Суҳбат перомуни ҳамкориҳои оянда

Автор: ИИПСАЕ

Расм

    Бо ташаббуси Институти омӯзиши масъалаҳои давлатҳои Осиё ва Аврупои Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон 2-уми майи соли 2019 дар толори Академияи илмҳо Конференсияи байналмилалии илмию амалӣ таҳти унвони “Масъалаҳои мубрами Шарқи Наздик ва Миёна: раванди сулҳофаринӣ ва мубориза бо терроризм” баргузор гардид. Дар конфронс намояндагони муассасаҳои илмию таълимии Тоҷикистон ва меҳмонон аз кишварҳои хориҷӣ ширкат варзиданд.     Аз ҷумла, дар кори ин анҷуман ҷонишини сардори Маркази омӯзиш ва пажуҳиши стратегии давлати Амороти Муттаҳидаи Араб доктор Аҳмад ал-Марзуқӣ иштирок ва суханронӣ кард. Ӯ дар бораи ҳадафҳои ин Марказ, сохтори он ва ҳамкориҳои он бо марказҳои ҳамгунаи хориҷӣ нақл кард. Ҳамчунин, изҳори умедворӣ намуд, ки ҳамкории дуҷонибаи судманд миёни Маркази омӯзиш ва пажуҳиши стратегии давлати АМА ва Институти омӯзиши масъалаҳои давлатҳои Осиё ва Аврупои АИ ҶТ барқарор хоҳад гашт. Ин ҳамкорӣ ба манфити ҳар ду тараф хизмат хоҳад кард.
   Ал-Марзуқӣ таъкид кард, ки ин ҳамкории дуҷониба метавонад ба мубориза бо терроризму ифротгароӣ, барои истиқрори сулҳу амният дар минтақа, барои пешрафти иқтисодию иҷтимоии ҳарду давлат равона гардад.
   Меҳмони иморотӣ ёдовар шуд, ки дар кишвари худ бо Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон мулоқот дошт ва аз ӯ даъвати зиёрати Тоҷикистонро пазируфта буд: «Инак, ман ба Тоҷикистон омадам ва дар ин конференсияи илмии бошукуҳ шарафи ширкат дорам”.
   “Пеш аз Тоҷикистон омаданам суханҳои гуногуне дар бораи Тоҷикистон шунида будам ва ҳатто баъзе дӯстонам маро водор мекарданд, ки аз сафар ба ин кишвар худдорӣ кунам. Вале ман ба ҳар ҳол ҳаваси дидани Тоҷикистонро дар дил мепарваридам. Бинобар ин, ба суханони онҳо эътибор надода, ба ин сарзамин омадам, ҳусну ҷамоли Тоҷикистонро, сарсабзию гулгулшукуфонии ин ватани зеборо бо чашм дидам. Оилаам низ ҳамроҳам аст ва ӯ ҳамчунин, Тоҷикистонро дӯст дошт, баҳори онро кишвари ҷаннатосо дид ва ба ин сарзамин дил баст”,- илова намуд Ал-Марзуқӣ.
    Номбурда гуфт, ки шоҳиди он гашт, ки дар Тоҷикистон сулҳу оромӣ ҳукмфармост: "Тоҷикон бо чеҳраи кушода ва хандон моро истиқбол мекарданд, ба меҳмонӣ даъват мекунанд".
   Ў аз он изҳори хушнудӣ намуд, ки миёни тоҷикон арабидонон хеле зиёданд ва ҳатто дар кучаву бозор баъзеҳо араб будани ўро фаҳмида, кушиш менамуданд, ки бо забони арабӣ суҳбат ороянд: “Аз ин рӯ, ман хурсанд будам ва ҳатто маърӯзаи худро дар конференсия, ки ба забони англисӣ омода сохта будам, ба забони модарии худ-арабӣ баргардондам. Дар ин ҷо ман худро миёни дӯстон ва бародарон эҳсос мекунам».
   Ҷаноби ал-Марзуқӣ дар хотимаи суҳбат илова кард, ки баъди бозгашт ба АМА таассуроти хешро дар бораи Тоҷикистон ва тоҷикон ба хешовандон, ёру дӯстон ва ҳамкорони худ дар Маркази омӯзиш ва пажуҳиши стратегии давлатии АМА нақл хоҳад кард.
    -Ташаккур барои даъвати каримона ба конференсия ва боздиди Тоҷикистон,- гуфт Аҳмад ал-Марзуқӣ.

НАЗАД