Таҳлили вазъияти сиёсӣ – иҷтимоӣ ва иқтисодии кишварҳои Осиёи Марказӣ дар соли 2020 ва январи соли 2021

Автор: ИИПСАЕ

Расм

Таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки ба вазъияти сиёсӣ – иҷтимоӣ ва иқтисодӣ, инчунин, самтҳои дигари ҳаёти кишварҳои Осиёи Марказӣ – Тоҷикистон, Узбекистон, Қазоқистон, Қирғизистон ва Туркманистон дар соли сипаришудаи 2020, пандемияи коронавируси COVID - 19 таъсири манфӣ расонид. Ҳамаи кишварҳо соли 2020 – ро дар шароити сахти карантинӣ, яъне сарҳадҳои баста, қатъи рафтуомади байнидавлатии шаҳрвандон, манъи чорабиниҳои байналмилалӣ, ҷорӣ намудани маҳдудиятҳои дигар, гузарониданд.
Новобаста аз ин, дар баъзе давлатҳои минтақа чорабиниҳои муҳими сиёсӣ ба монанди интихоботҳои президентӣ, порлумонӣ ва ғайра, доир гардиданд.

Ҷумҳурии Узбекистон

Муҳимтарин ҳодисаи сиёсии соли гузашта ба ҳайси нозир қабул гардидани Ҷумҳурии Узбекистон ба Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиё ба ҳисоб меравад. Масъалаи мазкур 11 декабри соли 2020 дар рафти ҷаласаи Шӯрои олии иқтисодии АвруОсиё, ки дар реҷаи маҷозӣ (онлайн) доир гардид, мавриди ҳаллу фасл қарор гирифт. Ин проблема ҳанӯз нимаи аввали соли 2019 ба миён омада буд. Он замон Президенти Ҷумҳурии Узбекистон Ш. Мирзиёев доир ба муайян кардани мавқеи кишвараш доир ба масъалаи мазкур ба Порлумони кишвар супориш дода буд. Баъдан, яъне дар давоми соли 2020 Порлумони Узбекистон - Олий Маҷлис проблемаро ҳаматарафа омӯхта, моҳи апрели соли 2020 имконпазир будани ҳамкории кишварро бо Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиё ба ҳайси нозир маъқул донист.
Дар соҳаи иқтисодиёт бошад, хусусан бартараф кардани ҳолати бӯҳронии бо сабаби коронавирус ба вуҷудомада, моҳи сентябри соли 2020 Ҳукумати Ҷумҳурии Узбекистон барномаи густурдаи баъдибуҳрониро оид ба эҳёи иқтисодиёти кишвар дар солҳои 2020 – 2021 қабул кард. Нақшаи татбиқи он ду марҳиларо дарбар мегирад. Марҳилаи якум то охири соли 2020 - ро фаро мегирад. Дар ин муддат устуворгардонӣ ва рушди эҳёи иқтисодиёт дар назар гирифта шудааст. Дар давраи дуюм, яъне соли 2021 ислоҳоти системавии иқтисодиёт ва рушди он ба миқдори 5,0 – 5,5% пешбинӣ гардидааст. Ҳамзамон, ташаккули асосҳои пешгирии рушди қарзи беруна, ба тадриҷ беҳтар гардонидани усулҳои афзоиши сармоягузориҳои хусусӣ ва хориҷӣ, ҳамчун яке аз шартҳои эҳёи баъдибӯҳронӣ ва таъмини рушди босуботи иқтисодиёти кишвар дар дурнамои миёна ва дарозмӯҳлат муайян карда шудааст.
Дар давоми соли 2020 дар баъзе нуқоти ҷумҳурӣ (вилоятҳои Намангон, Сурхондарё ва ғайра) камбуди захираҳои энергетикӣ – гази табиӣ, барқ эҳсос гардид, ки боиси норозигӣ ва эътирозҳои мардуми маҳаллӣ шуданд.

Ҷумҳурии Қазоқистон

Соли 2020 дар Ҷумҳурии Қазоқистон ду интихобот ба Порлумони кишвар – Сенат (палатаи болоӣ) ва Маҷлис (палати поёнӣ) доир гардид.
10 январи соли 2021 интихоботи палатаи поёнии порлумон баргузор гардид, ки дар он ҳизби ҳокими «Нур - Отан» бо беш аз 70 % овоз пирӯз дониста шуд. Вале, ин маъракаи сиёсӣ бе моҷаро наанҷомид. Намояндагони ҳизби ба қайд гирифта нашудаи «Ҳизби демократии Қазоқистон», «Ҳизби умумимиллии соиал – демократии Қазоқистон», ки ба он Мухтар Аблязов аз хориҷ истода роҳбарӣ мекунад, натиҷаҳои интихоботро напизируфта, митинги эътирозӣ ташкил карданд. Ҳамон ҳамон рӯз, яъне 10 январ дар чанд шаҳри Қазоқистон, аз ҷумла Алмато ва Нурсултон намоишҳои эътирозӣ доир шуданд. Пулис даҳҳо нафарро дастгир кард. Танҳо дар Алма-Ато 31 нафар боздошт шудаанд. Даҳҳо тани дигар аз фаъолон дар арафаи интихобот мавриди боздошту ҷаримабандӣ қарор гирифтанд.
Ҳодисаи дигаре, ки ба ҳаёти сиёсии Қазоқистон таъсири манфӣ расонид ин задухӯрди мусаллаҳона байни қавмияти қазоқ ва дунганҳо дар вилояти Жамбил (собиқ Ҷамбул) мебошад, ки 7 ва 8 феврали соли 2020 ба вуқуъ омад. Коршиносону сиёсатшиносон онро ҳамчун зиддияти байниэтникӣ баҳо доданд. Дар натиҷаи ин моҷаро 10 нафар кушта, 43 нафар маҷрӯҳ шуданд. Зиёда аз 10 ҳазор дунганҳои қазоқӣ аз тарси ҷони худ ба Қирғизистон паноҳ бурданд.
Коронавирус ба иқтисодиёти кишвар зарари ҷиддӣ расонид. Дар натиҷа ҳаҷми умумии Маҷмӯи Маҳсулоти Дохилӣ (ВВП) - манфӣ 2, 6 %, таварруми солона дар сатҳи 7,0 – 7, 5% - ро ташкил доданд. Омилҳои асосии рушди иқтисодиётро фаъолнокии сармоягузорӣ дар бахшҳои воқеъӣ, инчунин зиёд гардидани қарздиҳии иқтисодӣ муайян карданд.
 
Ҷумҳурии Қирғизистон

Яке аз ҳодисаи муҳими сиёсии соли 2020 дар Ҷумҳурии Қирғизистон рӯй дода - «инқилоби ранга» - и навбатӣ буд. 5 октябри соли 2020, яъне як рӯз баъд аз интихоботи порлумонӣ, дар шаҳри Бишкек ҳазорон эътирозгарон ҷамъ омада, норозигии худро аз натиҷаи интихоботи мазкур иброз доштанд. Эътирозгарон аз он норозӣ буданд, ки дар рафти интихобот ба тақаллубкориҳои зиёд роҳ дода шуд. Дар натиҷа аз 16 ҳизби ба қайд гирифташуда дувоздаҳтои он ба интихобот роҳ наёфтанд.
Бояд гуфт, ки дар мамлакат то интихобот ҳам вазъияти хеле буғранҷи сиёсӣ ҳукмфармо буд. Вале, натиҷаи интихобот косаи сабри мардумро лабрез сохта, онҳоро ба майдон баровард. Дар давоми се соли президентии худ С. Ҷеенбеков ва тими ӯ натавонистанд, ки кишварро аз бӯҳрони сиёсӣ берун оваранд. Дар ин давра ягон масъалаи иҷтимоӣ ҳалли худро наёфтанд. Ба интихоботи навбатӣ мардум умеди зиёд дошт. Онҳо интизор доштанд, ки интихобот шаффофу одилона баргузор мешавад, ба арсаи сиёсат нафарони нав ва корозмуда қадам мениҳанд. 5 - 6 октябри соли 2020 қисме аз эътирозгарон бинои порлумон ва маъмурияти президентро ишғол намуданд. Гуруҳи дигар ба бинои Кумитаи давлатии амнияти миллӣ ҳуҷум карда, озод кардани А.Отамбоеви дар зиндон бударо талаб карданд.
15 октябр бошад С.Ҷеенбеков оид ба истеъфои худ аз вазифаи президенти кишвар эълон кард. Дар муроҷиатномаи худаш ӯ изҳор дошт, ки дар шароити ба вуҷудомада ӯ намехоҳад, ки дар сафҳаи таърих ҳамчун президенти хунрез ва қотили мардуми худ таҷассум ёбад. Аз роҳбарони мухолифин хоҳиш намуд, ки ба хунрезӣ роҳ надиҳанд ва тарафдорони худро аз майдонҳо бозхонда, оромии кишварро таъмин намоянд.
Дар натиҷаи гуфтушунидҳо байни роҳбарони неруҳои мухолиф ва тавофуқи байни онҳо ҳосилгардида, Содир Ҷаппаров муваққатан иҷрокунандаи вазифаи Президенти Ҷумҳурии Қирғизистон интихоб гардид. 10 январи соли 2021 интихоботи навбатии пеш аз мӯҳлати президентӣ баргузор шуд ва дар он С. Ҷаббаров пирӯзӣ ба даст овард. Дар марҳилаи ҳозира вазъияти сиёсӣ дар кишвар ба эътидол омадааст. Интихоботи порлумони нав дар моҳи майи 2021 доир мегардад.
Вазъияти иқтисодии Ҷумҳурии Қирғизистон дар соли 2020 хеле мушкил натиҷагирӣ шудааст. Пандемия ба ҳамаи соҳаҳои ҳаётан муҳим таъсири манфӣ расонид. Чунончи, ҳаҷмӣ ММД беш аз 8% - ро ташкил дод, ки нишондиҳандаи аз ҳама бадтарин дар зарфи 25 сол мебошад. Аз ҳама бештар соҳаи хизматрасонӣ хисороти зиёд дид, ки ба он 50% - и даромади солона рост меояд. Бо коҳиши иқтисодиёти кишвар, таварруми пулӣ дар моҳҳои ноябр – декабр ба 7, 2 % расид. Ҳукумат натавонист, ки пеши роҳи баландшавии нархи ашёи ниёзи аввалиндараҷаи мардумро пешгирӣ намояд. Савдои хориҷӣ 18, 1 % ва воридот 26, 9 % камтар гардид. Ҳолати бӯҳронӣ на танҳо ба нишондодаҳои макроиқтисодӣ, балки ба зиндагии аҳолии қаторӣ бетаъсир намонд ва онро то 7, 7% поин овард ва ғайра.

Туркманистон

Тибқи маълумоти расмии расонаишуда Президенти Туркманистон Қ.Бердимуҳаммадов 30 декабри соли 2020 ҷаласаи ҷамъбастии кори ҳукуматро гузаронид. Дар он қайд гардидааст, ки пандемия ба фаъолнокии давлат дар соҳаи сиёсати хориҷӣ ва иқтисодиёт ягон таъсир нарасонид. Ҷашнгирии 25 солагии истиқлолият яке аз санаи сиёсии муҳими таърихӣ арзёбӣ шудааст.
Кабинети вазирони кишвар тавонист, ки аз нуфузи коронавируси штамми нав чорабиниҳои пешгирикунандаи саривақтиро биандешад. Назар ба гуфтаи ӯ соли гузашта ҳаҷми истеҳсолот зиёд гардид. Дар ин давра наздики 45 объектҳои калон ба маблағи 7 миллиард манат (қариб 2 миллиард доллари ИМА) ба истифода дода шуданд. Ба миқдори 1,476 миллион тонна гандум ва 1,28 миллион тонна пахта ҷамъоварӣ гардид.
Ба ин нигоҳ накарда, баста гардидани сарҳадҳо бо сабаби карантин, ба тиҷорат ва соҳибкорони хурду миёна зарари сахт расонида, боиси варшикастагии аксарияти онҳо гардид. Дар натиҷа баланд гардидани қимати молу ашё, хусусан маводи хӯрокворӣ, навбатпоии мардум барои дарёфти он, ба қайд гирифта шуд.
Бояд қайд кард, ки бо сабаби сензураи сахти ҷоришуда дастрас кардани маълумоти аниқ оид ба вазъи воқеии сиёсиву – иқтисодӣ Туркманистон дастрас намудан, имконнопазир буд. Назар ба маълумоти баъзе сарчашмаҳои хабарии хориҷӣ, то пандемияи коронавирус ҳам, вазъияти иқтисодиёти Туркманистон тайии се – чор соли охир хеле сангин буд. Арзон гардидани қимати нафту газ дар миқёси байналмилалӣ, боиси рукуди иқтисодиёт кишвар шудааст. Аз ин ҷиҳат дар дохили кишвар истифодаи асъори хориҷӣ манъ гардидааст.
Ба мақсади мубориза бо оқибатҳои пандемияи коронавирус Ҳукумати Туркманистон ду нақша қабул карда. Вале онҳо дастраси умум нагардиданд ва ҷомеаи туркман аз он бехабар аст. Дастрасӣ ба Интернет ҳанӯз ҳам маҳдуд карда шудааст ва зери назорати ҳукумат мебошад.
 
Ҷумҳурии Тоҷикистон

Вазъияти сиёсӣ – иҷтимоии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соле, ки гузашт мисли солҳои пеш суботу устувор буд. Ба пандемияи коронавирус нигоҳ накарда, дар кишвар як қатор чорабиниҳои муҳими сиёсӣ доир гардиданд.
1 марти соли 2020 интихоботи порлумонӣ доир ба интихоби вакилони Маҷлиси намояндагон ва Маҷлиси Миллӣ Маҷлиси Олии Чумҳурии Тоҷикистон баргузор шуд ва ҳамаи 7 ҳизби сиёсии сабтиномшуда дар он иштирок доштанд.
Ҳизби Халқӣ-Демократии Тоҷикистон ғолиби интихобот дониста шуд ва соҳиби 47 курсӣ дар парлумон гардид. Ҳизби аграрӣ соҳиби 7 курсӣ, ҳизби ислоҳоти иқтисодӣ – 5 курсӣ, Ҳизби коммунистӣ - 2 курсӣ, Ҳизби демократӣ – 1курсӣ ва Ҳизби сотсиалистӣ – 1 курсӣ дар парлумон гардиданд. Ба истиснои Ҳизби сотсиал-демократ, тамоми аҳзоби дигар натоиҷи интихоботро эътироф карданд. Худи ҳизби сотсиал – демократии Тоҷикистон натавонист садди 5 % -ро гузашта, ба парлумон роҳ биёбад. Тибқи маълумоти комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсӣ дар интихобот ҳудуди 3,8 миллион нафар ё 75,1% - и афроди дорои ҳаққи раъй иштирок кардаанд.
17 апрели соли 2020 дар ҷаласаи якуми муштараки Маҷлиси намояндагон ва Маҷлиси Миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Рустами Эмомалӣ раиси Маҷлиси Миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб гардид.
11 октябри соли 2020 бошад интихоботи президентӣ доир гардид. Дар он Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат- Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бори дигар Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб карда шуд.
Моҳи октябри соли гузашта нуфусшумории аҳолӣ гузаронида шуд. Дар натиҷаи бозпурсӣ аҳолии кишвар 9, 5 миллион нафарро ташкил дод.
Илова ба ин, ташрифи ҳайатҳои баландпоя - сарвазирони Афғонистон Абдулло Абдулло ва Ҷумҳурии Узбекистон А. Арипов сурат гирифт. Дар натиҷаи ин сафарҳо санадҳои дутарафаи дахлдори байни кишварҳоямон, ҷаласа, форумҳои гуногуни иқтисодию – саноатӣ гузаронида шуданд.
Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли 2021 раёсати СҲШ – ро ба ӯҳда гирифт.
Дар соҳаи иқтисодиёт Ҷумҳурии Тоҷикистон ба дастовардҳои назаррас ноил шуд. Аз ҷумла, ММД 82, 5 миллиард сомонӣ (7,3 миллиард доллари ИМА) – ро ташкил дод, ки назар ба соли 2019 4,5% афзоиш ёфт.
Табодули хориҷии амвол 4, 558 миллиард сомониро ташкил дод, ки назар ба соли 2019 0,8 % зиёд мебошад. Мисли собиқ асоси содиротро сангҳои қиматбаҳо, пахта, семент ва хушкмева ташкил доданд. Дар баробари ин, ҳаҷми воридот 3, 151 миллиард сомониро ташкил дода, 5,9 % коҳиш ёфт. Сабаби асосӣ бо пандемияи коронавирус вобаста аст, ки ба робитаҳои ҳамаҷонибаи кишварҳои минтақа монеъа эҷод намуд.
 
Хулоса

Аз гуфтаҳои дар боло овардашуда чунин хулосаҳо бармеоянд:
1.Дар маҷмуъ вазъи сиёсӣ - иҷтимоӣ ва иқтисодии кишварҳои минтақаи Осиёи Марказӣ, ба истиснои Ҷумҳурии Қирғизистон, муътадил арзёбӣ гардид.
2.Робитаҳои дуҷониба ва бисёрҷониба байни давлатҳои дар сатҳи байналмилалӣ ва минтақавӣ дар режими онлайн сурат гирифтанд.
3.Пандемияи коронавирус COVID – 19 имконият надод, ки баъзе чорабиниҳои сиёсӣ, пеш аз ҳама Форуми 3 – юми сарони давлатҳои Осиёи Марказӣ дар ш. Бишкек баргузор шаванд.
 
Сангинов Н.Н., мудири шуъбаи Осиёи Марказии ИОМДОА АМИТ   
 

НАЗАД