Автор: Салимов Акбар
Таҳким ва густариши ҳамкориҳои мутақобилан судманди Тоҷикистон ва Озарбойҷон
(бардошт аз изҳороти матбуотӣ аз натиҷаи мулоқот ва гуфтушунидҳои расмии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Ҷумҳурии Озарбойҷон Илҳом Алиев)
Боиси ёдоварист, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар таърихи 22-23 майи соли 2024 ба Ҷумҳурии Озарбойҷон сафари корӣ анҷом доданд.
Дар ҳошияи сафари расмӣ нимаи дуюми рӯзи 22-юми май Пешвои миллат дар шаҳри Бокуи пойтахти Озарбойҷон ҷиҳати арҷгузорӣ ба таъриху тамаддун ва пос доштани хотираи неки ашхоси маъруфи кишвари Озарбойҷон дар назди гулхани шаҳидони Озарбойҷон гулчанбар гузоштанд.
Санаи 23-юми майи соли ҷорӣ маросими пешвози расмии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби Президенти Озарбойҷон Илҳом Алиев дар бустонсаройи расмии Президенти Озарбойҷон баргузор гардид. Пас аз пешвози расмӣ ва мулоқоти дуҷонибаи сарони ду кишвар, музокироти сатҳи олӣ бо иштироки намояндагони олимақоми Тоҷикистон ва Озарбойҷон сурат гирифт.
Баъдан, дар нимаи дуюми рӯзи 23-юми май маросими имзои 14 санадҳои дуҷониба дар бахшҳои гуногуни ҳамкориҳо бо иштироки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Ҷумҳурии Озарбойҷон муҳтарам Илҳом Алиев анҷом дода шуд. Аз ҷумла, Эъломия дар бораи шарикии стратегӣ миёни Тоҷикистон ва Озарбойҷон ба имзо расид, ки марҳилаи таҳкими ҳамкориҳои мутақобилан судманди миёни ду кишвар ба шумор рафта, ба ин васила сатҳи муносибатҳои ҷонибҳоро расман рушд хоҳад дод.
Дар ҷараёни изҳороти матбуотӣ Президенти Озарбойҷон Илҳом Алиев қайд намуд, ки дар мулоқоти муштараки намояндагони сатҳи давлатии ҷонибҳо ва дуҷонибаи сарони ду кишвар доираи васеи масъалаҳои ҳамкории сатҳи олӣ баррасӣ гардиданд. Аз ҷумла, Президенти Озарбойҷон И. Алиев зикр кард, ки масъалаи марбут ба вазъи геополитикии минтақа ва ҷаҳони муосир ва дар ин замина таҳким додани чораҳои амниятӣ ва рушди ҳамокориҳо дар ин самт, инчунин амалӣ намудани як қатор лоиҳаҳои муштараки ҳамкорӣ дар бахшҳои иқтисод, саноат ва ҳамкориҳои гуманитарӣ, масъалаҳои марбут ба соҳаҳои кишоварзӣ, фарҳанг ва маориф мавриди баррасӣ қарор дода шуданд.
Президенти Озарбойҷон Илҳом Алиев дар охир бори дигар ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон миннатдории худ ҷиҳати ташриф ба сарзамини Озарбойҷон баён намуда, таъкид намуд, ки заминаи ҳамкориҳои ду кишварро иродаи қавии мардуми он ташкил медиҳад, ки дар тӯли таърихи чандинасра бо ҳам дӯст буда, ҳамроҳ эҷоду бунёд намудаанд. Зикр гардид, ки самимият дар равобити дӯстона ва бародаронаи Озарбойҷон ва Тоҷикистон бо шарофат ва саҳми хосаи сарони ду кишвар пойдор мебошад.
Дар навбати худ, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пеш аз ҳама ба Президенти Ҷумҳурии Озарбойҷон Илҳом Алиев ҷиҳати даъват ва ба мардуми Озарбойҷон барои меҳмоннавозии анъанавӣ, таваҷҷӯҳи баланд ва истиқболи самимӣ изҳори сипос намуданд. Пешвои миллат қайд намуданд, ки мулоқоти мазкур дар фазои созанда ва эътимодбахш бо муҳокима ва баррасии як қатор масъалаҳои марбут ба таҳким ва густариши муносибатҳои миёни ду кишвар баргузор гардид. Инчунин ба имзо расонидани 14 санадҳои муҳими ҳамкорӣ заминаи рушди дарозмуддати ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Озарбойҷонро устувор хоҳад кард.
Дар фарҷоми суханронии худ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зикр карданд, ки ҷониби Тоҷикистон дурнамои рушди муносибатҳои дӯстона ва судманд бо кишвари Озарбойҷонро истиқбол менамояд.
Қайд кардан ба маврид аст, ки вохӯриву мулоқоти роҳбарияти сатҳҳои олии ду кишвар дар доираи чорабиниҳои муҳими минтақавӣ ва байналмилалӣ марбут ба масъалаҳои мубрами ҷаҳони муосир ва боздидҳои расмӣ дар чорчӯбаи сафарҳои корӣ ба кишварҳои ҳамдигар муҳимтарин омили таҳким ва густариши муносибатҳои байнидавлатии ду кишвар ҳисобида мешавад.
Бояд ёдовар шуд, ки муносибатҳои дипломатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Озарбойҷон аз 29 майи соли 1992 шуруъ гардида, моҳи августи соли 2007 Сафоратхонаи Озарбойҷон дар Тоҷикистон ва дар соли 2008 Сафоратхонаи Тоҷикистон дар Озарбойҷон фаъолияти худро оғоз кардаанд.
Салимов А.Ҳ.
ходими калони илмии
шуъбаи Иттиҳоди Давлатҳои Мустақили
Институти омӯзиши масъалаҳои давлатҳои Осиё ва Аврупои АМИТ