ТАҲҚИҚОТИ АРЗИШМАНД ДАР АФҒОНШИНОСИИ МУОСИРИ ТОҶИК

Автор: ИИПСАЕ

Расм

(Тақриз ба монографияи устод Қосимшо Искандаров)
  Таҳлилу омӯзиши манбаъҳои пайдоиш, мушкилоти пешгирӣ ва ҳалли буҳронҳо, пажӯҳиши оқибатҳои низоъхои сиёсӣ вазифаи асосии назариявӣ ва амалии илми сиёсатшиносии муосир мебошад. Маъмулан дар адабиёти илмӣ низоъҳои конкретӣ тахлил гардида, генезиси онҳо мушаххас, субъектҳои низоъ, масъалахои ҳал ва ба эътидол овардани вазъияти сиёсӣ тавсиф карда мешаванд. Мутаассифона, то ба ҳол оид ба назарияи умумии низоъҳои сиёсӣ ва амалияи ба эътидол овардани вазъияти сиёсии Афғонистон, асарҳои монографӣ кам мавҷуданд.
  Монографияи устод Қосимшо Искандаров бо номи “Афғонистон дар давраи Ҳукумати ваҳдати миллӣ: Равандҳои сиёсӣ ва масоили амниятӣ”, ки бо забони русӣ дар муассисаи нашриявии ”Дониш” – и АМИТ соли 2021, бахшида ба 30-юмин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба табъ расидааст, кӯшиши мувафаққонаи устод дар ин ҷода мебошад.
  Дар монографияи мазкур афғоншиноси маъруф доктори илмҳои таърих, профессор Қосимшо Искандаров, ки муаллифи 15 монография ва зиёда аз 250 мақолаҳои мухталиф оид ба таъриху тамаддун ва дигар масоили этносиёсиву этномазҳабии марбут ба Афғонистон мебошанд, фаъолияти Ҳукумати ваҳдати миллӣ, омил ва сабабҳои ташаккули он дар соли 2014, анъанаҳои тахтнишинӣ ва интихоботи сардори давлат аз Аҳмадшоҳи Дурронӣ то Ашраф Ғаниро мавриди пажӯҳиши амиқ қарор додаанд. Муаллиф дар монография ҳамчунин таваҷҷуҳи хоса ба масоили амниятӣ, сабабҳои рушду падидаи терроризм ва ташкилу ташаккули гурӯҳи террористии ба истилоҳ ДИИШ-Вилояти Хуросон, раванди музокироти Амрико ва Толибон таваҷҷуҳи хоса зоҳир намудаанд.
  Монография аз муқаддима, чаҳор боб, хулоса, номгӯи сарчашмаҳо ва адабиёти мавриди истифода иборат мебошад.
  Дар муқаддима муаллиф масоили мавриди таҳқиқоти хешро баён намуда, таваҷҷуҳи хонандагонро ба таҳаввулоте, ки тӯли 43 соли ахир (аз кудатои моҳи апрели соли 1978, Инқилоби Савр сар карда, то шуруъи хуруҷи пурраи Амрико аз ин кишвар - майи соли 2021) дар Афғонистон рӯх додааст, ҷалб менамояд. Муаллиф таъкид менамояд, ки мақсади таҳқиқоти мазкур маҳз пажӯҳиши равандҳои сиёсӣ ва мушкилоти марбутаи амниятӣ дар солҳои фаолияти Ҳукумати ваҳдати миллӣ (ҲВМ) мебошад. Ҳадаф ва максадҳои дар пешгузошташуда дар муқаддимаи кор асоснок баён гаштааст. Аммо бо дарназардошти мушкилоти дар интихоботи умумӣ рӯх дода, муаллиф ба таҳлили мухтасари ретроспективии таҷрибаи таърихӣ ва анъанаи вориситахтнишинӣ аз Аҳмадшоҳи Дурронӣ то Бурҳониддини Раббонӣ ва интихоби сардори давлат баъди шикасти Толибон аз соли 2001 то соли 2014 пардохтааст. Дар маҷмуъ муқаддима аз шарҳи мухтасари мӯҳтавои китоби мазкур иборат мебошад.
  Боби аввали китоб “Таҷрибаи таърихӣ ва анъаноти тахтнишинӣ ва интихоботи сардори давлат: аз Аҳмадшоҳи Дурронӣ то Бурҳониддини Раббонӣ - Анъанот ва таҷрибаи ҷараёни вориситахтнишинӣ дар Афғонистон аз Аҳмадшоҳи Дурронӣ то Муҳаммад Зоҳиршоҳ” ном дошта, аз 5 фасли алоҳида иборат мебошад. Муаллиф бо такя ба сарчашмаҳои боэътимод аз қабили китоби муаррихи маъруфи афғон Мир Ғулом Муҳаммади Ғубор “Афғонистон дар масири таърих”, “Де пушту торих” – и Қозӣ Атоуллоҳ ва дигар манобеи таърихӣ пайдоиш ва ташаккули давлати навинеро дар шикастпораҳои империяи Нодиршоҳи Афшор бо номи Империяи Дуррониҳо шарҳу тафсир менамояд. Ҷолиб он аст, ки пайдоиш ва ташаккули давлати мутамаркази афғонҳо ва шоҳи ин давлат интихоб гардидани Аҳмадшоҳи Дурронӣ бисёр муфассал ва бо баёни ҷузъиёт ироа гардидааст. Муаллиф ба таври бисёр нозук ба нақши тоҷикон (Собиршоҳ) дар интихоби Аҳмадшоҳи Дурронӣ ба ҳайси подшоҳи ин давлати навбунёд ишора менамояд. Умуман сар то сари ин таҳқиқот саршор аз ифтихори миллии тоҷикона ва нақши онҳо дар ташаккулу таҳаввул ва тамаддуни ин кишвар иборат мебошад.
  Аз соли 1747 то соли 1818 дар Афғонистон сулолаи Садузайҳо-Абдолиҳо-Дуррониҳо сари қудрат буданд ва баъди он шуруъ аз соли 1818 то соли 1973 қудрат ба дасти сулолаи Муҳаммадзоиҳо гузашт ба истиснои давраи кӯтоҳи амиригарии Ҳабибуллои Калаконӣ(1929). Муаллиф тамоми кашмакашҳои қавмиву қабилавӣ, ба сари тахт омадану барканор гаштани хонҳову шоҳҳо ва амирони Афғонистонро, ҳамчунин ба майдони рақобатҳои геополитикии абарқудратҳои ҳамонвақта мубаддал гаштани Афғонистонро дар асоси манобеъ ва сарчашмаҳои боэътимод аз қабили “Таърихи таҳлилии Афғонистон” - и А. Муҳтот, “Таърихи Афғонистон” - и Шумов С., Андреев А., “Таърихи Афғонистон. Асри ХХ “ – и Коргун В.Г., “Афғонистон дар садаи бистум. Аз Абдураҳмон то Карзай” - и Муродӣ С. ва дигарон бисёр ҳам саҳеҳу дақиқ таҳқиқ намудааст.
  Баъдан, муҳаққиқ интихоботи нахустин президенти Ҷумҳурии Афғонистон Муҳаммад Довуд, режими Ҳизби халқӣ демократии Афғонистон (ҲХДА) ва механизми интихоби сардори  давлатро дар давраи ҳукмронии муҷоҳиддин: аз Сибғатулло Муҷаддадӣ то Бурҳониддини Раббонӣ мавриди пажӯҳиш қарор додааст. Хонанда аз ин боб метавонад асноди ҷолибро дар хусуси аз низоми шоҳигарӣ ба низоми ҷумҳуриявӣ мубаддал гаштани Афғонистон, ҷузъиёту асрори кудатои апрели соли 1978 ва рақобатҳои дохилии ҷиноҳҳои ҲХДА, ки хусусиёти қавмӣ касб намуда, дар робита бо аҳзоби муҷоҳиддин, возеҳ гашта буд, пайдо намояд. Муаллиф бисёр ҳам моҳирона рақобату низоъҳои сиёсиву қавмӣ ва мазҳабиро, ки миёни аҳзоби муҷоҳиддин мавҷуд буд, ошкор ва тасвир намудааст. Ва дар ниҳоят зербоби алоҳида ба режими “Толибон” ва интихоби амиралмӯъминини онҳо бахшида шудааст. Муаллиф муфассал дар бораи таърихи пайдоиш, ташаккул ва таҳаввули ин ҳаракати террористии қавмгаро ва чи тавр ба сари қудрат омадани он изҳори ақида намудааст ва хонанда метавонад чизҳои хондание дар ин бахш барои худ пайдо намоянд.
  Боби дуввуми монография “Механизми интихоби сардори давлат баъди сарнагун гаштани режими “Толибон”: Асосҳои ҳуқуқӣ ва таҷриба” ном гирифта иборат аз 5  фасл мебошад. Дар ин боб муаллиф раванди ташаккули институтҳои навини сиёсии давлатдориро дар Афғонистон баъди суқути “Толибон” мавриди таҳқиқу омӯзиш қарор додааст. Ҷомеаи башар дар раъси ИМА дар конфронси Бонн низоми сиёсии давлатдории Афғонистони навинро асос гузошта Идораи муваққат ва раҳбари нави Афғонистонро интихоб намуд. Муаллиф пардаро аз рӯйи бозиҳои пасипардагии ин “намоиш” атрофи интихоби раҳбари наву  Идораи муваққат бардошта, воқеияти аслии рӯхдодаро ошкоро иброз медорад. Аз ин воқеият бармеояд, ки тоҷикони Афғонистон натавонистанд ва ё ба онҳо имконият надоданд, ки аз ин шонси таърихӣ ба нафъи худ истифода намоянд. Дар он давра Давлати Исломии Афғонистон дар раъси Бурҳониддини Раббонӣ ягона ҳукумати қонунии ин кишвар ва Эътилофи Шимол ягона қувваи реалии низомии Афғонистон маҳсуб мешуд ва онҳо бояд барои таъсиси Идораи муваққат   дар асоси ҳукумати қонунии Бурҳониддини Раббонӣ пофишорӣ мекарданд. Мавқеъгирии давлатҳои абарқудрат ва қудратҳои минтақавӣ дар ин самт ба нафъи тоҷикон набуда, паштунҳоро тарҷеҳ медоданд. Муҳаққиқ бо такя ба манобеи муътамад нақши калидии Залмай Халилзод – намояндаи вижаи ИМА дар умури Афғонистонро дар интихобу ташаккули раҳбару Идораи муваққат   ошкор менамояд. Бо саъйу талош ва пофишориҳои ӯ Ҳомид Карзай сардори Идораи муваққати Афғонистон интихоб гардид. Орзуи ӯ, ки мегуфт: ”раҳбари Афғонистон бояд паштун бошад, дурронӣ бошад ва Ҳомид Карзай бошад” ҷомаи амал пӯшид.
  Аз 11 то 20 июни соли 2002 дар Кобул Луи Ҷиргаи изтирорӣ баргузор гардид, ки дар кори он 1450 вакил - намояндагони гурӯҳҳои асосии этникӣ, қишрҳои мухталифи иҷтимоӣ ва мазҳабӣ ширкат варзиданд. Кӯшишҳои ба сари қудрат овардани шоҳи собиқ – Зоҳиршоҳ чун дар Бонн бенатиҷа анҷом ёфт ва Ҳомид Карзай раиси Ҳукумати интиқолӣ интихоб шуд.
  Қабули Конститутсияи нави Афғонистон (2004), мутобиқи он гузаронидани интихоботи умумии президентии солҳои 2004, 2009 ва 2014 аз мавзуъҳои мавриди пажӯҳиш дар ин боб мебошанд. Муаллиф бо далелу асноди қотеъ ва маълумотҳои манобеи боэътимод бурду бохт ва тақаллубу фиребро дар ин равандҳои сиёсии Афғонистон нишон додааст. Муборизаҳои шадиди сиёсии этноқавмӣ ва этномазҳабӣ дар раванди ин интихоботҳо аз назари муаллиф берун намондааст. Махсусан буҳрони шадиди сиёсие, ки баъди интихоботи президентии соли 2014 ба амал омад ва натиҷаи онро довталаби асосӣ ба ин мансаб Абдуллоҳи Абдуллоҳ напазируфт, вазъияти Афғонистонро боз ҳам мураккабтару муташанниҷтар сохт. Муаллиф раванди ин маъракаи интихоботӣ, тақаллубу фиреб ва бозиҳои пасипардагии бозигарони дохиливу хориҷиро хеле хуб омӯхта, натиҷагириҳои ҷолиб намудааст. Хулосаву бардоштҳои муҳаққиқ дар ин самт пурарзиш ва омӯзанда мебошанд.
  Масъалаи вазъияти ҳарбиву сиёсии Афғонистон баъди интихоботи президентии соли 2009 мавзуи дигари мавриди пажӯҳиши муҳаққиқ дар ин боб мебошад. Тибқи маълумотҳои бадастовардаи муаллиф дар охири соли 2009 дар НАТО 100 ҳазор сарбозу афсар ва 107 ҳазор нафар дар ширкатҳои мухталифи хидматрасон ифои вазифа менамуданд. Дар моҳи сентябри соли 2010 теъдоди умумии низомиёни Эътилофи байналмилалӣ ба 130 ҳазор нафар расид. Дар моҳи июли соли 2011 НАТО ва Ҳукумати Афғонистон ба амалӣ намудани барномаи “интиқоли масъулият барои амният” шурӯъ намуданд, ки маънои тадриҷан интиқол додани масъулияти амниятӣ аз НАТО ба Нерӯҳои амниятии миллиии Афғонистон (НАМА) - ро дошт. Муаллиф дар ин боб раванди ташаккули Нерӯҳои амниятии миллиии Афғонистон, интиқоли масъулияти амниятиро аз души НАТО ба души НАМА ва шурӯъи хуруҷи НАТО аз ин кишварро муфассал шарҳ медиҳад. Дар натиҷаи раванди хуруҷи НАТО вазъияти сиёсиву амниятии Афғонистон рӯ ба ташаннуҷ меорад. Таъсиру нуфузи “Толибон” дар аксари манотиқи кишвар меафзояд. Ҳатто масъалаи тақсиму порашавии Афғонистон ба миён меояд, ки ин масоил дар боби мазкур инъикоси худро ёфтааст.
  Боби сеюми монография “Ташаккул ва фаъолияти Ҳукумати ваҳдати миллӣ: таҷрибаи ноком ва ё роҳи ягонаи нигоҳ доштани давлат?” ном дорад ва шомили 4 фасл мебошад. Масъалаи ташаккули Ҳукумати ваҳдати миллӣ (ҲВМ) масъалаи асосии ин боб ва умуман монографияи мазкур мебошад. Муаллиф мӯшикофона раванди ташаккули ҲВМ-ро таҳлилу таҳқиқ намуда, мушкилоту монеаҳои пешомадаро ба таври муфассал шарҳу тафсир менамояд. Ба қавле дар Афғонистон амалан хатари дуҳокимиятӣ ба миён меояд ва талошу кӯшишҳои зиёде барои бартарафсозии ин хатар ба харҷ дода мешавад. Ҳатто барои Абдуллоҳи Абдуллоҳ мансаби наве “ихтироъ” карданд бо номи “Раиси иҷроия”. Хулласи калом баъди кашмакашҳову гузаштҳои сиёсӣ аз ду тараф Ҳукумати ваҳдати миллӣ (ҲВМ) таъсис ёфт, ки иборат буд аз Президенту ду муовин, Раиси иҷроияву ду муовин, 25 вазир, ду сохтори алоҳидаи баробар ба вазорат, дар маҷмуъ кобина иборат аз 33 нафар ташкил гардид.
  Муаллиф ба он таваҷҷуҳ зоҳир менамояд, ки аз ҷумлаи мақомоти олӣ Президент – паштун, муовини аввал – ӯзбек, муовини дуввум – ҳазора, Раиси иҷроия – паштун, муовини аввал – паштун ва муовини дуввум – ҳазора интихоб гардиданд. Ӯ зикр менамояд, ки дар мақомоти олии давлатӣ тоҷикон, ки тибқи омори расмӣ аз ҷиҳати шумора мақоми дувум ва тибқи омори ғайрирасмӣ мақоми аввалро дар Афғонистон доранд, умуман ҳузур надоранд. Гузашта аз ин, таркиби миллии вазирони ҲВМ иборат аз 12 паштун, 6 тоҷик, 5 ҳазора, 3 ӯзбек ва 1 нафар туркмен иборат буд. Тавре ки мебинем ҳузури тоҷикон дар ин кобина низ нокифоя ва беадолатона мебошад. Ҳамчунин муҳаққиқ меафзояд, ки дар тӯли чаҳор даҳсолаи охир раҳбарияти тамоми сохторҳои қудратӣ ба дасти як қавм, яъне пуштунҳо дода шуд. Дар маҷмуъ намояндагони қавми тоҷикон аз ҳайъати ҲВМ аз ҳама бештар норозӣ буданд ва ҳуқуқи худро поймолшуда меҳисобиданд.  
  Дар фаслҳои ин боб таркиби ҲВМ аз нигоҳи намояндагии минтақаҳо ва симои ҳизбии ҲВМ, масоили амниятии фаолияти ҲВМ, вазъияти Шимоли Афғонистон, пайдоишу ташаккули ДИИШ – Хуросон (шохаи Давлати Исломии Ироқу Шом) дар Афғонистон, вазъияти ҳарбӣ – сиёсии Афғонистон пас аз кушта шудани Мулло Муҳаммад Ахтари Мансур ва дигар масоили мубрами Афғонистон ба таври муфассалу васеъ, бо такя ба манобеи мӯътабару боэътимод таҳқиқ гардидааст.
Боби чаҳоруми монография “Интихоботи парлумонӣ ва президентии солҳои 2018 – 2019 ва дурнамои даситёбӣ мусолиҳаи миллӣ дар Афғонистон” унвонгузорӣ гардида, он ҳам иборат аз 4 фасл   иборат мебошад. Муаллиф дар оғоз интихоботи парлумонии соли 2018 – ро ҳамчун тамрини интихоботи президентӣ арзёбӣ намуда, сабабҳои сари вақт доир нагаштани онро мефаҳмонад. Ӯ ҳамчунин зикр менамояд, ки ин сеюмин интихоботи парлумонӣ баъди суқути “Толибон” ва 17 – умин интихоботи парлумонӣ дар таърихи Афғонистон мебошад. Сипас ба мушкилоти мавҷуда дар робита ба қайдгирии номзадон ба вакилӣ ва хараҷу мараҷе, ки дар фаъолияти Комиссиюни миллии интихоботӣ ҳукмрон буд, изҳори ақида менамояд. Дар маҷмӯъ 205 номзад аз 26 ҳизби сиёсӣ ва боқимонда ҳамчун номзадҳои озод ба қайд гирифта шуданд. Давоми ин рақобатҳои пешазинтихоботӣ, тақаллубу фиреб, мушкилотҳои амниятӣ ва натиҷаҳои он дар ин боб хеле муфассал ва ҷаззоб инъикос ёфтааст. Ӯ ҳамчунин таркиби этникии парлумони нав интихобгардидаро бо парлумони қаблӣ муқоиса намудааст ва аз он бармеояд , ки аз нигоҳи миқдорӣ ҳам пуштунҳо ва ҳам тоҷикон дар ин интихобот бохтаанд.
  Ҳамзамон, вазъияти амниятии Афғонистон дар ин давра рӯ ба харобӣ оварда буд. Муҳаққиқ бисёр ҳам зиракона бад шудани вазъиятро дар фаъол гаштани гурӯҳи террористии “ДИИШ – Вилояти Хуросон” марбут медонад. Ӯ мутазаккир мешавад, ки агар қаблан амалиётҳои террористии ин гурӯҳ ба муқобили намояндагони аҳли ташаййӯъ нигаронида шуда бошад, акнун ин амалҳо ба муқобили уламои аҳли тасаннун сурат гирифтанро касб намудааст. Бешак ин амалҳои террористӣ ба халалдор намудани ваҳдати мусалмонони Афғонистон нигаронида шуда, мақсади онҳо ба мухолифатҳои этникӣ илова намудани мухолифатҳои мазҳабӣ мебошад, ки барои Афғонистон номатлуб мебошад. Муаллиф яке аз омилҳои асосии ғалабаи мардуми афғонро дар муқобили Британияи Кабир ва Иттиҳоди Шӯравӣ маҳз дар ваҳдати этноконфессиалӣ мебинад ва куштори намояндагони ин мазҳабҳо ба ақидаи ӯ ба доман задани ҷанги мазҳабӣ нигаронида шудааст.
  Атрофи интихоботи президентии соли 2019, натоиҷ ва дурнамои вазъияти сиёсии Афғонистон муҳокимаронӣ намуда, муаллиф иброз медорад, ки он аз интихоботҳои пешин чандон тафовут надорад. Аваллан 18 нафар довталаб номнавис шуданд, 4 нафар аз довталабӣ даст кашид ва 14 нафар довталаб муборизаро идома доданд. Аксари таҳлилгарон аз 14 нафар довталаб 3 номзадро: Ашраф Ғанӣ, Абдуллоҳи Абдуллоҳ ва Ҳаниф Атмарро тарҷеҳ медоданд. Тамоми хараҷу мараҷи баъди эълон гардидани натоиҷи интихобот такрори интихоботи соли 2014 буд. Ду довталаби асосӣ  Ашраф Ғанӣ ва Абдуллоҳи Абдуллоҳ худро ҳамзамон ғолиб эълон намуданд. Муаллиф давоми ин “намоишнома” - ро бо тамоми ҷузъиёту тафсилоташ дар ин боб мавриди пажуҳиш қарор додааст ва хонанда метавонад аз он бархурдор гардад.
  Ҳамчунин, муаллиф ҷараёни гуфтушунидҳои байни ИМА ва “Толибон” – ро дар Қатар ва имзо шудани Созишномаи сулҳро муфассал шарҳу тавзеҳ дода, оид ба  “Таҳдиду хатарҳои асосӣ барои Тоҷикистон ва мамолики Осиёи Марказӣ” изҳори ақида намудааст, ки хонданиву омӯхтанист.
  Дар хулосаи монографияи мазкур муҳаққиқ ба ҷомеаи башар ҳушдорҳое додааст, ки ба онҳо чизе илова кардан мушкил аст ва ман лозим донистам, ки онро айнан ин ҷо иқтибос биёрам: “Ҳамин тариқ, дар ин лаҳзаи ниҳоят ҳассоси таърихи Афғонистон бисёр чиз на танҳо аз иродаи ҳукумати Афғонистон, нерӯҳои қавмию сиёсӣ барои муттаҳидӣ дар баробари таҳдиди ҷиддии аз даст додани қудрати сиёсӣ ва   тамоми дастовардҳои демократии 20 соли гузашта, балки инчунин аз ҷомеаи ҷаҳонӣ ва кишварҳои минтақа низ вобаста аст. Онҳо ба хотири манфиатҳои геополитикии худ иҷозат надиҳанд, ки дар Афғонистон тартиботи асримиёнагӣ дубора барқарор гардад, ҳуқуқи занон, ақаллиятҳои мазҳабӣ ва этникӣ поймол шавад, ин кишвар ба минтақаи амн барои терроризми байналмилалӣ табдил ёбад, ки ба сулҳу субот таҳдид намояд”. Мо шоҳиди он ҳастем, ки пешгӯии муҳаққиқ сад дар сад дуруст баромад ва мутаассифона ҷомеаи башар сари вақт ҷиҳати ҷилавгирии он иқдомоти муассир иттихоз нанамуд ва мардуми афғон дубора ба доми ҷаҳолати асримиёнагӣ гирифтор гашт.
  Монографияи устод Қосимшо Искандаров Афғонистон дар давраи Ҳукумати ваҳдати миллӣ: Равандҳои сиёсӣ ва масоили амниятӣ“ чи аз ҷихати назариявӣ ва чи аз ҷиҳати амалӣ барои сиёсатшиносон, низоъшиносҳо, дипломатҳо, сиёсатмадорон, донишҷӯёну устодон ва ҳамаи онҳое, ки ба Афғонистону мушкилоти марбутаи атрофи он бетараф нестанд, пешбинӣ шудааст.
 
Судуров С.А.
ходими илмии шуъбаи
Шарқи Миёна ва Наздик

НАЗАД