Суботи фикрӣ – омили суботи сиёсӣ

Автор: ИИПСАЕ

Расм

    (гуфтумоне дар боби ҷойгоҳ ва рисолати сухану қалам)
   Сухан неъмати бузурге барои башарият аст. Агар чунин  намебуд, Худованд онро муҳимтарин ҳадяи худ барои инсон пас аз офариниш намехонд. Аҳамияти неъмати сухан гуфтан болотар ва муҳимтар аз неъмати дидану шунидану роҳ рафтану хӯрдан аст. То ҷое, ки баъзе донишмандон суханро фориқ (фарқгузоранда) байни инсону ҳайвон ва баъзеи дигар фориқ байни зиндаву мурда донистаанд.
Беҳтарин гавҳари ганҷинаи ҳастӣ сухан аст,
Гар сухан ҷон набувад, мурда чарохомӯш аст?
    Аммо дар ин миён касоне, ки ҳам сухан мегӯянду ҳам барои дигарон сухан меофаранд, яъне аҳли қалам, соҳиби неъмати бузургтар ва дар айни ҳол, масъулияти бештаранд. Чунки онҳо шаклдиҳанда ва пешбарандаи афкори умумии ҷомеа ҳастанд ва ба кадом самт рафтани ҷомеа аз бисёр ҷиҳат ба қаламу фикру сухани онҳо бастагӣ дорад.  
   Сухан воситаи муошират, иртибот, таълим ва ҳама гуна ихтироу навоварӣ аст. Аммо дар айни ҳол, сухан метавонад омили низоъ, бадбинӣ душманӣ ва ҳатто ҷангу хунрезӣ шавад. Ба ибораи дигар, сухан ҳам созанда асту ҳам сӯзанда.
   Имрӯзҳо, хушбахтона Тоҷикистони азизи мо аз зумраи кишварҳои босубот ба ҳисоб меравад ва сол то сол обрӯ ва эътибораш дар саҳнаи ҷаҳонӣ меафзояд. Пӯшида нест, ки суботи доимӣ ва устувор дар кишвар танҳо бо неруи низомӣ, марзҳои ҳифозатшуда ва назорати назму тартиботи дохилӣ таъмин намешавад (гарчӣ ин шохисҳо хеле муҳиманд), балки омили аслии таъминкунандаи суботу амнияти пойдор дар ҷомеа СУБОТИ ФИКРӢ (ё худ зеҳнӣ)мебошад.
  Албатта, суботи фикрӣ ба маънои набудани ҷумбуҷӯши фикрӣ, назарҳои гуногун ва гоҳо мухолифи якдигар нест (ин табиати ҳар ҷомеаи пӯё ва зинда аст), балки ба маънои вуҷуд доштани як хатти машйи равшан, маълум ва муайян дар ҷомеа роҷеъ ба давлат, миллат, кишвар ва манфиатҳои умумимиллист, ки боиси осудагии фикрӣ, зеҳнӣ ва равонии ҷомеа шавад. Ин гуна суботи фикрии иҷтимоӣ боиси умед ба оянда, боварӣ ба неруи миллат ва садоқати масъулони кишвар ва дар натиҷа, роҳ надодан ба андешаҳои иғвогарона ва тафриқаангез мегардад ва хатари тазодди ақидаҳо ва ё бархӯрди хушунатомези онҳоро аз байн мебард.
   Яқинан, ҳама гуна бесуботии иҷтимоӣ ва сиёсӣ аз бесуботии фикрӣ сар мезанад. Агар ҷомеа суботи фикрӣ надошта бошад, бо андак таҳрик аз дохил ё хориҷ оромиши он барҳам мехӯрад ва аввал назму тартибот ва сипас амнияту осоиши сартосарии кишвар барҳам мехӯрад.
  Дар соли 1992 ҳам ҷомеа дучори бесуботии фикрӣ буд. Мардум таърифи равшан аз идеяи миллӣ, манофеи умумӣ, давлат, Ватан ва кишвар надошт. Ва бадтар аз он, лидер надошт ва аз миёни он ҳама ”лидер”-ҳои худхонда ва бешумор намедонист ба кӣ бовар кунаду думболи кӣ равад. Ин бесарусомонии ақидавӣ ва фикрӣ замоне ба охир расид, ки миллат дар охири сол дар симои Эмомалӣ Раҳмон лидери худро ёфт ва акнун медонист, ба куҷо равон аст. Имрӯз аксари ҷомеашиносон мегӯянд, ки агар Эмомалӣ Раҳмон ақаллан шаш моҳ пештар, дар моҳҳои апрел ё май (1992) сари қудрат меомаданд, яқинан ҷанги дохилӣ сар намезад. Зеро метавонистанд, ки пеши роҳи мухолифатҳои ҳанӯз ғайримусаллаҳонаро гиранд ва миллатро мутаҳид созанд, чунки дар ҳақиқат лидер буданд ва мардум ба он кас бовар мекард.
   Ҳамагон дар ёд дорем, ки як даҳа қабл равандҳое бо номҳои авомфиребонаи “иниқлобҳои ранга” ё “баҳори арабӣ” чӣ гуна барномарезӣ, иҷро ва ҳидоят мешуданд. Дар оғоз расонаҳо ва шабкаҳои иҷтимоии махсусомодашуда  паиҳам аз ноуҳдабароии масълуони давлатӣ, бетаваҷҷуҳӣ ба вазъи мардум, мушкилоти иқтисодӣ (ки ҳеҷ кишваре аз он орӣ нест)  ва муҳимтар аз ҳама, аз “ояндаи торик” барои кишвар ва ҷомеа ва дар ниҳоят аз зарурати инқилоб ва сарнагунии ҳукуматҳо сухан мегуфтанд.Муҳаққиқони “баҳори арабӣ” мегӯянд, дар ҷараёни маъракаҳои таблиғотӣ ва дар раванди ба зоҳир наву ҷолиб танҳо як гурӯҳ дониста, санҷида ва аз рӯи барномаи хос амал мекарданд. Бақия (аз зумраи афроди алоҳида, баъзе расонаҳо, рӯзноманигорон, коршиносон ва амсоли онҳо) фиребехӯрдагоне буданд, ки дар зеритаъсири ҳаёҳӯи таблиғотӣ қарор гирифта, бо гуфтаҳову навиштаҳои худ ба осиёби ҳамон гурӯҳи хос об мерехтанд (бехабар аз он, ки худ ва афкорашон бозичаи дасти он гурӯҳҳо шудаанд).
    Вақте бо мурури замон як қишри даркорӣ омода шуд, доираҳои идоракундаи ин раванд ба онҳо дастур доданд, ки ба майдон бароянд. Давомаш чӣ шуд, дидему шунидем. Имрӯз аксари назарияпардозони ҷаҳони араб бо таассуф аз он рӯзҳо ёд мекунанду “баҳори араб”-ро дар ҳақиқат “хазони араб” мехонанд.  
   Албатта, ин таҷриба (омодасозии заминаи сарнагунии ҳукуматҳо бо истифода аз таблиғот ва кор бо афкори умумӣ) нав нест ва собиқаи ҳазорсола дорад. Туркҳои Қарахонӣ ҳам қабл аз ҳуҷум ба Бухоро барои сарнагунии давлати Сомониён, тавассути муллоҳо дар миёни мардум овоза паҳн карданд, ки гӯё ҳокимони Сомонӣ аз мазҳаби суннӣ дур шуда, ҳаводори ҷараёни Қарматия гардидаанд. Замоне ки Қарахониён ҳуҷумро сар карданд, муллоҳо фатвои ҷиҳод ва қиёми сартосарӣ барои дифоъ аз Ватан надоданд. “Далел”-ашон ин буд, ки Қарматиён суннӣ ҳастанду ҳокимони Сомонӣ – Қарматӣ. Нуктаи диққатҷалбкунада ин аст, ки Қарахониён пас аз шикасти Сомниён ва тасарруфи Бухоро, аввал ҳамон муллоҳоро аз дами теғ гузаронданд (чун медонистанд, ки хоини миллати худ ба дигар миллат низ ҳатман хиёнат мекунад).
   Бо баррасии муфассали фаъолияти шабакаҳои иҷтимоӣ ва баъзе расонаҳои дар хориҷбудаи тоҷикӣ, ба ин натиҷа мерасем, ки дар ҳоли ҳозир чандин фард ва гурӯҳҳои махсус асосан дар хориҷ аз кишвар (ва ба эҳтимоли зиёд, бо доштани афрод ва манбаъҳои хабарӣ дар дохил) аз рӯи як сенария ва хатти машйи муайян ба бадномкунии давлати Тоҷикистон ва коштани тухми нобоварӣ ва кинаву адоват дар ҷомеаи мо аз тариқи воситаҳои электронии иртибот машғуланд. Ҳадафи онҳо дар ибтидо эҷоди бесуботии фикрию зеҳнӣ, сипас норизоятии умумӣ ва дар ниҳоят нооромии иҷтимоӣ дар кишвари мост.  
   Ин нукта мусаллам аст, ки дар асри мо барои ба вуҷуд овардани бесуботии фикрию иҷтимоӣ ва дар ниҳоят барангехтани ихтилофу низоъ дар ҷомеаҳо пеш аз ҳама ва беш аз ҳама шабакаҳои иҷтимоӣ ва сомонаву расонаҳои электронӣ истифод амешаванд. Зеро, агар аз як тараф дастрасӣ ба онҳо сареътар ва паҳн кардани ҳар гуна мавод дар онҳо осонтар бошад, аз тарафи дигар, гурехтан аз масъулият ва паёмадҳои нашри матлаб дар онҳо роҳаттар аст. Зеро ҳар гуна сафҳаву блогу личкаву чатхона ҳамчун расона шинохта намешавад ва барои нашри мақола дар онҳо ҷавобгарӣ пешбинӣ нашудааст.
   Албатта, барои доираҳои манфиатҷӯ ва гурӯҳҳои иғвоангез ин айни муддаост. Муҳим барояшон расондани паём ба мухотаб аст, ки мерасад ва дигар ба он тарафаш кор надоранд. Дар ин миён, баъзе расонаҳои гӯё қонунӣ матлабҳои фитнаангезро аз саҳифаҳо ва торнамоҳои хусусӣ, ки сирфан шахсӣ буда, дар баробари қонун ҷавобгар нестанд, гирифта, нашр мекунанд. Ин ҷо ҳам аз ҳамон “тараҳҳуми қонунӣ” истифода мешавад. Яъне, барои он матлаб худро ҷавобгар намеҳисобанд, чунки онро аз дигар манбаъ гирифтаанд ва соҳиби аслии манбаъ ҳам “ҷавобгар” нест, чунки онро дар саҳифаи хусусии худаш нашр кардаасту гӯё он фикри шахсӣ ва мавқеи инфироди ӯст. 
   Бо ҳамин роҳ ҳама аз ҷавобгарӣ мегурезанд, аммо муҳим барояшон ин аст, ки паём ба хонанда мерсад ва фикри ӯро харобу зеҳнашро мушавваш месозад (ва ин ҳадафи аслии доираҳои дар боло зикршуда мебошад).
   Манбаъҳои хабарпарокании “Ахбор”, “Паём”, “Г-24”, “Кимиёи саодат” ва чанде дигар аз ҳамин қабиланд (мутаасифона, сомонаи бахши тоҷикииРадиои Озодӣ ҳам ватқҳои охир бо фаромӯш кардани рисолати аслии худ ба ҷамъи онҳо пайвастааст).
    Ин расонаҳо танҳо як мавзӯъ доранд: “Ҳукумати Тоҷикистон бад аст ва барои мардум коре намекунад”. Тамоми навиштаҳову гуфтаҳо (ки гӯё барои инъикоси “беғаразонаи” воқеаҳо ба роҳ монда мешаванд) ҳамин як хатти сюжетро думбол мекунанд ва бояд бо ҳамин як хулоса ба охир расанд, чунки дастури умумии ҳомиёни молии сомонаҳо ҳамин аст.
   Набояд фаромӯш кард, ки таъсири онҳо бамаротиб бештар аз таъсири амалҳои террористӣ мебошад. Зеро, агар дар амали террористӣ чанд нафар ҷисман нобуд карда шавад, дар фаъолияти харобкоронаи расонаӣ зеҳн, мағз, шуур, андеша ва тафаккури садҳо ҳазор ҷавонони ноогоҳ мавриди сӯиқасд ва шустушӯ қарор гирифта, онҳоро нисбат ба имрӯзу ояндаи кишвар ноумед ва нисбат ба манфиатҳои миллии тоҷикӣ дилсард мегардонад. Чунин ҷавонони дилсарду ноумед ҳар лаҳза метавонанд ба як мухолифи ашаддӣ ва ҳатто як харобкор табдил шаванд.
   Барои мисол, сомонаи иттилоотии ташкилоти террористии ҲНИ Payom ва студияи телевизионии он бо номи Payom-News ошкоро ба ноором сохтани вазъи сиёсию иҷтимоӣ дар Тоҷикистон ва сарнагун кардани сохти конститутсионӣ даъват менамоянд.
Шеваи асосии кори ин расонаҳо чунин аст, ки ҳар рӯйдоду таҳаввул ва ҳар мушкили одии иқтисодӣ ё фарҳангиро бевосита ба роҳбарияти олии мамлакат часпонида, давлатро нисбат ба мушкилоти мардум бепарво вонамуд мекунанд ва мардумро ба тағйири низоми сиёсии кишвар тарғиб менамоянд.
  Ғайр аз ин ду расонае, ки зикр кардем, боз чандин саҳифаву блогу сомонаву студияи интернетӣ вуҷуд дорад, ки корашон асосан манфинигарӣ ва танқиду бадномсозии Тоҷикистон буда, ҳамарӯза борони иттилоотӣ ва таблиғотиро беист бар сари ҷавонони мо меборанд.       
   Дар оғози пайдоиши коронавирус дар кишварҳои ҳамсояи мо, мавзӯи дӯстдоштаи сомонаи “Паём” ва дигар сомонаҳои ҳампаймонаш ин буд, ки дар Тоҷикистон короновирус аллакай ҳаст, аммо “чаро роҳбарияти кишвар чораҳои пешгирона ва низоми карантин ва маҳдудкуниро ҷорӣ намеосзад?. Инак, чанд рӯз пеш боз ҳамин сомонаҳо  навиштанд, ки (мазмунан) Қирғизистон аллакай замони бозгашт ба ҳолати оддӣ ва боз кардани осмони худро барои парвози ҳавопаймоҳо таъйин кардааст, аммо Тоҷикистон чаро ин корро намекунад ва маҳдудиятҳоро намебардорад?”.
   Албатта, ин як мисоли оддӣ ва оммафаҳм аз чандин намунаи таноқузгӯиҳо ва парадокс дар фаъолияти ин ва баин монанд сомонаҳост. Барои онҳо танҳо як чиз муҳим аст: бояд дар ҳар ҳолат нуктаи манфие ёфта, ба ҳукумат часпонанд.
   Баробари паҳншавии коронаиврус дар кишварамон,ин расонаҳо ҳар рӯз бесаброна мунтазирбуданд, то хабарҳои нав дар бораи мубталошавӣ ва ҷон бохтани теъдоди бештари ҳамватанонро шунаванду сипас иддаоҳои бепояи худро боз такрор намоянд. Аммо вақте буҳрон зери назорат даромад ва раванди маргу мир коҳиш ёфту теъдоди шифоёфтагон рӯз торӯз бештар шуд, боз гуфтанд, ки Ҳукумат омори воқеиро пинҳон мекунад”. Ҷолиб он аст, ки вақте ин вирус пурра аз байн меравад, дигар чӣ мегуфта бошанд? Ҳатман мегӯянд, ки Ҳукумат коронаивирусро гирифта, дар куҷое пинҳон кардааст, ки наменамояд (аз инҳо ҳатто ҳамин гуна иддаоҳои хандаоварро ҳам интизор шудан мумкин аст).
   Ва ё дар масъалаи сел дар ноҳияи Хуросон. Ҳар инсони оқил мефаҳмад, ки билофосила баъд азчунин офат шурӯъ намудани корҳои барқарорсозӣ ва ободонӣ мумкин нест. Зеро замин барои ин омода нест. Бояд чанд рӯз гузарад, то ки обу лой тагшин шавад ва агар биное дар ҳолати садамавӣ ва ёнимавайрон қарордорад, ё вайрон шавад ва ё аз вайрон нашуданаш итминон ҳосил шавад. Ҳукумати Тоҷикистон рӯи ҳамин ҳисоб чанд рӯз мардуми офтадидаро дар хаймаҳо ва биноҳои муваққатӣ ҷо намуда, бо маводи зарурӣ таъмин кард, то замон ва шароит барои бозсозии хонаҳояшон фаро расад.
  Дар ин имён сомонаҳои иғвогари дар боло зикршуда ҳамарӯза чандин хабару гузориш омода мекарданд, ки ҳукумат ин мардумро фаромӯш кардааст ва барои бозсозии хонаҳои онҳокоре намекунад. Чун дар ин миён қазияи Абдулло Ғурбатӣ баромад (шояд ӯро махсус барои сюжет шудан фиристода буданд, на сюжет кардан), офатдзадагон фаромӯш шуданду расонаҳои мазкур ба ин қазия часпиданд ва бе ҳеҷ мадраку далел латукӯби ӯро “кори дасти мақомоти давлатӣ ба хотири тарсондани журналист” ба қалам доданд (як Ҳукумати муқтадир ва тарс аз як донишҷӯ-журналист? Аҷаб!).
   Акнун, ки корҳои ободонӣ аз рӯи як барномаи мушаххас ва санҷидашудадар ноҳияи Хуросн оғоз шуданд, ин манбаъҳои хабарпароканӣ ақаллан то он андоза виҷдон надоранд, ки ҳамин хабарро пахш кунанд. Акнун ба ҷояш аз “тақсими нодурусти кумакҳо” ва  ё “риоят нашудани адолату баробарӣ дар бозсозии хонаҳои мардум дар ин ноҳия” ҷор мезананд.
   Ё ҳангоми фиристодани кумак аз Душанбе ба Бадахшон ва дигар минтақаҳои Тоҷикистон, на хабари ирсоли кумакҳо, балки хабари гӯё ба касе нарасидан ё кам расидани кумакҳо барояшон ҷолиб аст ва такрор ба такрор онро пахш мекунанд. Магар ин кашфиёт аст? Табиист, ки дар ҳама ҷо кумак ба ҳама намерасад. Он барои ниёзмандони шадид дар назар гирифта мешавад. Ин нукта, ки расона (агар онҳоро расона гуфтан мумкин бошад) дар ҳар ҳолат ва бо ҳар навъи моликият рисолате дорад ва бояд ақаллан барои пӯшондани ғаразҳои асосиаш чанд хабари оддӣ ҳам пахш кунад, ба гӯшаи хаёли гардонандагони ин сомонаҳо намерасад ва шояд ҳатто фаросати дарки ин тарафи қазияро ҳам надоранд.
   Дар барномаи гӯё баҳс байни М.Кабирӣ бо С.Валиев дар Радиои Озодӣ низ ҳама диданд, ки гардонандаи ин барнома Шаҳлои Гулхоҷа, бо вуҷуди таъкид бар бетарфии худ ва расонаи мазкур, симпатияи худро ба Кабирӣ пинҳон дошта наметавонист (дар айни ҳол, минбар додан ба як фарди маҳкум ба терроризм ва пахш кардани суханҳои ӯ барои мардуми кишваре, ки ӯ дар ҳамон кишвар террористи рақами як ҳисобида мешавад, мавзӯи дигарест, ки ҷояш ин ҷо нест). 
  Ваё сомонаи “Ахборком”-ро гирем. Мутаасифона, дар ин сомона, ки номаш “Ахбор” аст, ҳама чизро (туҳмату дурӯғу иғвову ихтилофангезӣ ва...) ёфтан мумкин аст, ғайр аз ахбор (манзур: ахбори воқеӣ). Барои соҳиби ин сомона дигар мафҳумҳои миллату Ватан кайҳост, ки беарзиш шудаанд. Тозатарин намунааш хабари боздошти як шаҳрванди Россия аз толори барномаи “Пусть говорят” баиттиҳоми таҷовуз ба номуси духтарони ӯгайи худ  буд. На худи он ҷинояткор, на ҷабрдидаҳо ва на ҳатто баранда ва коршиносони рус ёде аз мансубияти миллии ӯ накарданд ва дар умум дар борааш ҳамчун як ҷиняткор суҳбат намуданд. Аммо Сомонаи “Ахборком” чанд рӯз бо ду забон (тоҷикӣ ва русӣ) дар саҳифаи аввалаш ин мавзӯъро зери сарлавҳаи “Боздошти як тоҷик аз барномаи “Пусть говорят” ба хотири таҷовуз” тоб доду тоб дод, то номи  миллати тоҷикро хатчадор кунад (агарчӣ тоҷик будани он ҷинояткор ва дигар аъзои оилааш ҳанӯз зери суол қарор дорад). Дар чунин ҳолат мувофиқ ё мухолифи ҳукумати кишварихуд будан муҳим нест. Андак ҳувияти миллӣ ва номуси ватандорӣдоштан кофист, ки ақаллан ба мисли намояндагони миллати бегона (баранда ва иштирокчиёни барнома) миллати худро ингуна бадном накунӣ.
   Инчунин, дар мавриди дашноми як духтар ҳамчун “духтари помирӣ” тавассути як бадмаст(!) дар як кӯчаи Душанбе боз ҳам дидем, ки сомонаи “Ахборком” ин наворро бидуни эҳтиром ба мардуми шарифи Бадахшон дар сомонааш ҷой дод ва ин дашному ҳақоратҳо борҳову борҳо аз ин сомона садо доданд. Магар сатҳи як расона ҳамин аст? Ҳоло он бадмасти беадаб пайдо шуда, аллакай ба ҷавобгарӣ кашида шуд, аммо бадмасти беадабе, ки ин ҳақоратҳоро дар сомонаи ба иддаои худаш “қонунӣ” ҷой дод, ақаллан шаҳомате дорад, ки барои ин кораш (такрори дашном дашном аст) аз мардуми Бадахшон ва ҳамаи корбарон узр пурсад? Ҳатман не!
   Боз муаллифи ин сомона нагӯяд, ки “ман пахш кардаму милиса пайдош кард”. Не. Раёсати корҳои дохилии шаҳри Душанбе он нобакорро аз рӯи ариза ва навори ҷабардида пайдо кард. Ҳадафи “Ахбор” аз пахшу бозпахши навор чизи дигар буд: аз номи як сокини Душанбе дашном додани аҳолии Бадахшон ва бо ин роҳ коштани тухми кинаву адовати маҳаллӣ. Аммо, хушбахтона бо дастгир шудани он бадмаст тираш хок хӯрд.
   Албата, фаъолияти сомонаҳои “Ахбор”, “Паём”, “Г-24”, “Кимиёи саодат” ғайр аз ин чизи дигаренест ва аслан фалсафаи вуҷудиашон ҳамин аст: дурӯғ, туҳмат, бадномкунӣ, тафриқа ва ихтилофангезӣ. Зеробарои ҳаминкорсохта шудаанд ва пул мегиранд. Онҳо вазифадоранд, ки ба гуфтаи худашон заминаро барои норизоятии умумуии ҷомеа ва ноором кардани вазъият омода созанд ва барои гранту пулҳои мегирифтаашон ҳисобот таёр намоянд.
   Аммо дар ин миён чанд блогеру соҳибқаламро ҳам мебинем, ки дониста ё надониста, бо онҳо ҳамсадо мешаванд ва навиштаҳояшонро бознашр (поделиться)мекунанд ва худ ҳам дар ин хусус матлабҳо менависанд. Онҳо шояд фикр мекунанд, ки батанқид ва ошкор кардани камбудиҳо дар ҷомеа саҳм мегузоранд (ва бояд инро ҳам ба назар гирем, ки гоҳе гуфтани чизе, ки дигарон намегӯянд, мӯд мешавад ва ба кас ҳаловат  мебахашд), вале дар асл онҳо ба оташи бадхоҳони ҷомеа ва иғвогарони расонаӣ равған мерезанд. Агар онҳо аз ҳамин рӯз роҳи худро аз он сомонаҳои иғвогар ҷудо насозанд, шояд фардо дер шавад ва худашон аз ин корашон пушаймон гарданд.
   Дар шароити кунунӣ Тоҷикистони азизи мо, ки бо вуҷуди орому босубот буданаш, дар минтақаи ноором ва дар ҳамсоягии Афғонистон қарор гирифтааст, беш аз ҳар замони дигар ба амнияту оромиши равонӣ ва суботи фикрӣ ниёз дорад. Инак, соли чандум аст, ки кишвари ҳамсояи мо Афғонистон аз тарафи ниҳодҳои байнламилалӣ яке аз ноамнтарин кишварҳои дунё шуморида мешавад. Шубҳае нест, ки давлат ва мардуми наҷиби Афғонистон ҳамсояи неки мо ва хайрхоҳи Тоҷикистонанд. Вале ин воқеиятро ҳам наметавон нодида гирифт, ки бар асари ҷангу нооромиҳои 40-сола ва набуди ҳукумати марказии муқтадир, бахшҳое аз ин сарзамин ба ҷавлонгаҳи гурӯҳҳои мухталифи террористии байнламилалӣ, ҷойгоҳи гирдоварӣ ва парвариши террористон,  майдони рақобати кишварҳои абарқудрати манфиатҷӯ ва лонаи ҷосусии чандин хадамоти иктишофӣ  ва разведка аз саросари олам табдил шудаанд. 
   Солҳои охир шимоли Афғонистон (минтақаҳои ҳаммарз бо мо) якбора ноором шуд. Ба ин минтақа гурӯҳҳои зиёди тероористӣ роҳ ёфтанд (аниқтараш, оварда шуданд). Ин гурӯҳҳо: Толибон, ДОИШ, ал-Қойида, Ҳаракати Исломии Туркистон, Ансоруллоҳ (гурӯҳи террористии ҲНИ) дар шимоли Афғонистон ҷобаҷо шуда, шаҳрвандони кишварҳои Осиёи Марказиро бо ҳар роҳу усул ба сафи худ ҷалб месозанд ва худро барои вуруд ба ин кишварҳо омода мекунанд. Шубҳае нест, ки ҳамаи гурӯҳҳои террористии дар боло зикршуда проектҳо (лоиҳаҳо)-е ҳастанд, ки аз тарафи кишварҳои махсус барои нақшаҳои чандинсола ташкил шудаанд. Хеле соддалавҳист агар фикр кунем, ки масалан ал-Қойида аз байн рафтааст ё ДОИШ маҳв шудааст ва ё Ансоруллоҳу ҲИӮ, ки маҳз барои анҷоми амалҳои террористӣ дар Осиёи Марказӣ ташкил карда шудаанд, дигар хатаре надоранд.
    Мутаассифона, таҳлилҳо далолат бар он мекунанд, ки нақшаи баъзе қудратҳои минтақавӣ ва ҷаҳонӣ ин кашидани норомиҳо ба дохили кишварҳои Осиёи Мрказӣ дар солҳои оянда аст. Аммо кадом кишвар? Инро хусусиятҳо ва осбепазирии ҳар кишвар маълум мекунад. Монанди солҳои 90-и асри гузашта, ки ҷанге дар минтақадаркор буд ва муаллифони сенария нақшаи ҷангро дар чанд кишвар амалӣ карда натавонистанду дар Тоҷикистон тавонистанд (чунки дар симои ҳамин неруҳои сияҳкорӣ имрӯза, яъне ТТЭ ҲНИ ва ҳампаймононаш) омили низоъро пайдо карданд.
   Имрӯз ҳам ҳамон ҳолат аст. Ҷанг бояд ба Осиёи Маркзӣ кашида шавад ва барои ин дар ҳар кишвари ин минтақа заминасанҷӣ ва осебшиносӣ анҷом медиҳанду омодатарин ва осебпазиртарин кишварро барои низоъ интихоб менамоянд. Инро ҳам бояд ба назар гирем, ки доираҳои мазкур нисбат ба солҳои 90 хеле ботаҷрибатару ҳушёртар шудаанд. Вале мо чӣ? Оё мо ҳам ба он сатҳи таҷриба ва ҳушёрӣ расидаем, ки дасти душманон ва бадхоҳонро аз кишвари зебои худ қатъ кунем ва ба ҳеҷ гурӯҳе иҷозати ноором кардани кишварамонро надиҳем?
   Муҳимтарин васила барои заминасозии низоъ ва ноором кардани вазъият ҳамин шабакаҳои иҷтимоӣ варасонаҳои электронӣ ҳастанд. Ҳама медонем, ки гурӯҳҳои террористӣ 10 сол боз бо истифода аз ин воситаҳои интернетии иртибот садҳо ҷавонро аз кишвари мо ва дигар кишварҳои ҷаҳон бо роҳи фиреб ва таблиғоти дурӯғин ба доми худ кашидаанд.
   Аммо ин танҳо як бахши кори қудратҳои беруна аст. Бахши асосӣ ин таблиғоти нарм аст. Яъне, мудом бадгӯӣ, танқид, таҳқир ва бадномкунии ҳукумат ва бо ин роҳ ноумед кардани мардум, хусусан ҷавонон аз имрӯзу ояндаи кишвар ва рӯҳан омода кардани онҳо барои ягон ҳодисаи ногаҳоние, ки вазъиятро якбора тағйир диҳад: маслан, иниқлоб, табаддулот ё ҳатто ҷанг.
   Ба ин хотир, ба назари мо дастгоҳҳои иттилоотӣ, таблиғотӣ ва амниятии кишварамонро зарур аст, ки ба ин масъала ҷиддитар машғул шаванд ва кори расонаҳои давлатӣ ва расонаҳои ғайридавлатӣ аммо ҳамсӯ бо давлатро ҷоннок намоянд (ба ёд биёрем, ки Россия ҳам дар ҷанги соли 2008 дар Асетияи Шимолӣ, агарчӣ аз назари низомӣ пирӯз шуд, ҷанги иттилоотиро бохт ва пас аз он таваҷҷуҳ ба расонаҳоро дар сархати кори худ қарор дод ва натиҷа ин шуд, ки имрӯз журналистони рус муҳимтарин сангардорони идеологияи давлатӣ дар ин кишваранд).  
   Дар ин чаҳорчӯб бояд расонаҳои давлатӣ ва расонаҳои ҳамсӯ бо давлат аз назари молӣ, техникӣ, неруи инсонӣ ва мутахассиси сатҳи ҷаҳонӣ (донандаи забонҳои русию англисӣ) тақвият шаванд ва ба онҳо то ҳадди мумкин озодии баён ва амал дода шавад, то битавонанд халои иттилоотиро дар ҳамаи бахшҳо бипӯшонанд, эътимоди мухотабонро пурра ба даст оранд ва таблиғоти манфии шабакҳо ва расонаҳои иғвогарро хунсо созанд.
    Дар айни ҳол, набояд гузошт, то ҳар касе, ки дастрасие ба шабакҳои иҷтимоӣ ва дигар воситаҳои электронии ахбор дорад, ҳар чизе, ки дилаш хост, нашр кунаду афкори умумиро мушавваш созад. Имрӯз дар бисёр кишварҳо агар касе мардумро нисбат ба амалкарди ҳукуматҳо дар мубориза бо коронавирус бадбин ва ноумед созад (масалан гӯяд, ки ниқобпӯшӣ ва риояи фосилаи иҷтимоӣ лозим нест), барои ин кораш ҷавоб медиҳад. Дар Амрикои маҳди озодии баён ҳам агар касе дар толори пур аз одам дар театр “сӯхтор” ё “заминларза” гӯён фарёд занад, барои воҳимаангезӣ ва ташвиши афкори умумӣ ба ҷавобгарӣ кашида мешавад. Имрӯз вазъияти минтақаи мо ҳам мисли оташ ва ё қарор гирифтан дар наздики оташ аст, ки ҳама гуна талош барои маъюсу ноумед кардани мардум ва эҷоди ихтилоф байни давлат ва миллат ин маънои кашида овардани оташ ба хонаи худро дорад. Бояд нисбати ин гуна одамон (нашр ва бознашркунандагони мақолаҳо ва дигар маводи иғвоангез) дар навбати аввал корҳои фаҳмондадиҳӣ ва дар сурати такрор чораҳои қонунӣ дида шавад. Бе ин намешавад. Чуноне гуфтаанд:
Агар Султон нафармояд сиёсат,
Занад ҳар нокасе лофи сиёсат.
Бало дарҳамзанадрӯйи Заминро,
На давлатро бақомонад, на динро.
 
Зиёев Субҳиддин, мудири ШШМН
Субҳониддин Қ.Ҷ., ходими илмии Институт
 

НАЗАД