ТАШАККУЛИ ИТТИҲОДИ ДАВЛАТҲОИ МУСТАҚИЛ ВА ШАКЛГИРИИ НИЗОМИ НАВИ МУНОСИБАТҲОИ БАЙНАЛХАЛҚӢ ДАР ФАЗОИ ПАСОШӮРАВӢ (дар ҳошияи 30-солагии таъсисёбӣ)

Автор: ИИПСАЕ

Расм

  Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил ин ташкилот ва созмони минтақавию байналхалқии калонтарин дар минтақаи пасошуравӣ ба ҳисоб меравад. Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил моҳи декабри соли 1991 бо мақсади мусоидат ба раванди ҳалли масъалаҳои муҳимтарин дар марҳилаи ташаккули давлатҳои мустақил ва ҳифзи робитаҳои таърихии кишварҳои аъзо таъсис дода шуд. Иттиҳод (ИДМ) дар марҳилаи кунунӣ ба сифати фазои мусоид ҷиҳати таҳкими муколамаҳо байни кишварҳои узв, роҷеъ ба муҳокимаю баррасии масоили сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва гуманитарӣ фаъолият мекунад. 8 декабри 1991 дар Вискул, иқоматгоҳи Ҳукумати Белорус дар «Бешазори Беловежская» роҳбарони давлатҳои Белорус, Русия ва Украина Созишнома дар бораи таъсиси Иттиҳоди давлатҳои мустақилро ба имзо расониданд. 21 декабри 1991 дар Алмато (Қазоқистон) ба ғайр аз Гурҷистон ва кишварҳои соҳили Балтик, роҳбарони 11 давлати соҳибистиқлол Протоколи Созишномаи мазкурро ба имзо расониданд, ки дар он таъкид гардидааст: Ҷумҳурии Озарбойҷон, Ҷумҳурии Арманистон, Ҷумҳурии Белорус, Ҷумҳурии Қазоқистон, Ҷумҳурии Қирғизистон, Ҷумҳурии Молдова, Федератсияи Русия, Ҷумҳурии Тоҷикистон, Туркманистон, Ҷумҳурии Ӯзбекистон ва Украина «бар мабнои баробарҳуқуқӣ ва ҳамчун Тарафҳои Мувофиқ Иттиҳоди давлатҳои мустақилро таъсис медиҳанд». Дар он марҳила ҳамчунин Эъломияи Алмато қабул гардид.[1]
  ИДМ дар асоси Оинномаи аз ҷониби Шӯрои сарони давлатҳо 22 январи соли 1993 қабул гардида, амал менамояд. Давлатҳои аъзои Иттиҳод субъектҳои мустақил ва баробарҳуқуқи байналмилмилалӣ мебошанд. Иттиҳод пеш аз ҳама ба равнақу ривоҷ ва пойдории муносибатҳои дӯстӣ, ҳамҷаворӣ, ризоияти байни миллатҳо, боварӣ, ҳамфикрӣ ва ҳамкории муфиди байни давлатҳо хизмат мекунад ва ваколати фавқулмиллӣ надорад.
  Моҳи сентябри соли 1993 сарони кишварҳои ИДМ дар бораи таъсис додани Иттиҳоди иқтисодӣ Шартнома имзо карданд, ки он ба консепсияи тағйири шакли ҳамкории хоҷагӣ дар доираи Иттиҳоди давлатҳои мустақил бо дарназардошти дигаргуниҳои воқеӣ асос ҷой дода шудааст. Асоси Шартнома аз тарафи иштироккунандагонаш дарк кардани зарурати ташаккули фазои умумии иқтисодиест, ки ба интиқоли озоди мол, хизматрасонӣ, қувваи корӣ, сармоя; таҳия кардани сиёсати мувофиқашудаи пулию қарзӣ; наздик кардани усулҳои танзими фаъолияти хоҷагидорӣ, муҳаё намудани шароитҳои мусоид барои инкишофи равобити мустақими истеҳсолӣ бунёд меёбад.[2]
  Аз гуфтаҳои боло бармеояд, ки мову шумо бояд дар мафҳуми Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил минбаъд ташкилоти байналхалқиеро дар назар дошта бошем, ки он бо назардошти талаби замона, бе истифода аз зӯроварӣ, бо риояи талабу дархостҳои меъёрҳои байналмилалӣ ва тасмими мустақилонаи давлатҳои аъзо, дар алоҳидагӣ бунёд гардидааст ва ҳамчун сохтори олимақом, ба сиёсати дохилии давлатҳои аъзо дахолат накарда, муносибатҳои иқтисодии байни давлатҳои аъзои онро танзим менамояд.
  Иттиҳодияҳои минтақавии интегратсионӣ ба монанди созмонҳои байналмилалии давлатҳо дастгоҳҳои умумии идоракуниро аз қабили машваратӣ, иҷроия, маъмурӣ, судӣ доранд, ки фаъолияти онҳо барои ташкили иттиҳодияи сиёсӣ мусоидат менамояд. Яке аз тамоилҳои навтарини рушди созмонҳо ва иттиҳодияҳои минтақавии байналмилалӣ ин бунёди мақомотҳои байнипарлумонӣ мебошад, ки онҳо вазифаҳои машваратиро иҷро карда, омили демократикунонии муносибатҳои байналмилалӣ мебошанд. Айнан чунин мақом Ассамблеяи байнипарлумонии ИДМ мебошад.
  Ҳанӯз дар даҳсолаи аввали мавҷудияти ИДМ асоси меъёрӣ-ҳуқуқии аъзои он ба вуҷуд оварда шуд. Якчанд ҳуҷҷатҳо ба истифодаи потенсиали иқтисодии мамлакатҳои аъзои иттиҳод равона шудаанд. Бо вуҷуди ин як қатор созишномаҳо қисман ё ҳатто пурра иҷро намешуданд. Аз ҷумла, он амалиёти ҳуқуқие, ки бе онҳо ҳуҷҷатҳои имзошуда эътибори ҳуқуқии байналмилалӣ надоранд, иҷро намешаванд. Ин пеш аз ҳама аз тарафи парлумонҳо ва ҳукуматҳои миллӣ тасдиқ шудани созишномаю шартномаҳо буда, боиси он мегардад, ки баъзе аз давлатҳои аъзои ИДМ уҳдадориҳои гирифтаашонро иҷро намекарданд.
  Дар солҳои охир як қатор давлатҳои аъзои ИДМ ва Иттиҳоди Аврупо алоқаҳои байниҳамдигариро бо ба роҳ мондани муколамаи сиёсӣ, иқтисодӣ ва фарҳангӣ мустаҳкам намуданд. Дар ин ҷода созишномаҳо дар бораи шарикӣ ва ҳамкории дутарафа байни Россия, Украина ва дигар давлатҳои ИДМ бо Иттиҳоди Аврупо, ҳамчунин фаъолияти сохторҳои байнипарлумонӣ ва байниҳукуматӣ манфиатнок буданд. Қарори Иттиҳоди Аврупо аз 27 апрели соли 1998 дар бораи эътирофи мақоми бозории корхонаҳои Россия, ки ба бозорҳои Аврупо маҳсулот содир мекунанд, дар ин самт хеле муҳим буд.
  Дар ҳамон шароит ИДМ барои нигоҳ доштани алоқаҳо, содироту воридоти маҳсулот тамоми имкониятҳоро истифода бурд ва ин барои ҳалли масъалаҳои баҳснок тамоми шароитҳои заруриро ба вуҷуд овард.
  Аз ин хотир ин давра барои мамлакатҳои аъзои ИДМ аз ҷиҳати рушд ва навшавии раванди интегратсияи мамлакатҳои аъзои иттиҳод самаранок буд. Раванди эҷоди қонунҳо муносибати мамлакатҳои аъзои ИДМ-ро ба иттиҳод тағйир дод.
Дар шароити имрӯза дар дохили ИДМ якчанд иттиҳодҳои сиёсӣ ва иқтисодии минтақавӣ ба вуҷуд омадаанд. Иттифоқи Белоруссия ва Россия, Иттифоқи Белоруссия, Қазоқистон, Қирғизистон ва Россия, иттиҳоди дохилии Осиёи Марказӣ (Ӯзбекистон, Қазоқистон, Қирғизистон) ва шарқиаврупоӣ (Украина, Молдавия) аз ҷумлаи онҳо мебошад.
  5-октябри соли 2007 дар рафти саммити ИДМ дар шаҳри Душанбе Консепсияи рушди минбаъдаи ИДМ ва Нақшаи чорабиниҳои асосии амалӣ гардонидани он қабул карда шуданд. Кишварҳо дар доираи Иттиҳоди давлатҳои мустақил ба воситаи мақомоти зерини асосии ҳамоҳангсоз-Шӯрои сарони давлатҳо, Шӯрои сарони ҳукуматҳо, Ассамблеяи Байнипарлумонӣ, Кумитаи Иҷроия ва Кумитаи Байнидавлатии иқтисодии Иттиҳоди иқтисодӣ ҳамкорӣ мекунанд.[3]
  24 марти соли 1994 тибқи қатъномаи 48/237 Ассамблеяи генералии СММ Иттиҳоди давлатҳои мустақил ба ҳайси нозир пазируфта шуда, 3 августи соли 1994 мувофиқи моддаи 102 Оинномаи СММ, Оинномаи ИДМ ҳамчун созишномаи байналмилалии бисёрҷониба дар Котиботи СММ ба қайд гирифта шуд. Иттиҳоди давлатҳои мустақил ҳамчун созмони минтақавии байналмилалӣ эътироф гардида, дар ҳамоишҳои бузурги сатҳи байналмилалӣ иштироки фаъол дорад.
  Дар тӯли зиёда аз 30 соли фаъолияти якҷояи иқтисодӣ ва сиёсии кишварҳои иштирокчии Иттиҳод пойгоҳи мустаҳками ташкилию ҳуқуқиро бунёд карданд, ки имконият дод дар муддати кӯтоҳ буҳрони системавӣ паси сар гардад, суръати пешрафти иқтисодӣ баланд шуда, ҳаҷми савдои байниҳамдигарӣ афзояд. Стратегияи рушди иқтисодии ИДМ дар давраи то соли 2020, ки кишварҳои иштирокчии Иттиҳод маъқул донистаанд, соли ҷавонони ИДМ эълон кардани соли 2009 ва ҳамчунин муайян кардани ҳамкорӣ дар соҳаи энергетика ҳамчун соҳаи асосии ҳамкории кишварҳои иштирокчии ИДМ барои равандҳои ҳамгироӣ, тавсеаи ҳамкории мутақобилан судманд, баланд бардоштани дараҷаи некӯаҳволии халқҳои давлатҳо омили муҳими иловагӣ мегарданд ва минбаъд ба иттиҳоди тавонои минтақавӣ ва объекти муқтадири системаи хоҷагидории ҷаҳонӣ табдил ёфтани Иттиҳод мусоидат хоҳад кард.[4]
  Ҳамкорӣ дар доираи Иттиҳод тавассути мақомоти оинномавии он, аз ҷумла, мақомоти олии Шӯрои сарони давлатҳо, Шӯрои сарони ҳукуматҳо ва Шӯрои вазирони корҳои хориҷӣ ба роҳ монда шудааст. Қароргоҳи Кумитаи иҷроияи ИДМ дар ш.Минск ва шуъбааш дар ш. Москва ҷойгир шудаанд. Дар қатори мақомоти дар боло зикр гардида, дар ИДМ зиёда аз 70 сохтори соҳавӣ вуҷуд доранд, ки робитаҳои муштараки давлатҳои узвро дар соҳаҳои муҳими фаъолияти ИДМ ҳамоҳанг менамоянд. Мувофиқи Оинномаи ИДМ ҷаласаҳои мақомоти олии Иттиҳод - шӯроҳои сарони давлатҳо, сарони ҳукуматҳо ва шӯрои вазирони корҳои хориҷӣ мунтазам на камтар аз ду маротиба дар як сол баргузор мегарданд.[5]
  Дар давоми 30-соли фаъолияти Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил Ҷумҳурии Тоҷикистон аз марҳилаи аввали таъсисёбӣ, узви комилҳуқуқи он буда, усул ва санадҳои появии онро эътироф менамояд ва мушорики фаъоли равандҳои ҳамгироӣ мебошад. Дар сиёсати хориҷии хеш, Ҷумҳурии Тоҷикистон ба рушди устувори муносибатҳои дуҷониба ва бисёрҷониба бо давлатҳои узви ИДМ аҳамияти вижа медиҳад. Аз замони таъсиси Иттиҳод, давлатҳои узв пояи устувори ҳуқуқӣ ташкил додаанд, ки имкони дар фосилаи кӯтоҳ аз буҳрони системавӣ баромадан ва сабаби рушди иқтисод ва тавсеаи савдои мутақобиларо фароҳам намуд. Дар доираи ИДМ Тоҷикистон тақрибан 2 ҳазор санади қабулшударо ба имзо расонидааст, ки шумораи умумии он то имрӯз қариб 3 ҳазорро ташкил медиҳад. Аз он санадҳо қарорҳои Шӯрои сарони давлатҳо - 400, Шӯрои сарони ҳукуматҳо - зиёда аз 1000 ва Шӯрои вазирони корҳои хориҷӣ - 200 ададро ташкил медиҳад. Ҷумҳурии Тоҷикистон аз рӯзи таъсисёбии (20 июни с.2000) Шӯрои намояндагони доимии давлатҳои узви ИДМ, дар кори он иштироки фаъол менамояд.
  Нақши муҳимро дар ҳамшарикии гуногунҷанбаи давлатҳои ИДМ, ҳамкорӣ дар соҳаи гуманитарӣ мебозад. Тоҷикистон яке аз иштирокдорони фаъол дар соҳаи ҳамкории гуманитарии давлатҳои узви ИДМ мебошад. Дар ин самт Тоҷикистон аз 88 санади мавҷуда, 53 адади онро ба имзо расонидааст. Моҳи майи соли 2006 дар Душанбе зимни нишасти Сарони ҳукуматҳо фонди байнидавлатии ҳамкорихои гуманитарӣ бунёд карда шуд. Тоҷикистон фаъолияти Шӯро оид ба ҳамкориҳои гуманитарии давлатҳои узви ИДМ ва Раёсати фонди байнидавлатии ҳамкориҳои гуманитарии давлатҳои ИДМ-ро ҷонибдорӣ менамояд. Шаҳри Душанбе мизбони ду нишасти муштараки Шӯрои гуманитарии ҳамкорӣ ва Раёсати Фонди байнидавлатии гуманитарии ҳамкорӣ буд. Ҷумҳурии Тоҷикистон ташаббусгари пешниҳод ҷиҳати эълон намудани соли 2008 ҳамчун Соли хониш ва адабиёт дар ИДМ мебошад. Бо дастгирии Раёсати фонди байнидавлатии ҳамкориҳои гуманитарии давлатҳои ИДМ дар доираи ҷашнвораи 1150-солагии асосгузори адабиёти тоҷик Абуабдуллоҳи Рудакӣ, асарҳои безаволи ӯ бо се забон нашр ва дар китобхонаҳои давлатҳои ИДМ тақсим гардид. Ғайр аз ин, китобҳои дарсии забони русӣ барои мактаббачагони давлатҳои ИДМ, аз ҷумла Тоҷикистон, ба табъ расид. Раёсати фонди байнидавлатии ҳамкориҳои гуманитарии давлатҳои ИДМ аз силсилаи “Адабёти классики ИДМ” (Классика литератур СНГ), ду ҷилди онро дар бораи Ҷумҳурии Тоҷикистон чоп кард.[6]
  Соли 2011 барои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил фаромушнашаванда буд, зеро 20 сол аз таъсисёбии Иттиҳод қайд гардид. Боиси рамзи фараҳмандист, ки дар он сол раисии ИДМ ба Тоҷикистон гузашт. Тоҷикистон ба сифати раисикунанда дар ИДМ, Консепсияи раисии худро матраҳ намуд, ки татбиқи амалии мақсадҳои консептуалӣ ва стратегии рушди ИДМ-ро, ки дар санадҳои қабулшуда дарҷ гардидаанд, ба инобат гирифта буд. Дар Консепсияи раисӣ чунин меъёрҳои муҳим, чун мубориза бар зидди ғояҳои ифротгароӣ, терроризм, экстремизм ва таҳаммулнопазирӣ ва андешидани чораҳои муштарак барои бартарафсозии оқибатҳои буҳрони молиявию иқтисодии ҷаҳонӣ ҷой дода шуд. Дар маҷмуъ Консепсияи раисии Тоҷикистон бо тавозунии мавқеъҳо ва рафтори пайгирона зимни ҳалли масъалаҳои мавҷуда аз дигар консепсияҳо фарқ мекард. Дар ҷаласаи Шӯрои сарони ҳукуматҳо (19 майи с.2011, Минск), ки онро Сарвазири Тоҷикистон раисӣ мекард, нақшаи чорабиниҳо ҷиҳати гузаронидани Соли амнияти саноатӣ тасдиқ гардида, тарҳи пешакии Барномаи байнидавлатии ҳамкориҳои иноватсионии давлатҳои узви ИДМ барои соли 2020 маъқул дониста шуда, қадами муҳим ҷиҳати баимзорасонии Аҳднома дар бораи минтақаи савдои озод гузошта шуд.[7]
  Сентябри соли 2011 дар Душанбе ҷаласаи навбатии Сарони давлатҳои ИДМ таҳти раисии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон баргузор шуд. Зимни он ҷаласа ба муносибати 20-солагии таъсисёбии ИДМ изҳороти Сарони давлатҳо қабул гардида, маърӯзаи таҳлилии “Ҷамъбасти фаъолияти ИДМ дар 20 сол ва вазифаҳо барои оянда” ва нақшаи байнидавлатии “Пойтахти фарҳангии Иттиҳод” муҳокима карда шуд.
  Санаи 21.03.2021 дар Театри давлатии академии опера ва балети Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ бо иштироки Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ маросими ифтитоҳи расмии эълон гардидани “Душанбе-пойтахти фарҳангии Иттиҳод-2021” баргузор гардид. Дар маросими ифтитоҳи расмии эълон гардидани “Душанбе-пойтахти фарҳангии Иттиҳод-2021” намояндагони Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, кишварҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил, бародаршаҳрҳо, корпуси дипломатӣ, созмонҳои байналмилалӣ ва минтақавии муқими шаҳри Душанбе, роҳбарияти вазорату кумитаҳо, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе, раёсату идораҳо, муассисаҳои таҳсилоти миёна ва олии касбӣ, коршиносон, ширкатҳои сайёҳӣ ва намояндагони васоити ахбори омма иштирок намуданд. Дар оғози барнома муовини Раиси Кумитаи иҷроия - котиби иҷроияи Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил Бекетжан Жумангулов ва директори иҷроияи Бунёди байнидавлатии ҳамкориҳои гуманитарии кишварҳои аъзои ИДМ Анатолий Иксанов дар бораи таърих ва аҳамияти барномаи байнидавлатии “Пойтахтҳои фарҳангии Иттиҳод” суханронӣ намуда, Сертификати эълон гардидани “Душанбе-пойтахти фарҳангии Иттиҳод-2021”-ро ба Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ супориданд. Баъд аз қабули Сертификат Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ суханронӣ намуда, намояндагони кишварҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил, бародаршаҳрҳо, намояндагиҳои корпуси дипломатӣ, созмонҳои байналмилалии муқими шаҳри Душанбе ва меҳмонону иштирокдорони барномаи мазкурро барои ташрифашон ба пойтахти азизу маҳбуби Тоҷикистон- шаҳри Душанбе хайрамақдам гуфта, барои интихобу эълон намудани “Душанбе-пойтахти фарҳангии Иттиҳод-2021” ба роҳбарону масъулини барномаи байнидавлатии “Пойтахтҳои фарҳангии Иттиҳод” сипосгузорӣ намуданд. Маврид ба зикр аст, ки Барномаи байнидавлатии “Пойтахтҳои фарҳангии Иттиҳод”, бо мақсади муаррифии фарҳангу тамаддун, имкониятҳои сайёҳӣ ва тавсеаи ҳамкориҳои мутақобилан судманди давлатҳои мазкур роҳандозӣ карда шудааст. Имрӯз муносибатҳои байналхалқӣ дар фазои пасошӯравӣ хислатҳои гуногунро ба роҳ монда истодааст, ки мамлакатҳои дар Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил шомилбуда, бо ҳамдигар муносибатҳои дипломатӣ барқарор намуда, ба рушду инкишофи ҳама гуна соҳаҳо дастгири якдигар мебошанд.
  Бо мурури замон ҷаҳон дар тағйирот аст, бинобар ҳамин муносибатҳо дар фазои пасошӯравӣ низ дар тағйирот аст ва бинобар ҳамин кишварҳо кӯшиш аз он менамоянд, ки дар баробари мамлакатҳои пешрафта худро муаррифӣ намуда, бо ин гуна кишварҳо муносибатҳои ҳасанаро ба роҳ монанд. 
  Дар марҳилаи кунунӣ Иттиҳоди давлатҳои мустақил бо фаъолияти воқеии худ, аҳамиятнокӣ ва устувориашро собит менамояд. Пояи ҳуқуқию меъёрии пурмазмун таҳия гардида, механизми ҳамкориҳо ва низоми равобити муштарак дар иқтисод, соҳаи фарҳанг ва таҳкими суботу амният роҳандозӣ шудааст. Бо назардошти ин метавон фаъолияти ИДМ ро ҳамчун созмони муваффақ ва нақши онро дар густариши равандҳои ҳамгироӣ, пешгирии таҳдидҳо ба амнияти милливу минтақавӣ, рушди иқтисоду сармоягузорӣ, илму фарҳанг байни кишварҳои аъзо мусбӣ арзёбӣ кард.

Мирзоев Н.М.
сарходими илмии
шуъбаи Осиёи Марказӣ
Мирзоев Ҳабибҷон
ходими калони илмии шуъбаи
Осиёи Ҷанубӣ ва Шарқӣ
  
[1] Шушкевич С.С. Об образовании Содружества Независимых Государств -СПб, 1993
[2] Содружество Независимых Государств. Документы. Соглашение о создании СНГ от 8 декабря 1991 г. [Электронный ресурс] // Исполнительный комитет СНГ.
 [3] Зиёдуллоев Н  ИДМ: таҷриба ва натиҷаҳои даҳсола. Андешаи холии асри - XXI. - Соли 2002 - N 4. –саҳ-49-62
[4] Сатирян С. Интеграция стран СНГ: трудности и перспективы взаимодействия XXI век [текст]: // Проблемы теории и практики управления. – 2001. – № 3. – С. 33-37
[5] Дурнамои рушди Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил дар остонаи асри XXI // Ҷаласаҳои Санкт-Петербург Форуми иқтисодии -98 / таҳлили Ахбори Шӯрои Федератсия. - Соли 1998 - № 14 (81).
[6] Зиёдуллоев Н  ИДМ: таҷриба ва натиҷаҳои даҳсола. Андешаи холии асри - XXI. - Соли 2002 - N 4. С-74
[7] Зиёдуллоев Н  ИДМ: таҷриба ва натиҷаҳои даҳсола. Андешаи холии асри - XXI. - Соли 2002 - N 4. с-61

НАЗАД