ТАШАББУСИ ПАНҶУМИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ТАҶАССУМГАРИ НУФУЗУ ЭЪТИБОРИ БАЛАНДИ КИШВАР ДАР АРСАИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ

Автор: ИИПСАЕ

Расм

  Имрӯзҳо яке аз мушкилоте, ки сайёра дучори он аст, масоили норасоии оби тоза ва ошомиданӣ ба ҳисоб меравад. Аз ин лиҳоз, ҳалли ин масъала дар арсаи ҷаҳонӣ ниҳоят муҳим ва саривақтӣ аст.
  Мусаллам аст, ки тағйирёбии глобалии иқлим ба сифати яке аз мушкилоти муосир, пеш аз ҳама, ба ҳолати пиряхҳо, захираҳои барф ва об таъсири манфӣ мерасонад. Бинобар ин, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон вобаста ба ин масоили муҳим ва мубрам, ки хислати ҷаҳонӣ дорад, аз минбарҳои созмонҳои байналмилалӣ ва минтақавӣ борҳо суханронӣ намуда, ҷиҳати пешгириву ҳалли он таъкид кардаанд. Чуноне аз баёни худи Пешвои миллат равшан аст “Ҷомеаи ҷаҳонӣ хуб дарк мекунад, ки коҳиш ва харобшавии минбаъдаи манбаъҳои обҳои ошомиданӣ дар сайёра метавонад аҳли башарро ба фалокатҳои зиёди ҷонӣ, иҷтимоӣ ва иқтисодӣ дучор намояд. Аз ин лиҳоз, ба ҷомеаи ҷаҳонӣ лозим меояд, ки барои ҳалли ин масоили глобалӣ ҳарчи зудтар чораҳои зарурии муштаракро таҳия ва татбиқ намояд”.
  Боиси хушнудӣ ва истиқболу сарфарозист, ки 14 декабри соли 2022 Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид ташаббуси панҷуми Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар соҳаи об якдилона бо қабули қатъномаи махсуси худ тасдиқ намуд ва тибқи ин қатънома соли 2025 ҳамчун Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо эълон гардид. Яъне, қабули чунин қатънома шаҳодати идомаи татбиқи ташаббусҳои байналмилалии Тоҷикистон дар мавзӯи обу иқлим мебошад.
  Бояд тазаккур дод, ки дар асоси қатъномаи мазкур, пешниҳодҳои ироашудаи Президенти кишвар аз ҷониби кишварҳои узви СММ дастгирӣ ёфтанд, аз ҷумла:
  - Эълон гардидани 21 март ҳамчун Рӯзи байналмилалии ҳифзи пиряхҳо;
  - Эълон шудани соли 2025 ҳамчун Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо;
  - Дар назди СММ таъсис додани Фонди боварии байналмилалӣ барои саҳмгузорӣ ба ҳифзи пиряхҳо;
  - Дар соли 2025 доир намудани Конфронси байналмилалӣ оид ба ҳифзи пиряхҳо дар ш.Душанбе.
  Аз ин рӯ, Қатъномаи номбурда аҳаммияти умумибашарӣ дошта, пиряхҳоро ҳамчун ҷузъи таркибии даври гидрологӣ ва таъсири ҷиддии обшавии босуръати онҳоро ба иқлим, муҳити зист, саломатии инсон ва рушди устувор қайд намудааст. Инчунин дар ин санад таъкид шудааст, ки таъсири гармшавии глобалӣ боиси қоҳиши густурдаи криосфера шудааст, ки дар натиҷа устуворӣ дар минтақаҳои баландкӯҳҳо кам шуда, миқдору мавсими маҷрои об ва захираҳои обро дар ҳавзаҳои дарёҳои барфу пиряхдор тағйир додааст. Ин омил ба паст шудани маҳсулоти маҳаллии кишоварзӣ, афзоиш ёфтани норасоии об ва баланд шудани сатҳи миёнаи баҳрӣ таъсир расонида истодааст.
  Боиси таъкид аст, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар арсаи олам ҳамчун роҳбари ташаббускор ва нақшгузор дар ҳалли мушкилоти глобалӣ эътироф гардидаанд. Илова бар ин, дар ибтидои асри XXI муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон яке аз аввалин роҳбароне ҳастанд, ки ба баррасӣ ва ҳалли мушкилоти кишвари худ ва ҳамчунин, иктишофи роҳи дурусти ташаккул барои ояндаи башарият таваҷҷуҳи хосса зоҳир намудаанд. Ин аст, ки дар арсаи ҷаҳон роҳбарони кишварҳои пешрафтаи олам ва намояндагони созмонҳои байналмилалӣ ташаббусҳои Эмомалӣ Раҳмонро хеле хуб истиқбол ва пуштибонӣ менамоянд.
  Ба тариқи хулоса метавон зикр намуд, ки муҳокима ва баррасии тамоми масъалаҳои марбут ба мудирияти захираҳои об, тарҳрезии талошҳои байналмилалӣ барои ҳалли мушкилоти таъмини дастрасии ҳамагонӣ ба оби тозаи ошомиданӣ ва роҳандозии ҳамкорӣ дар ҳама сатҳҳо бо иштироки фаъоли Ҷумҳурии Тоҷикистон сурат мегиранд. Мутмаинем, ки Ташаббуси оянда саҳифаи нав барои ноил гардидан ба ҳадафҳои дар сатҳи байналмилалӣ мувофиқашуда дар соҳаи захираҳои об хоҳад буд. Аз ин рӯ, мебояд тадбирҳои муассирро дар сатҳи миллӣ, минтақавӣ ва байналмилалӣ барои расидан ба ҳадафҳои ин Ташаббуси байналмилалӣ таҳия ва амалӣ кард. Дигар ин ки, қабули ин қатънома ва ташаббуси панҷуми Ҷумҳурии Тоҷикистон бозгӯи нуфузу эътибори баланди кишвару Роҳбари мо дар сатҳи байналмилалӣ аст.

АРДАМЕҲР АШУРОВ
ходими пешбари илмии
шуъбаи Аврупо ва Америка
 
 

НАЗАД