Барои дарк намудани ақоид ва афкори бузургон бояд мо пеш аз ҳама ба мантиқу маъонии ҳакимонаи онҳо, ки дар осорашон таҷассум ёфтааст, ошно шавем. Панду ҳикмат дар шакли мақолу масал дар таълифоти безаволи бузургони адабиёти форсу тоҷик аз Рӯдакиву Фирдавсӣ то Ҷалолуддини Балхиву Саъдиву Ҳофизу Ҷомӣ ва дигарон фаровон ба назар мерасад. Зарбулмасал ё ирсоли масал каломи пандомӯз ва ҳикматонае мебошад, ки дар вақти баён ҳамчун мисол оварда мешавад, аммо нисбат ба ирсоли масал мо вожаи зарбулмасалро бисёртар истифода мебарем ва ин калима дар байни ҷомеа хеле машҳур аст, ки дар гуфторҳои мардумӣ дар ҳолатҳои панду насиҳат кардан бисёртар истифода мешавад.
Дар бораи истифодаи зарбулмасалу мақолҳо дар осори Мавлои Рум таҳқиқоти зиёде ба амал омадааст, вале дар ин мақолаи кучак чанд зарбулмасали арабӣ аз осори Мавлоно Ҷалолуддини Балхӣ мавриди баррасӣ қарор гирифтааст. Ҳамчунин кӯшиш шудааст, ки он зарбулмасалҳое, ки дар “Маснавии маънавӣ”, “Девони кабир” ва “Фиҳи мо фиҳи” дар шакли назму наср дарҷ гардидаанд, дар муқоиса ба зарбулмасалҳои форсии тоҷикӣ таҳқиқ шаванд.
Перомуни ин мавзӯъ корҳое аз ҷониби муҳаққиқони иронӣ ба анҷом расидааст. Мутаассифона, аз ҷониби муҳаққиқони тоҷик коре дар ин самт анҷом дода нашудааст ва ҳол он ки ин кор барои муҳаққиқону хонандагони тоҷик ниҳоят ҷолибу зарудмебошад. Масалан, Ваҳиди Сабзиёнпур устоди Донишгоҳи Розии шаҳри Кирмоншоҳи Ирон китобе бо номи “Амсол ва ашъори арабӣ дар “Маснавии маънавӣ”[13]-ро бо ҳаммуаллифии шогирдонаш Садиқа Ризоӣ ва Самира Хусравӣ ба табъ расонидаанд.
Тӯрахон Зеҳнӣ дар китоби “Санъати сухан”, ки дарбаргирандаи тамоми ҷузъиёти санъатҳои бадеӣ мебошад, ирсоли масалро яке аз санъатҳои муҳими бадеӣ арзёбӣ намуда, чунин шарҳ додааст: “Шоир барои тақвияти даъвои худ баъзан аз зиндагии иҷтимоӣ, аз таҷриба ва амалияи ҳаёти шахсӣ мисоле мегирад. Ҳамин мисол овардани шоирон ирсоли масал ё тамсил номида мешавад. Вале гоҳе далелҳои хаёливу фаразӣ ҳам меоранд. Ин гуна тамсилҳо аксаран ғайритабиӣ ва ғайриҳаётӣ воқеъ шудаанд” [5,132].
Шоирону орифони бузург дар эҷодиёташон аз зарбулмасалу мақолҳои мардумӣ бисёр истифода намудаанд, аз ҷумла, аз эҷодиёти шифоҳии араб низ кор гирифтаанд. Аз ҷумлаи шоироне, ки дар осорашон зарбулмасалу мақолҳои арабӣ истифода гардидаанд, метавон Унсурӣ, Анварӣ, Саъдӣ, Ҳофиз, Ҳоқонӣ, Манучеҳрӣ, Мавлоно Ҷалолуддини Балхӣ ва чандин шоирони дигарро номбурд.
Мавлоно аз ҷумлаи он шоироне мебошад, ки аз даврони ҷавонӣ то дами марг дар муҳити фарҳангу тамаддуни исломӣ умр ба сар бурда, аз эҷодиёти шоирони араб иттилоъи зиёде дошт. Аз ин ҷост, ки мисли бархе шоирони тоҷику форс, Мавлоно низ дар эҷодиёташ аз зарбулмасалу мақолҳои арабӣ моҳирона истифода кардааст. Барои дарки қаробатиҶалолуддини Балхӣ ба адаби араб ва хусусан, таъсирпазирии ӯ аз шоири шаҳири араб ал-Мутанаббӣ мо метавонем ба инмаъхазҳо таваҷҷуҳ кунем. Масалан, Сайид Муҳаммадризо ар-Расул мақолае дар ҳаҷми 60 саҳифа бо номи “Мавлавӣ ва Мутанаббӣ”[12,1-60] навиштааст. Ва ин мавзӯъдар “Маноқиб ал-орифин”[1]-и Шамсиддин Аҳмади Афлокӣ низ равшан гардидааст.
Барои равшантар кардан ва ба хонандагон нишон додани истифодаи зарбулмасалҳои арабӣ дар шеъри Мавлоно ва ҳам он шеъре, ки ба ал-Мутанаббӣ тааллуқ дорад ва он шеърро ал-Мутанаббӣ дар девони ашъораш ба шакли зарбулмасал овардааст ва Мавлоно бошад аз маънии он зарбулмасали арабӣ бо забони форсии тоҷикӣ дар “Маснавии маънавӣ” зарбулмасали тоҷикие дар шакли назм сохтааст, ин ҷо меорем:
Ал-Мутанаббӣ мегӯяд[10,332]:
إِذا رَأيتَ نُيُوبَ اللّيثِ بارِزَةً
فَلا تَظُنَّنَ أَنَّ اللَيثَ يَبْتَسِمُ
Тарҷума:
Ҳангоме, ки дандонҳои шерро намоён дидӣ,
Пас мапиндор, ки шер табассум мекунад.
Мавлоно мазмуни ин зарбулмасалро дар шакли шеър чунин шарҳ додааст[7,181]:
Шер бо ин фикр мезад ханда фош,
Бар табассумҳои шер эмин мабош.
Моли дунё шуд табассумҳои Ҳақ,
Кард моро масту мағруру халақ.
Муллоҷон Фозилов дар китоби «Фарҳанги зарбулмасал, мақол ва афоризмҳои тоҷикиву форсӣ» чанде аз абёти Мавлоноро зикр намудааст, ки ба шакли зарбулмасал истифода шудаанд ва дар ин абёт ибороту вожаҳои арабӣ ба назар мерасад, ки далолат ба зарбулмасалҳои арабӣ мекунад[14,40]:
Сабр ганҷ аст, эй бародар сабр кун,
То шифо ёбӣ ту з-ин ранҷи куҳун.
Сабр сӯи кашфи ҳар сир раҳбар аст,
Сабр талх омад, бари ӯ шакар аст.
Мавлоно дар ин байти худ такя ба зарбулмасали «ас-Сабру мифтоҳ ул-фараҷ» намудааст, ки ин зарбулмасал дар миёни мардуми араб хеле машҳур мебошад.
Инчунин, Мавлоно аз зарбулмасалҳои тоҷикӣ истифода карда онҳоро бо вазни шеъри тоҷикӣ орову зебо намудааст, ки зарбулмасали «То бача гиря накунад, модараш шир намедихад» ба риштаи назм дароварда, чунин нигоштааст:
То нагиряд абр, кай хандад чаман,
То нигиряд тифл, кай нӯшад лабан.
Дар ин зарбулмасал Мавлоно калимаи «лабан»-ро, ки вожаи арабӣ буда, маънояш «шир» мебошад, истифода кардааст, ки моҳияти асосии ҳам шеъри Мавлоно ва ҳам маънои асосии худи зарбулмасали тоҷикиро ташкил медиҳад.
Мавлоно дар ҷои дигари шеъри худ дар зарбулмасали тоҷикӣ калимаи «лошайъ», яъне «ҳеҷ чиз» -ро истифода кардааст, ки асли шеъри онро меорем[14,225]:
Хоби аҳмақ лоиқи ақли вай аст,
Ҳамчу ӯ беқимат асту лошай аст.
Ин ҷо яке аз падидаҳои хеле ҷолиб ва гуфтаниро бояд зикр кард, ки Мавлоноро дар аксари кишварҳои арабӣ мешиносанд ва аз эҷодиёти ӯ истифода мекунанд ва бархе аз ашъори пандомези ӯро ба таври зарбулмасал кор мефармоянд, ки дар натиҷаи тарҷумаи «Маснавии маънавӣ» дар гуфтори мардуми араб чунин зарбулмасал ба назар мерасад[8,16]:
Ҳар касе к-ӯ дур монд аз асли хеш,
Боз ҷӯяд рӯзгори васли хеш.
Ҳамин мисраъро, ки ҳадис мебошад, Мавлоно ба шакли зарбулмасал дар шеъраш ҷой додааст:
کلّ شئٍ یَرجِعُإلی أَصِله
Тарҷума:
Ҳар як чиз ба асли худ баргарданда мебошад.
Мавлоно Ҷалолуддини Балхӣ дар қатори дигар асарҳояш асари фалсафии машҳури худ «Фиҳи мо фиҳи»-ро бо зарбулмасалу мақоли тоҷикиву арабӣ орову зебо намудааст. Масалан, Мавлоно дар ин китоб яке аз гуфтори арабҳоро меорад, ки чунин мебошад[9, 60]:
أَحسَنُهُم بِی ظَنًّا
Яънеنا عِندَ ظَنِّ عَبدیِ بیِ ا ман он ҷоям, ки фикр бандаи ман аст, баҳри банда маро хаёле нест ва сурате аст, харчи ӯ маро хаёл кунад ман он ҷо бошам, ман бандаи он хаёлам, ки ҳақ он ҷо бошад, безорам аз он ҳақиқат, ки ҳақ он ҷо набошад.
Мисли зарбулмасали тоҷикӣ «Пурсидан айб нест», Мавлоно аз зарбулмасали арабии السّؤُالُ نِصفُ العِلمِ-яъне, «савол нисфи илм аст», истифода кардааст.
Мавлоно дар шеъри дигари худ чунин гуфтааст:
Эй нусхаи номаи илоҳӣ ки туӣ
В-эй оинаи ҷамоли шоҳӣ ки туӣ.
Берун зи ту нест ҳар чи дар олам ҳаст,
Дар худ биталаб ҳар он чи хоҳӣ ки туӣ.
Инчунин, маънии ин шеърашро бо забони арабӣ ба риштаи назм даровардааст, ки ҳамчун зарбулмасал истифода мешавад ва баъзе нафарон бар онанд, ки ин шеъри арабӣ аз шоири араб буда, Мавлоно аз он тазмин кардааст ва он чунин мебошад:
فَمَنْ يَرَهُ فِي مَنْزِلٍ فَكَاَنَّما
يرآ كلُّ اِنْساَنٍ وَ كُلُّ مَكاَنٍ
Тарҷума:
Ҳар ки ӯро дар манзиле дид ва гӯё,
Ҳама инсонҳову маконҳоро дида бошад.
Дар натиҷаи таҳқиқот муайян карда шуд, ки дар рафти таълифи китоби «Фиҳи мо фиҳи» Мавлоно аз чиҳил зарбулмасалу мақол ва гуфтори мардуми араб истифода кардааст. Дар ҷои дигари ҳамин асараш овардааст, ки:
الشِکایَة عَن المَخلوق شِکایَة عَن الخالِق
Тарҷума:
Шикоят аз офаридаи Худо ин шикоят аз Худост.
Ва ҳамин зарбулмасал бо тоҷикӣ:
«Норозигӣ ба офаридаҳои Худо, норозигӣ ба Худост».
Истифодаи зарбулмасалу мақол ё амсолу ҳикамро нисбат ба дигар асарҳои Мавлоно дар «Маснавии маънавӣ» зиёдтар мушоҳада менамоем.
Ҳусайн Зулфиқорӣ дар рӯзномаи «Шарқ» меорад, ки «Баҳрагирӣ аз амсоли арабӣ ва ҷумалоти маъруф ё аҳодиси машҳури масалшуда низ дар «Маснавии маънавӣ» ба нисбати осори дигар бештар аст. Ин корбурдҳо гоҳ айни иборат ё тарҷумаи он аст»[6, 2-3]. Дар ҳақиқат агар ба осори шоир назар афканем, дармеёбем, ки ӯ дар якчанд ҳолат аз зарбулмасалу мақолҳои арабӣ истифода кардааст. Масалан, шоир гоҳе аз оёти қуръонӣ ва гоҳе аз ҳадиси набавӣ ва ҷои дигар аз панду андарзи шоирони араб мисолҳо меорад. Ва метавонем, корбурди зарбулмасалҳои арабии Мавлоноро ба чаҳор бахш тақсим кунем.Бахши аввал: аз маънии Қуръони карим зарбулмасли арабӣ офаридани шоир; Бахши дуввум: аз маънии ҳадис зарбулмасал сохтани шоир; Бахши сеюм: аз гуфтори шоирони араб мисол овардани шоир. Бахши чорум: айнан овардани зарбулмасалҳои арабӣ аз гуфтори мардуми араб.
Мавлоно масалҳоро гоҳ форсӣ ва гоҳ баргирифта аз масалҳои арабӣ ё аҳодис меорад[8, 204]:
Дар баёни ин се, кам ҷунбон лаб,
Аз зиҳобу аз заҳаб в-аз мазҳаб
К-ин серо хасм аст бисёру аду,
Дар каминат истанд чун донад ӯ.
Гар бигӯӣ бо яке ду, алвидоъ,
Куллу сиррин ҷоваз ал-иснайни шоъ.
کُلُّ سِرٍ جاوَزَ الاِثنَینِ شاع
Тарҷума:
(Ҳар розе, ки аз миёни ду нафар хориҷ гардад, қатъан фошмегардад).
Ин масал ҳангоме баён мешавад, ки бихоҳанд узре барои фош шудани сире биёваранд ё шахсро аз гуфтани роз, ҳатто ба наздиктарин фард, боз доранд. Ҳаммаънои ҳамин масал дар тоҷикӣ, ки дар миёни мардум хеле маъруф мебошад, чунин аст:
Сири дил бар ёри худ ҳарчанд битвонӣ, магӯ,
Ёрро ёре бувад, аз ёри ёр андеша кун.
Ба коргирии зарбулмасал дар осори шоир дорои ҳадафҳои омӯзанда ва комилан таълимӣ – ахлоқӣ аст ва ба ҳамин далел аст, ки шоир аз чунин зарбулмасалу мақолҳо истифода кардааст. Ҷолиб он, ки аввалин байти дафтари дувуми ин асар чунин оғоз меёбад[8, 173]:
Муддате ин Маснавӣ таъхир шуд,
Муҳлате боист, то хун шир шуд.
Агар ба дафтари дувуми «Маснавии маънавӣ» хуб бингарем, дармеёбем, ки шоир бахши охири ин дафтарашро низ бо зарбулмасал ба интиҳо расонидааст ва ин зарбулмасал ҳам дар мавриди «сабр»корбурд шудааст[8, 322]:
Гашт мушкилҳош ҳалу афзун зиёд,
Аз пайи ҳар мушкилаш мифтоҳ дод.
Мард бояд, ки ҳаросон нашавад,
Мушкиле нест, ки осон нашавад.
Мусаллам аст, ки дар натиҷаи таҳаммул кардани сабр мушкилот осон ё ҳал мегардад.
Алиакбари Деҳхудо дар китоби «Амсол ва ҳикам» зарбулмасале меорад, ки ба шеъри Мавлоно хеле монанд аст, ва он чунин мебошад[2,225]:
الصَّبرُ مِفتاحُ الفَرَج
Бояд бидонем, ки ҳам сароғози дафтари дувум ва ҳам бахши поёни он бо масал оғозу анҷом ёфтааст.
Дар мавриди зарбулмасали «сабр» Мавлоно чандин бор таъкидҳо намудааст, ки агар мо зарбулмасали «ас-Сабру мифтоҳ ал-фараҷ»-ро асоси зарбулмасал гӯем, вале Мавлоно чандин бор дар асоси ин зарбулмасал зарбулмасалҳое сохтааст, ки дар чанд маврид ба кор бурда мешавад. Мавлоно мефармояд:
Хуш бикаш ин корвонро то ба ҳаҷ,
Эй амир, ас-сабр мифтоҳ ал-фараҷ!
(Дафтари 4, саҳ.551, байти 14).
Партавӣ Маҳдии Омулӣ дар асараш «Решаҳои таърихии амсол ва ҳикам» дар ҳамин маврид, яъне «сабр» зарбулмасале дорад [11, 278]: «Гар сабр кунӣ зи ғура ҳалво созӣ».
Мавлоно дар дафтари шашуми «Маснавии маънавӣ» зарбулмасалеро ба риштаи назм даровардааст ва бо чунин зебоӣ қайд намудааст:
Дар дили ман з-он сухан он майман аст,
З-он ки аз дил ҷониби дил равзан аст.
Ин зарбулмасал дар китоби «Амсол ва ҳикам»-и Деҳхудо оварда шудааст[3, 267]:
القَلب یَهدی الی القَلب
Тарҷума:
Дил ҷониби дил равзане дорадва ё «Дилро ба дил раҳест».
Дар натиҷаи мутолааи осори Ҷалолуддини Балхӣ хонанда таъсирпазирии шоир аз Қуръону ҳадисро хуб мушоҳада менамояд. Агар мо асарпазирии Мавлоноро аз шоирону адибони даврони мухталифи араб мушоҳада намуда бошем, пас инро ҳам бояд дарк намоем, ки шоир дар таълифи асарҳояш аз каломи ҳакимонаи қуръонӣ ва гуфтори ибратбахши аҳодиси набавӣ барои ба роҳи рост ҳидоят намудани ояндагон мисолҳои зиёде овардааст, ки ин мисолҳо ҳамчун зарбулмасал ё мақолу ҳикам ба кор бурда мешаванд.
Масалан, байте аз дафтари аввал меорад[8, 5]:
Ҳар касе к-ӯ дур монд аз асли хеш,
Боз ҷуяд рузгори васли хеш.
Ин гуфтор ба ояти қуръонӣ шабоҳат дорад[15]: ﴿
…….إِنّا لله و إِنّا إِلیه راجِعون﴾
Тарҷума:
….ба ростӣ, ки мо аз они Худоем ва ба сӯи Ӯ баргарданда мебошем.
Мавлоно мегӯяд [8, 40]:
Он ки медаррид ҷома-й халқ, чуст,
Шуд дарида они ӯ, эшон дуруст.
Ин байт ба ҳадиси маъруфи:
مَن حَفَرَ بِئرًا لِأَخیِهِ وَقَعَ فِیهِ
Тарҷума:
Ҳар касе барои бародари худ чоҳе канад, худ ба он афтад.
Дар «Амсол ва ҳикам»-и Деҳхудо низ ин зарбулмасал оварда шудааст, ва он чунон мебошад[4, 761]:
«Ҳар кас барои дигаре чоҳе биканад, дар он меафтад».
Мақоли тоҷикӣ низ дар ин маврид мавҷуд аст: «Чоҳкан зери чоҳ».
Зарбулмасалу мақол яке аз санъатҳои муҳими бадеӣ мебошад, аз ин лиҳоз Мавлоно Ҷалолуддини Балхӣ аз ин намуди санъати бадеӣ барои пуробу ранг гардонидани осораш суд ҷустааст. Зарбулмасалу мақолҳои арабӣ, ки Мавлоно аз онҳо истифода кардааст, на фақат дар шакли масали мардуми оммаи араб аст, балки як қатор зарбулмасалу мақолҳоеро шоир ба кор бурдааст, ки маънии сухани илоҳӣ ва панди насиҳатбори набавӣ буда, инчунин, гуфтори пурҳикмати шоирону орифони арабдар осори шоир истифода шудаанд. Умедворам, ки дар кишвар нафароне ба ин кор машғул шаванд ва ҳамаи он панду ҳикмат ва зарбулмасалҳое, ки бо забони арабӣ Ҷалолуддини Балхӣ дар асараш ҷойгир намудааст ва ё дар маънии онҳо шеъре сохтааст, таҳқиқ ва барои хонандагони тоҷик пешкаш намоянд.
Адабиёт
Афлокӣ, Шамсуддин Аҳмад ал-Орифӣ. Маноқиб ал-орифин. ҶилдҳоиI, II. Тарҷумаи Таҳсин Ёзиҷӣ.-Теҳрон: Дунёи китоб, 1362.-1222с.
Деҳхудо, Алиризо. Амсол ва ҳикам. Ҷилди I, Чопи даҳум.-Теҳрон: Интишороти Донишгоҳ, 1377.-225с.
Деҳхудо, Алиризо. Амсол ва ҳикам. Ҷилди II, Чопи даҳум.-Теҳрон: Интишороти Донишгоҳ, 1377.-267с.
Деҳхудо, Алиризо. Амсол ва ҳикам. Ҷилди IV,Чопи даҳум.-Теҳрон: Интишороти Донишгоҳ, 1377.-761с.
Зеҳнӣ, Т. Санъати сухан. Душанбе: Адиб, 2007.-400с. Зулфиқорӣ, Ҳусайн. Рӯзномаи «Шарқ». Шумораи 18. Теҳрон. 5 меҳри соли 1392. 30 сентябри соли 2013.-С. 2-3.
Мавлоно Ҷалолуддин Муҳаммади Балхӣ. Маснавии маънавӣ (Бар асоси матни Р. Николсон ва муқобала бо нусхаҳои дигар). Таҳияву тадвини матн аз Алии Муҳаммадии Хуросонӣ ва Бадриддин Ализода.-Теҳрон: Нашри Замон, 2001.-728с.
Мавлоно Ҷалолуддин Муҳаммади Балхӣ. Маснавии маънавӣ. ҶилдҳоиI,II,III. Бар асоси нусхаи Қуния.-Ба тасҳеҳ ва пешгуфтори Абдулкарими Суруш.-Теҳрон: Ширкати интишороти илмӣ ва фарҳангӣ, 1386.-540с.
Мавлоно Ҷалолуддин Муҳаммади Балхӣ. Фиҳи мо фиҳи. Тасҳеҳи Бадеъуззамон Фурӯзонфар. Теҳрон: Заввор, 1386.-353с.
Ал-Мутанаббӣ. Девон. Бейрут: Дор Бейрут ли-т-тибаъати ва ан-нашр, 1404/1973.-583с.
Партавӣ, Омулӣ Маҳдӣ. Решаҳои таърихии амсол ва ҳикам.-Ҷилди II, Теҳрон: Интишороти Саноӣ.-Чопи чорум, 1378.-278с.
Ар-Расул, Сайид Муҳаммадризо. Мавлавӣ ва Мутанаббӣ. Маҷаллаи Фарҳанг, 63-64; поиз ва зимистони 1386.-С.1-60.
Сабзиёнпур, Ваҳид. Ризоӣ Садиқа. Хусравӣ Самира. Амсол ва ашъори арабӣ дар «Маснавии маънавӣ». Чопи дувум, Теҳрон: Ёр-дониш,1492.-296с.
Фозилов, Муллоҷон. Фарҳанги зарбулмасал, мақол ва афоризмхои тоҷикиву форсӣ.- Ҷилди III. Душанбе: Нашри Камол, 2014.-480с.
«Қуръони карим», сураи «Бақара», ояти 156.
Субҳиддин ЗИЁЕВ,
корманди Институт