ТАҶЛИЛИ АНЪАНАҲОИ НАВРӮЗӢ ДАР КИШВАРҲОИ АВРУПО

Автор: ИИПСАЕ

Расм

  Мардуми Аврупо дар тӯли қарнҳо ҷашнҳои Наврӯзиро такмил дода, такмил дода, дар пайвастагӣ бо расму оин ва анъанаҳои худашон таҷлил менамоянд. Яке аз фаслҳое, ки фарорасиаш ҷашнҳои зиёде дар пай дорад, фасли баҳор мебошад. Аз таҳлилҳо маълум мегардад, ки таҷлили анъанаҳои наврӯзӣ дар кишварҳои аврупоӣ ва ҷаҳон нисбат ба дигар фаслҳо зиёдтар ба назар мерасанд. Вақте мо ба оинаи таърих назар меандозем, мебинем, ки анъанаҳои наврӯзӣ дар ҳамаи кишварҳои Аврупо гузаронида мещаванд: амсоли Итолиё, Фаронса, Олмон, Австрия, Швейтсария, Ҳолланд, Австралия, Зеландияи Нав ва ғайраҳо. Ҷолибтараш он аст, ки таҷлили анъанаҳои наврузӣ шабеҳияти Наврӯзии оламафрӯзи тоҷиконро дорад. Таҷлили анъанаҳои наврӯзӣ ба ҳама мардумони Шарқу Ғарб пайвастагӣ дорад.
                                                                       
  Рӯзи 19 март, иди рӯзадорӣ дар Италия, одатан бо ҷашни фароғатии Сан Джузеппе (Сент Ҷозеф) ба охир мерасад. Дар бисёр ҷойҳо дар ин рӯз оташдонҳои зиёд, ки ба моҳи март хос ҳастанд, барафрӯхта мешаванд. Махсусан дар кишвари Итолиё анъанаҳои наврӯзӣ бисёр боҳашамат гузаронида мешавад. Аз ин рӯ, аз замонҳои қадим мардуми сарватманди итолиёвӣ дар ин рӯз барои мардуми камбизоат кӯмак мерасонанд. Одатан онҳо ба назди пиронсолон, барҷомондагон, бенавоён ва кӯдакон барои аёдат ва ҳолпурсӣ мераванд. Дар рӯзи ҷашни Наврӯз ҳамагон либоси хосаи идона ба бар мекунанд, ки ин нишонаи воқеии ҷашнгирии анъанаҳои Наврӯзии тоҷикон мебошад.
  Сан Джузеппе дар Италия хеле маъруф аст. Ғайр аз камбизоатон ва ятимон, ӯ инчунин шарикон ва духтарони оиладорро, ки гӯё вай дар ёфтани шавҳар кӯмак мекунад, сарпарастӣ мекунад. То имрӯз шуъбаҳои Ҷузеппе низ вуҷуд доранд ва дар санаи 19 март онҳо дар хиёбонҳои бисёре дар Италия баромада, фавран кулчақандҳои (zepple) анъанавӣ монанди донаҳои шаклдор пухта омода месозанд. Бояд зикр кард, ки ин кулчақандҳоро дар хиёбонҳо ба ҳамагон бе пул тақсим менамоянд, ки ин худ яке аз нишонаҳои наврӯзӣ ба шумор меравад.
  Дар Фаронсаи католикӣ ҷашни якуми фарорасии баҳор санаи муҳим ба ҳисоб рафта, ҳамчун “Рӯзи шамъ” таҷлил мешавад. Мисли дигар кишварҳои Аврупо, дар Фаронса низ ба муносибати маросими поксозӣ маросимҳои диндорон ташкил карда шудаанд: ин маросимҳо махсусан дар қарнҳои миёна бо тантана ҷашн гирифта мешуданд.
  Сарзамини зебоманзар ва кишвари тамаддунофари Фаронса барои аҳли башар ошносту тӯли садсолаҳо ба доштани фарҳанги бою ғанӣ дар маркази таваҷҷуҳ қарор дорад. Дар ин кишвар низ ҳамасола анъанаҳои наврӯзӣ бо шукӯҳу шаҳомати ба худ хос ҷашн гирифта мешаванд.
  Агар дар муқоиса бо кишварамон Тоҷикистон таҷлили анъанаҳои наврӯзиро дар Фаронса мавриди баррасӣ қарор диҳем, метавон чанд ҷашнҳоро номбар кард, ки ба айёми анъанаҳои наврӯзӣ рост меоянду ҳамзамон бо таҷлили ҷашнҳои бузурги Наврӯз наздикӣ доранд. Қобили қайд аст, ки дар Фаронса 8 - уми март ҳамчун “Рӯзи модарон” ё “Рӯзи бибиҳо” ҷашн гирифта мешавад. Ҷашни дигаре Франкофония ба ҳисоб меравад, ки ин ҷашн асосан барои донандагони забони фаронсавӣ баргузор мешавад ва ин анъана дар рӯзҳои ҷашнҳои наврӯзӣ дуруст меояд. Албатта, дар Фаронса низ иди 8 мартро ҳамчун иди занон таҷлил менамоянду дар ин рӯз ба бонувон туҳфаҳои хотиравӣ тақдим мекунанд. Ба ҳукми анъана даромадааст, ки дар Фаронса дар рӯзи модаркалонҳо наберагон ба онҳо туҳфаҳо тақдим менамоянд.

                                                                

  Дар тӯли таърих Фаронсавиён расму русум ва урфу одат ва анъанаҳои миллиашонро нигоҳ доштанд. Масалан, шамъҳое, ки дар рӯзи “Чандилак” баракат меоварданд, тамоми сол қариб дар ҳамаи хонадонҳо нигоҳ дошта мешавад. Чунин шамъҳо баъзан дар назди дару тирезаҳо ҳамчун тӯмор (талисман) бо аломати салиб гузошта мешавад ва онҳо гӯё арӯсу домодро баракат медиҳанд.
  Деҳқонони фаронсавӣ рӯзи шамъро ҳамчун яке аз муҳимтарин анъанаҳои наврӯзӣ таҷлил мекарданд, зеро он мувофиқи эътиқодҳо хело муҳим буд. Дар бисёр минтақаҳои Фаронса корҳои кишоварзӣ маҳз дар ин сана оғоз мешаванд.
Аз ҳамон рӯз тасмим гирифта мешавад, ки кор дар саҳро, дар боғ, токзорҳо оғоз меёбад. Маҳз ба муносибати ҷашнҳои шамъ нишонаҳо ва суханони зиёд баён шудаанд. Дар бисёре аз музофотҳои Фаронса боварӣ доштанд, ки ҳавои хуб дар Чанделак нишонае буд, ки зимистон боз чил рӯз идома меёбад. Қобили таваҷҷуҳ аст, ки ин анъанаҳо бо баъзе аломатҳояшон ба ҷашни Садаи тоҷикон шабеҳияти хеле наздик дорад. Мардуми Фаронса бар он муътақиданд, ки дар рӯзи “Чандил” хирс маконашро агар тарк кунад ва инчунин ҳаво абрнок бошад, офтоб надурахшад, хирс ба макони худ баргашта дарояд боз чил рӯзи дигар зимистон мешавад.
  Баргузории ҷашнҳои наврӯзӣ дар қисмати ҷануби Фаронса хело ҷолиб аст. Дар ин муддат гулҳо мешукуфанд ва онҳо ба як ҷузъи муҳими ҷашн табдил меёбанд. Ҷашнҳои наврӯзӣ дар Фаронса махсусан дурахшон ва маъмулӣ аст, ки мувофиқи анъана "муборизаи гулҳо" ("комба де флуғ") ном дорад. Дар чунин идҳо тамошобинон дар хиёбонҳо қадам мезананд ё дар вагонҳо савор мешаванду гулдастаҳои зеборо ба ҳамдигар тақдим менамоянд ё гирду атрофро пур аз гул мекунанд. Ин ҷашне аст, ки ҳама ҷо ороста бо гул аст. Маврид ба таъкид аст, ки ҷашни "муборизаи гулҳо" ("комба де флуғ") бо ҷашни Наврӯзи тоҷикон “Сайри гули лола” хеле шабеҳият дорад.
  Бузургтарин ҷашни наврӯзӣ барои кишварҳои Олмон, Австрия, Шветсария, Нидерландия ва Белгия ин Карнавал як навъ ҷашнворае ҳаст, ки дар Аврупо мардум бо либосҳои идона ва гулҳои зиёд аспсавор дар хиёбонҳо гашту гузор мекунанд, мебошад.
  Дар Тоҷикистон шабеҳияти ҷашни Карнавали аврупоӣ бо бузкашӣ ё аспдавонӣ хос буда, ҳатто дар ин рӯзҳо озмунҳо ташкил шуда, ғолибон бо тӯҳфаҳои қиматбаҳо мукофотонида мешаванд. Аз ҷумла автомобил, яхчол, телевизор ва ғайраҳо.
  Дар Олмон бошад, анъанаҳои наврӯзӣ бо тантана қайд карда мешавад. Мардум дар хиёбонҳо сайру гашт мекунанд. Нақлиётро ончунон бо гулҳои зиёди рангоранг оро медиҳанд, ки кас гумон мекунад, ки он аз гул сохта шуда бошад. Дар Олмон ҳангоми ҷашнҳои баҳорӣ мардум ба ҳамдигар тухмҳои рангоранг, кулчақандҳо ва харгӯшчаи зиндаро ҳадя мекунанд, чунки харгӯшча ба назари онҳо ҳайвони ҳалиму меҳрубон буда, тачассумгари хушбахтӣ аст.
  Маросими “Ҷаҳидан аз оташ” низ дар кишварҳои Аврупо махсусан дар Олмон анъанаҳои ба худ хос ва маънии гуногунро дорад. Ҷавонон, паси ҳам як ё ду ҷуфт – духтар ва писар, дасти ҳамдигарро гирифта ё баъзе бачаҳо танҳо аз болои оташи сурх меҷаҳанд. Ҷаҳидан аз болои оташ дар он ҷо далолат ба он мекунад, ки ҷавонони ҷуфт ба умеди ҳамон сол издивоҷ кардан ва дигарон бо мақсади халос шудан аз ягон беморӣ ва ғайра онро анҷом медиҳанд. Дар баъзе манотиқи Тоҷикистон низ маросими “Оташпарӣ” то ҳол вуҷӯд дорад, ки дар рӯзҳои наздикшавии ҷашни бузурги ниёгон – Наврӯз анҷом дода мешавад. Мардум дар ҳоле ки аз болои оташ мепаранд, мисраъҳои шеърии “Сурхии рӯятро бидеҳ, Зардии рӯямро бигир”-ро замзама мекунанд.
  Дар Олмон ҷавонон ба ҳамдигар обпошӣ мекунанд, ки ин рамзи асосии ҷашни наврӯзӣ ва зебогиву солимӣ ба ҳисоб меравад. Ба рӯйи хонумонашон об мепошанд, чунки об сарчашмаи зинда мебошад ва онҳо наслҳои солимро ба дунё оранд. Ба дигар маъно, азбаски об неъмати зинда аст, намӣ ва таровати зебогии пӯсти занонро нигоҳ медорад.
  Ҳатто дар замонҳои пеш аз масеҳият мардуми Олмон ҷашни бузурги эҳёи офтобро бо қурбонӣ ва зиёфат ҷашн мегирифтанд. Ин ҷашн монанд ба ҷашни румиён буд. Дар натиҷаи робита байни ду фарҳанг як маҷмӯи муайяни маросимҳои ҳафта дар Панҷак таъсис дода шуд. Гузашта аз ин, румиён ҷашнгирие бо номи “Ҷаззоб” - (narrenfeest) доранд, ки бо либоспӯшии хоси худ маълум аст ва олмониҳо низ ин чашнро аз онҳо гирифтаанд.
  Хулоса, аз мушоҳидаҳо маълум мегардад, ки қариб дар ҳамаи кишварҳои Аврупо таҷлили анъанаҳои наврӯзӣ ба таври гуногун баргузор мегардад, ки бештари онҳо ба анъанаҳои наврӯзии кишвари мо шабеҳият доранд. Анъанаҳои пеш аз наврӯзӣ низ қариб якхел ҷашн гирифта мешаванд. Аз кабудизоркунӣ шурӯъ гардида, то обпошӣ ва аз болои оташ ҷаҳидан анъанаҳои фарҳангӣ ҳастанд, ки дар кишвари мо низ ба таври густурда дар фасли баҳор анҷом дода мешаванд. Таҷлили анъанаҳои ҷашнҳои наврӯзӣ дар ҳамаи кишварҳои Аврупо мутантан қайд карда мешавад.

Санавбарбону Воҳидова
д.и.т., профессор мудири шуъбаи
 Аврупо ва Амрикои Институти
омӯзиши масъалаҳои давлатҳои
 Осиё ва Аврупои АМИТ

НАЗАД