Таҳлили консепсияҳои назариявии низоми муосири муносибатҳои байналмилалӣ

Автор: ИИПСАЕ

Расм

   Дар даҳсолаҳои охир дар асоси равандҳои ҷаҳонишавӣ, демократикунонӣ, модернизатсионӣ боло рафтани нақш ва мақоми иттилоот дар муносибатҳои ҷамъиятӣ трансформатсияи низоми муносибатҳои байналмилалӣ ба миён омаданд. Чунин трансформатсия дар болоравии тиҷоративу иқтисодии давлат ва миллатҳо, мустаҳкам гардидани аҳамияти мавқеи созмонҳои байналмилалӣ ва минтақавӣ, ташаккул ва инкишофи ҷомеаи шаҳрвандии глобалӣ таҷассум ёфтаанд.    Таҳлили сарчашмаҳои илмӣ нишон медиҳанд, ки дар шароити кунунии низоми муносибатҳои байналмилалӣ асосан ду самти ба ҳам мухолиф мушоҳида карда мешавад. Аз як тараф миқдори давлатҳои эътирофшуда ва эътирофнашуда боло рафта, аз тарафи дигар, дар асоси равандҳои ҷаҳонишавӣ боло рафтани нақш ва мақоми созмону ташкилотҳои байналмилаливу минтақавӣ мебошад. Давлат ҳамчун иштирокчии асосии муносибатҳои байналмилалӣ мавқеи роҳбарикунандаи худро аз даст дода истодааст.
   Дар шароити кунунӣ низоми нав ва мураккаби глобалӣ ташаккул ёфта истодааст, ки моҳиятан метавон онро бисёрқутбӣ ва бисёрсатҳӣ номид. Яке аз хусусиятҳои муайякунандаи низоми муосири муносибатҳои байналмилалӣ трансформатсияи он ба ҳисоб меравад. Дар асоси чунин трасформатсия рафтори иштирокчиёни асосии низоми муносибатҳои байналмилалӣ, истифодаи восита ва методҳои бадастории мақсадҳо низ то андозае дигаргун гардидаанд.
   Дар асоси чунин трансформатсия тартиботи қутбияти глобалӣ аз байн рафт ва дар харитаи сиёсии глобалӣ давлатҳои нави тозаистиқлол пайдо гардиданд. Ин давлатҳо, ки асосан давлатҳои собиқи Шӯравӣ ба ҳисоб мерафтанд, назди худ мақсад гузоштанд, ки мувофиқи меъёрҳои байналмилалӣ самти фаъолияти хориҷии худро муайян намуда, ба фазои муосири муносибатҳои байналмилалӣ ворид гарданд.
   Аз ин хотир, таҳлил намудани муносибатҳои назариявӣ нисбати фаъолияти хориҷии давлат, ки рафтори давлатро дар арсаи байналмилалӣ муайян менамояд, муҳимияти хосаеро касб намудааст. Дар доираи илмҳои сиёсӣ мактабҳо ва ҷараёнҳои муайяне ташаккул ёфтаанд, ки дар маркази диққати онҳо масъалаи низоми муносибатҳои байналмилалӣ, трансформатсияи он, ворид гардидани субъектҳои нав ба ин низом, истифодаи методҳо ва воситаҳои асосӣ дар бадастории мақсадҳо аз тарафи давлатҳои алоҳида қарор дода шудааст.
  Яке аз ҷараёнҳои асосӣ ва муҳим реализм ба ҳисоб меравад, ки дар маркази сохтори муносибатҳои байналмилалӣ давлатҳои миллиро мегузорад. Дар доираи низоми муносибатҳои байналмилалӣ давлатҳои миллӣ манфиатҳои худро бо истифода аз қувва ва нерӯ муҳофизат менамоянд. Сиёсати байналмилалӣ мубориза байни давлатҳо барои ҳокимият буда, дар аввалияти манфиатҳои миллӣ бо мақсади таъмин намудани амният ва нигоҳ доштани истиқлолияту соҳибихтиёрӣ асос меёбад. Аз ин хотир, воқенигарон (реалистон) қайд менамоянд, ки хусусияти таъсири мутақобилаи давлатҳо дар асоси миқдори захираҳои мавҷуда, ки сатҳи қудрату тавоноии давлатро таҷассум менамояд, муайян карда мешавад.
   Метавон қайд намуд, ки воқенигарон, дар ҳимояи манфиатҳои давлатӣ ва нигоҳ доштани мавқеи давлат дар низоми муносибатҳои байналмилалӣ тарафдори истифодаи қудрат ва нерӯ мебошанд. Дар чунин ҳолат масъалаи этикаи рафтор пайдо мешавад. Нисбати ин масъала воқенигарон қайд менамоянд, ки этика бояд бо мафҳумҳои сиёсӣ тасниф карда шавад, зеро ҷустуҷӯи меъёрҳои этникӣ берун аз сиёсат ба номуваффақият дучор мегардад.
   Воқенигарон қайд менамоянд, ки давлат барои ҳимояи худ метавонад танҳо ба қувваи худ умед бандад ва маҳз аз ҳамин хотир кӯшиш ба зиёд намудани нерӯ инкишофи гуногунсамтаи иқтисодиёт ва саноати ҳарбӣ, таъмини назорат аз болои захираҳои стратегӣ пайдо мешавад.
   Ба хусусиятҳои муҳими ҷаҳонбинии воқеӣ ҳамон боварие дохил карда сиёсати байналмилалӣ дар асоси қонуниятҳои объективӣ идора карда мешавад, ки характери дарозмуҳлатро доро мебошанд. Ба хотире, ки моҷарогароии низоми муносибатҳои байналмилалӣ дар асоси табиати он ҷой дорад, он танҳо қисман бо ҳуқуқи байналмилалӣ, институтҳо ва меъёрҳои маънавӣ идора карда мешавад. Сиёсатшиноси франсуз Раймон Арон қайд менамояд, ки сиёсати байналмилалӣ ин намоиши иқтидор ва қудрат мебошад. Мувофиқи мавқеи воқенигарон, қайд намудан зарур аст, ки ҳеҷ як низоми муносибатҳои байналмилалӣ ягон вақт баробарҳуқуқкунанда набуд ва дар ягон ҳолат чунин хусусиятро касб карда наметавонад.
   Шарт ва шароити мавҷудияти осоиштаи давлат нигоҳ доштани тавозуни қувваҳо ба ҳисоб меравад, ки риоя накардани он метавонад ба моҷаро оварда расонад. Аз ин хотир, давлатҳо кӯшиш менамоянд, ки ба ҷойгиршавии нави қувваҳо мувофиқ гарданд, зеро маҳз бо ин восита имконияти инкишофи таҳаввулотӣ (эволютсионӣ) пайдо мешавад.
  Ҳамин тариқ, метавон чунин хулосабарорӣ намуд, ки намояндагонӣ ҷараёни реализм дар низоми муносибатҳои байналмилалӣ мавқеи иқтидор ва қувваи давлатро аввалиндараҷа дониста, онро ҳамчун воситаи асосии ҳимояи манфиатҳои давлатӣ ва миллӣ баррасӣ менамоянд. Лекин дар чунин дарки низоми муносибатҳои байналмилалӣ дар шароити муосир эҳтимолияти ба миён омадани моҷароҳо зиёд мегардад. Зеро дар шароити имрӯза, дар асоси инкишофи илму техника ва иқтисодиёти давлатҳои алоҳида, онҳо иқтидори ҳарбии худро беҳтар мегардонанд.
   Қайд намудан зарур аст, ки неореалистон анъанаҳои дарки қудрати давлатро васеъ намуда, пешниҳод менамоянд, ки қудрати давлатро на танҳо аз нуқтаи назари қувваи ҳарбӣ, балки дар асосӣ якҷоянамоии имкониятҳои давлат дар соҳаҳои мухталифи ҷамъиятӣ тасниф намудан зарур аст. Мавҷудияти миқдори зиёди давлатҳо, ки дар ҳолати ҷой надоштани низоми умумии қонунҳо, ки онҳо эътироф намудаанд, кӯшиш менамоянд, ки манфиатҳои худро амалӣ намоянд. «Агар давлат дурнамои бадастории муваффақиятро баҳогузорӣ намуда, ошкор созад, ки мақсадҳои дилхоҳ нисбат ба ҳаёти осоишта диққатҷалбкунанда аст, пас қувваро мавриди истифода қарор медиҳад. Ба хотире, ки ҳар як давлат барои худ ҳаками олӣ ба ҳисоб меравад ва ҳар як давлат метавонад барои пешбурди сиёсати худ аз қувва истифода намояд, дигар давлатҳоро зарур аст, ки ба тариқи доимӣ барои бо қувва ҷавоб додан омода бошанд, ё ин ки барои ҳаёти осоиштаи худ кӯшиш намоянд».
   Сиёсатшиноси амрикоӣ К. Н. Уолтс қайд менамояд, ки дар вазъияти бӯҳронӣ кӯшиши таъмини дастгирии сиёсати хориҷӣ дар бисёр ҳолат бомуваффақият аст, зеро шаҳрвандон боварӣ доранд, ки амнияти онҳо, пеш аз ҳама, аз бехатарии давлат вобаста аст. Аз ин хотир, метавон чунин хулосабарорӣ намуд, ки мухолифату зиддиятҳое, ки дар муносибатҳои байналмилалӣ пайдо мешаванд, то андозае ягонагии миллиро мустаҳкам ва устувор менамоянд. Дар натиҷа, К.Н. Уолтс ба чунин хулосае меояд, ки дар чунин ҳолат ба миён омадани нафрату душманӣ байни миллату халқиятҳои давлатҳои мухталиф муҳим нест, балки сафарбар намудани захираҳо, манфиатҳо ва ҳиссиёти шаҳрвандон барои амалӣ намудани сиёсати хориҷӣ муҳимият пайдо менамояд.
   Ҳамин тариқ, неореалистон сабаби асосии тартиботро дар сохтори низоми муносибатҳои байналмилалӣ баррасӣ менамоянд, лекин қайд менамоянд, ки тамоми талаботҳои сохтор тариқи фаъолияти давлат амалӣ карда мешаванд. Давлат дар низоми муносибатҳои байналмилалӣ вазифаҳои муҳими сиёсӣ, иҷтимоӣ ва иқтисодиро иҷро менамояд, ки ҳеҷ як созмон ё ташкилот наметавонад, ки дар ин самт бо давлат рақобат намояд.
   Ҷараёни дигар идеализм ба ҳисоб меравад, ки мувофиқи мавқеи умумии онҳо, давлат на танҳо иштирокчии ягона, балки иштирокчии асосии низоми муносибатҳои байналмилалӣ ба ҳисоб намеравад, зеро нақш ва мавқеи асосӣ дар низоми муносибатҳои байналмилалӣ ба созмону ташкилотҳои байналмилалӣ ва минтақавӣ тааллуқ дорад. Воқенигарон диққати асосиро ба мавҷудияти арзишҳои умумӣ ва умумиинсонӣ, манфиатҳо, ҳуқуқҳои ҷудонопазири инсонӣ ва ба зарурати бунёд намудани низоми ҳамаро фарогирандаи амнияти дастаҷамъӣ бо мақсади нигоҳ доштан ва ҳимояи ин ҳуқуқҳо равона менамоянд.
   Намояндагони идеализм таъкид менамоянд, ки дар низоми муносибатҳои байналмилалӣ мавқеи асосиро гуфтушунидҳо ва ҳамкориҳо ишғол менамоянд. Тарафдорони идеализм ба бунёди ҳуқуқи адолатноки байналмилалӣ, имконияти ба итмом расонидани ҷангҳо ва моҷароҳои яроқнок байни давлатҳо тариқи танзими ҳуқуқӣ ва демократикунонии низоми муносибатҳои байналмилалӣ боварӣ доранд.
   Яке аз тезисҳои асосии идеализм ин бунёди низоми амнияти дастаҷамъӣ дар асоси беяроқшавии ихтиёрӣ ва рад намудани тарафайни ҷанг ҳамчун низоми сиёсати байналмилалӣ ба ҳисоб меравад. Ҳамкориҳои иқтисодӣ ва болоравии вобастагии тарафайни давлатҳо ба ин мусоидат менамоянд. Дар амалияи сиёсӣ тезиси асосии идеализм дар бунёд намудани Лигаи Миллатҳо амалӣ гардидааст, ки фурупошии он ба ташаккули Созмони Миллали Муттаҳид, ки барои нигоҳ доштани сулҳи умумӣ ва бартараф намудани ҷангҳо хизмат менамояд, монеа эҷод накард.
   Неомарксистон низ дар самти низоми муносибатҳои байналмилалӣ нуқтаи назари ҷолиби диққатро пешниҳод намудаанд. Намояндагони машҳури ин ҷараён Й.Галтунг, И. Валлерстайн, Р. Кокс ба ҳисоб мераванд. Неомарксизм ҷаҳонро дар шакли низоми глобалии иқтисодиёт, давлатҳо, ҷомеаҳо ва идеологияҳои мухталиф тасаввур менамояд. Намояндагони ин ҷараён таъкид менамоянд, ки дар шароити кунунӣ, давлат ба бозингаре мубаддал гардида, кӯшиш менамояд дар иқтисодиёти миллӣ талаботҳои иқтисодиёти ҷаҳонро ҷорӣ намояд, ки дар шароити рақобат дар бозори ҷаҳонӣ заруранд.
   Метавон чунин гуфт, ки неомарксизм асосан тарафдори модернизатсияи иқтисодӣ ва дигар соҳаҳои инкишофи ҷамъиятӣ аст. Бо тағйир ёфтани иқтисодиёт имконият пайдо мешавад, ки низоми иқтисодиёти миллӣ ба низомҳои иқтисодиёти давлатҳои дигар наздик гардида, байни онҳо рақобат пайдо шавад.
   Намояндагони ҷараёни транснатсионализм қайд менамоянд, ки ба рафтори дипломатҳо ва ҳарбиён, пеш аз ҳама, омилҳои географӣ, характери сиёсати дохилии давлат ва инчунин дар пешрафти илмӣ-техникӣ таъсир мерасонад. Дар чунин ҳолат созмонҳои фаромиллӣ барои қонунӣ гардонидани фаъолияти худ афсонаҳо, рамзҳо ва меъёрҳоро бунёд намуда, метавонанд муносибатҳои байналмилалии навро ташаккул диҳанд. Дар натиҷаи муносибатҳои фаромиллӣ давлат аз қувваҳое, ки аз тарафи ҳеҷ кадоме аз онҳо идора карда намешавад, вобаста мегардад.
   Муносибатҳои фаромиллӣ метавонанд ба давлатҳои пуриқтидор бартарӣ дода, дар чунин ҳолат давлатҳои заиф ва нотавонро аз чунин бартарӣ маҳрум созанд. Нақш ва мақоми ҳукуматро ҳамчун бозингари муҳими саҳнаи сиёсӣ рад накарда, намояндагони ҷараёни транснатсионализм қайд менамоянд, ки давлатҳои хурд ва миёна ва ҳатто давлатҳои бузург дар низоми тавозуни қувваҳо маҷбур ҳастанд, ки бо сатҳи пасти назорат аз болои ҷаҳони беруна итоат намоянд. Онҳоро зарур аст, ки ба трансформатсия розӣ бошанд ва набояд қувваи таърихро тағйир диҳанд.
   Таҳлили назарияҳои ҷойдошта имконият медиҳад чунин хулосабарорӣ намуд, ки падидаи қувва бо табиати худи давлат ва ҳокимият алоқаманд аст. Рафтор ва фаъолияти давлат дар сиёсати хориҷӣ наметавонад, ки дар принсип ва арзишҳои маънавӣ асос ёбад. Сиёсати хориҷӣ, пеш аз ҳама, бояд дар бадастории натиҷаи вақеии амалӣ намудани мақсадҳои гузошташуда, ба монанди таъмини амнияти миллӣ ва ҳимояи манфиатҳои миллӣ асос ёбад.
   Барои дарки низоми муосири муносибатҳои байналмилалӣ зарур аст, ки нақш ва мақоми давлатҳои миллӣ дар ҷаҳони муосир ошкор карда шавад. Бояд таъкид намуд, ки ҷаҳонишавӣ хусусияти муваққатии давраи трансформатсионӣ ё мундариҷаи хоси сохтори ояндаи ҷаҳонӣ аст.
   Пас аз пошхӯрии Иттиҳоди Шӯравӣ дар фазои он низоми муосири муносибатҳои байналмилалӣ пайдо шуд. Давлатҳои тозаистиқлол сиёсати хориҷии худро ташаккул дода, ба низоми муосири муносибатҳои байналмилалӣ ворид гардиданд.
   Сиёсати хориҷии ҳар як давлат ба ҳимоя ва амалӣ намудани манфиатҳои милливу давлатӣ равона карда шудааст, дар ин самт метод ва воситаҳои мухталиф истифода карда мешаванд. Умуман, фаъолияти хориҷии ҳар як давлат дар заминаи ҳуқуқи байналмилалӣ ба роҳ монда мешавад. Дар ин самт давлатҳо аз таъсиррасонии сиёсӣ, иқтисодӣ ва иттилоотиву фарҳагӣ васеъ истифода менамоянд.
   Адабиёти истифодашуда:
  1. Арон Р. Мир и война между народами. М., 2000. - С. 781
  2. Богатуров А.Д. Современная мировая политика. Прикладной анализ. Второе издание / А.Д. Богатуров.– М.: Аспект-пресс, 2010. – 589 с.
  3. Богатуров, А.Д., Косолапов, Н.А., Хрусталев, М.А. Очерки теории и политического анализа международных отношений / А.Д.Богатуров, Н.А.Косолапов, М.А.Хрусталев. – М.: НОФМО, 2002. – 384 с.
  4. Богатуров, А.Д. Очерки теории и политического анализа международных отношений / А.Д. Богатуров, Н.А. Косолапов, М.А. Хрусталев. – М.: Научно-образовательный форум по международным отношениям, 2002. – 384 с.
  5. Карр Э.Х. Двадцать лет кризиса: 1919–1939. Введение в изучение международных отношений / Теория международных отношений. М., 2003. - С. 64.
  6. Най-мл. Д.С., Кохэн Р.О.Транснациональные отношения и мировая политика // Теория международных отношений. М., 2003. - С. 160.
  7. Современные международные отношения / Под. ред. А.В. Торкунова. - М.: "Российская политическая энциклопедия" (РОССПЭН), 1999. 584 с.
  8. Уолтс К.Н. Человек, государство и война: теоретический анализ / Теория международных отношений. М., 2003.C. – 93-94.
  9. Хрусталев, М.А. Международные аспекты социально-политической стабильности // Международные процессы. – 2008. – № 2 (17). – С.48-59.
  10. Цыганков П.А. Политическая социология международных отношений [Электронный ресурс] / П.А. Цыганков. - Режим доступа: http://www.textfighter.org/raznoe/Polit/cugan/tsygankov_p_politicheskaya_sotsiologiya_mejdunarodnyh_otnoshenii_politologii.php
Раҳмонзода Азимҷони Шералӣ,
муовини директори Институт

НАЗАД