ТАШАННУҶИ АВЗОЪ БАЙНИ РОССИЯВУ ҒАРБ

Автор: ИИПСАЕ

Расм

   Бино бар иттилои хабаргузории РИА Новости, вазири корҳои хориҷии Австрия Карин Кнайссл изҳор доштааст, ки омодаанд, барои коҳиши ташаннуҷ миёни Россия ва Ғарб, ки дар заминаи «парвандаи Скрипал», рух додааст, миёнҷӣ шаванд,

   Ҳамчунин, ӯ таъкид намудааст, ки Австрия дипломатҳои Россияро хориҷ нахоҳад кард. Вазир истинод ба он кардааст, ки дар Вена Созмони амният ва ҳамкорӣ дар Аврупо мустақар аст ва ҳар панҷшанбе вохурии кишварҳои узв баргузор мешавад, ки дар он масъалаҳои муҳим, аз ҷумла масъалаҳои байни Шарқ ва Ғарб, баррасӣ мегардад. Дар сурати хориҷ кардани дипломатҳои Россия гуфтугӯ ғайриимкон хоҳад гардид.

    Ташаннуҷ, баъд аз он ки 4-уми марти соли равон полковники собиқи Хадамоти ҷосусии Россия Сергей Скрипал ва духтарашро дар яке аз хиёбонҳои шаҳри Солсбери Британия дар ҳолати беҳушӣ аз маводи саммӣ пайдо карданд, пайваста авҷ мегирад. Нахуствазири Британияи Кабир Тереза Мей инро аз Россия дониста, иддао кард, ки ҳодиса бо гази «Новичок»-и мутааллиқ ба ин кишвар анҷом шудааст. Аммо Россия ин иттиҳомро қатъиян рад карда, онро бепоя ва хулосаи орӣ аз буҳрону далел мехонад ва талаб дорад, ки тафтишот бо ширкати мутахассисони марбутаи байналмилалӣ ва русӣ сурат бигирад.

   Лондон 14-уми март 23 дипломати Россияро аз қаламрави худ хориҷ кард. ИМА, аксари давлатҳои Аврупо- Австралия, Канада, ва Украинаро низ ба ин иқдом водор намуд. ИМА 26-уми март 60 дипломати русро шахсони нон-грата эълон карда, консулхона генералиаш воқеъ дар шаҳри Сиэтлиро баст.

   17-уми март Россия 23 дипломати Британияи Кабирро шахсони нон-грат эълон намуд. 29-уми март вазири корҳои хориҷии Россия Сергей Лавров баста шудани Консулгарии генералии ИМА дар Санкт-Петербургро дар ҷавоби баста шудани намояндагии дипломатии Россия дар Сиэтли, изҳор дошта, афзуд, ки ҳамчунин, 60 дипломати амрикоиро хориҷ хоҳанд кард. Лавров таъкид кард, ки Россия на танҳо тасмим дорад ба иқдомоти кишварҳои ғарбӣ вокуниш нишон диҳад, балки ҳақиқатро дар «парвандаи Скрипал» собит созад. Дар вазорати хориҷии Россия ба сафири ИМА дар Россия Ҷонсон Ҳатсман нотаи эътирозӣ супорида, огоҳ карданд, ки 60 нафар дипломати ИМА то 5 апрел бояд Россияро тарк кунанд ва ҳамчунин, то 31 март бинои консулхонаи генералии ИМА дар Санк-Петербургро холӣ намоянд.

   Дар ин миён сухангӯи полиси Британия хабар додааст, ки бино бар таҳқиқоти муфаттишон, полковники собиқи Хадамоти ҷосусии Россия Сергей Скрипал ва духтараш нахуст дар хонаи худ ба таъсири маводи саммӣ дучор шудаанд. «Мутахассисон таҷаммӯи зиёди ин маводро дар дари даромади хонаи онҳо пайдо карданд» - мегӯяд ӯ. Аммо, ба тавзеҳи полис, тафтишот моҳҳо тӯл хоҳад кашид. Яъне барои ба даст овардани хулосаи қатъӣ ҳанӯз барвақт аст.

   Ин ҳам дар ҳолест, ки BBC News хабар медиҳад, ки духтари Сергей Скрипал, Юлия, ба ҳуш омад ва метавонад гап занад. Ӯ ҳануз таҳти назорати шабонарӯзии табибон қарор дорад. Ҳолаташ барқарор арзёбӣ мешавад. 29-уми марти соли равон сардухтури беморхонае, ки падару духтар бистарӣ шудаанд, аз беҳтар шудани аҳволи Юлия хабар дода буд. Худи Скрипал ҳануз беҳуш аст.

   Дабири кулли СММ Антониу Гутерреш низ дар ташвиш аст ва ӯ бар ин бовар аст, ки муносибатҳои Россияву Амрико давраи «ҷанги сард»-ро ба хотир меорад: «Ман худ дар ташвишам. Гумон мекунам, мо ба марҳилае наздик шудаем, ки ба саргузашти замони «ҷанги сард» монанд аст».

Кайхусрави Субҳонзод

НАЗАД