Таваҷҷуҳи аввалиндараҷа ба омӯзиши забонҳои хориҷӣ

Автор: ИИПСАЕ

Расм

Аз ироаи Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии Чумҳурии Тоҷикистон
Дар даврони соҳибистиқлолӣ ҳадафи муҳимтарин ва самти афзалият ноки сиёсати иҷтимои давлат ва Ҳукумати мамлакат ин бунёди маорифи миллӣ ва фазои таҳсилоти байналмилалӣ ба шумор меравад.
-  Ҳалли масълаҳои иҷтимоӣ, яъне соҳаҳои илму маъориф ва тандурустӣ ҳамеша дар меҳвари сиёсати давлату Ҳукумати мамлакат қарор дорад.
- Омӯзиши забонҳои хориҷӣ дар шароити имрӯза, яке аз мақсадҳои муҳимест, ки на танҳо дар назди ҳукумат ва Вазорати Маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон истодааст, балки диққати тамоми ҷомеаи ҷаҳонро низ ба он равона карда шудааст. Зеро омӯзиши ин ё он забони хориҷӣ моро ба таъриху фарҳанг ва адабиёти он халқе, ки забонашро меомӯзем, ошно месозад.   
 Дар паёмҳои ҳамасолаи худ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пайваста дар баромадҳояш иброз менамоянд, ки забони хориҷиро омӯзед ва ақаллан бо дузабон сухан гуфта тавонед. Албатта, наврасон ва ҷавонони имрӯзаи мамлакат аз суханони Пешвои миллат нерӯ гирифта, ба омӯзиши забонҳои хориҷӣ камари ҳиммат бастаанд.
  Дар Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон  21-уми декабри 2021 чунин омадааст: «…Ба ин мақсад, роҳбарони муассисаҳои таълимиро зарураст, ки ба масъалаҳои баланд бардоштани сатҳи дониш ва касбияти омӯзгорон дар ҳамаи зинаҳои таҳсилот, бахусус омӯзгорони муассисаҳои таҳсилоти ибтидоиву миёнаи касбӣ, такмили ихтисосу бозомӯзӣ ва тарбияи омӯзгорони ҷавони баландихтисос ва ба талаботи замона ҷавобгӯӣ дар ҳамаи зинаҳои таҳсилот, эътибори аваллиндараҷа диҳанд. Дар робита ба ин, ба Вазорати маориф ва илм супориш дода мешавад, ки барои омода кардани омӯзгорони фанҳои риёзӣ, дақиқ ва табиӣ бо забонҳои хориҷӣ дар донишгоҳҳои равияи омӯзгорӣ кушодани шуъбаҳои алоҳидаро пешбинӣ намояд. Умуман, зарураст, ки таълими забонҳои хориҷӣ, махсусан русиву англисӣ дар тамоми факултаву шуъбаҳоимактабҳои олӣ боз ҳам беҳтар ба роҳ монда шавад. Зеро Тоҷикистон ҳоло бо 180 давлат робитаи дипломатӣ ва ба 130 кишвар муносибатҳои тиҷоративу иқтисодӣ дорад».
Донистани забони хориҷӣ забони модариро бой мегардонад ва забони хориҷӣ ин яроқ ва мубориза барои ҳаётаст. Бале, маҳз донистани забони хориҷӣ ҷаҳонбинии шахсро зиёд менамояд ва дар шароити ҷаҳонишавӣ бо мақсади ҳифзи арзишҳои миллӣ, ба ҷаҳониён ҳарчи бештар муаррифӣ кардани таърих, тамаддун ва фарҳанг рисолати шаҳрвандиву миллии худро бо таври шоиста иҷро менамояд.
Дар таърихи 24 декабри 2021дар Институти омӯзиши масълаҳои давлатҳои Осиё ва Аврупои Академияи миллии илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон семинарии илмӣ – амалии «Самтҳои асосии сиёсати доҳилӣ ва хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Паёми Пешвои миллат- Эмомалӣ Раҳмон» баргузор гардид. Дар семинар директори Институт Ниёзӣ Ё.Б, ходимони пешбар ва калони Институт д.и.ф. БекзодаКомил, д.и.с. Каримов Шамсиддин, муовини директор Раҳмонзода А.Ш. вах.и.п. Раҳмонов Мирсаид дар мавзуъҳои «Вазъи маъориф ва дурнамои он дар Паёми пешвои миллат», «Самтҳои сиёсати хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз Паёми пешвои миллат ба Маҷлиси Олии кишвар», «Паёми пешвои миллат омили пешбаранда ва такмилдиҳандаи давлати миллии тоҷикон», «Нақши соҳаи саноати кишвар ва аҳамияти забонҳои хориҷӣ дар Паёми пешвои миллат» баромад карданд. Ва дар охир Институт тасмим гирифт дар партави Паёми маорифпарваронаву сулҳпарваронаи Пешвои миллат вобаста ба талаботи иқтисоди миллӣ ва расидан ба ҳадафи чоруми стратегии кишвар – саноаткунонии босуръат дар самтҳои ҷустуҷӯ ва дар робита ба ин, ба роҳ мондани омӯзиши ҳамаҷонибаи манн баҳои алтернативӣ, ихтироъкориву навоварӣ, коркарду татбиқи технологияи нав ва ташкил намудани курсҳои кутоҳмуддати омӯзиши забонҳои англисӣ ва русиро ба роҳ монад.
Ба вуҷуди ин ҳама ва бо дарназардошти соли ҷамъбасти ташаббуси  «Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ», Кумитаи рушди сайёҳӣ, дигар сохтору мақомоти марбута, вазифадор карда шаванд, ки доир ба афзоиш додани саҳми соҳаи сайёҳӣ дар рушди иқтисоди кишвар ва ҳалли масъалаҳои иҷтимоӣ барои ба меъёрҳои байналмилалӣ мутобиқ намудани хизматрасониҳо, дарёфти роҳҳои нави ташкили инфрасохтори сайёҳӣ, ҷалби ҳарчи бештари сайёҳони дохиливу хориҷӣ, бахусус, чораҳои аввалиндараҷа андешида шавад ва ин бетарҷумони ботаҷриба ва донистани забонҳои хориҷӣ кори басо мушкиласт.
Ҳадафи Роҳбари давлат аз ин ташаббусҳо баланд бардоштани сатҳи саводу маърифатнокии мардум ва дар навбати аввал, наврасону ҷавонон, тақвияти ҳисси миллӣ, ватандӯстиву ватанпарварӣ, ҳувияти миллӣ, арҷгузорӣ ва омӯхтани забон, таърих, фарҳанги бостонии тоҷикон, ташаккули доираи донишу ҷаҳонбинии илмиву техникӣ ва рушди илмҳои дақиқу таббиӣ ва забонҳои хориҷӣ дар кишвар мебошад.
Бояд зикр намуд, ки бо иқдоми фарҳангдӯстонаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон моҳи октябри соли ҷорӣ аввалин бор дар минтақаи Аврупо намоиши нигораҳои Тоҷикистон таҳти унвони «Тоҷикистон – кишвари дарёҳои тиллоӣ» дар Осорхонаи Гимейи Фаронса баргузор гардид. Дар давоми се моҳ, яъне аз 10 октябри соли 2021 то 10 январи соли 2022 таъриху тамаддуни ѓании миллати шарафманди тоҷик, мавзеъҳои таърихии сарзамини мо дар асрҳои гуногун, осори фарҳангиву ҳунармандии ниёгони ва санаъти нотакрори халқи тоҷик ба мардуми Аврупо муаррифӣ хоҳад гашт.
 
Маҳамадлатиф Исҳоқов, корманди илмии Институти Осиё ва Аврупои АМИТ
 

НАЗАД