Дар асоси маводи дар васоити ахбори оммаи ҳамсоякишварҳо, ба хусус дар ҷумҳурии ҳамҷавори мо - Қирғизистон ба нашр расида, баҳои коршиносон, таҳлили вазъият дар ин кишвар ва мушоҳидаҳои шахсӣ ба хулосае расидан мумкин аст, ки яке аз сабабҳои асосии номуътадилии вазъият, баргузории митингҳо, роҳпаймоиҳо, иртиботи ин митингҳо бо митингҳои кишварҳои дигар (миёни «Майдон»-и Украина ва митингҳои Қирғизистон), тез-тез иваз шудани Ҳукумат ва Президент дар ин кишвар, такрори ҳаводиси номатлуб ва дар охир, ақибмондагии ҳамаҷонибаи мамлакат, пеш аз ҳама ба миқдори зиёди ҳизбҳои сиёсии ба қайд гирифта шуда (бештар аз 500) ва фаъолияти онҳо, ташкилоту созмонҳои ғайридавлатӣ (бештар аз 10 000 адад) ва аз ҳама муҳимтараш, сарпарастӣ ва маблағгузории созмону ташкилотҳои давлатӣ ва нимадавлатии хориҷӣ ба ин иттиҳодияҳо мебошад.
Ҳаводис ва митингҳое, ки тайи солҳои охир дар Бишкек ва дигар минтақаҳои Қирғизистон рух додаанд, ягон вақт характери тасодуфӣ надошта, тибқи барнома ва нақшаи махсус ки қаблан вобаста ба ин ё он маъракаи сиёсӣ тарҳрезӣ гардидааст, доир карда мешаванд.
Дар замони сари қудрат будани А. Атамбоев бар асоси доир намудани митинги ғайриқонунӣ, ҳамла ба «Хонаи Сафед» (Белый Дом)-и қирғизҳо бо мақсади табаддулоти давлатӣ ва аз болои панҷараҳои оҳанӣ ба бинои Ҳукумат ворид шудан, талаву тороҷ, оташсӯзӣ ва ғорати биноҳои давлатӣ, даҳҳо нафар боздошт ва бо қарори суд ба муҳлатҳои гуногун равонаи зиндон гардиданд, ки дар байнашон чанд нафар аз роҳбарони имрӯзаи Қирғизистон, аз ҷумла Раиси ҳозираи Кумитаи амнияти миллии Қирғизистон Қ.Тошиев низ буд.
Онҳое, ки ба муддатҳои гуногун равонаи зиндон шуда буданд, ашхосе буданд, ки пешсафон ё фаъолони сиёсии ҳизбҳои сиёсӣ ва созмону ташкилотҳои мухолифи ҳукумат ба шумор мерафтанд.
А.Атамбоев бо ин роҳ то як муддати кӯтоҳ оромӣ ва тартибу интизомро таъмин намуда бошад ҳам, митингҳо ва гирдиҳамоиҳои хурду калон дар майдони марказии пойтахти Қирғизистон қариб ҳар рӯз доир мегардиданд.
А.Атамбоев танҳо як давр-4 сол Президенти Қирғизистон буд ва ӯ низ тавассути митингҳо, фирори маҷбурии К.Боқиев, қатлу ғорати даҳҳо нафар дар шаҳри Бишкек, аз ҷумла узбектаборон дар шаҳру вилояти Ош ва табаддулоти давлатӣ ба қудрат расида буд. (Албатта набояд фаромӯш кард, ки дар байн, пеш аз А.Атамбоев як ҳукумати 2 солаи давраи гузариш таҳти президентии Роза Атамбоева низ амал карда буд) Ӯ баъди ба охир расидани муҳлати президентияш, яке аз ҳамҳизбиҳояш С.Ҷээнбековро барои дар интихобот пирӯзӣ ба даст овардан дастгирӣ намуд. С.Ҷээнбеков баъди ба қудрат расидан бо баҳонаҳои зиёд ва дастгирии кӯвваҳои зиёди мухолифи А.Атамбоев, ки миёни онҳо ё ба таври дигар агар ифода намоем, коргардони асосии онҳо қувваҳои берунӣ бо сарварии ИМА буданд, ӯро ба зиндон кашид.
Сабаби аслии ба зиндон кашидани А.Атамбоев чӣ буд? Сабабҳо ин ҷо зиёданд, вале ба назари мо яке аз сабабҳои аслӣ ин тамдид накардани Қарордод бо амрикоиҳо оид ба мондани қувваҳои низомияшон дар фурӯдгоҳи Манас бо мақсади назорати комили минтақа мебошад.
Амрико баъд аз он, ки Қарордодро А.Атамбоев ба манфиати русҳо имзо накард, наздик ба шашсад нафар мутахассисон ва намояндагони хадамоти махсусашро «ҷома»-и дипломатӣ пӯшонида, дар Бишкек дар ҳудуди сафоратхонаи наваш ҷой дод.
Ҳамин қувваҳо дар миёни мардум, пеш аз ҳама, дар миёни ташкилотҳои ғайридавлатӣ, ғаритиҷоратӣ ва рӯзноманигорони озод кор карда, ба онҳо кӯмакпулии зиёде дода, бо пахши ҳар гуна хабарҳо нисбати А.Атамбоев дар зеҳни мардум ва сиёсатмадорон нафрату бадбиниро ба вуҷуд оварданд. Ба таври дигар агар гӯем, амрикоиҳо бо дасти худи қирғизҳо собиқ президенташонро ба маҳбас кашида, боз ба мардум ва роҳбарияти Қирғизистон офарин хонда, Қирғизистонро ҳамчун «ҷазираи демократӣ» ситоиш карданд.
Мардуми қирғиз, ки аз азал кӯчманчӣ буда, табиати саркашу пуршӯр доранд, аз ин таърифҳо чунон мағрур гаштанд, ки дигар низоъу ҷанҷол, куштану даридан ва сӯхтану ғорат кардан барояшон ба як амри зарурӣ табдил гашт.
Дар боло оид ба бештар аз 10 ҳазор ташкилотҳои ғайридавлатӣ ва наздик ба 500 ҳизбу ҳаракатҳои сиёсӣ дар як кишвари хурдакаки осиёии дорои 6 млн. нафар аҳолӣ ишора намудем. Ногуфта намонад, ки соҳиби аслии аксари ин ташкилотҳо кормандони давлатӣ мебошанд ва онҳо ба хотири безарар гардонидани таъсири қонунҳои мавҷудаи кишвар, ин ташкилотҳоро ба номи хешу табор ва дӯстони наздикашон сабт намудаанд.
Ҳамаи ин ташкилоту созмонҳо дорои хоҷагони хориҷӣ буда, аз хориҷ кӯмакпулиҳо гирифта, дастгирии зиёд мебинанд. Барои тасдиқи ин фикр чанд мисол меорем: рӯзи 14 марти соли 2014 дар рӯзномаи «В конце НЕДЕЛИ» №26(23020) (таъсисдиҳандааш Ҳукумати ҶҚ) мақолае бо номи «ТҒД (ташкилотҳои ғайридавлатӣ) аз дасти кӣ нон мехӯранд» ба нашр расид. Дар мақола омадааст, ки «ҳафтаи сипаришуда намояндагони ҳаракати сиёсии «Қалыс» дар майдони назди Жогорку Кенеш (Парламент) митинг доир карда, талаб намуданд, ки оид ба агентҳои хориҷӣ қонун қабул карда шавад, то имконияти назорат ва тафтиши фаъолияти ин ташкилотҳо имконпазир гардад»
Сабаби ин талабу дархостҳо дар он буд, ки онҳо (митингчиён) аз маблағгузории Ғарбиҳо ба евромайдони Украина воқиф гардиданд ва дар пайи он ба нишонӣ ва суратҳисобҳои ТҒД-и Қирғизистон низ рехтани пулҳои зиёде ба мушоҳида расид. Зарурияти донистани ба кадом мақсад истифода шудани ин маблағҳо ба миён омад. Агар ин маблағҳоро бо мақсади омӯзиши радикалҳои диниву мазҳабӣ сарф карданӣ бошанд, ҳарчӣ зудтар пеши ин роҳро гирифтан лозим.
Пештар аз ин ҳодиса, ВАО-и маҳаллӣ хабарҳое пахш карда буд, ки тибқи он дар соли 2013 ва январи соли 2014 ба суратҳисоби клиникаи ҳуқуқии «Адолат» (ба қирғ. Адилет), роҳбараш Чолпон Ҷақупова, аз сафорати Британия ва Фонди Евроосиёи Осиёи Марказӣ 28 118 533 сом ворид гардида буд, Аз ин миқдор танҳо 13 359 296 сомаш моҳи ноябри соли 2013 ворид гардида буд ва ин ба шуруи фаъолшавии евромайдон дар Украина рост меомад. Ҳамин созмонҳо давра ба давра гурӯҳ-гурӯҳ намояндагони аҳзоби сиёсии мухолифи ҳукумат ва фаъолони ҷамъиятиро ба Украина ба Евромайдон бурда, майдонро нишон дода, бо раҳбарон ва ташкилкунандагони майдон мулоқотҳо доир намуда, ҳатто дар митинг баромадҳо карда, бармегаштанд. Ин як навъ ёрии амалӣ буд, дар ташкилу пешбурди митингҳо.
Ба суратҳисоби фонди «Сорос-Қирғизистон» (директории иҷроияш Шомил Иброҳимов) тайи солҳои 2013 ва январи соли 2014 26 220 526 сом ворид гардидааст.
Ҳамин тариқ, ба суратҳисоби фонди ҷамъиятии «Таҳаммулпазирии байналхалқӣ», роҳбараш Рая Қодирова дар соли 2013 13 935 960 сом ва ба суратҳисоби маркази байналхалқии «Интербилим», роҳбараш Асъал Айтбоева январи соли 2014 3 355 177 сом ворид гардидааст.
Чанде пештар, соли 2009 ба суратҳисоби Иттиҳодияи ҷамъиятии «Коалитсия барои демократия ва чомеаи шаҳрвандӣ» аз созмонҳои байналхалқии НДИ ва НЕД-и ИМА, ОБСЕ, Евросоюз, Комиссиюни демократӣ, Фонди Сорос ва ғайра 150 ҳазор евро, бештар аз 127 ҳазор доллар ва зиёда аз 400 ҳазор сом ворид гардида буд. Дар маҷмуъ, ба с/ҳ ҳамин ташкилоти ғайри тиҷоратӣ дар давоми се сол аз хориҷ 489 ҳазор евро, 755 ҳазор доллар, 6 ҳазор фунт-стерлинг ва 10,5 миллион сом ворид гардидааст. Ва ин гуна созмону ташкилотҳо хеле зиёданд.
Мутобиқи омори Вазорати адлияи Қирғизистон ҳамин гуна ташкилоту созмон танҳо дар Бишкек 1426 адад ба қайд гирифта шудаанд. Ин миқдор созмону ташкилоти ғайри давлатӣ ва ғайри туҷҷорӣ дар як шаҳр хеле зиёд ва дар ҳолатҳои зарурӣ метавонад ҳамарову ҳама чизи ба муқобилаш баромадаро зеру забар намояд.
Ҳамин аст, ки митингҳои Қирғизистон пулакӣ буда, ба як манбаи даромади домии гурӯҳе аз одамон табдил ёфтаанд.
Н.Холназаров,
ходими калони илмии Институти
омӯзиши масъалаҳои давлатҳои Осиё ва Аврупои АМИТ