Автор: Рахмонов Мирсаид
(Бахшида ба 70-солагии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ва таҷлили камоли умри адабии адабиётшисони бузурги тоҷик )
Адабиёт ва мардони бузурги он ситораҳое ҳастанд, ки вуҷудашон саршор аз муҳаббат, меҳр, каромат, шарофат ва латофат буда, барои башарият чун чароғи роҳнамо роҳнамоӣ мекунанд. Ҳар ду дорои ҷазабаҳои адабӣ ва забонӣ чун сармояҳое мебошанд, ки инсониятро ба сӯи ҳаёти дурусту комил ҳидоят менамоянд. Ва чун дарахте ҳастанд, ки тамоми вуҷудаш барои башарият хуррамӣ меоварад.
Дар ҳақиқат онҳо фурӯғи суҳби доноӣ ва ҳидоягари арзишҳои волои инсонӣ мебошанд, ки манбаи муҳаббати хадамоти адабиашон ҳамчун махзани ганҷ барои инсонҳо дурахшонӣ мекунад.
Аз ҳамин хотир аст, ки меҳрии адабии онҳо мо инсонҳоро бо муҳаббати оламу одам ошно месозад. Мо аҳли башар дар канори ин ду сарчашмаи дурахшон бо олами рангинмоя ба воя мерасему аз онҳо дарси адаб, меҳру вафо, латофату садоқат ва ватандӯстиву инсондӯстӣ меомӯзем.
Воқеан дар бораи адабиёт ва мардони бузурги он хеле навиштаанду боз менависанд ва хоҳанд навишт. Месазад гуфт, ки тамоми адабиёти олам бо ҳар забону гӯишҳо дар бораи онҳо арзишу муҳимияташон дар ҷомеа мисолу масалҳои хуберо кашшофона ва халлоқона баён кардаанд.
Инҷо мо талош кардем то таърифу тавсифи адабиёту мардони бузургро аз забони аллома ва файласуфи Шарқ Муҳаммад Иқбол баён намоем, ки тарвиҷгару таблиғгари забон ва адабиёти форсӣ-тоҷикӣ буда, тавассути эҷодиёти пурмояаш тамаддуну маърифати башариро боз ҳам ғанитар гардонидааст.
Шоир ва файласуфи Шарқ Муҳаммад Иқбол дар осораш ҷойгоҳи адабиётро бо латофат баррасӣ карда, дар маҷмӯаи ашъори урдуаш қисматеро зери унвони «Адабиёт» ва “Марди бузург” тахсис додааст, ки аз бузургии он моро хабардор мекунад. Муҳаммад Иқболи Лоҳурӣ арзиши адабиёт ва пайвастагии онро бо ишқу ақл дар шеъраш бо забони урду чунин васф мекунад:
Ишқ аб пайрави ақли худодод каре,
Обру кӯчаи ҷонон ме на барбод каре.
Куҳна пайкар ме нае руҳ ку обод каре,
Ё куҳанруҳ ку тақлид се озод каре.
Яъне, ҳамакнун ишқро пайраву тобеи ақли худод бояд намуд ва обруву симои худро дар кӯчаи ҷонон на бояд барбод дод. Ҳамин тариқ дар пайкараи кӯҳнаи худ рӯҳияи навро ворид карда, онро обод сохт ва ё инки онро аз тақлиди нобаҷо озод намуд.
Шоир дар шеъри дигараш симову нишонаҳои мардони бузургро ба тасвиркашида, онҳоро чун чароғи роҳнамо ва тарбиятгар дониста, аз мо аҳли башар тақозо мекунад, ки онҳоро шинохта, пайравӣ онҳо бошем, то аз онҳо хуб баҳравар гардем. Зеро ҷомеаи хубу солим ба вуҷуди чунин мардони бузург вобастагӣ дошта, ононро чун меросбарӣ илм медонад. Муҳаммад Иқбол симои марди бузургро чунин васф мекунад:
Уске нафрат бҳи амиқ, уске муҳаббат бҳи амиқ,
Қаҳр бҳи уско ҳе аллоҳ ке банду пар шафиқ.
Парвариш пото ҳе тақлид ке торики ме,
Ҳе магар уске табиат ко тақозо тахлиқ.
Анҷуман ми бҳи муяссар раҳи халват уску,
Шамъи маҳфил ке тара саб си ҷудо сабко рафиқ.
Мисли хуршеди саҳар фикр ми тобонӣ ме,
Ботми содаву озода, маъони ми дақиқ.
Уско андози назар апни замони се ҷудо,
Уске аҳвол се маҳрам наҳе пирони тариқ.
Инҷо Муҳаммад Иқбол ба аҳли башар хитоб карда, таъкидан мегӯяд, ки марди бузург чунин хислатҳоро доро аст.
Нафрату муҳаббати ӯ бениҳоят амиқ буда, адами шафқату меҳрубони бар аҳли башар қаҳри ӯро меоварад. Ӯ дар доираи тақлид парвариш меёбад, аммо табиатан майлаш фақат тақлиқкориву эҷодорист. Набудани ӯ дар маҳфилҳо эҳсос мешавад.Вай ба монанди шамъи гули маҳфил аз ҳама ҷудо буда, аммо бо ҳама рафиқу дӯст мебошад.
Марди бузург ба мисоли хуршеди саҳар, доимо дар равшании фикрӣ мебошад. Сӯханҳояш содаву озода, аммо пур аз маънавиёту адабиёт. Ченаку андози фикрони марди бузург дар ҷомеа фарқкунанда буда, вале аз аҳволу ахбори ӯ пирони тариқат ва андешмандон ҳамеша воқиф мебошанд.
Бо чунин тасвирсозиҳо ва нишонаҳо ва накшу арзиши адабиёт дар ҷомеа метавон устодонеро дар зумраи мардони бузург донист, ки адабиёту забони моро бо осорашон камолот бахшиданд. Ватану миллати мо бо чунин мардони бузургаш дар ҷаҳон шинохта шудааст, ки зикри номашон чун ёри меҳрубон доимо дар хотираҳо боқӣ мемонад.
Имрӯз мо аз он ифтихор менамоем, ки дар марказҳои таҳқиқотӣ ва алалхусус Институти масаъалаҳои давалатҳои Осиё ва Аврупои Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон адабиётшиносон ба мисли Мирзо Муллоаҳмедов (адабиётшинос, эроншинос), Тоҷиддин Мардонӣ (арабшинсон), Комили Бекзода (файласуф ва шоир), Ҳабибулло Раҷабов (ҳиндшинос), Ғиёсуддин Қодиров (адабиётшинос ва афғоншинос) Шодимуҳаммад Суфизода (адабиётшинос) ва Олимҷон Хоҷамуродов (эроншинос) ва дигар бузургони адаб кору фаъолият мекунанд, ки шомили тасвирсозии модели адабии Муҳаммад Иқбол мебошанд. Ҳамаи ин бузургон дар умри беш аз ҳафтод соли худ ба адабиёти тоҷик навовариҳоеро ворид созанд, ки миллат аз он ифтихор мекунад.
Ин бузургони адабиёт бо осори адабиашон тавонистанд, сафҳаҳои адабиётро равнақ бахшида, моро ба суи илму дониш роҳнамоӣ кунанд. Ҳамин буд, ки яке дар риштаи адабиёту эроншиносӣ, дигаре адабу арабшиносӣ, саввуме ҳиндшиносӣ, чаҳоруме дар адабиёт, китобдориву китобшиносӣ, панҷуме дар шеъру фалсафашиносӣ аз беҳтаринҳо гардида, сазовори чандин ҷоизаҳои адабиву илмӣ шаванд. Зеро ҳамаи ин бузургони адаб дорои ҳамон авсофе мебошанд, ки Муҳаммад Иқбол онро дар симои марди бузург тасвирсозӣ карда, дар шеъраш ба забони урду хуб баён кардааст.
Аз гуфтаҳои Муҳаммад Иқбол метавон чунин хулосабарорӣ кард, ки адабиёт бо мардони бузургаш чун ситораҳои дурахшоне ҳастанд, ки бо роҳнамоиҳои адабиву забонии худ дунёро равшан нигоҳ медоранд, ки дар партави онҳо аҳли башар бо илму адаб ба воя мерасад. Онҳо мактаберо мемонанд, ки созандаи адаб ва маънавиёт буда, равшаннамои ҷомеаи башарӣ мебошад.
Ин мардони бузург дар ҳама ҳолат адабиётро чун оинаи ҷаҳоннамо дониста, аҳли башарро зери соябонҳои озодӣ, оромиву ободӣ дида, бо осори адабияшон ба онҳо рӯҳияи тоза бахшида, мефахранду меболанду месозанд.
Дар ниҳояти калом мо бояд бузургии ин мардони бузургро қадр карда, осорашонро чун файязони илм ва ганҷи пурқимат дониста, пайрави мактаби онҳо бошем.
Хулоса, бояд зикр кард, ки мардони бузург умқнигар, шафиқ, рафиқ, дақиқ ва тахлиқкор буда, арҷгузорӣ ва эҳтироми чунин бузургони адабиёт қарзи адабии ҳар яки мо буда, доимо омодаи хидмат ва тобеи афкори адабии онҳо бошем, то ба мисли онҳо аз мардони бузурги ҷомеа гардем.
Мирсаид Раҳмонов,
Институти омӯзиши масъалаҳои
давлатҳои Осиё ва Аврупои АМИТ