Таҷлили баҳору наврӯз дар Қирғизистон

Автор: ИИПСАЕ

Расм

 
  “Миллати тоҷик ҷашни Наврӯзро дар тӯли
садсолаҳо ба монанди забони модарӣ
ҳифз намуда, дар замони навин онро
ҷузъи таркибию ҳувияти миллӣ ва мояи
сарбаландии маънавии худ медонанд”.
                                                                                                      Эмомалӣ Раҳмон
 
   Иди аҷдодии мо Наврӯзи Аҷам бо қарори Юнеско ва Ассамблеяи Генералии СММ аз 23-юми феврали соли 2011 ҳамчун рӯзи байналмилалии «Наврӯз» эътироф ва ба оламиён туҳфа гардид. Ҳар сол рӯзҳои 21 март - 24 март  дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷашни Иди байналмилалии Наврӯз баргузор мегардад. Дар ҳаёт татбиқ намудан ва ҳифз кардани мероси фарҳангии миллати хеш пеш аз ҳама омилҳои сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ, мазҳабӣ, фарҳангӣ, ки бе якдигар рушду нумӯъ карда наметавонанд, шарти асосии рушди фарҳанги муосир мебошанд.    Ёдовар шудан ба маврид аст, ки “фарҳанг - ифодагари рӯҳи миллӣ, расму русум, анъана ва хотираи таърихии ҳар халқу миллат буда, муҳофизаткунандаи муҳит мебошад” [2, с.220].
  Наврӯз яке аз идҳои қадимаи тамаддуни башарӣ мебошад. Ҷашнгирии иди Наврӯз шаҳодати он аст, ки дар рӯзи баробаршавии шабу рӯз одамон бояд аз ғаму дарди хеш фориғ гашта, дигаронро низ бахшанд, бо дили шоду рӯҳи болида ба истиқболи Наврӯзу оғози соли нав бароянд. Чун анъана Наврӯзро дар ҳар як кишвари тамаддунпарвар ба шаъну шукуҳи тоза ҷашн мегиранд.                   
  Пӯшида нест, ки Наврӯз иди миллии мардуми ориётабор мебошад. Наврӯз иди баҳор, иди бобои деҳқон, иди умед ба фардои фаровонҳосилӣ ва дастархони пур аз гандум мебошад. Имрӯз Наврӯзро дар баробари тоҷикон халқҳои ҳамсоякишвар,  ба хусус сокинони Қирғизистон низ ҷашн мегиранд.
  Зикр намудан ба маврид аст, ки бори нахуст ба таври расми Наврӯзро дар Қирғизистон 21-уми марти соли 1989 дар шаҳри Фрунзе (ҳоло Бишкек) таҷлил намуда буданд ва ҳамон рӯз дар қасри варзишии ба номи Кожомкул консерти театрикунонидашуда  баргузор гардида буд.
  Аз нигоҳи мардуми қирғиз вақте, ки онҳо Наврӯз мегӯянд, аввалин манзарае, ки пеши назар ҷилвагар мешавад, ин дар майдон ташкил намудани сайру гашти идона бо либосҳои қадимию миллӣ, дуд додани дарахти арча ва дар он ҷо гаштугузор намудани Умай эне (нигоҳдоранда - покровительница), ки  ӯро Кидир - ата (хизр) дар либоси кементай ҳамроҳӣ менамояд ба шумор меравад.
Дар майдони “Ало-Тоо” дар ин рӯзҳо барномаҳои фарҳангӣ-фароғатӣ бо иштироки намояндагони тамоми халқу миллатҳои муқими Қирғизистон, ҳамчунин кӯдакон, ҷавонон, ҳунармандон, раққосони касбӣ, сарояндагон ва навозандагон баргузор мегардад. Дар майдончаҳои варзишӣ бошад, мусобиқаҳои гуногун  гузаронида мешаванд. Барномаи ин чорабинии Наврӯзи ҳар сол такмил дода мешавад. Дар ибтидо қирғизҳо моҳи мартро Нооруз ном мебурданд (Нооруз элдик майрам куну). Агар дар ин рӯзи саиду муборак фарзанди писар ба дунё меомад ӯро Ноорузбой ё Ноорузбек номгузорӣ менамуданд ва агар фарзанди духтар ба дунё меомад, ӯро чун анъана Нооруз ё Ноорузгул ном мегузоштанд. Агар дар ин рӯз барф меборид ин фоли нек дониста мешуд. Ҳатто ҳусну зебоии духтаронро дар қиссаю ривоятҳои қирғизӣ бо барфи сафеди Нооруз ташбеҳ медоданд, чунки одатан дар моҳи март барфи маҳину сафед меборид. Дар рӯзи Наврӯз қирғизҳо дастархони сафеди идонаро истифода мебурданд. Пиронсолон бар он муътақид буданд, ки ҳангоми Наврӯз қадами мубораки хешро ба хонадон ниҳодан тамоми бебарориҳо ва дарду ранҷи инсон аз ӯ дур мегардад.[6]   
 
 
Ба ҳамагон маълум аст, ки пайдоиши иди Наврӯз хеле қадима буда, решаҳои он ба умқи таърих мебарад. Тамоми мардумони Осиёи Марказӣ, ба хусус тоҷикону қирғизон, аз замонҳои қадим дар айёми Наврӯз либосҳои сафед мепӯшиданд, ба ҳамдигар сафедӣ мепошиданд, хӯрдани таоми соли навро аз шири навдӯшида сар мекарданд. Кӯшиш менамуданд, ки дар ин рӯзи босафо чеҳраҳои зеборо бинанд, хандаю бозӣ кунанд, суруду таронаҳо хонанд.  Деҳқон бошад, дуои хайр гуфта, аз осмон, аз Наврӯз ба кишту кори худ мадад металабид, то сол некӯ бошаду ҳосил фаровон.
Дар Қирғизистон низ рӯидани майса, гул кардани гиёҳҳои баҳорӣ аз фаро расидани иди Наврӯз мужда медиҳад. Мардум дар он шабу рӯз маросими “гулгардонӣ” барпо менамоянд, чунки ҳангоми ба даст гирифтани гули аввалин “Ту барин зебою беғам шавам, ба солу моҳҳои бисёр расам” гуфта, орзую ормони худро баён мекарданд. Мардуми даштнишин хаймаҳо (юртаҳояшонро) ба пешвози Наврӯз рӯбучин карда, зарфҳоро тоза нигоҳ медоштанд. Дар солҳои охир дар Қирғизистон низ расми омода кардани суманак ҷорӣ гардидааст ва мардум 25  рӯз пеш аз фарорасии иди Наврӯз барои тайёр кардани суманак гандумро шуста ва тоза карда, барои сабзонидан  дар рӯйи дастархон ё зарфе мегузоштанд. Дастархони наврӯзиро бо меваю самбӯсаҳои  алафин, ширу равған, фатиру нону кулча оро медоданд.
Одамон ба юртаҳои ҳамсоя, назди  ёру дӯстон рафта, ҳамдигарро муборакбодӣ мекарданд ва ҳоло ҳам ин расму ойин ба тарзу шаклҳои гуногун таҷлил ва гузаронида мешавад.
Қирғизҳо аз давраҳои қадим бо тоҷикон ҳамсоягиҳои зичу наздик доштанд. Дар тамаддуни қирғизҳо достонсароӣ, хусусан анъанаи “Манас” ҷойи махсус дорад. Аз рӯи ҳаҷм эпоси “Манас”- қомуси асили беназирест, ки дар худ воқеаҳои  махсусан муҳимми он давра, далелҳои алоҳидаи таърихӣ, қаҳрамониҳои шахсиятҳои ҷудогона, пешвоёни кишвар, маълумот оид ба он ҷамъият, урфу одат ва ҳаёти мардуми қирғизро дар худ таҷассум менамояд.[3, с.143]
Қирғизҳо дар ҳамаи марҳилаҳои таърихи  Осиёи Миёна фаъолона иштирок намуда, истиқлолияти этникии хешро тавонистанд нигоҳ доранд. Давраи ниҳоии этногенези онҳо бо этносҳои муғул, ойрот, найман ва дигар халқиятҳои Осиёи Марказӣ вобастагӣ дорад[1].
Нуқтаи баландтарини кӯҳҳои Қирғизистон “Қуллаи ғалаба” ном дошта,  дар баландии 7439 метр аз сатҳи баҳр ҷойгир шудааст, ҷое, ки асрҳои аср табиат миллиардҳо куб барфро нигоҳ медорад, манбаи  тамомнашавандаи захираҳои оби соф  ба ҳисоб меравад. [1]
Дар баробари робитаҳои сиёсӣ ва иқтисодӣ ҳамкориҳои маданӣ ва фарҳангии  Тоҷикистону Қирғизистон – ин ду ҳамсоякишвар рушд меёбанд.
Наврӯз дар Қирғизистон аз лаҳзаҳои аввали эълони Истиқлолият соли 1991 рӯзи истироҳатӣ эълон гардид. Дар Қирғизистони муосир қирғизҳо либосҳои идона ба бар намуда, ҳазорҳо тан дар майдони марказии шаҳри Бишкек гирди ҳам меоянд ва Наврӯзро бошукуҳу шаҳомати қирғизона  таҷлил мекунанд ва дар маҷмуъ тафовути зиёде аз дигар кишварҳо надорад. Қирғизҳо дар як канори маросими сайру гашти идона дар рӯзи Наврӯз аз рӯи ойини миллии худ “Манасхонӣ”- ро иҷро мекунанд ва дар ҳар шаҳру минтақаи Қирғизистон низ маросими “Манасхонӣ” бо ширкати ҷавонон ва бузургсолон баргузор мегардад. ”Манас” яке  аз достонҳои таърихию бостонӣ ва машҳурӣ дунё маҳсуб мешавад. Қирғизҳо дар ин рӯзи иди Наврӯз гуноҳҳои якдигарро бахшида, агар қарз дошта бошанд, қарзашонро бармегардонанд.
          
    
 
  Шоми  21- уми март дар деҳотҷойҳо оташ афрӯхта “чон кеше” мепазанд, ки яке аз қадимтарин хӯроки Наврӯзӣ ба ҳисоб рафта, аз чунин маҳсулот омода мегардад: гӯшт, биринҷ, нахуд, зағир, гандум, ҷуворимака, орд, картошка, сӯк  ва бо илова аз хушбӯйкунандаҳои махсус тайёр карда мешавад. Чунин  хӯроки идона барои тамоми мардуми маҳал омода карда мешавад.
Бо таманнои пурфайз гардидани соли нав тамоми косаву табақро аз шир, айрон, гандум ва оби чашма пур менамоянд. Анъанаи дигари қирғизҳо ин дар маҳаллаҳо ташкил намудани бозиҳои варзишӣ ва мардумӣ мебошад, ба монанди “Айкыш-уйкыш”, (ба  забони русӣ - навстречу друг друга - ба забони тоҷикӣ бошад дар рӯ ба рӯи якдигар), “Аударыспек” - (йигитҳо ҳангоми бозӣ якдигарро аз зини асп мекашиданд). Наврӯзи Қирғизистонро бе муҳорибаҳои варзишӣ тасаввур кардан ғайри имкон аст. Дар ин гуна муҳорибаҳо қирғиздухтарон фаъолона ширкат меварзанд.
Яке аз бозиҳои миллии мардуми қирғиз ин “Қыз қуумай”  мебошад, ки йигит аспсавор  аз паси духтари аспсавор метозад ва дар сурати расидан,  ӯро дар болои аспаш мебӯсад. Агар йигит духтарро дошта натавонад, ба ивази ин аз духтар якчанд дарра мехӯрад.
 
                                                                                                            
  Бозии варзишии дигаре  “Куреш” ном дорад, ки дар он қирғиздухтар ҷавонро ба муҳориба даъват менамояд. Ва агар дар муҳорибаи аспдавонӣ йигит аспсавор духтарро дошта тавонад ва ғолиб гардад, ҳуқуқи духтарро ба занӣ гирифтанро пайдо менамояд. Агар йигит ғолиб омада натавонад ӯ тамоми нозу нузи духтарро бардошта, тамоми хоҳишҳои ӯро иҷро менамояд.      
Хулоса, баҳору Наврӯз бо ҳама хосиятҳои неку созандааш барои тамоми мардуми Осиёи Марказӣ  шодию сурур, руҳбаландӣ ва бахту саодат меорад. Қадами мубораки Наврӯзи хуҷаста мушкилкушои корҳо, муҷиби фаровонии рӯзгор, хушбахтиҳои бепоён дар хонадони ҳар яки фарди тамадунпарвари тоҷику қирғиз ва дар маҷмуъ мардумони Осиёи Марказӣ мебошад.

Давлиёрова Сафаргул Тешаевна,
Институти  омӯзиши масъалаҳои
давлатҳои Осиё ва Аврупои АМИТ
 
АДАБИЁТ:
 
  1. Давлиёрова С. Наврӯзи фархундапай - кӯҳанбунёду ҳамешаҷавон. Маҷаллаи академии илмию оммавӣ: Илм ва Ҷомеа. март 2019, №1 (14) ва https://www.osiyoavrupo.tj
  2. Истиқлолият ва фарҳанг. Душанбе 2017. Саҳ. 220.
  3. Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил.Душанбе. 2018.
  4. Суннатҳои фарҳангии наврӯз ва замони муосир.Душанбе, 2016.Саҳ.35
  5. http://www.centralasia-travel.com/ru/countries/kirgistan/historu

НАЗАД