Суннатҳои арзишманди наврӯзӣ дар ҳаёти ҷомеа

Автор: ИИПСАЕ

Расм

  Наврӯз яке аз ҷашнҳои қадимаи форсу тоҷик буда, хушбахтона, то ба замони мо ҷилову таровишҳои худро аз даст надодааст. Калимаи “наврӯз” аз ду реша – «рӯз» ва «нав» иборат буда, ишора ба фарорасии Рӯзи нав менамояд. Наврӯз ҳамчун соли нави ориёӣ таъсири мусбат ба ташаккули фарҳанги Ислом низ гузоштааст. Наврӯз ин ҷашни миллиест, ки аз аҷдодонамон ба мо мерос мондааст. Воқеан ҳам, Наврӯз баробаршавии шабу рӯз, бедоршавии табиат ва тамоми мавҷудоти олам, рӯзи умедҳо, фаровонӣ, ободонӣ ва хушбахтист.
  Дар арафаи Наврӯз инсон бояд рӯҳи худро аз гуноҳ тоза кунад, бо одамоне, ки хушунат дорад, бояд зуд оштӣ намояду оини бахшидани қарзи ниёзмандонро пеша намояд. Дар айёми Наврӯз фариштагон барои одамони поксиришту поквиҷдон ризқу рӯзии фаровон меоранд. Инсоният боварӣ дорад, ки тоза кардани хона инъикоси вазъияти ботинии худи шахсро нишон медиҳад. Илова бар ин, фариштагон ба одамони қасосгир, бадсиришт ва палид дар ин рӯзи бузург назар ҳам намекунанд.[1] Миллати тоҷик бо эътиқод ба арзишхои суннатӣ ва бо эҳтиром ба бузургдошти онҳо итминон дорад, ки иди Наврӯзи хуҷаста ободӣ ва неъматҳои фаровон меорад.
  Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар суханронии худ бахшида ба рӯзи байналмилалии Наврӯз, ки 23 марти соли 2014 дар шаҳри Душанбе баргузор гардид, қайд намуданд, ки: «Дар ин рӯз табиат ва инсон нерӯи тоза пайдо карда, дилу андешаҳо ба ҷон меоянд, одамон некиву накукорӣ ва омолҳои хайру савобро тарғиб месозанд, ки ҳамаи инҳо аз рисолати фарҳанги оламшумули сулҳовар ва ваҳдатгарои халқи мо шаҳодат медиҳад». Ва дар баробари ин арзишҳои умумибашарии ин ҷашнро аз мадди назар дур накарда, ишора менамояд: «Бузургдошти Наврӯз - умуман бузургдошти таърих ва тамаддуни башарист, ки дар тӯли садсолаҳо арзишҳои неки инсониро дар худ таҷассум кардааст».[2]
  Бо эъломи истиқлолияти Тоҷикистон дар соли 1991 ин ҷашни бостонӣ дубора дар қаламрави кишвар эҳё шуд ва ба ҷашни миллӣ ва асосӣ, ки дар сатҳи давлатӣ таҷлил карда мешавад, табдил ёфт. Наврӯз ба василаи боло бурдани ҳувият ва худшиносии миллии мардуми тоҷик ва ифтихор аз гузаштаи миллат табдил ёфтааст. Соли 2012 Наврӯз дар Тоҷикистон нахустин бор чун ҷашни байналмилалӣ баргузор гардид.[3]
  25-уми марти 2015 дар ҷашни байналмилалии Наврӯз роҳбарони 4 давлат, намояндагони беш аз 35 мамлакати ҷаҳон ва 40 созмони минтақавиву байналмилалӣ ширкат варзиданд. 
  Бояд қайд кард, ки бо ташаббуси Президент Эмомалӣ Раҳмон ва дастгирии роҳбарони Осиёи миёна, Афғонистон, Эрон ва кишварҳои дигар сентябри соли 2009 Наврӯз ба рӯйхати эътиборноки мероси фарҳанги ғайримоддии инсонияти ЮНЕСКО дохил карда шуд ва 23 феврали соли 2010 Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳид дар иҷлосияи навбатии 64-ум рӯзи 21 мартро «Рӯзи байналмилалии Наврӯз» эълон кард.
  Нуралӣ Солеҳов менависад, ки «Фарқи ҷашни Наврӯз, ки дар давлати миллии соҳибистиқлоли мо ба он таваҷҷуҳи аввалиндараҷа дода мешавад, дар чист? Қабл аз ҳама дар он аст, ки ҷашни Наврӯз ҷашни миллӣ ва ватании тоҷикон аст, яъне дар тафовут аз ҷашнҳои дигари дар байни мо маъмул аз берун наомадааст, балки дар марзу буми ориёӣ рӯидааст. Ин ҷашнро ниёгони мо дар натиҷаи мушоҳидаҳои табиии чандинасра рӯи кор оварда, чун ҷашни бедории табиат, фасли зебои баҳор, баробар шудани шабу рӯз ва фарорасии соли нави аҷдодӣ, меҳру садоқати инсонҳо ба мо мерос гузоштаанд. Ин аст, ки дар давраи Истиқлолият ҷашни Наврӯз яке аз рукнҳои муҳими мафкураи миллии дунявии тоҷиконро ташкил медиҳад, ки поягузори он Пешвои Миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошад».[4]
  Имрӯзҳо на танҳо дар Тоҷикистону Афғонистон ва Эрон, балки дар тамоми ҷаҳон Наврӯзро ба таври васеъ ҷашн мегиранд. Сарони давлатҳои гуногун мардуми форсу тоҷикро ба иди Наврӯз табрик намуда, онро ҳамчун қисми таркибии фарҳанги тоҷикон арзёбӣ мекунанд. Аз он ҷумла, соли 2012 котиби генералии Созмони Милали Муттаҳид Пан Ги Мун 21 мартро Рӯзи байналмилалии Наврӯз эълон намуда, ба муносибати ин ҷашн тамоми мардуми ҷаҳонро, ки Наврӯзро ҳамчун ҷашни миллӣ мешуморанд ва ҷашн мегиранд, муборакбод намуда, қайд кард, ки Наврӯз рамзи мувофиқ ва умед ба ояндаи нек мебошад. Ва даъват намуд, ки ворисона ин тамаддун рӯҳи Наврӯзро дар муддати сол нигоҳ доранд.[5]
Собиқ Президенти ИМА Барак Обама соли 2015 ба муносибати Наврӯз дар Касри Сафед баромад намуда, ҳамаи онҳое, ки дар ИМА ва дар тамоми ҷаҳон Наврӯзро ҷашн мегиранд, муборакбод намуда, чунин қайд намуд, ки: «ин вақт шояд дигар нахоҳад омад. Вале ман боварии комил дорам, ки миллатҳои мо проблемаҳои таърихиро бо роҳи сулҳ ҳал хоҳанд кард». Ва дар баромади худ мегӯяд, тавре ки Умари Хайем навишта аст».[6]

Чун абр ба Наврӯз рухи лола бишуст,
Бархезу ба ҷоми бода кун азми дуруст,
К-ин сабза, ки имрӯз – тамошогаҳи туст,
Фардо ҳама аз хоки ту бархоҳад руст.

  Ҳамасола дар ИМА низ ба муносибати Наврӯз чорабиниҳои идона ба ташаббуси Сафорати Тоҷикистон дар ИМА, Ҷамъияти Точикистону Амрико, Ассотсиатсияи фарҳангии Тоҷикистону Амрико, Маданияти созмони Тоҷикистону Амрико ва тоҷикону эрониҳои муқими ИМА баргузор мегардад. 
  Новобаста бар он, ки Наврӯз аз аҳди бостон ба дини зардуштӣ дар бисёр масоили ахлоқӣ ҳамбастагӣ ва рабт дошта бошад, ҳам, аксари нуктаҳои калидии марбут ба ин ҷашни пуршаҳомат ба арзишҳои арҷманди умумиинсонӣ мубаддал гаштаанд ва эътироф шудаанд. Бахусус се таълимоти Зардушт оид ба рафтори нек, кирдори нек ва пиндори нек аҳамитяи махсус касб намудааст. Дар ин маврид ҳатто дар қомуси Донишгоҳи Ҳарвард чунин омадааст: «Ҳатто дар ҷаҳони модерни манобеи Зардушт ки оиди некӣ ва бадӣ баҳри инсон офарида шудааст, баёноте овардааст».[7]
  Президенти ИМА Ҷо Байден 20 марти соли 2022 ба муносибати таҷлил аз - Наврӯз дар Қасри Сафед чунин изҳорот намудааст: “Ман ва хонумам орзуҳои беҳтарини худро ба ҳамаи онҳое, ки имрӯз дар Иёлоти Муттаҳида ва дар саросари ҷаҳон, аз ҷумла дар Эрон ва Ховари Миёна, дар Осиёи Марказӣ ва Ҷанубӣ, дар Қафқоз ва Аврупо Наврӯзро ҷашн мегиранд, мерасонам.
  Наврӯз аҳли оила ва дӯстонро гирди дастархон ҷамъ меорад, то ба азизон шукргузорӣ кунанд, шукронаи неъмат намоянд, таом ва тӯҳфаҳо тақсим кунанд, дар бораи соли гузашта андеша ронанд ва фарорасии баҳор ва фурсати навро истиқбол намоянд. Ин рӯҳияи оғози нав ва шодии Наврӯз дар дастархони ҳафт сини мо дар Кохи Сафед инъикос ёфтааст, ки умеди мо ба соли навро ифода мекунад. Он фарҳангҳо ва дӯстии пурқуввати муҳоҷирони сершумори моро дар Амрико, ки саҳми беназир мегузоранд ва ҳар рӯз бофтаҳои миллати моро мустаҳкамтар мекунанд, эътироф ва ҷашн мегирад. Ба ҳамаи онҳое, ки ин ҷашнро таҷлил мекунанд, хушиҳои бештари зиндагиро таманно дорем.
  Хулоса, ин рӯзи фархунда табиатро аз нав зинда гардонида, ба инсоният нерӯи нав, саодат, хайру баракат меорад. Барҳақ, Ҳаким Умари Хайём фармудааст: “Ҳар ки рӯзи Наврӯз ҷашн кунад ва ба хуррамӣ пайвандад, то Наврӯзи дигар умр дар шодӣ ва хуррамӣ гузорад”.
 
Адабиёт
  1. Навруз: история и традиции самого древнего праздника весны// http://ria.ru/religion/20110321/334857014.html 03.2023
  2. Назарзода Сайфиддин. Шукуҳи Наврӯзи Байналмилалӣ дар Тоҷикистони Соҳибистиқлол. / Дастури Наврӯзӣ. -Душанбе, 2012. С.92-95.
  3. Нуралӣ Солеҳов. Мақом ва манзалати пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар ташаккул ва рушди маънавиёт ва ҳувияти миллии тоҷик. Эмомалӣ Раҳмон-Пешвои миллат Душанбе,-“Маориф”,2016, 414 саҳ
  4. Пан Ги Мун поздравил всех, кто отмечает праздник навруз www. un.org// russian russian/news/story.asp?NewsID=23408#.Vujj4NLhBkg 17.03.2023
  5. Халифабобо Ҷумъазода. Иди Наврӯз шеърҳои нав
  6. Эмомалӣ Раҳмон. Суханрони бахшида ба рӯзи байналмилалии Наврӯз. http://president.tj/node/6390 03.2023
  7. Remarks by President Obama on Nowruz. whitehouse.gov//the-press-office/2015/03/19/ remarks.president-obama-Nawruz 17.03.2023
  8. Statement by President Joe Biden and First Lady Jill Biden Marking Nawruz// https://www.whitehouse.gov/briefing-room/statements-releases/2022/03/20/ statement-by-president-joe-biden-and-first-lady-jill-biden-marking-nowruz/ 03.2023
  9. What Is Norooz, The Persian New Year, All About? http://www.huffingtonpost.ca/2014/03/19/what-is-norooz_n_4989838.html 03.2023
 
Дороншоева Некбахт Шоқосумовна
 н.и.сиёсӣ- мудири шуъбаи Осиёи Марказии ИОМДОА  
 
 

НАЗАД