Ташаккули ”Гурӯҳи Вишеград” ва ҳамроҳшавии давлатҳо ба он

Автор: ИИПСАЕ

Расм

  Гурӯҳи Вишеград, ки бо номи чаҳоргонаи Вишеград (минбаъд В4) маъруф аст, иттиҳоди чаҳор кишвари Аврупои Марказӣ: Ҷумҳурии Чехия, Ҷумҳурии Маҷористон, Ҷумҳурии Полша ва Ҷумҳурии Словакия мебошад.
  Гурӯҳи Вишеград дар натиљаи мулоќоти президентњо ва нахуствазирони се кишвари собиќ сотсиалистї - Лех Валенса (Полша), Ватслав Њавел (Чехословакия) ва Йозеф Антал (Маљористон) 15 феврали соли 1991 дар шањри Вишегради Маљористон ташкил шудааст ва дар он декларатсияи муштарак оид ба ҳамгироӣ ба сохторҳои Аврупо ба имзо расидааст.
  Ин иттиҳодро баъзан “троикаи Вишеград” ё “секунҷаи Вишеград” низ меномиданд, зеро дар ибтидо ба он ҳамагӣ се аъзо дохил шуда буд - ҳоло ин истилоҳ қабул нест, аммо баъзан истифода мешавад. Пас аз тақсим шудани Чехословакия ба Ҷумҳурии Чехия ва Словакия соли 1993 иттиҳод ҳамчун чаҳоргонаи Вишеград маъруф шуд.
  Бояд қайд кард, ки ҳама аъзои гурӯҳи Вишеград 1 майи соли 2004 ба Иттиҳоди Аврупо дохил шуданд. То аввали солҳои 2020 ҳамкориҳои В4-ро метавон ташаббуси возеҳтарин дар Аврупои Марказӣ номид. Мақсади асосии ин ҳамкориҳо дар робитаи мутақобила дар ҳама самтҳо - нишастҳои сиёсӣ бо коршиносон ва дипломатҳо; фаъолияти иттиҳодияҳои ғайридавлатӣ дар минтақа; марказҳои таҳлилӣ ва мақомоти таҳқиқотӣ мебошад.
  Ҳамкориҳо байни вазоратҳои дахлдор ин як қисми муҳими фаъолияти  В4 мебошад, новобаста аз он ки он дар сатҳи вазирон ё гурӯҳҳои муштараки коршиносон сурат мегирад. Дар айни замон як қатор лоиҳаҳои муштарак, аз ҷумла дар соҳаҳои фарҳанг, муҳити зист, амнияти дохилӣ, мудофиа, илму маориф амалӣ мешаванд. Ҳамзамон, ҳамкорӣ дар соҳаи адлия, нақлиёт, туризм, технологияҳои иттилоотӣ низ тақвият дода мешавад. Мавзӯи муқовимат ба ифротгароии сиёсӣ, ки аз ҷониби ифротгароёни радикалӣ ва сиёсатмадорони аврупоӣ ба онҳо наздик пешбарӣ карда мешавад, низ аз ҷумлаи чунин ҳамкориҳоянд. Бо вуҷуди ин, ин мубоҳисаҳо бо нашри ягон баёния ё эъломияи расмии муштарак ба анчом нарасидааст.
  Кишварҳои аъзои гурӯҳи Вишеград мехоҳанд бо ҳамсояҳои наздики худ ва бо дигар кишварҳои манфиатдор ва созмонҳои минтақавӣ ё созмонҳое, ки самтҳои мушаххаси ҳамкорӣ бо онҳо ба манфиатҳои умумӣ ва дар рӯҳияи ҳамкориҳо мувофиқанд, ҳамкорӣ намоянд.
  Ҳамкории Вишеград институтсионалӣ нест. Он танҳо ба принсипи вохӯриҳои даврии намояндагони он дар сатҳҳои гуногун (аз мулоқотҳои сарони сарвазир ва сарони давлатҳо то машваратҳои коршиносон) асос ёфтааст. Саммитҳои расмии В4 ҳар сол баргузор мешавад. Дар байни ин нишастҳо яке аз кишварҳои В4 вазифаи раисиро дорад, ки барои таҳияи нақшаи солонаи чорабиниҳо масъул аст.
  Ягона созмон дар платформаи В4 ин Бунёди байналмилалии Вишеград мебошад. Фонд, ки соли 2000 бо мақсади дастгирии рушди ҳамкорӣ дар соҳаи фарҳанг, табодули илмӣ, тадқиқотӣ, таълим, табодули донишҷӯён ва рушди ҳамкориҳои фаромарзӣ ва пешбурди сайёҳӣ таъсис ёфтааст, ҷанбаи шаҳрвандии ҳамкории В4-ро муаррифӣ мекунад. Дар бештари мавридҳо фонд барои фаъолияти созмонҳои ғайридавлатӣ ва афроди алоҳида маблағ ҷудо мекунад ва ҳамасола маблағи ҳаққи аъзогӣ аз ҷониби ҳукуматҳои мамлакат ба фонди  гурӯҳи Вишеград зиёд мешавад.
  Хулоса, гурӯҳи Вишеград ҳамчун ниҳоди ғайрирасмӣ торафт низоми бештареро касб намуда, дар ҳамгироӣ ва ҳамкории пайвастаи кишварҳо ва созмонҳои алоқаманд саҳми назаррас мегузорад.
 
Адабиёти истифодашуда:
1.Зашкильняк Л. О., Крикун М. Г., История Польши: с древнейших времен до наших дней. - Львов: Издательство Львовского национального университета. Франка, 2002. — С. 668.
2.https://ria.ru/20160916/1477182310.html (санаи мурочиат 05.01.2022)
3.https://ru.wikipedia.org/wiki/Вишеградская_группа (санаи мурочиат 05.01.2022)
4.https://translated.turbopages.org/proxy_u/en-ru.ru.3c3ab81a-61e64a45-5.https/en.wikipedia.org/wiki/Visegrád_Four (санаи мурочиат 11.01.2022)
 
Юсуфӣ Ф.Ш.
ходими хурди илмии
шуъбаи Аврупо ва Амрико

НАЗАД