Таълим бо тарбия тавъам аст

Автор: ИИПСАЕ

Расм

 Пешрафти таҳсилу тадрис ва баланд бардоштани сатҳи сифати таълим якеаз ҳадафҳои стратегӣ ва вазифаи муҳими сиёсати давлатии ҶумҳурииТоҷикистон дар соҳаи маориф ба ҳисоб рафта, он дар радифи сохторҳоидигари марбут ба маорифи кишвар, ҳамчунин, тавассути муассисаҳоитаҳсилоти олии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳия, танзим ва амалӣ сохтамешавад.

 Омилҳои баланд бардоштани сатҳи сифати таълим пеш аз ҳама тарбияи маънавии донишҷӯён мебошад, зеро ҳар як донишҷӯе, ки ифтихори миллӣ дорад ва аз таърихи аҷдоди худ бохабар аст, аз ҷиҳати маънавӣ тарбиядида ба ҳисоб меравад. Муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ бинобар мавҷудият ва таъминоташон бо захираҳои зеҳнӣ ва имконоти мусоид дар густариш ва ташаккули самтҳои муайяни ноил шудан ба тайёр намудани мутахассисони соҳибмаълумоту пуртаҷриба чун зинаи муҳими кошиф ва бахши муассири амалисозандаи дастовардҳои навини илму техника дар соҳаҳои хоҷагии халқ, баромад мекунанд. Гироиш ба маънавиёт, рағбат ба таҳсили илм, кӯшиши соҳиб гардидан ба касбу ҳунар ва пешаи арзандае, ки инсониятро ба сӯи шоҳроҳи саодати азалӣ роҳнамун месозад, дар замири ҳар фарди соҳибаќлу солимфикри ҷомеаи мутамаддин дар ҳамаи давру замон новобаста ба вазъи сиёсию иҷтимоии ҷомеаи инсонӣ вуҷуд дошта, омили асосии таҳрику рушди бани башар гардидааст. Маҳз хамин омил боис гардид, ки инсон давра ба давра равзанаҳои нав ба нави донишро пешорӯи худ боз намояд ва андӯхтаҳои хешро аз саҳифаҳои рӯзгор барои хушбахтии наслҳои оянда дар авроқи китобҳо абадӣ сабт созад. Аз ин ҷост, ки мақому манзалати таърихии мактабу маориф дар рушду такомули тамаддуну фарҳанг боло рафта, олимону донишмандон  чун барандагон ва афрӯзандагони машъали илму дониш барои бахту саодати инсонӣ хидматҳои шоиста анҷом додаанд.

Яке аз масъалаҳои мубрами Ҷумҳурии Тоҷикистон тайёр кардани кадрҳои баландихтисос мебошад. Барои ноил гаштан ба ин мақсад сифати таълим дар мактабҳои таҳсилоти умумӣ, махсуси касбӣ ва алалхуссус дар донишкадаҳо бояд ба сатҳи баланд бардошта шавад. Аз ин лиҳоз, чораҳое андешида мешаванд, ки барои баланд бардоштани ҳавасмандии донишандӯзии донишҷӯён кумак расонанд.
Сабабҳои паст будани сатҳи донишандӯзии аксари донишҷӯёни имрӯза, надоштани одати мунтазам машғул шудан ба меҳнати фикрӣ мебошад. Бархе аз донишҷӯён, аз ин сабаб ба дониши кофӣ соҳиб намешаванд ва ҳатто мактаби олиро  хатм намекунанд. Саволе ба миён меояд, ки чаро ќисме аз донишҷӯён дониши кофӣ надоранд ва ба оддитарин саволҳои барномаҳои таълимӣ ҷавоби саҳеҳ дода наметавонанд? Яке аз сабабҳои ин интихоби нодурусти тахассус мебошад. Баъзе донишҷӯён касб ва донишгоҳҳоро на аз рӯи дониш, шавқу ҳавас, қобилият ва огоҳ будан аз нозукиҳои касбҳои мухталиф, балки бо ҳидояти калонсолон ё тибќи назарияи эҳтимолият интихоб мекунанд. Довталаб, масалан, бо интихоби касби иқтисодчӣ – молиячӣ гумон мекунад, ки агар соҳиби диплом шавад, дар бонкҳои тиҷоратӣ, идораҳои молиявӣ, мақомоти андоз, ширкатҳои калон дар вазифаҳои бонуфуз кор мекунад ва бо меҳнати начандон мушкил соҳиби даромадҳои калон мешавад. Мутаассифона, аслан чунин нест. Фаъолияти ҳаррӯзаи иқтисодшинос метавон гуфт, ки мураккабтарин кори фикрӣ аст. Меҳнати иқтисодшинос, хосатан молиячӣ, меҳнати  мунтазами  пуршиддати фикрӣ буда, аз шахсе, ки бо он машғул аст, омӯзиш ва инкишофи дониши худро  талаб мекунад. Чунин меҳнат донишҷӯро водор мекунад, ки дар давраи таҳсил пайваста омӯзад ва худро ба меҳнати пуршиддати оянда тайёр созад.
Баланд бардоштани маънавиёти донишҷӯ ин худ тарбия кардани шахсияти уст. Зери мафҳуми шахсият маънии бузург ниҳон аст. Шахсияти донишҷӯро тавре бояд тарбият намуд, ки дар ниҳоди ӯ ҳисси меҳанпарастӣ, шукргузорӣ аз Ватани маҳбуб ва хештаншиносии миллӣ ҷой дошта бошад. Агар дар замири ҷавонон  ҳисси ватанпарастию ору номусро ҷой кард, он ақидаҳои носолими терроризму экстремизм дар хаёлоти баъзе аз онҳо бунёд намегардад. Мутаассифона, бархе аз ҷавонон мафҳуми ватандӯстиро начандон дуруст дарк кардаанд. Ҷавононро тавре бояд тарбия намуд, ки бо ҳисси баланди худшиносии миллии худ, бо донишу малака ва рафтору кирдори худ номи тоҷикро ба арсаи ҷаҳонӣ бароранд. Мардуми кишварҳои дигар тоҷикро на чун «гастарбайтер» шиносанд, балки ин мафҳум аз шуури онҳо рафта, тоҷикро чун миллати босаводу бофарҳанг донанд.
Воқеан, тарбияи маънавии ҷавонон аз оила сар мезанад ва баъдан зина ба зина аз таъсири ҷамъият ва муҳити  атроф  рушд меёбад. Тарбияи маънавии онҳо агар хуб бошад, сатҳи сифати дониши онҳо низ баланд мегардад. Аз ин рӯ, сатҳи сифати таълим аз тарбия вобастагии бузург дорад. Дар ҳама маврид бо меҳнати фикрӣ машғул шудан мумкин аст, яъне ин ҳама ба тарбияи насли нави босаводу бомаърифат, забондону ботарбия ва аз лиҳози ҷисмонӣ обутобёфтаву солим мусоидат карда, дар ниҳояти кор ба пешрафту ободии Тоҷикистон ва афзоиши обруи он дар арсаи ҷаҳонӣ боис мегардад.
Пас аз ноил гаштан ба Истиқлолияти давлатӣ рушду таҳким ёфтани соҳаҳои илм ва мактабу маориф дар кишвари маҳбубамон неруи бузурги маърифатпарварӣ, созандагӣ, ободкорӣ ва сиришти азаливу таърихии миллати шарафманди тоҷик ва мардуми Тоҷикистонро собит кардааст.

Шарафиддинова Г.Ё. 
котиби илмии Институти 
омӯзиши масъалаҳои 
давлатҳои Осиё ва Аврупои 
АИ ҶТ

НАЗАД