Автор: Давлиёрова Сафаргул
Сафари расмии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рӯзҳои 21-22 ноябри соли 2023 дар шаҳри Москваи Федератсияи Русия ба вуқуъ пайваст.
21 ноябр дар шаҳри Москва мулоқоту музокироти роҳбарони сатҳи олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Федератсияи Русия баргузор гардид. Сарони ду давлат иброз доштанд, ки барои ҳар ду кишвар имсол соли ҷашнӣ маҳсуб меёбад. Қобили тазаккур аст, ки 30 сол муқаддам Шартномаи дӯстӣ, ҳамкорӣ ва ёрии байниҳамдигарӣ ба имзо расида буд. Ҳамзамон, аз ҷониби сарони ду кишвари ба ҳам дӯст ба таҳким ва густариши ҳамкориҳои мутақобилан судманди тарафайн баҳои сазовор дода шуд.
Дар воқеъ, аз таърихи равобиту ҳамкориҳои Тоҷикистону Русия айни замон ёдовар шудан ба мақсад мувофиқ мебошад, чунки халқи сарбаланду тамаддунпарвари тоҷик тӯли чандин асрҳо дар ҳаёти сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ, тиҷорат, саноат, энергетика, кишоварзӣ, фарҳангу маданият, санъат, илму маориф ва техникаву технологияи халқҳои манотиқи Осиёи Марказӣ нақши муҳим мебозад.
Ҳамзамон, ҳамзистии осоишта, барқарор намудани муносибатҳои дӯстона, дипломатӣ ва тиҷоратӣ ҳамеша ҳадафҳои асосии тоҷикон ҳамчун иштирокчиёни фаъоли равандҳои минтақавию ҷаҳонӣ боқӣ мемонад.
Аз ҷумла, равобите, ки Тоҷикистон тайи солҳои соҳибистиқлолӣ бо Русия ба роҳ мондааст, таваҷҷуҳи хоса дорад.
Метавон гуфт, ки ин равобит решаҳои амиқи таърихӣ доранд. Масъалаҳои рушди ҳамкориҳои Тоҷикистону Русия дар шароити соҳибихтиёрии сиёсии ҳарду кишвар беназир арзёбӣ мегардад.
Муносибатҳои байни давлатҳои тозаистиқлол - Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Федератсияи Русия дар соҳаи ҳамкориҳои сиёсӣ, иҷтимоӣ, иқтисодӣ, фарҳангӣ, илм, маориф ва гуманитарӣ нишон медиҳад, ки Русия ҳамеша дар низоми давлатҳои соҳибистиқлол яке аз ҷойгоҳҳои асосиро ишғол менамояд.
Таърих гувоҳ аст, ки пас аз пошхӯрии Иттиҳоди Шуравӣ Тоҷикистон рӯйдодҳои зиёди фоҷиавӣ ва ошӯбҳоро паси сар намуд, ки ин пеш аз ҳама бо муқовимати мусаллаҳонаи бемаънӣ алоқаманд буд.
Маҳз дар ҳамин давраи душвор ба Ҷумҳурии Тоҷикистон муяссар гардид, ки бо бисёр давлатҳои ҷаҳон, пеш аз ҳама бо Федератсияи Русия (соли 1992) муносибатҳои дипломатӣ барқарор намояд. Аз он вақт инҷониб равобит ва ҳамкориҳои Тоҷикистону Русия дар ҳама самт рушду равнақ намуда истодааст.
Қобили зикр аст, ки бо ибтикори Федератсияи Русия ва кишварҳои дигар дар соли 1997 низоъҳои хунини шаҳрвандӣ дар Тоҷикистон хотима ёфта, сулҳи пойдор барқарор шуд ва ҳазорон гурезаҳо имкон пайдо карданд, ки ба Ватани аҷдодии хеш баргарданд.
Метавон гуфт, ки имрӯз Федератсияи Русия шарики стратегӣ ва иттифоқчии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар муносибатҳои бисёрҷанбаи нек ба нафъи ҳарду кишвар мебошад. Тоҷикистон ба рушд, таҳким ва густариши ҳамкориҳои гуногунҷанба бо Русия хеле манфиатдор аст. Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Федератсияи Русияро робитаҳои зичи иҷтимоӣ, иқтисодӣ, сиёсӣ, ҳуқуқӣ, ҳарбию техникӣ ва гуманитарӣ ба ҳам мепайвандад.
Дар баробари равобити дуҷонибаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Федератсияи Русия ҳамкориҳои онҳо дар доираи созмонҳои минтақавӣ ва байналмилалӣ, аз қабили Созмони Милали Муттаҳид (СММ), Созмони Амният ва Ҳамкории Аврупо (САҲА), Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил (ИДМ), Амнияти Созмони Паймони Дастҷамъӣ (СПАД), Созмони Ҳамкории Шанхай (СҲШ), Ҳамкориҳои Иқтисодии АвруОсиё (ЕврАзЭС), Машварат оид ба ҳамкорӣ ва тадбирҳои боварӣ дар Осиё (МҲТБО) идома доранд.
Боиси тазаккур аст, ки ҳамкориҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Федератсияи Русия дар доираи сохторҳои минтақавӣ ва байналмилалӣ кафили сулҳу субот ва амният дар минтақаи Осиёи Марказӣ мебошад.
Ҳамзамон, Тоҷикистон тавассути ҳамкориҳои судманд бо Русия метавонад худро аз таҳдиду хатарҳои беруна, ки тавассути терроризм, ифротгароӣ ва қочоқи маводи мухаддир тавлид мешавад, ҳифз намояд.
Бо дарназардошти гуфтаҳои болозикр, рушду таҳкими минбаъдаи муносибатҳои Тоҷикистону Русия аҳамияти хоса касб намуда, он махсусан дар соҳаи гуманитарӣ умедбахш аст. Дар даврони соҳибистиқлолии ду кишвар ҳамкориҳои байни онҳо дар соҳаи маориф, илм, фарҳанг торафт фаъолонатар инкишоф меёбанд.
Пас аз ба даст овардани истиқлолият дар соли 1991 миёни Тоҷикистону Русия муносибатҳои наве, ки ба давлатҳои дӯст, комилҳуқуқ ва соҳибистиқлол мансуб буд, барқарор гардиданд.
Шартномаҳо ва созишномаҳои байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Федератсияи Русия ба имзорасида ҳамчун тасдиқи меъёрҳои ҳамкории баробарҳуқуқии ҳарду давлат дар арсаи минтақавӣ ва байналмилалӣ хизмат хоҳанд кард. Русия ба унвони яке аз қудратҳои бузург саъй дорад ҳамкориҳояшро бо Тоҷикистон ва дигар кишварҳои Осиёи Марказӣ аз ҳар ҷиҳат таҳким бахшад.
Боиси зикри хос аст, ки дар рушди ҳамкориҳои башардӯстонаи ду кишвар ҷузъи иқтисодии муносибатҳои Тоҷикистону Русия аҳамияти бузург дорад.
Ҳамзамон, дар ибтидои ҳазорсолаи нав гардиши мол байни кишварҳо, маблағгузории асосии сохторҳои Русия ба сохтмон, азхудкунии конҳои нав ва дигар бахшҳои иқтисодиёти Тоҷикистон ба таври қобили мулоҳиза меафзояд.
Ёдовар шудан ба маврид аст, ки яке аз самтҳои асосии ҳамкории халқҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Федератсияи Русия фарҳанг мебошад, ки ҳукуматҳои ин ду кишвар ба ҳамкории байнидавлатӣ диққати махсус медиҳанд.
Инчунин, тарафҳо Созишномаҳоеро, ки дар солҳои соҳибистиқлолӣ дар ин самт қабул шудаанд, ба роҳ монда, дар тарбия ва такмили ихтисоси кормандони соҳаи фарҳангу санъати ҳарду кишвар саҳми арзанда мегузоранд.
Азбаски илм ба неруи бевоситаи истеҳсолкунандаи ҷомеа табдил ёфта истодааст, дар самти рушди ҳамкориҳои илмию техникии байни ду кишвар ва омода кардани мутахассисони соҳибихтисос барои Тоҷикистон, мусоидат ба рақобатпазирии онҳо дар бозори ҷаҳонии зеҳнӣ Созишномаи дахлдори Ҷумҳурии Тоҷикистон байни Академияи миллии илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Маркази миллии таҳқиқоти “Институти Курчатов”- и Федератсияи Русия оид ба ҳамкориҳои илмӣ ва илмию техникӣ ба имзо расид.
Дар шароити кунунӣ ҳамкориҳои Тоҷикистону Русия дар соҳаи илмию техникӣ ҳам тавассути донишгоҳҳои алоҳида ва ҳам байни институтҳои тобеи Академияи миллии илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон хеле фаъолона рушду инкишоф ёфта истодаанд.
Боиси тазаккур аст, ки муносибати байни халқҳои рус ва тоҷик таърихи дуру дароз ва бою ғанӣ дошта, аз замонҳои қадим шакл гирифта то имрӯз идома доранд. Ногуфта намонад, ки дар давраҳои гуногуни таърихӣ ин муносибатҳо характеру хислатҳои гуногун доштанд, ки гоҳо фаъолу пурсамар буданд, гоҳе тобишҳои манфӣ касб мекарданд, вале равандҳои мусбату таъсирбахш ҳамеша ғолиб меомаданд.
Пӯшида нест, ки баробари ба даст овардани истиқлолияти давлатӣ Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вазъияти хеле душвори сиёсӣ ва иқтисодӣ қарор дошт. Ва дар байни ин ду кишвар дар тамоми соҳаҳо ҳамкориҳои мутақобилан судманд ташаккул ёфт.
Ҷумҳурии Тоҷикистон дар арсаи ҷаҳон ҳамчун давлати нави сохибистиқлол эътироф гардид. 25 майи соли 1993 баста шудани Шартномаи дӯстӣ, ҳамкорӣ ва кӯмаки мутақобилаи байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Федератсияи Русия замина барои рушди минбаъдаи муносибатҳои тиҷоратии ду кишвар дар ҳама самтҳои ҳамкориҳои иқтисодӣ, фарҳангӣ ва сиёсӣ гардид.
Дар тӯли 30 соли ҳамкории ду кишвар беш аз 260 созишнома, қарордод ва протоколҳои корӣ ба имзо расид, ки ба шарофати он муносибатҳои байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Федератсияи Русия устувортар шуданд. Имрӯз қариб ҳамаи созишномаҳои дар байни ду кишвар басташуда амалӣ шуда истодаанд.
Федератсияи Русия дар рафъи муноқишаи байни тоҷикон, дар рафъи вазъи буҳронии иқтисоди Тоҷикистон, рушди энергетика, омӯзиши захираҳои сӯзишворию энергетикӣ, рушди сайёҳӣ ва ғайра нақши мусбат мебозад.
Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Федератсияи Россия дар бисёр масъалаҳои сиёсати минтақавӣ ва ҷаҳонӣ мавқеъи якхеларо ишғол мекунанд. Ҳарду кишвар узви фаъоли созмонҳои байналмилалӣ, аз қабили ИДМ, СПАД, ЕврАзЭС, СҲШ, СММ ва ғайра мебошанд.
Дар Душанбе ва минтақаҳои ҷумҳурӣ аз ҷониби ширкатҳои русӣ иншоотҳои зиёди муфиди иқтисодиву фарҳангӣ бунёд мегардад, ки ин аз шавқу рағбати зиёди соҳибкорон ва сармоягузорони рус ба рушди бозори Тоҷикистон гувоҳӣ медиҳад.
Ширкатҳо ва мутахассисони Русия дар Тоҷикистон иншооти бузурги энергетикӣ ва иртибототӣ месозанд ва барои муайян кардани захираҳои сӯзишвории Тоҷикистон корҳои иктишофӣ анҷом медиҳанд.
Федератсияи Русия давлатест, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон бо он заминаи устувори ҳуқуқӣ дорад, ки тамоми самтҳои ҳамкории ду давлатро дар бар мегирад.
Муносибатҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Федератсияи Русия дар соҳаи фарҳанг инкишоф меёбанд. Дар ин соҳа як қатор шартномаю созишномаҳои байнидавлатӣ ба имзо расидаанд. Ҳамкориҳои фарҳангии ду кишвар асосан аз баргузории рӯзҳои фарҳангӣ дар қаламравҳои ду кишвар, гастроли дастаҳои театрӣ ва ҳунарӣ, намоишгоҳҳои аксҳои бадеӣ, боздидҳои мутақобилаи шоирону нависандагон, фестивалҳои филмҳо ва ғайра иборат мебошанд.
Натиҷаи чунин ҳамкорӣ аз наздик шинос шудан бо фарҳангу маданият ва анъанаҳои халқҳои ҳар ду кишвар мебошад. Дар шаҳрҳои ду кишвар намоиш ва табодули дастовардҳои фарҳангӣ пайваста сурат мегирад, ки ин барои ошноӣ бо дастовардҳои фарҳангӣ ва ба ҳам наздик шудани фарҳанги мардуми ҳарду кишвар таъсири мусбат хоҳад расонд.
Ҳамчунин ҳамкорӣ дар соҳаи илм ва маориф, хусусан тайёр кардани кадрҳои баландихтисос барои Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар қаламрави Тоҷикистон кушодани донишгоҳҳои нави Федератсияи Русия, фаъолонатар омӯхтани забони русӣ аз ҷониби аҳолии Тоҷикистон, таъмини мактабҳо ва донишкадаҳои олӣ бо адабиёти таълимӣ, методӣ ва бадеӣ назаррас аст.
Нарасидани кадрҳои баландихтисос имрӯз яке аз мушкилоти муҳими Ҷумҳурии соҳибистиқлоли Тоҷикистон ба шумор рафта, дар ҳалли ин масоил Федератсияи Русия саҳмгузор аст. Дар Федератсияи Русия зиёда аз 35 ҳазор донишҷӯ аз Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳсил менамоянд. Аз соли 2000-ум инҷониб Федератсияи Русия барои таҳсил дар донишгоҳҳои Русия барои шаҳрвандони Тоҷикистон 900 квота ҷудо кардааст. Зимни мулоқоти сарони ду кишвар Президенти Федератсияи Русия В.В.Путин иброз намуд, ки ин квотаҳоро то солҳои 2024-2025 ба 1000 адад расониданист. Барои бо китоб таъмин намудани мактабҳои русии Тоҷикистон ҳарсола 200 миллион рубл, барои сохтмони театри ба номи В.Маяковсий 3,5 миллард рубл ва барои сохтмони Маркази кӯдакони болаёқат дар Тоҷикистон 4 миллиард рубл ҷудо менамояд.
Ҳамкориҳои мутақобила дар соҳаи илми ду кишвар дар солҳои истиқлолият аз омӯзиши шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон дар марказҳои илмии Русия, аттестатсияи мутахассисони илмӣ, олимон, баргузории конфронсҳо, симпозиумҳои гуногуни илмӣ, ҳамоҳангсозии робитаҳо дар тамоми соҳаҳо иборат мебошад.
Ҳамкориҳои Тоҷикистону Русия дар соҳаҳои илм, маориф ва фарҳанг дар солҳои истиқлолият, сарфи назар аз баъзе душвориҳо, бомуваффақият ва пурсамар инкишоф ёфта, барои рушди минбаъдаи дӯстӣ ва ҳамкориҳои мутақобилан судманди халқҳои Тоҷикистон ва Русия ангезаи бузурге мебошад.
Дар рафти суханронии хеш Сарвари давлат иброз намуданд, ки «Мо ин сафарро ҳамчун қадами муҳим дар роҳи тавсеаи минбаъдаи шарикии стратегӣ ва ҳампаймонии давлатҳоямон мешуморем, чунки Ҳамкории Тоҷикистону Русия имрӯз дар тамоми соҳаҳои манфиатҳои тарафайн дорои ҷараёни устувор мебошад”.
Зимни мулоқот Сарони давлатҳо маҷмуи васеи масъалаҳои ду тарафаро муқокима намуданд. Ҳамзамон ҷанбаҳои гуногуни шарикии ҷонибҳо аз ҷумла масъалаҳои ҳамкорӣ дар самтҳои иқтисодию тиҷоратӣ фарҳангию гуманитарӣ ва соҳаи амниятро баррасӣ намуданд.
Ҳамзамон, таъкид гардид, ки имсол барои ҳар ду давлат соли ҷашнӣ ба ҳисоб меравад. Сӣ сол қабл шартномаи “Дустӣ ҳамкорӣ ва ёрии байниҳамдигарӣ” ба имзо расонида шуд.
Инчунин масъалаҳои густариши ҳамкории сармоягузорӣ мавриди баррасӣ қарор гирифт. Боиси зикр аст, ки барои ин ҳадафҳо дар Тоҷикистон фазои мусоиди сармоягузорӣ фароҳам оварда шуда, якчанд минтақаҳои озоди иқтисодӣ фаъолият доранд. Зимни музокирот аз натиҷаҳои баланди ҳамкории гуманитарӣ, ки дар ҳоли болоравӣ қарор дорад, зикр гардид.
Ёдовар шудан ба маврид аст, ки моҳи октябри Соли 2022 Рӯзҳои фарҳангии Тоҷикистон дар Русия бомуваффақият доир гардида, тобистони имсол дар шаҳрҳои Тоҷикистон Рӯзҳои фарҳангии Русия баргузор гардид. Дар мулоқот ҳамкории судманд дар соҳаҳои маориф ва тандурустӣ низ мусбат арзёбӣ гардид.
Соли 2022 панҷ муассисаи таҳсилоти миёнаи умумӣ аз ҷониби Русия дар шаҳрҳои Тоҷикистон сохта, расман ба истифода дода шудаанд, ки дар он 72 омӯзгор аз Русия дар чаҳорчӯби лоиҳаи «Муаллими рус дар хориҷа» кору фаъолият менамоянд ва таълим пурра ба забони русӣ мебошад.
Дар Тоҷикистон забони русӣ тибқи конститутсия забони муоширати байни миллатҳо мебошад ва дар ҳамин замина дар музокирот ба омӯзиши забони русӣ, ки забони муоширати байналхалқӣ мебошад, таваҷҷуҳи хосса зоҳир карда шуд.
Бояд зикр кард, ки омӯзиши забони русӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар тамоми зинаҳои низоми маориф шурӯъ аз кӯдакистон дар беш аз чаҳор ҳазор муассисаи таълимӣ ба таври ҳатмӣ амал менамоянд. Дар самти нарасидани китобҳои дарсӣ ва воситаҳои таълимӣ бо забони русӣ, инчунин, норасоии омӯзгороне, ки ба забони русӣ таълим медиҳанд, дар ин музокирот баррасӣ гардид.
Бояд иброз намуд, ки масъалаҳои дорои хусусияти иқтисодӣ ва гуманитарӣ дошта, дар ин музокирот ба таври муфассал баррасӣ гардид.
Пас аз анҷоми мулоқоту музокироти сатҳи олии Тоҷикистону Русия дар ҳузури Сарони давлатҳо муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва муҳтарам Владимир Путин бастаи нави санадҳои ҳамкорӣ ба имзо расид:
- Нақшаи ҳамкорӣ дар соҳаи саноат байни Вазорати саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати саноат ва савдои Федератсияи Русия;
- Ёддошти тафоҳум байни Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати нақлиёти Федератсияи Русия дар бораи рушди ҳамкорӣ дар тайёрӣ ва бозомӯзии мутахассисон дар соҳаи нақлиёт;
- Нақшаи амалии ҳамкорӣ дар соҳаи нақлиёт байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Федератсияи Русия барои солҳои 2023-2025;
- Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ байни Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати рушди иқтисоди Федератсияи Русия;
- Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ байни Хадамоти иҷрои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Хадамоти федералии приставҳои судии Федератсияи Русия;
- Созишнома байни Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Хадамоти федералии гумруки Федератсияи Русия дар бораи эътирофи тарафайни мақомоти танзимгарони ваколатдори иқтисодӣ;
- Ёддошти тафоҳум оид ба масъалаҳои назорати меҳнат ва мусоидат ба шуғли аҳолӣ байни Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Хадамоти федералии меҳнат ва шуғли аҳолии Федератсияи Русия;
- Созишнома байни Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ва Маркази миллии таҳқиқоти “Институти Курчатов”-и Федератсияи Русия оид ба ҳамкориҳои илмӣ ва илмию техникӣ.
Метавон хулоса намуд, ки масоили ҳамкориҳои баррасӣ гардида, зимни музокироти сарони ду давлат дар таҳким ва густариши ҳамкориҳои гуногунҷанбаи Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Федератсияи Русия таконбахш буда, минбаъд низ дар доираи ин санадҳо ҳамкориҳои ҷадид рушду равнақ меёбанд.
Давлиёрова С.Т.,
ходими пешбари илмии
шуъбаи Осиёи Марказӣ