Тараннуми таърихӣ ба 76-умин солгарди истиқлолияти Ҳиндустону Покистон

Автор: Рахмонов Мирсаид

Расм

Минтақаи Осиё аз қораи бузуртарин дар ҷаҳон маҳсуб меёбад. Инҷо бо тамоми арзишҳову манобеи табииаш дорои аҳамиятҳои стратегӣ буда, омӯзишу баррасии он хело муҳим арзёбӣ мегардад. Лиҳозо рушд ва суботи минтақавии Осиё аз ҷониби муҳаққиқон ва коршиносон доимо мавриди таҳлилу таҳқиқ қарор гирифта, то ҳол идома дорад. Зеро эҷоди амну субот ва рушд дар Осиё ягона воситаи инкишоф, беҳбудӣ, тиҷорат ва савдо дар минтақа ва ҷаҳон мебошад.

Бояд зикр кард, ки Тоҷикистон бо дарёфти истиқлолият санаи 9-уми сентябри соли 1991 ҳамкориҳои дипломатии худро бо Ҳиндустону Покистон хуб ба роҳ монда, дар чаҳорчӯбаи созишномаҳову лоиҳаҳои минтақавӣ муносибатҳои ҳасана дорад.

Ҳамасола нимаи моҳи август солгарди истиқлолияти Ҳинду Покистон аз асорати Бритониё ҷашн гирифта мешавад. Ба ин муносибат назару баррасиҳои муҳаққиқонро роҷеъ ба таърихи Ҳиндустону Покистон ва рӯйдодҳое, ки боиси тақсимшавӣ пас аз Раҷи Бритониё шуданд пешкаши хонандагону дӯстдорони адабу таъриху дипломатия мегардад. Дар ин зимн, Элен Тернер муҳаққиқ аз Донишгоҳи Миллии Австралия, коршиноси адабиёти Осиёи Ҷанубӣ андешаҳояшро дар бораи таърих ва омилҳои озодшавии ин ду кишвар мавриди омӯзиш қарор додааст. Нигорандаи сатрҳо низ чандин баррасиҳоро дар ин мавзуъ дорад, ки дар мақола ироа гардидааст.

Бритониёи Кабир корбарии худро дар Минтақаи Ҷануби Осиё аз ҷумла Ҳиндустон аз асри XVII пайгирӣ кард. Вақте ки императори Муғул Ҷаҳонгир дар соли 1617 ба ширкати бритониёӣ (the British East India Company) иҷоза дод, то дар Ҳиндустон тиҷорат кунад. Ҳарчанд ин ширкат дар ибтидо ба муқовиматҳо дучор шуд, аммо он оҳиста-оҳиста ба таҳкими қудрати иқтисодӣ ва сиёсии худ дар ин кишвар шурӯъ кард. Он чизе ки ба таҳкими мавқеи ширкат мусоидат кард, ин буд, ки Ҳиндустон ба зершоҳигариҳои сершуморе аз ҷумла Муғулҳо ва Маратҳо тақсим карда шуд, ки қисматҳои гуногуни субконтинентро ҳукмронӣ мекарданд. Ин маънои онро дошт, ки ширкат тавонист аз шикастҳо ва ташаннуҷҳои маҳаллӣ истифода кунад ва равиши "тақсим ва ҳукмронӣ"-ро истифода барад, ки дар натиҷа он то соли 1850 қисми зиёди Ҳиндустонро зери назорат гирифт.

Соли 1857 сарбозони ҳинду, ки дар ин ширкат кор мекарданд, ба таври оммавӣ исён бардоштанд, ки он чанд моҳ давом кард. Дар натиҷа Монархияи бритониёӣ таҳти сарварии малика Виктория замини ширкати “Бритиш Ҳиндустон”-ро зери назорат гирифт ва ба давлатҳои шоҳзодаи минтақа нуфуз пайдо кард.

Дар нимаи дуюми асри XIX ва нимаи аввали асри ХХ, Бритониё захираҳои Ҳиндустонро зери назорат гирифт. Дар ҳоле ки сармоягузории зиёд ба инфрасохтор, сарвати Ҳиндустонро ба Бритониё ва лоиҳаҳои ҷаҳонии мустамликавии он интиқол медод.

Дар натиҷа, аҳолии Ҳиндустон ба гуруснагӣ дучор шуда, даҳҳо миллион нафар кушта шуданд. Дар авҷи империяи Муғулҳо дар охири асри XVII Ҳиндустон бузургтарин қудрати иқтисодӣ дар ҷаҳон буд. Аммо вақте ки он соли 1947 истиклолияти худро аз нав ба даст овард, хеле нодору бенаво буд. Дар ҷараёни тазоҳуроти осоишта дар боғи Ҷаллианвала Бағ дар Амритсар, нерӯҳои бритониёӣ тамоми баромадгоҳҳоро баста оташ кушоданд, ки дар натиҷаи он беш аз ҳазор нафар ба ҳалокат расиданд.

Ҳамин тариқ, дар аввали асри ХХ муқовимат ба ҳукмронии Бритониё дар саросари Ҳиндустон ташаккул ёфт. Дар ҳоле ки ҳаракати сулҳомези Маҳатма Ганди дар бораи ҳамкорӣ накардан ва муқовимат дар сатҳи байналмилалӣ маъруфият пайдо мекард, шахсиятҳои дигар ба монанди Бҳагат Сингҳ ва Субҳас Чандра Бозе муборизаи мусаллаҳонаро тарғиб карданд ва дар замони ҷанг бо душманони Бритониё ҳамкорӣ карданд.

Ҷанги Дуюми Ҷаҳонӣ (1939-1945) барои ҳаракати афзояндаи истиқлолият нуқтаи гардиши асосӣ буд. Конгресси миллии Ҳинд дар соли 1942 Ҷунбиши тарки Ҳиндустонро оғоз карда, аз ҳамкорӣ бо бритониёиҳо дар давраи ҷанг то ба даст овардани истиқлолияти Ҳинд худдорӣ кард. Пас аз ҷанг, шӯришҳо қисмҳои Ҳиндустони артиши Бритониёро фаро гирифтанд. Гарчанде ки инҳо саркӯб карда шуданд, захираҳои Бритониё дар охири Ҷанги Дуюми Ҷаҳонӣ ба таври ҷиддӣ тамом шуд ва Бритониё дигар наметавонист талабҳои Ҳиндустонро барои истиқлолият сарфи назар кунад.

Ҳамин тариқ, дар аввали соли 1947 эълон карда шуд, ки ба Ҳиндустон истиқлолият дода шавад, аммо ин миллати нав чӣ гуна хоҳад буд, ҳанӯз норавшан буду кашмакашҳо вуҷуд доштанд.

Бояд зикр кард, ки Маҳтама Ганди дар соли 1921 пешвои муборизаҳо барои истиқлолият шуд. Ҳодисаи Ҷаллианвала Бағ ӯро водор кард, ки дар мубориза барои озодӣ нақши бузургтареро ба уҳда гирад ва дар тӯли чанд сол ҷунбиши беитоатии шаҳрвандӣ дар саросари кишвар маъмул гашт.

Маҳтама Ганди ба “мубориза бидуни зӯроварӣ” ё “аҳимса” бовар дошт ва ҳаракати ҳамкорӣ накарданро оғоз кард. Аз ҳиндуҳо дархост кард, ки минбаъд аз молҳои ширкати бритониёӣ харидорӣ накунанд.

Ба далели афзоиши нооромиҳо дар кишвар байни ҳиндуҳо ва мусулмонон, нақшаи тақсими Ҳиндустони мустамликавӣ ба ду кишвар яъне, Ҳинду Покистон эълон карда шуд. Ганди ба ягонагӣ боварӣ дошт, аммо натавонист, ки тақсимоти кишвар ба Ҳиндустон ва давлати нави Покистон ва муҳоҷиратро, ки боиси талафоти миллионҳо нафар гардид, боздорад.

Ихтилофоти байни ҳиндуҳо ва мусулмонон аз ҷониби равиши бритониёӣ "тақсим ва ҳукмронӣ" ташвиқ карда мешуд. Мусулмонон дар Ҳиндустон ақаллият буда, баъзе роҳбарон аз он хавотир буданд, ки Ҳиндустоне, ки ҳокимони ҳинду бартарӣ дорад, барои онҳо чӣ маъно хоҳад дошт. Ганди даъват кард, ки ду гурӯҳи мазҳабӣ якҷоя кор кунанд.

Раҳбари гурӯҳи сиёсии Лигаи мусулмонон Муҳаммад Алӣ Ҷиноҳ боварӣ дошт, ки мусулмонон дар дохили Ҳиндустон лозиманд. Бо вуҷуди ин, хушунати густурда байни ҳиндуҳо ва мусулмонон дар моҳи августи соли 1946 дар Калкутта оғоз ёфт ва баъдтар дар саросари Ҳиндустони Шимолӣ паҳн шуд. Дар рӯзи амалиёти мустақим, ки бо номи куштори бузурги Калкута маъруф аст, мусулмонон дар Калкатта корпартоӣ (ҳартал) карданд, то ба давлати нави Покистон фишор оваранд. Эътироз боиси бадтарин рӯзҳои ошӯбҳои ҷамъиятии Бритониёи Ҳинд гардид.

Гарчанде ки аксарияти аҳолии Ҳиндустон таҳти роҳбарии Раҷи Бритониё ҳиндуҳо буданд, аммо дар баъзе музофотҳо (иёлотҳо) аксариятро мусулмонон ташкил мекарданд. Ба далели нооромиҳои сиёсӣ дар ин кишвар, Бритониё тасмим гирифт, ки Ҳинд бояд тақсим шавад, то сарзамини ҷудогона барои мусалмонони ҳиндӣ бунёд кунад.

Аммо маълум набуд, ки кадом вилоятҳо ба кадом кишвар ҳамроҳ шаванд. Дар ин зимн, ба баъзеҳо ҳуқуқи интихоб дода шуд, дар ҳоле ки қисмате аз музофотҳои Ассам, Бангол ва Панҷоб ба Ҳиндустон ва дигаре ба Покистони нав тақсим карда шуданд.

Пас аз тақсимшавӣ Муҳаммад Алӣ Ҷиноҳ нахустин генерал-губернатори Покистон шуд ва Ҷавоҳирлол Неҳру нахустин президенти Ҳиндустон таъйин шуд. Аллома Муҳаммад Иқбол як дурандеши дигаре буд, ки идеяи ҷудоии мусулмонон аз Ҳиндустонро пешбарӣ мекард. Иқбол дар муроҷиатномаи худ ба президент 29 декабри соли 1930 дар Аллоҳобод идеяи доштани давлати мустақилро пешниход кард.

Ганди, ки қавитарин ҷонибдори як кишвари муттаҳид буд, дар соли 1948 аз ҷониби як мутаассиби динии ҳиндуҳо, ҳамагӣ як моҳ пеш аз он ки охирин қӯшунҳои бритониёӣ аз Ҳиндустон берун шаванд, тирборон шуд.

Ҳуқуқшиноси бритониёӣ бо номи Сирил Рэдклифф, ки ҳеҷ гоҳ ба Осиё пой нагузошта буд, даъват карда шуд, ки сарҳадҳои байни ду кишварро танзиму тартиб диҳад. Рэдклифф чанд рӯз пеш аз тақсимшавӣ ба Ҳиндустон омаду нақшаи фаврӣ тартиб дод, ки аз тарсу ҳаросҳо он махфӣ нигоҳ дошта мешуд.

Ҳамин тариқ, нимаи моҳи августи соли 1947 ба Ҳиндустон ва давлати нави Покистон истиқлолият дарёфт карданд. Аммо танҳо пас аз ду рӯз ҳар ду кишвар аз марзҳои нав огоҳ шуданд. Ҳафтаҳо ва моҳҳое, ки то тақсимшавӣ мегузашт, сатҳи бесобиқаи ошӯб, хушунат, талафоти молу мулк, таҷовуз ба номус, одамрабоӣ ва куштор мушоҳида мешуд. Зӯроварӣ дар ду нимаи Панҷоб бадтар буд, зеро ҳиндуҳо ба як самт ва мусулмонон ба самти дигар мерафтанд, сикҳҳо ва ақаллиятҳои дигар дар миёна мемонданд. Дар натиҷа чандин одамон кушта ва миллионҳо муҳоҷир гаштанд.

Ҷойҳое, ки аксарияти аҳолии ҳинду буданд, аз ҳар тарафе бо Ҳиндустон иҳота мешудаанд. Аммо минтақаи Кашмир дар байни Ҳиндустон ва Покистон мемонад. Гарчанде ки ҳокими Кашмир ҳинду буд, аксарияти кашмириҳо мусулмон буданд. Дар ин зимн, Маҳараҷа Ҳари Сингҳ тасмими ниҳоиеро интихоб карда натавонисту бетараф монданро ихтиёр кард.

Дар ин маврид моҳи октябри соли 1947 ошӯби шаҳрвандӣ дар атрофи Кашмир паҳн шуд ва қабилаҳои паштун аз шимолу ғарби Покистон барои забт ва ҳамла ҷалб карда шуданд. Ҳари Сингх ночор ба Ҳиндустон гурехт ва аз ҳукумат ёрӣ талаб кард. Ӯ Кашмирро ба Ҳинд супорид, ки дар натиҷаи он ҷанги аввал миёни Покистону Ҳинд бар сари он рух дод. Ҳамин тариқ, дар соли 1949 бо миёнҷигарии СММ оташбас байни ҳар ду кишвар ба имзо расида, хатти назорати сарҳад (Line of Control)-и Кашмир муйян карда шуд.

Хулоса, санаи 14-уми август истиқлолияти Покистон ва 15-уми август истиқлолияти Ҳиндустон бо шаъну шукӯҳи миллӣ таҷлил мегардад. 

Кишварҳои Тоҷикистону Ҳиндустону Покистон узви фаъоли СММ, МҲТБО, Созмони ҳамкории Шанхай ва СТҶ буда, дар масоили мубрами минтақа ва ҷаҳон нақши муҳиму созанда мебозанд.

Бо ворид шудани Ҳиндустону Покистон ба СҲШ ин ду кишвари стратегии минтақа метавонанд муноқишаҳоро дар партави эҳтироми ҳамсоягӣ, дӯстии хуби муассисону муборизони роҳи озодӣ (Муҳаммад Алӣ Ҷиноҳ ва Маҳатма Ганди) ва таҷрибаҳои созандаву созгори саноативу тиҷоратии ҷаҳонӣ канор гузошта, ҳамкорӣ намоянд.

Илова аз он ҳар ду кишвар аз таҷрибаи мактаби сулҳу созандагии Тоҷикиситон истифода карда дар партави формулаи эҷодшудаи камина “PEACE” ё ба ибораи дигар

Promotion-тарвиҷу тарғиби сулҳу суботу созандагӣ

Economization-сарфаҷӯии иқтисодӣ ва рушди микроэкономика ва макроэномикаи он

Activation-фаъолсозии барномаву лоиҳаҳову ташаббусҳо

Cooperation-ҳамкорӣ, ҳамсоягӣ ҳамзистӣ

Elimination-маҳву бартарафсозии хатарҳои ҷомеа мардумони минтақа ва ҷаҳонро ОЗОДУ ОБОДУ ОРОМ нигоҳ доранду ҳамкориҳоро тақвият дода идома диҳанд.

Зеро ин кишварҳо дорои имконот ва иқтидори зиёде ҳастанд, ки метавон дар ояндаи наздик аз онҳо истифода кард. Як нуктаро бояд зикр кард, ки мардумони сарзамини Осиёи Ҷанубӣ ба сабаби васл ва часпиши забони урду, ки духтари нозанини забони тоҷикӣ-форсӣ мебошад, ба мардуми Осиёи Миёна, хусусан Тоҷикистон пайванди ногусатанӣ доранд, ки ин барои равобити иҷтимоӣ, адабӣ ва фарҳангӣ байни тамоми мардуми минтақа чун манбаи иртиботии дипломатияи мардумӣ нақши калидӣ мебозаду минтақаро дар партави озодиву осоиштагиву оромӣ ва рушди иқтисод, тиҷорат ва саёҳат миёни мардумони ҳамдигар нигоҳ медорад.

 

Мирсаид РАҲМОНОВ,

таҳлилгар, ходими калони илмии

Институти Осиё ва Аврупои АМИТ

 

НАЗАД