ТАЪЗИЯНОМА

Автор: ИИПСАЕ

Расм

 
  Таслияти кормандони илмии Институти омӯзиши масъалаҳои давлатҳои Осиё  ва Аврупои  АМИТ дар робита бо даргузашти иқтисодшиноси миллӣ, Бостон Собир)
                                                 Умр фарсудиву рафтӣ бо ҳазорон орзу,
    Ёди ту дар дил бимонад то абад марди наку.
     Собиров Бостон ба ҳайси ходими калони илмӣ дар шуъбаи Шарқи Миёна ва Наздики Институти омӯзиши масъалаҳои давлатҳои Осиё ва Аврупои АМИТ фаъолият мекард.
  Шаби 28-уми январи соли ҷорӣ қалби пуршӯру пурорзуи дӯсти ҷавон, иқтисодшинос ва донишманди мо Бостони Собир бармаҳал аз тапидан бозмонд. Хабари марги Бостонро аз тариқи шабакаҳои иҷтимоӣ дарёфтем ва хеле афсурдаву ғамгин шудем. Пас аз даргузашти нобаҳангоми устод Бостон  миёни худ радду бадал мекардем, ки чӣ тур як марди сип-сиҳат дар як они воҳид бидуни беморӣ ва эҳсосу дарди қаблӣ аз дунё дармегузарад. Баъдан дӯстон маълум карданд, ки Бостон шаби 28 январ ҳангоми ҳавохӯрӣ бар асари сактаи қалбӣ вафот мекунад. Афсӯс ва сад афсӯс, ки чунин дӯсту рафиқи шафиқро хеле барвақт аз даст додем.
     Бостон Собир аз табору пайвандони шоири шаҳири тоҷик устод Бозор Собир буданд ва зимни суҳбату нишастҳо аз устоди фақид боэҳтиром ёд мекарданд. Дар ҷараёни диду боздидҳое, ки мо бо Бостон гоҳу ногоҳ, одатан дар утоқи корӣ ва ошхонаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон доштем, шахсияти илмӣ ва муҳимтар аз ҳама, ҷаҳонбинии дунявии ӯ пеши назарамон ҷилва менамуд. Дар баҳсу мунозираҳо Бостон аз мавқеи илмӣ ширкат меварзид ва масоили мавриди назарро, ки бештар ҷанбаи иқтисодиву мафкуравӣ доштанд, бо назокату масъулият матраҳ менамуд. Махсусан, Бостон бар мабнои хешиву пайвандӣ ва мулоқоту дидорҳои зиёд бо Бозор Собир дар суҳбатҳои хусусӣ ва илмию фарҳангӣ дар бораи  дидгоҳи ихтисосӣ, масоили фалсафӣ, сабки суханофаринӣ, тарзи масъалагузорӣ, салиқаи эҷодӣ ва шеваи андешамандии устод иттилооти ҷолиб ироа медошт. Маҳз аз тариқи иттилооти ҷолиби Бостон мо доир ба паҳлуҳои норӯшани зиндагӣ, шахсият ва мухтасоти эҷодии устод Бозор огоҳ шудем.
      Воқеан, дӯсти азизи мо Бостон Собир аз ҷумлаи шахсиятҳои нодири ватанӣ буд, ки  манофеи миллиро дар ҳама ҳолат  дар меҳвари кори фикрӣ, иҷтимоӣ, иқтисодӣ ва маданӣ қарор дода, дар ин роҳ бурдборона умрфарсоӣ кард. Дареғо, Бостон моро хеле бармаҳал тарк кард ва хешону ақрабо, наздикону пайвандон ва дӯстону ҳампешагонро ба ғаму андӯҳи гарон мувоҷеҳ сохт. Ба кулли пайвандон,  наздикон, хешовандон, дӯстон, ҳампешагон ва соири шиносони Бостон самимона таслият арз мекунем.
      Ёдаш ба хайр!
 

НАЗАД