Таъмини амну субот кафили рушди устувори кишвар

Автор: Салимов Акбар

Расм

Таъмини амну субот кафили рушди

устувори кишвар

(аз муҳтавои мулоқоти Пешвои миллат бо фаъолон, намояндагони ҷомеа ва ходимони дин)

Ҷомеаи имрӯзаи сулҳпарвару адолатхоҳи Тоҷикистон тасмиму иқдомҳои самарабахш ва хизматҳои бузургу шоистаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро мушоҳида ва дарк намуда, ба номи шарифу амалҳои мондагорашон арҷ мегузоранд.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар симои сиёсатмадори эътирофшудаи сатҳи ҷаҳонӣ ҳар тасмиму иқдомоти хешро бар пояи хиради сиёсӣ ва ояндабинӣ ба амал мебароранд. Аз ҷумла, бо ибтикори Пешвои миллат, дар ҳошияи ҷашни 30-юмин солгарди қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, соли 2024 ҳамчун Соли “Маърифати ҳуқуқӣ” эълон карда шуд. Чунин тасмиму иқдомоти Роҳбари давлат, дар пасманзари воқеоти ҷаҳони муосир, бархӯрди тамаддунҳо ва рақобатҳои геополитикӣ ва идеологӣ амри муҳимест, ки ҷомеаи кишвари моро ба фазои огоҳии комил аз равандҳои ҷаҳони имрӯза қарор медиҳад. Зеро доштани маърифату тарбияи ҳуқуқӣ ба такмили донишу ҷаҳонбинӣ ва зиракии сиёсӣ мусоидат намуда, ҷомеаро аз ҷараёнҳои хатарзо ва омилҳои номатлуб эмин нигоҳ медорад.

Чуноне ки аз муҳтавои мулоқоти Пешвои миллат бо фаъолон, намояндагони ҷомеа ва ходимони дини кишвар бармеояд, дар даврони соҳибистиқлолии кишвар ва низоми дунявии он қавму миллатҳои гуногун, пайравони дину мазҳабҳои гуногун дар Тоҷикистон эътиқоди динии худро тибқи қонунгузории амалкунанда озодона ва бидуни ягон фишороварӣ ба роҳ мондаанд. Чи тавре ки мо имрӯзҳо мушоҳида мекунем, дар ҳар минтақа ҳар гуна мушкилиҳои миллатгароӣ, бегонапарастӣ, иғвогароӣ, ифротгароӣ, хуруфот ва дигар ҳаракатҳое, ки вазъи сиёсию иҷтимоии ҷомеаро зери хатар мегузоранд, вуҷуд доранд. Яке аз чунин мушкилоте, ки дар Ҷумҳурии Тоҷикистон низ вуҷуд дорад – аз ҷониби ҳаракатҳои террористиву экстремистӣ бо истифода аз шиорҳои динӣ ба сафи худ ҷалб намудани садҳо ҷавонони ноогоҳ ва фикру ақидаашон ташаккулнаёфта мебошад.

Имрӯз ҷангу даргириҳое, ки дар Ховари Миёна ҷараён мегиранд, бозгӯкунандаи онанд, ки дунявият дар миёни мардуми ин минтақа ба таври зарурӣ ҷойгоҳ пайдо накардааст. Табиист, ки аз ин вазъият рӯҳониёни муҳофизакор васеъ истифода бурда, мардумро ба ҳалқаи гумроҳӣ мекашанд. Бинобар ин, давлати дунявӣ ва низоми демократӣ имкони пазириши мардумро дорад новобаста ба дин, мазҳаб, нажод, миллат, ақида, мафкура, андеша ва тафаккур ва муҳимтар аз ҳама, ба ҷомеа шароити интихоби озоди қабулу тарки андеша ва тавсифу интиқоди мунсифонаи ҳар гуна афкорро фароҳам меоварад. Дар давлати динӣ - мазҳабӣ ин падидаи асосӣ ва ҷавҳарӣ вуҷуд надорад ва имкони интихоби озод зери суол аст.

Хушбахтона, Тоҷикистон дар роҳи низоми сиёсии дунявӣ қадам мениҳад ва аз ин интихоби дурусту мантиқӣ мардуми тоҷик зараре надидааст, баръакс, тавассути ин низоми сиёсӣ ба масири тозаи зиндагӣ гом бардошта, ба сӯйи фатҳи қуллаҳои истиқлолияти сиёсию иқтисодӣ ва маданӣ ҳаракат мекунад. Низоми сиёсии дунявӣ ба баробарии инсонҳо дар фаъолиятҳои иҷтимоӣ, фикрӣ, иқтисодӣ ва моддию маънавӣ асос ёфтааст. Бар асоси таҷрибаи таърихӣ ва усулу принсипҳои давлати дунявӣ раҳбарияти давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати беҳбуд бахшидани вазъи иҷтимоӣ, фикрӣ, иқтисодӣ ва фарҳангии мардуми кишвар саъю талош меварзад. Танҳо дар низоми давлати дунявӣ инсон ва дар маҷмӯъ, мардум ҷойгоҳи муносиби иҷтимоӣ касб карда, ҳуқуқи интихоби озодро пайдо менамояд. Ин аст, ки мардуми Тоҷикистон дунявиятро ба сифати сохтор ва низоми дархӯри сиёсӣ, фикрӣ, фарҳангӣ ва иҷтимоӣ пазируфта, дар ин масир пайгирона ҳаракат мекунад.

Боиси нигаронист, ки исломи сиёсӣ дар нимаи дуюми асри ХХ ва ибтидои асри ХХI ба сифати манзараи муҳимтарини мафкуравӣ ва сиёсӣ дар дасти созмону гурӯҳҳои манфиатпеша ва тундгаро қарор гирифта, танишу даргириҳоро дар фазои иҷтимоии кишварҳои зери тавваҷҷӯҳ ба вуҷуд овардааст. Минтақа ва ҷаҳони имрӯз рӯз дар миён ба ҳаводиси даҳшатбори экстремизм, радикализм ва терроризми динӣ-мазҳабӣ дар қолаби исломи сиёсӣ бархӯрд дошта, мақомотҳои расмӣ, ниҳодҳои давлатӣ, ҷомеаи маданӣ ва умуман, мардуми минтақаҳои гуногуни ҷаҳон саъю талош меварзанд, ки дасти дарози даҳшатафкании диниро бигиранд. Аммо, чуноне ки аз вазъи мураккаби ҷаҳони муосир шоҳидем, вазъ на танҳо беҳбудӣ намеёбад, балки рӯз аз рӯз муташанниҷтар мегардад.

Дар раванди ба даст овардани соҳибистиқлолӣ, дар кишварҳои алоҳидаи Осиёи Марказӣ созмону гурӯҳҳои ангезаи исломи тундгаро дошта пайдо гардиданд, ки дар интихоб ва бунёди давлати дунявӣ ақидаву амали мухолиф доштанд. Вале таърихи пайдоиши ҳаракатҳои сиёсии исломӣ аз он гувоҳӣ медиҳад, ки дар Осиёи Марказӣ, асосан дар Тоҷикистон он ҳанӯз пеш аз пош хӯрдани давлати Шӯравӣ ба таври пинҳонӣ дар шакли гурӯҳҳову ҷамъиятҳои алоҳида фаъолият доштааст. Дар замони ба истилоҳ “бозсозӣ” аъзои гурӯҳҳои динӣ дар таъсис додани созмону гурӯҳҳои динӣ-сиёсӣ фаъолона иштирок намуда, аз ҷониби элитаҳои минтақавӣ дар мубориза барои ба даст овардани ҳокимият ва нуфуз истифода мешуданд. Ғавғои исломгароён, рӯҳониён ва дигар диндорон, ки дар атрофи муносибатҳои дину давлат сурат гирифтааст, асосан на барои ҳифзи дину арзишҳои миллӣ, балки барои ба даст овардани мансабҳои идоракунанда дар соҳаи дин, ба ин васила нуфуз ва талаби худро дар ҷомеа ва давлат ҷойгир намудан мебошад.

Яке аз омилҳои асосии ҳодисаҳои нангини солҳои 90-уми асри гузашта, аз ҷумла “Баҳманмоҳи хунин”-и моҳи феврали соли 1990 ва заминагузории он барои ба миён овардани ҷанги шаҳрвандӣ дар Тоҷикистон, маҳз талоши бархе аз уламои кишвар, хусусан саркардагону пайравони наҳзатиёни ифротии қудратталаб буд, ки барои исломикунонии ҷомеаи кишвар аз хориҷа дастгирии ҳамаҷониба мегирифтанд. Президенти кишвар дар мулоқоти навбатии худ бо фаъолон, намояндагони ҷомеа ва ходимони дини кишвар оид ба паёмадҳои ҷанги таҳмилии шаҳрвандии солҳои 90-ум қайд намуданд.

Дар воқеъ ҷанги таҳмилии шаҳрвандии Тоҷикистон аз ҷониби кишварҳои манфиатҷӯй ва ташкилоту созмонҳои байналмилалии мухталифи ба онҳо марбут, барои расидан ба аҳдофи геостратегӣ ва геополитикии худ, аз холигии сиёсӣ ва ақидавии мавҷудаи он вақтаи кишвар, инчунин аз мухолифати ҷойдоштаи дин ва давлат истифода намуда, Тоҷикистонро ба вартаи ҷанг кашиданд.

Ташкилоту гурӯҳҳои террористӣ ва экстремистии муосир барои расидан ба аҳдофи нопоки худ, аз қишри осебпазири ҷомеа, аз ҷавонони камтаҷрибаву ноогоҳ ба маврид истифода менамоянд. Боиси зикр аст, ки афзоиши ҷиноятҳои хусусияти террористӣ ва экстремистӣ дошта ба рушди фаъолшавии созмону ташкилотҳои террористӣ ва ифротгаро такон дода, раванди ҷалби ҷавононро ба сафи чунин ташкилот ва иштироки онҳоро дар амалиётҳои мусаллаҳона ва худкушиҳо (худқурбоникуниҳо) вусъат медиҳад. Таҷрибаву мушоҳидаҳои имрӯза нишон медиҳанд, ки ҷалби тоҷикон ба созмонҳои террористӣ ва анҷом додани амалҳои террористӣ тавассути шабакаҳои иҷтимоии интернетӣ сурат мегирад.

Дар солҳои охир тибқи маълумотҳои ба даст омадаи ВАО-и ватаниву хориҷӣ ҷалби шаҳрвандони тоҷик дар тарҳрезӣ ва анҷом додани ҳамлаҳои террористӣ ва худкушӣ дар манотиқи гуногуни олам рӯ ба афзоиш ниҳодааст. Аз ҷумла, дар кишварҳои Австрия, Олмон, Ҳолланд, Эрон, Афғонистон, Туркия ва дигар кишварҳо мушоҳида мегардад. Қобили зикр аст, ки шаҳрвандони кишварҳои хориҷӣ бо роҳи тақаллубкорӣ ва ё бо роҳҳои дигар шиносномаи хориҷии шаҳрванди Тоҷикистонро ба даст оварда, барои содир намудани ҷиноят ва анҷом додани амалҳои террористӣ аз номи шаҳрванди Тоҷикистон баромад мекунанд, ё ки ҳангоми дастгир гардидан аз онҳо шиносномаи хориҷии шаҳрванди Тоҷикистон пайдо карда мешавад. Зеро дар сурати бозгашт ба ватани аслии худ, барояшон монеа пеш нахоҳад омад ва мавриди таъкиб қарор нахоҳанд гирифт.

Дар ин маврид Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид карда буданд: “Яке аз омилҳои густариш ёфтани ифротгароӣ ва терроризм ин аз ҷониби ташкилотҳои террористӣ васеъ истифода гардидани технологияҳои муосири иттилоотӣ, бахусус, шабакаи интернет бо мақсади пешбурди ташвиқоти экстремистӣ, ба сафҳои худ ҷалб намудани аъзои нав, омода ва роҳбарӣ намудан ба амалҳои харобкоронаи онҳо маҳсуб меёбад”.

Паҳнкунандагони ғояҳои радикалӣ маводи иттилоотии худро аксар вақт бо истифода аз таҷҳизоту техникаҳо ва мутахассисони муосир, ки дар тайёр намудани маводу барномаҳои истисноӣ барои ҷалби хонанда равона карда шудааст, муаррифӣ менамоянд. Баъдан, маводу ахбороти тарғиботиро тавассути форумҳои пӯшида ё аъзоёни гурӯҳҳояшон, ки ақидаи онҳоро лозим мешуморанд, ба кишварҳои гуногуни олам паҳн менамоянд. Онҳо бошанд дар навбати худ маводҳоро дастраси доираи васеи мардум мегардонанд. Ифротгароён ва тундагароён кӯшиш менамоянд, ки шумораи зиёди одамонро ба худ ҷалб кунанд, то қисме аз мардум мубталои ғояи онҳо шаванд ва дигарон аз имконоти доштаи террористону ифротгароён битарсанд. Баробари ин, ташвиқоту тарғиботи ақоиди террористӣ ё ифротӣ бештар мақсаднок ба истифодабарандагоне равона карда мешавад, ки дар мадди аввал аз ҷавонони руҳафтода, онҳое, ки мехоҳанд ҳарчи зудтар ба муваффақиятҳои зиёд ноил гарданд, иборат бошад.

Шабакаи ҷаҳонии Интернет ба як муҳити истисморкунандае шабоҳат дорад, ки барои ба зери таъсири манфии он наафтодан истифодабаранда бояд дониши мукаммали муоширати самаранок, донистани асосҳои ҳуқуқии иртиботи оммавӣ, инчунин маҳорати таҳлил намудани маълумотҳои дорои аломатҳои тундгаро ва ифротиро дошта бошад. Боиси қайд аст, ки маълумот ва фаъолияти дорои хусусияти экстремистиро танҳо суд муайян мекунад. Бо вуҷуди ин, аломату нишонаҳои маълумотҳои хусусияти ифратгароидоштаро бояд фарқ кард ва аз онҳо бояд бархӯрдор буд.

Бо истифода аз шуури номукаммали ҷавонон зери намуди “мубодилаи афкор” дар шабакаи Интернет ифротгароён метавонанд ташвиқот баранд, тарафдорони нави худро ба сохторҳои террористӣ ҷалб кунанд ва шумораи “ҳамақидаҳо”-и худро зиёд намоянд.

Дар роҳи муқовимат бо терроризму экстремизм, роҳҳои пешгирии шомилшавии ҷавонон ба созмонҳои террористӣ ва экстремистӣ бояд эътиқод ё ақидаи ҷавононро ҳанӯз аз синни мактабӣ ташаккул дод. Омӯзгор дар ин марҳила бояд аз усулҳо, шаклҳо ва технологияҳои таълимӣ истифода барад, ки ба ташаккули андешаву афкори инсондӯстонаи хонандагон нисбат ба рӯйдодҳои сиёсиву иҷтимоӣ, ҳодисаҳои табиат ва ҳаёт мусоидат намояд. Донишҷӯ бошад дар асоси эътиқод муносибати худро ба ҳодиса ва рӯйдодҳо ифода намуда, ба он баҳогузорӣ менамояд. Ба ташаккули эътиқод ҷониби волидон, воситаҳои ахбори омма ва муҳити таълимӣ таъсири калон мерасонад. Эътиқод асосан он ғояҳое мебошанд, ки барои донишҷӯён шахсан муҳиманд ва онҳо метавонанд дар ҳаёти воқеӣ татбиқ шаванд. Эътиқод дар робита ба “дигарон” ҳам мусбат ва ҳам манфӣ буда метавонад. Масалан, маргталабе, ки ҳамлаи террористӣ анҷом медиҳад, муътақид аст, ки ӯ ҳақ аст ва ба идеалҳои дини худ содиқ аст. Мутаассифона, террористони муосир бештар ҷавононанд, ки оила ва ё мактаб натавонистаанд дар ин афрод ҷаҳонбинии инсондӯстонаро ташаккул диҳанд. Раванди ташаккули ҷаҳонбинӣ дар асоси ақида ва эътиқод дар тӯли ҳаёти инсон мушоҳида мегардад. Баъзан одамон дар эътиқоди худ мисли устухони карахтшуда намехоҳанд, ки пас аз тағйир ёфтани шароити зиндагии худ, дигар шаванд. Ҷалби ин гуна одамон ба созмону гурӯҳҳои террористӣ ва экстремистӣ хеле осон аст, зеро онҳо дар воқеияти гирду атроф аломатҳои мусбиро фарқ карда наметавонанд (ё дидан намехоҳанд) ва будани онҳо дар чунин созмонҳо барояшон ба маврид аст, чунки дар баробари дар зеҳнашон ҷой додани тарсу ҳарос ва фикру ақидаҳои бад, моҳирона идора карда мешаванд.

Боиси қайд аст, ки баробари паҳншавии идеологияи тундгароӣ ва ифротгароӣ дар ҷомеаи имрӯза, муҳити динӣ бештар осебпазир гаштааст. Мухолифати ақидавии дохилимазҳабӣ, ҷудошавии он ба қисматҳо, барангехтани кинаву адовати динӣ-нажодӣ, нокифоя будани донишҳои динии аҳли ҷомеа, андешаҳои бегонапарастӣ ва раванди бошиддати ҷаҳонишавӣ падидаҳое мебошанд, ки имрӯз муҳити динӣ ба як муҳити тундгаро ва ифротгаро мубаддал гаштааст.

Дар воқеъ, терроризму ифротгароӣ, таассуби диниву хуруфотзадагӣ, барангехтани кинаву адовати динӣ-мазҳабӣ, шомилшавии ҷавонон ба ҳаракату ҷараёнҳои террористӣ-ифротгаро тамоюлоти хатарноки ҷаҳони муосир эътироф гардидааст. Воситаи асосии таъмини сулҳу суботи Тоҷикистони ҳуқуқбунёд, демократӣ, дунявӣ ва ягонаро дар ба эътибор нагирифтани фарҳангу идеология, мазҳабу равияҳои динии ба ҷомеаи мо бегона, ки талоши пайвастани динро бо сиёсат ва мақсади бунёди давлатӣ исломиро дорад, дидан мумкин аст.

Аз ин лиҳоз, ҷиҳати пешгирӣ намудани роҳҳои ташвиқу тарғиби идеологияи бегона ва тундагароии динӣ, дар шароити тезутунд гардидани вазъи сиёсии ҷаҳони муосир ҷавононро зарур аст, ки бо дастгирии ҳамаҷонибаи сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳушёриву зиракии сиёсии худро аз даст надода, дар рӯҳияи садоқат ба халқу Ватан, эҳтирому арҷгузорӣ ба арзишҳои миллӣ ва дастгирии ҳамаҷонибаи сиёсати Ҳукумати Тоҷикистон бо шиори “Тоҷикистон ба пеш” ҳомии сулҳу субот ва марзу буми кишвар бошанд.  

Салимов А.Ҳ.

ходими калони илмии шуъбаи

Иттиҳоди давлатҳои мустақил

НАЗАД