Автор: Юсуфджанов Фаридун
Баъди пошхурии Иттиҳоди Шӯравӣ таносуби қувваҳо дар муносибатҳои байналмилалӣ ба куллӣ тағйир ёфт. Барҳам хурдани низоми дуқутбӣ нисбат ба дигар низомҳои муносибатҳои байналмилалӣ хусусиятҳои фарқкунандаи худро дошт. Хусусияти аввал ин аст, ки системаи дуқутбӣ (сотисиалистӣ ва капиталистӣ) дар натиҷаи ягон ҷанги ҷаҳонӣ, ё низоъи байналмилалӣ аз байн нарафтааст. Лагери сотсиалистӣ барои ба дунёи капиталистии Ғарб дохил шудан барҳам хурд. Хусусияти дуюми фарқкунанда дар он аст, ки пас аз ташаккули низоми нави муносибатҳои байналмилалӣ (ба мисли Конгресси Вена дар солҳои 1814-1815, ё Конференсияи Потсдам, соли 1945) аҳдномаи нави байнидавлатӣ бояд аз чониби акторҳои асосии сиёсии байналмилалӣ қабул мегардид. Низоми нави ҷаҳонӣ (яъне низоми муосири муносибатҳои байналмллалӣ) мебоист ҷои низоми ҷаҳонии Ялта-Потсдамро мегирифт. Бояд гуфт, ки низоми муосири муносибатҳои байналмилалӣ то ҳанӯз як шакли муайянро нагирифта, он дар сатҳи консептуалӣ қарор дорад. Ин низом бо ягон аҳднома, ё санади байнидавлатӣ қабул ва тасбит нашудааст.
Тағйироти глобалии муносибатҳои муосири байналмилалӣ Русияро маҷбур сохт, ки он ҳуҷҷатҳои асосии стратегияшро ба таври чиддӣ аз нав баррасӣ намуда, ба онҳо мувофиқи вазъу шароити геполитикии дар атрофи марзу ҳудудаш бавуқуъомада ислоҳот ворид кунад. Консепсияи нави сиёсати хориҷӣ барои пешбурди кору фаъолияти минбаъдаи сиёсати хориҷии Русия дар баррасиву ҳалли масъалаҳои байналмиалӣ ҳамчун асоси устувори доктриналӣ хоҳад буд.
Роҳбарияти сиёсии давлати Русия таҳрири нави Консепсияи сиёсати хориҷиро чунини маънидод кардааст: “...мантиқи Консепсия воқеияти тағйирёбандаи геополитикиро инъикос карда, қабули он бо оғози амалиёти вижаи низомӣ барои ҳифзи Донбасс алоқа дорад”.
Роҳбарияти сиёсии Русия муътақид бар он аст, ки сабаби дигари таҳия ва қабули Консепсияи таҷдидгардидаи сиёсати хориҷии Русия анҷоми ҳукмронии глобалии Ғарб мебошад. Чунон ки вазири корҳои хоричии Русия Лавров қайд намуд, сухан дар бораи зарурияти интиҳо додани монополияи Ғарб дар ташаккули чорчӯби ҳаёти байналмилалӣ меравад, ки он минбаъд, на аз рӯи манфиатҳои ғаразнок, балки тибқи Ойинномаи СММ, дар асоси таносуби манфиатҳо бояд муайян карда шавад. Мувофиқи ақидаи роҳбарияти Русия, кишварҳои ғарбӣ саъй доранд то ба рушди Русия монеъ шуда, онҳо нақшаҳои фурӯпошии ин кишварро матраҳ сохта истодаанд.
Мувофиқи сухани Вазири корҳои хориҷии Русия аз таърихи 10 феврали соли 2023 Консепсияи нави сиёсати хориҷии Русия бо мақсади фароҳам овардани шароити мусоиди хориҷӣ барои рушди дохилии кишвар таҳия ва эълон гардидааст. Владимир Путин дар охири моҳи сентябри соли 2022 гуфта буд, ки дар ҳоли ҳозир як раванди душвори низоми нави ҷаҳонӣ ташаккул ёфта истодааст ва дар натиҷа гегемонияи якқутбӣ аз байн меравад. Ҷаҳон ба сӯи бисёрқутбӣ ҳаракат мекунад.
Тағйирот дар Консепсияи нави сиёсати хориҷии Русия аз чӣ иборат аст? Инак, бо мақсади навсозии самтҳои афзалиятнок/авлавиятнок, ҳадафҳо ва вазифаҳои сиёсати хориҷии Федератсияи Русия Путин 31 марти соли 2023 Консепсияи нави сиёсати хориҷии Федератсияи Русияро тасдиқ ва эълон кард. Консепсияи сиёсати хориҷӣ ҳуҷҷатест, ки маҷмуи назарҳоро доир ба муҳтаво, принсипҳо ва самтҳои асосии фаъолияти сиёсати хориҷии Русия инъикос мекунад. Мутобиқи қонун сиёсати хориҷии кишварро сарвари давлат, ки Федератсияи Русияро дар муносибатҳои байналмилалӣ намояндагӣ мекунад, муайян месозад. То ҳанӯз, дар тӯли солҳои охири таърихи навтарини Русия Консепсияи сиёсати хориҷии он шаш маротиба таҷдид гардидааст: дар солҳои 1993, 2000, 2008, 2013, 2016 ва 2023.
Консепсияи сиёсати хориҷии Русия аз соли 1993
Пас аз пошхӯрии Иттиҳоди Шӯравӣ дар соли 1991 асоси сиёсати хориҷии Русияро бунёди муносибатҳои нав бо ҷумҳуриҳои собиқ шӯравӣ, давлатҳои хориҷаи дур ва инчунин ҳамгироӣ бо низоми муносибатҳои байналмилалӣ ташкил дода буд. 23 апрели соли 1993 Президенти қаблии Федератсияи Русия Борис Елтсин бо фармони худ «Муқаррароти асосии консепсияи сиёсати хориҷии Федератсияи Русия»-ро тасдиқ кард. Вазифаҳои муҳимтарини сиёсати хориҷӣ дар ин санад аз қабили ҳифзи ваҳдат ва тамомияти арзии давлат, қатъи ҷангҳои мусаллаҳона ва ҳалли низоъҳо дар атрофи кишвар, нигоҳ доштани “нақши Русия дар тавозуни ҷаҳонии таъсиррасонӣ (мировой баланс виляния), ки ба мақоми қудрати бузург мувофиқ аст”, таъмини риояи қатъии ҳуқуқҳои инсон дар хориҷаи наздик, махсусан ҳифзи ҳуқуқи русҳои этникӣ ва мардуми русзабон ёд шудаанд.
Консепсияи сиёсати хориҷии Русия аз соли 2000
28 июни соли 2000 бо фармони президент Владимир Путин консепсияи навбатии сиёсати хориҷӣ тасдиқ карда шуд. Ҳуҷҷат тағйиротҳоеро, ки дар солҳои 90-ум ба вуқӯъ пайвастанд, ҷамъбаст намуда, сиёсати нави хориҷии кишварро дар асри ХХI эълон кард. Дар қисми муқаддимавии Консепсия гуфта шуда буд, ки «нақшаҳои марбут ба ташаккули муносибатҳои нави шарикии баробарҳуқуқии мутақобилан судманди Русия» амалӣ нагардиданд. Вазъи байналмиллалӣ дар оғози асри XXI тақозо мекард, ки авлавиятҳои сиёсати хориҷии Русия бояд бозбинӣ ва баррасӣ шаванд. Дар баробари таъмини амнияти кишвар ва фароҳам овардани шароити мусоид барои рушди он, ташаккули низоми бисёрқутбаи муносибатҳои байналмилалӣ, низоми устувор, одилона ва демократии ҷаҳонӣ, ки ба меъёрҳои ҳуқуқи байналмилалии муқарраргардида ҷавобгӯянд, аз вазифаҳои асосӣ иборат буданд. Илова бар ин, онҳо масъалаи таъсиси “камарбанди ҳамҷавории нек дар периметри марзҳои Русия”, ҳимояи ҳуқуқ ва манфиатҳои шаҳрвандони Русия ва ҳамватанони бурунмарзӣ, мусоидат ба дарки мусбати Русия дар ҷаҳон, таблиғи забон ва фарҳанги русиро баррасӣ карданд. Тамоюли эҷоди низоми якқутбӣ дар ҷаҳон дар зери бартарияти иқтисодиву низомии ШМА, такя кардан ба ниҳодҳои ғарбӣ ва форумҳои ҳайати маҳдуд дар ҳалли масъалаҳои амнияти байналмилалӣ ҳамчун таҳдид ба манфиатҳои миллии Русия арзёбӣ шуданд. Масоили заиф гаштани нақши Шӯрои Амнияти СММ, ҳамзамон, омодагии Федератсияи Русия “барои рафъи душвориҳои назаррас дар муносибатҳо бо Иёлоти Муттаҳида, нигоҳ доштани муносибатҳои ҳамкориҳои Русия ва Амрико” дар Консепсияи сиёсати хориҷии Русия аз соли 2000 ҷой доштанд. Махсусан, дар бораи таҳкими Иттиҳоди Беларус ва Русия ҳамчун шакли олии ҳамбастагии ду давлати соҳибихтиёр сухан рафтааст. Консепсияи соли 2000 аз нуқтаи назари доктриналӣ барои ҳамаи консепсияҳои сиёсати хориҷии минбаъдаи солҳои 2008, 2013, 2016 ва 2023 асос гардидааст.
Консепсияи сиёсати хориҷии Русия аз соли 2008
15 июли соли 2008 президент Дмитрий Медведев Консепсияи навбатии сиёсати хориҷии Русияро тасдиқ кард. Дар муқаддимаи он гуфта шуда буд, ки ин санад муқаррароти Консепсияи соли 2000-ро пурра ва давом медиҳад. Бори аввал бисёрвекторӣ ҳамчун хусусияти фарқкунандаи сиёсати хориҷии Русия муайян шуд. Дар рӯйхати вазифаҳои асосӣ «ба вуҷуд овардани шароити мусоиди хориҷӣ барои навсозии кишвар (модернизатсия)» ворид карда шудаст. Дар ин Консепсияи навбатии сиёсати хориҷӣ омилҳои муайянкунанда ҳамчун нигоҳ доштани мақоми сазовори Русия дар миқёси ҷаҳон, рушди устувори иқтисодӣ, дигаргуниҳои минбаъдаи сиёсӣ, рафъи тамоюли иқтисоди Русия ҳамчун сарчашмаи ашёи хоми барои кишварҳои хориҷӣ, ва интиқоли он ба роҳи инноватсионии рушд ёд шудаанд.
Бори аввал расман ёд мешавад, ки “Ғарб таъсири худро дар равандҳои глобализатсионӣ аз даст дода истодааст” ва рафтори Русия ба вазъи кунунии муносибатҳои байналмилалӣ вокуниш ва аксуламал ба шиддат гирифтани сиёсати давлатҳои ғарбӣ барои боз доштани Русия мебошанд. Хавфҳои асосӣ ба амнияти байналмилалӣ ин аз қабили риоя накардани принсипҳои асосии ҳуқуқи байналмилалӣ аз тарафи давлатҳои алоҳида, кӯшиши паст задани нақши давлати соҳибихтиёр ҳамчун актори муносибатхои байналмилалӣ, тақсим шудани кишварҳо ба категорияҳои бо “дорои ҳуқуқу уҳдадориҳои гуногун” мебошанд. Бори аввал сухан дар бораи ҳамгироии Авруосиё дар чаҳорчӯби ЕврАзЭС ва Иттиҳоди гумрукӣ сухан меравад. Дар Консепсияи сиёсати хориҷӣ Русия бузургтарин қудрат Авруосиё номида шуд.
Консепсияи сиёсати хориҷии Русия аз соли 2013
12 феврали соли 2013 президент Владимир Путин Консепсияи навбатии таҳриргардидаи сиёсати хориҷии Федератсияи Русияро тасдиқ кард. Муқаррароти умумии он нисбат ба чунин санадҳои қаблӣ тағйироти ҷиддӣ надидаанд. Бори аввал дар Консепсия масъалаҳои дар сиёсати байналмилалӣ татбиқ намудани ба истилоҳ “нерӯи нарм”, ки ҳамчун маҷмуи воситаҳои ҳалли масъалаҳои сиёсати хориҷӣ дар асоси васоиту имкониятҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ, усул ва технологияҳои иттилоотӣ ва коммуникатсионӣ, гуманитарӣ ва усулҳои дигари алтернативӣ ба дипломатияи классикӣ” муайян карда шудаанд, мавриди баррасӣ қарор дода шуда буданд. Дар Консепсия гуфта мешавад, ки дар низоми нави муносибатхои байналмилалӣ, ки ба буҳрони молиявию иқтисодии ҷаҳонӣ дучор шуда буд, Ғарб нақши бартарии худро ҳам дар сиёсат ва ҳам дар иктисодиёт аз даст медиҳад. Иқтидори қувва ва тавозуни рушду тарақиёт ба Шарқ, пеш аз ҳама ба минтақаи Осиё ва уқьёнуси Ором мегузарад. Дар ин радиф, иттиҳодҳои низомию сиёсӣ дигар наметавонанд муқовиматро ба чолишҳо ва таҳдидҳои фаромарзии муосир таъмин кунанд.
Консепсияи сиёсати хориҷии Русия аз соли 2016
30 ноябри соли 2016 Консепсияи навбатии сиёсати хориҷӣ қабул ва тасдиқ гардид. Дар ин санад ду вазифаи нави сиёсати хориҷӣ муайян гардидаанд: яке таҳкими мавқеи Русия ҳамчун яке аз марказҳои бонуфузи ҷаҳони муосир ва дигаре таҳкими мавқеъи ВАО ва иртиботи (коммуникатсияи) васеи Русия дар фазои иттилоотии ҷаҳонӣ. Дар консепсия буҳрони ҷиддии равобити Русия ва кишварҳои ғарбӣ, ки бар асари вусъат ёфтани фишори геополитикии ШМА, НАТО ва Иттиҳоди Аврупо ба вуҷуд омадааст, дарҷ шудааст. Дар ин ҳуҷҷати муҳими сиёсӣ қайд карда мешавад, ки Русия бо ҳифзи манфиати ҳамкориҳои созанда бо Штатҳои Муттаҳида, “эътибори ҳуқуқии ШМА-ро берун аз марзи худ, ки ҳуҳуқи байналмилалиро вайрон мекунанд эътироф намекунад ва кӯшиши истифодаи қувваи ҳарбӣ, сиёсӣ, иқтисодӣ ва ҳуқуқӣ додани ҷавоби муносибро ба фишор, ё амали дигари ғайридӯстонаи ШМА маҳфуз нигоҳ медорад”. Дар байни авлавиятҳои геополитикии минтақавӣ Консепсия бори нахуст зарурати ҳалли сиёсии қазияи Сурия, ҳифзи ваҳдату истиқлол ва тамомияти арзии ин кишвар нишон дода шудааст. Дар ин санад ба таври алоҳида буҳрони Украина зикр гардидааст. Таъкид шуд, ки Русия дар ҳамкорӣ бо тамоми давлатҳои манфиатдор ва сохторҳои байналмилалӣ омода аст барои ҳалли сиёсиву дипломатии низои дохили Украина талош кунад.
Шарти объективии ташаккули модели нави ҳамзистии давлатҳои Аврупо наздикии ҷуғрофӣ, алоқаҳои амиқи таърихан муқарраргардидаи фарҳангӣ, гуманитарӣ ва иқтисодии байни халқҳо ва давлатҳои қисми аврупоии Авруосиё мебошад. Омили асосие, ки ба баэътидол овардани равобити Русия ва кишварҳои аврупоӣ халал мерасонад, ин стратегияи ШМА ва шарикони алоҳидаи он барои ҷудо кардани минтақаи Аврупо аз Русия бо мақсади заиф ва суст кардани рақобатпазирии иқтисоди Русия ва Аврупо мебошад, оварда шудааст дар Консепсия.
Консепсияи сиёсати хориҷии Русия аз соли 2023
Консепсияи навини (охирини) сиёсати хориҷии Русия, ки он 31 марти соли 2023 нашр шуд, маъмулан ҳамчун ҳуҷҷате амал мекунад, ки дастурҳои асосии стратегии дипломатияи Русияро муайян месозад. Дар давоми се даҳсолаи мавҷудияти ба қавл “манифести” асосии сиёсати хориҷӣ (Консепсияи аввалини сиёсати хориҷӣ дар моҳи апрели соли 1993 қабул ва эълон гардидааст) ду усули асосӣ ташаккул ёфтааст: чор Консепсияи аввали сиёсати хориҷӣ – аз солҳои 1993, 2000, 2008 ва 2013 – ҳамчун санадҳои барномавии роҳбарони нави давлатӣ (Б.Н. Елсин, В.В. Путин, Д.А. Медведев ва боз В.В. Путин) пешниҳод шуда буданд, дар ҳоле ки ду нашри охирини ҳамин Консепсия ҳамчун вокуниш ба тамоюлҳои асосии рушди ҷаҳонӣ (глобалӣ) таҳия ва нашр шудаанд.
Баъд аз гузаронидани таҳлили муҳтавои (контент-анализи) Консепсияи нави сиёсати хориҷии Русия барои дар он пайдо кардани маълумот дар бораи Осиёи Маракази ва Тоҷикистон муайян шуд, ки ибораи “Осиёи Марказӣ” танҳо як маротиба дар зербанди 4 банди 49 қисми V омадааст, калимаи “Тоҷикистон” ва номи давлатҳои дигари Осиёи Марказӣ ягон маротиба ёд нашудаанд. Калимаи “Авруосиё” (Евразия) 24 маротиба зикр гардааст. Ибораи “манфиатҳои миллӣ” (национальные интересы) 10 маротиба ва “амнияти миллӣ” (национальная безопасность) 6 маротиба дарҷ гардидаанд.
Навовариҳои Консепсияи сиёсати хориҷӣ аз соли 2023
Вазифаи таҳкимсозии Созмони Милали Муттаҳид, ки хусусан пас аз анҷоми буҳрони геополитикӣ, ки дар натиҷаи тезутунд шудани муносибатҳои байни Русия ва Ғарб ба вуҷуд омадааст, муҳим хоҳад шуд. Шубҳае нест, ки дар ояндаи наздик зарурати таҷдид сохтани СММ бо дарназардошти манфиатҳои мамлакатҳои ғайриғарбӣ ба миён меояд. Раванди ташаккули ҷаҳони бисёрқутбӣ, ки бар ниҳодҳои универсалӣ асос ёфтааст, тӯлонӣ хоҳад буд.
Бори аввал дар Консепсияи сиёсати хориҷӣ ба муборизаи зидди фаъолияти неоколониалӣ, ки дар натиҷа ҳам ба гегемонизми давлатҳои Ғарб роҳ нахоҳад дода шуд ва ҳам мавқеи Русияро дар кишварҳои ҷаҳони ғайриғарбӣ таҳким хоҳад бахшид, диққати асосӣ дода мешавад. Кишварҳои Ғарб воқеияти ҷаҳони бисёрқутбаро рад намуда, сохторҳои универсалӣ, аз ҷумла, Шӯрои Амнияти СММ-ро ба эътибор нагирифта, доираи васеи воситаҳои ҳарбию сиёсиро афзалтар медонанд. Ҳамкории баробарҳуқуқи байналмилалӣ ба Ғарб барои «дар тобеъияти мустамликавӣ нигоҳ доштани тамоми чаҳон» манфиатнок набуда, баръакс халал мерасонад.
Дар соҳаи ҳифзи ҳуқуқ бошад бори аввал ҳимояи манфиатҳои қонунӣ ва ҳуқуқи шаҳрвандони Русия ба мадди аввал гузошта шудааст. Қобили зикр аст, ки дар Консепсияи нав муқовимат ба падидаи номатлуби «русофобия», яъне “ҳисси русбадбинӣ”, равшану возеҳ дарҷ гардидааст.
Аз ҷиҳати тартиб дар Консепсияи нави сиёсати хориҷии Русия давлату иттиҳодҳои хориҷаи наздик мавқеи хос доранд. Баъдан бошад ба Арктика диққату таваҷҷуҳи махсус дода шудааст. Таъкид карда мешавад, ки қитъаи Арктика ба равандҳои милитаризатсионӣ (ҷангӣ) бояд кашида нашуда, роҳҳои баҳрнавардии Шимолӣ ва инкишофи онҳо аҳамияти ниҳоятан бузург пайдо кардааст.
Ба инкишофи ҳамкорӣ бо кишварҳои минтақаи Осиё ва уқёнуси Ором, ҷаҳони Ислом, Африқо, Америкаи Лотинӣ ва ҳавзаи баҳри Карибӣ диққати хос дода мешавад.
Муносибатҳо бо давлатҳои минтақаи Аврупо, Штатҳои Муттаҳида ва шарикони англосаксонии онҳо (Австралия, Канада, Зеландияи Нав) бевосита ба стратегияи амалиёти онҳо вобастаанд. Русия саъй дорад, ки аз афзоиши таҳдидҳоро ба амнияти миллӣ ва соҳибихтиёрӣ дар натиҷаи сиёсати таҷовузкоронаи кишварҳои ғайридӯстона пешгирӣ кунад.
Тартиби авлавиятҳои минтақавии самтҳои сиёсати хориҷии Русияро қитъаи Антарктида анҷом мебахшад. Аслан афзалиятҳои Русия дар ин самт тағйир наёфтаанд. Асоси онро пешгирии милитаризатсия, таъмини устувории экологӣ ва таҳкими ҳузури Русия дар ин қитъа ташкил мекунад.
Ҳамин тариқ, нашри навбатии Консепсияи нави сиёсати хориҷӣ аз қудрати бузург будани Русия дар ҳудуди қитъаи Авруосиё ва минтақаи Уқёнуси Ором бо дороии иқтидор ва захираҳои беканор, кӯшиши нигоҳ доштани мақоми узви доимӣ дар Шӯрои Амнияти Созмони Милали Муттаҳид ва боқӣ мондан ҳамчун яке аз меъморони низоми муносибатҳои байналмилалии муосир ва ғайра шаҳодат медиҳад.
ХУЛОСА
Таҳлили сиёсии Консепсияи нави сиёсати хориҷии Федератсияи Русия ба мо имкон дод, ки онро шартан ба истилоҳ “сегона” ном гузорем, яъне муҳтавои ин санад дар атрофи се мафҳуми меҳварӣ асос ёфтааст: “манфиати миллӣ”, “ҳадафи стратегии миллӣ” ва “амнияти миллӣ”.
Дар санади мазкур ҳамагӣ 76 банд мавҷуд буда, онҳо дар шаш қисм оварда шудаанд. Консепсияи нав дар 42 саҳифа пешниҳод шудааст. Он аз ҷониби Вазорати корҳои хориҷии Федератсияи Русия дар якҷоягӣ бо мақомоти дигари федералии иҷроия таҳия шудааст. Русия дар ин санад ҳамчун “кишвар-тамаддун”, “қудрати бузурги Авруосиё ва Уқёнуси Ором” ва ҳамчунин “ҳомии ҷаҳони рус” номида шудааст. Дар Консепсияи нави сиёсати хориҷӣ Русия худро душмани Ғарб намедонад, вале Амрикоро манбаи воқеии хатару таҳдидҳо ба амнияти миллияш медонад.
Минбаъд, дар низоми муносибатҳои байналмилалӣ муносибати Русия ба давлатҳои дигар ва иттиҳодҳои байнидавлатӣ аз рӯи хусусияти сиёсати онҳо нисбат ба Русия бо шаклҳои/сифатҳои конструктивӣ, бетараф ё ғайридӯстона муайян карда мешавад.
Мақсади Русия аз он иборат аст, ки бехатарии ҳамаи давлатҳо дар асоси принсипи ба ҳамдигар баробар таъмин карда шавад. Барои ҷилавгирии ҳамлаи мусаллаҳона ба худ ва муттаҳидонаш Русия метавонад аз нерӯҳои мусаллаҳи худ пурра истифода барад.
Таҳқиқу таҳлили мо муайян кард, ки афзалиятҳои сиёсати гуманитарии Русия дар хориҷа аз мубориза бо падидаи “русбадбинӣ” (русофобия), ҳифзи забон, фарҳанг, варзиш, калисои православии рус ва ҳифзи ҳақиқати таърихӣ иборат аст.
Барои Русия амиқтар ба роҳ мондани ҳамкориҳо, тақвият бахшидани робитаҳо ва ҳамоҳангсозӣ бо марказҳои ҷаҳонии қудрати соҳибихтиёр, яъне Чин ва Ҳиндустон аҳамияти махсус дошта, мақсади Москва аз вусъат додани ҳамкории байналмилалӣ ва мухолифат нишон додан ба эҷоди ихтилофҳо дар қитъаи Авруосиё ва уқёнуси Ором мебошад.
Дар фарҷом ШМА ва Иттиҳоди Аврупо махсусан ҳамчун давлатҳои ғайридуст зикр ёфтаанд. Ин ҷо, чун сухан дар бораи кишварҳои ғайридӯст меравад, ҳама чиз ниҳоят равшан ва қатъӣ мебошад: самти ҳозираи сиёсати Штатҳои Муттаҳидаи Америка сарчашмаи асосии сиёсати зиддирусиягӣ ва эҷоди хавфи амнияти Русия ва инчунин суботи байналмилалӣ мебошад. Ба Иттиҳоди Аврупо чунин “маслиҳат, ё ҳатто тавсия” дода мешавад, ки он ҳар чи зудтар аз сиёсати зиддирусия даст кашида, мустақилияти бештаре аз Штатҳои Муттаҳида дошта бошад, то ба амният ва некӯаҳволии кишварҳои Аврупо хавфу хатарҳои нав эҷод накунад.
Сарчашмаҳои истифодашуда
Юсуфҷонов Фаридун,
номзади илмҳои сиёсӣ,
ходими илмии шуъбаи Аврупо ва
Америкаи ИОМДОА АМИТ