1992-2000 гг.)».

 

 

[10] Ayd›n. “Kafkasya ve Orta …”, p.383. Bayram Sınkaya. Avrasya etüdleri, Sonbahar-kış 2005, ‘Turkey-Iran geopolitıcal competition over Central Asia and the Caucasus: 1989-2001’, p.80-81

 

[11] Bayram Sınkaya. Avrasya etüdleri, Sonbahar-kış 2005, ‘Turkey-Iran geopolitıcal competition over Central Asia and the Caucasus: 1989-201’, p.81-82

 

 

Салимов А.Ҳ.

                                                                  ходими калони илмии 

                                                                    ИОМДОА АИ ҶТ

 

НАЗАД