Созмони минтақавии  ЭКО ё СҲИ заминасози рушди гео-иқтисодӣ ва тиҷоратӣ миёни кишварҳои аъзо

Автор: ИИПСАЕ

Расм

Мавриди зикр аст, ки  охири моҳи ноябри соли ҷорӣ Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ— Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати иштирок дар Саммити 15-уми сарони давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории иқтисодӣ (СҲИ ё ЭКО[1]) ба шаҳри Ашхободи Туркманистон  сафар кард. Зимни сафари худ Президенти кишвар  муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҳошияи 15-умин Саммити сарони кишварҳои аъзои Созмони ҳамкории иқтисодӣ (СҲИ ё ЭКО) бо роҳбарону сарварони кишварҳои аъзо аз ҷумла бо Президенти Ҷумҳурии Исломии Покистон Ориф Алвӣ мулоқоти хосса карданд.
Тибқи  маълумоти расмӣ зимни мулоқот ҳолат ва дурнамои муносибатҳои ҳамкории Тоҷикистону Покистон, ҳамчунин дигар масъалаҳои мубрами ҷомеаи ҷаҳонӣ ва минтақавӣ баррасӣ гардидю Президенти кишвар  таъкид кард, ки Тоҷикистон ба густариши пайвастаи муносибатҳои ҳамкорӣ бо кишвари дӯсти Покистон таваҷҷуҳи доимӣ зоҳир намуда, ба рушду густариши муносибатҳои тиҷоратию иқтисодӣ, афзоиши бештари додугирифт ва интиқоли молу маҳсулот изҳори ҳавасмандӣ карда, барои расидан ба ин ҳадаф таквияти фаъолияти Комиссияи муштарак оид ба ҳамкориҳои тиҷоратию иқтисодиро зарур ва муҳим шумориданд. Ҷонибҳо пешниҳод карданд, ки баргузории ҷаласаҳои Шӯрои муштараки соҳибкорон ва гурӯҳҳои кории муштарак оид ба нафту газ, масъалаҳои энергетика ва зерсохтор таҳти пайгирии доимии ҳукуматҳои ду кишвар қарор гирифта, заминаҳову имконот барои рушди муносибатҳои иқтисодиву тиҷоратӣ эҷод гардад.
Ҳамчунин роҳбарони ҳар ду кишвар ба масъалаҳои ҳамкориро дар соҳаҳои саноат, энергетика, иқтисоду тиҷорат, сармоягузорӣ ва нақлиёт, мавриди баррасӣ қарор доданд. Дар ин зимн амалишавӣ ва татбиқи лоиҳаи “САSA-1000” дар самти рушди ҳамкории энергетикӣ ва ташаккули долонҳои транзитиву нақлиётӣ аз Тоҷикистон то бандарҳои баҳрии Покистон-Карочӣ ва Гвадар ҳамчун омилҳои муҳими таҳкими робитаҳои  судманд  ҳисобиданд.
Ҳамин тавр, ҷонибҳо барои таъмини амният, муборизаи муштарак алайҳи таҳдидҳои глобалӣ алалхусус терроризм, ифротгароӣ, қочоқи маводи мухаддир табодули андеша карда, оиди  ҳалли қазияи Афғонистон таъкид карданд,  ки барои эҳёи ҳаёти иқтисодиву иҷтимоӣ ва таъмини амният ва оромии минтақа заруранд.
Инҷо бояд, зикр кард, ки Созмони ҳамкориҳои иқтисодӣ (СҲИ ё ЭКО) як созмони минтақавии байниҳукуматӣ  буда,  кишварҳои Аврупо, Қафқоз ва Осиёи Марказӣ, Ховари Миёна ва Осиёи Ҷанубиро дар бар мегирад, ки беш аз 460 миллион нафар аҳолӣ ва беш аз 8 миллион километри мураббаъ Русияро ба Халиҷи Форс ва Чинро ба ҳам мепайвандад. Мақсаду ҳадафи умумии он рушди устувори иқтисодии давлатҳои аъзо ва  минтақа мебошад.
Лоиҳаи ECO-ITI бори аввал дар соли 2011 оғоз шуда буд ва пас аз пайгирӣ ва дастгирии пайваста аз ҷониби кишварҳои узв - Покистон, Эрон ва Туркия ва инчунин Котиботи ЭКО, ниҳоят барои хидматрасонӣ ба равобити минтақавӣ ва ҳамгироии иқтисодӣ амалӣ карда шуд. Амалиёти транзити онро тавассути рақамикунонии долон барои содда кардани расмиёти маъмурӣ ҳангоми убури сарҳад ва ҳангоми транзит метавон боз ҳам беҳтар кард.
Моҳи марти соли 2017 дар Исломобод зимни Саммити 13-уми сарони кишварҳои аъзои СҲИ санади “Диди СҲИ-2025” қабул гардид, ки самтҳои ассосии фаъолияти Созмонро дар солҳои наздик дарбар мегирад. Дар  санаи  28 ноябри соли 1992  кишварҳои Осиёи Марказӣ бо шумули Озарбойҷону Афғонистон ба узвияти СҲИ  пазируфта шуда дар натиҷа адади онҳо ба 10 расид, ки ба таври зайл мбошанд:
  1. Ҷумҳурии Исломии Афғонистон
  2. Ҷумҳурии Қазоқистон
  3. Ҷумҳурии Қирғизистон
  4. Ҷумҳурии Озарбойҷон
  5. Ҷумҳурии Исломии Покистон
  6. Ҷумҳурии Тоҷикистон
  7. Ҷумҳурии Туркия
  8. ҶумҳурииТуркманистон
  9. Ҷумҳурии Ӯзбекистон
  10. Ҷумҳурии Исломии Эрон
Бояд зикр кард, ки дар тӯли солҳо созмони ЭКО ташаббусҳои бузургро дар соҳаҳои гуногун аз ҷумла  алоқа, тиҷорат, энергетика, сайёҳӣ ва рушди фарҳангӣ, иҷтимоӣ ва илмӣ ба даст овард ва дар ин зимн муассисаҳои минтақавӣ ва махсуси худро низ  таъсис дод. Чи тавреки зикр шуд мақсаду ҳадаф ва ташаббусҳои асосии созмони мазкур  иборатанд аз: (i) сохтани долонҳои тиҷоратӣ барои рафъи маҳдудиятҳо ва монеаҳо дар роҳи пешбурди тиҷорати дохилиминтақавӣ; (ii) таъсиси низоми раводиди ЭКО барои пешбурди сайёҳӣ ва робитаҳои байни одамон; (iii) мусоидат ба ҳамкориҳои илмӣ, фарҳангӣ ва таълимӣ; ва (iv) таъсиси муассисаҳои молиявии минтақавӣ, ба мисли Бонки Тиҷоратии ЭКО ва Иттиҳоди клирингии ЭКО барои маблағгузории лоиҳаҳои минтақавӣ мебошанд, ки дар таҳкими ҳамгироӣ ва рушди иқтисодии кишварҳо кӯмак мекунад.Намунаи онро  дар соҳаи нақлиёт ба истифода додани долони роҳи Исломобод-Теҳрон-Истанбул метавон дид. Ҳамин  тавр санаи 7 октябри соли 2021 ду бор аз шаҳри Карочии Покистон ба Туркия ва Озарбойҷон тибқи Конвенсияи TIR[2] тавофуқномаҳо фиристода шуданд.
Дар натиҷаи машваратҳо Раёсати  ЭКО то соли 2021 ба Туркманистон    супорида шуд, ки  ахиран  масъалаҳои мубрам дар нишасти 15-уми Созмони ҳамкориҳои иқтисодӣ дар Ашқободи Туркманистон, ки 28 ноябри соли 2021 таҳти унвони “Якҷоя ба сӯи оянда”  мавриди  баррасӣ ва ҳаллу фасл қарор гирифтанд.
Хулоса, сарварони кишварҳои узви ЭКО дар нишасти Туркманистон зери шиори “Якҷоя ба суи оянда” бо иродаи матин тасмим гирифтанд, ки ҳамкориҳои иқтисодиву тиҷоратии худро идома дода, якҷо ба кишвари ҷангзадаи Афғонистон кумаки молӣ расонида, минтақаро аз бӯҳронҳои гуманитарӣ ва иқтисодӣ ба таври  фаъол ҷилавгирӣ намоянд. Илова аз он онҳо таъкид карданд, ки  ҳамгироии минтақавиро дар самтҳои афзалиятноки  “Дурнамои ЭКО 2025” пешбинишуда идома дода, дар рушди минтақа ва татбиқи барномаҳову лоиҳаҳои созмон кӯмак хоҳанд расонд.
Манобеъ:
  1. Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар Саммити 15-уми сарони кишварҳои аъзои Созмони ҳамкории иқтисодӣ (СҲИ) дар шаҳри Ашхободи Туркманистон иштирок намуданд | АМИТ "Ховар" (khovar.tj)
  2. https://nation.com.pk/28-Nov-2021/eco-into-the-future-together
  3. https://mfa.tj/tg/dubai/view/9241/jalasai-25-umi-shuroi-vazironi-eko
  4. https://eco.int/web_directory/54941-Latest-News.html
 
Мирсаид Раҳмонов,
ходими илмии Шуъбаи Осиёи Ҷанубу Шарқии
Институти Осиё ва Аврупои АМИТ
 
 
[1] The Secretariat of Economic Cooperation Organization:" Сайти расмии созмони ҳамкории иқтисодӣ https://eco.int/
[2] https://unece.org/transport/tir (Transport International par la Rout)

НАЗАД