Чанд рӯз пеш аз ҳамкорон шунидам, ки дар охирҳои имсол (2022) Устод Тоҷиддин 75 – сола мешавад. Яку якбора ба дунёи хотирот ғӯтавар шудам... аҷаб дунёест, ба ёдам меояд, ки соли 1967 ман курси панҷуми шуъбаи арабии Университети Давлатии Тоҷикистон будаму Тоҷиддин курси якум буд. Ҳар рӯз якдигарро медидем... Дар курси мо ҳамагӣ ёздаҳ (11) нафар будем. Аз табақаи миёнаи ҷомеаи шӯравӣ... Бо сару либоси оддӣ. Бо стипендияи 21 сумаи ҳамондавра. Дар хобгоҳи кӯчаи Айнӣ зиндагӣ мекардем. Корпуси таҳсилии мо дар назди бозори Зелёнии (собиқ) қарор дошт. Дар гузашта мактаби миёна будааст. Ҳоло бо кадом идораи наве мубаддал шудааст... Ҳарвақте ки курсҳои панҷуми арабӣ ба корпус дохил мешудем, ҳатман Тоҷиддин бо ҳамкурсонаш пеш аз мо дар онҷо ҳозир буданд. Ба назари мо ҷавонони боодоб ва хеле ахлоқӣ буданд. Дастҳо пеши бар ҳамагӣ якҷоя салом медоданд ва бо эҳтиром ба сӯи мо менигаристанд: (Мо шояд дар якумкурс буданамон ин андоза ҷавонони боодоб набудем). Онҳо ҳатто зоҳиран ҳам аз мо фарқ доштанд: Шиму костюми сиёҳ, куртаи сафеди нейлонӣ, галстуки сурх ё сиёҳ ва туфлиҳо бо креми сиёҳ сайқал дода шуда... Зоҳиран ба ёдам меояд, ки қадду қоматашон бо ҳам гӯё баробар буд. Ҳоло ҳам баъзе аз онҳоро мебинам, ки ҳамон ҳолати дидаам тасдиқ мешавад: Масалан: Кишвар Аскардаев, шодравон Муҳаммадҷон Умаров. Абдулло Юлдош ва дигарон... Мо онҳоро байни худ донишҷӯёни ашрафзода меномидем. Ба маънои мусбаташ. Ҳамаашон аз хонаводаҳои мансабдор ва миёнаҳол баромада буданд. Падари Кишвар корманди масъули кумитаи ноҳиявии ҳизби коммунистӣ дар Ванҷ буд. Падари Тоҷиддин яке аз хизматчиёни давлатӣ дар ноҳияи Ҳисор. Дигарҳо ҳам тақрибан дар чунин хонаводаҳо парвариш ёфта буданд. Таркиби хонаводагии мо курсҳои панҷи арабии соли 1967 аз онҳо хеле фарқ дошт. Падари ман (Комил Бекзода) муаллими мактаби миёнаи деҳтураи Вадхуди ноҳияи Ванҷ буд. Ғолиб Ғоибов ҳам аз оилаи омӯзгор буд. Сӯҳбатов Неъмат танҳо як модари пир дошту то ба Университет дохил шуданаш дар ДОК дар хонаи тағояш зиндагӣ мекард. Бобоева Навраста шаҳрнишин буд. (Дар Душанбе зиндагӣ мекард). Муҳиддин Фатҳиддинов, Олимхон Қорихонов деҳқонзода буданд аз райони Ашт. Усмонов Ҳоким дар Қурғонтеппа зиндагӣ мекард (дар солҳои ҷанги шаҳрвандӣ бо 6 писараш дар хонаи худашон шабона тирборон карда шуданд. Ҳафизов Маҷид аз райони Фархор дар оилаи камбағал зода шуда буд. (Дар солҳои даргириҳо бо оилаи русаш ба Россия кӯчид. Дигар дар бораи ӯ хабаре надорем). Акбаров Юнус аз Панҷакент бародари хурдаш мунаққиди машҳури тоҷик Юсуф Акбарзода буд. Дар ноҳияи худашон аз забони русӣ ба талабагон дарс мегуфт. Аҳли адаб буд. Ҳикояҳои адибони ҷаҳонро аз русӣ ба тоҷикӣ тарҷума карда, бо кӯмаки бародараш дар радио мешунавонд. Муҳиддин бештар аз забони ӯзбекӣ, махсусан ҳикояҳои адиби машҳури Туркия, Азиз Несинро ба тоҷикӣ баргардон мекард. Олимхон вақтҳои охир ба сабки классикӣ ғазалҳо менавишт ва дар рӯзномаи ноҳияи Ашт ва рӯзномаҳои шаҳри Хуҷанд ба нашр мерасонд. Саиднуриддин Шаҳобуддинов аз падар ятим монда буд ва як модари пир дошт, ки дар ноҳияи Роҳатӣ бо ягона хоҳараш зиндагӣ мекард. Мувофиқи васияташ ҷасади ӯро дар қабристони Роҳатӣ дар назди модараш гӯрониданд. (Дар рӯзи ҷаноза ман ҳам иштирок доштам ва дидам, ки Саиднуриддин дар назди тобути модар бо овози баланд тарзе гиря кард, ки ҳамаи ҳозиронро ба гиря андохт. Он ягона гиряи мардонае буд, ки мард бояд дар назди модар бояд бигиряд!) Саиднуриддин дар хонаи бародараш эшони Саидакбар Хоҷаев зиндагӣ мекард. Саидакбар падарвор ӯро тарбия намуд. Аз саводи пешин ҳам бохабар буд. Дар ҷавонӣ шеър менавишт. Боре як достонро дар бораи модараш ба ман хонд. (Дар назди “Детский мир”-и пешина. Ҳангоме, ки субҳ ҳарду ба сӯи факултети филология ва таърихи Университет воқеъ дар назди бозори “Зелёный” равона будем.) Дарсҳои адабиёт ва таърихи халқи тоҷикро бо хати арабӣ конспект мекард... (Солҳои курси якум дар назар аст). Қосимов Эргаш аз деҳаи Ваҳдати (Туркободи) имрӯзаи Орджингизобод буд. Моҳи июли 2022 дар синни 81 – солагӣ вафот кард. Ману Дидавар дар маросими ҷанозааш ҳозир будем. Ҳунари навозандагӣ дошт. Ба хориҷ ҳам сафар карда буд. Фарзандонаш бо Ғолиб ва дигар бо ҳамкурсон робита доранд. Махсусан писари калонаш Салоҳиддин...
Ҳамкурсҳои Тоҷиддинро камтар мешиносам. Танҳо метавонам дар бораи баъзе дӯстонаш ишорае намоям. Бо Кишвар Аскардаев аз қадим боз дӯст аст ва тол ҳол ин робита давом дорад. Аз рӯи меҳр ва садоқат ҳамеша ӯро “Кишварак” хитоб мекунад. Кишвар дар ҷавоб механдаду мегӯяд: “Хайр, мардака ҳамин хел маъқул аст, чи кор кунем! Ман ки аз аввал Тоҷиддин мегуфтам, то ҳол Тоҷиддин, Тоҷиддин гуфта мегардам!” Вале ҳарду Абдулло Юлдошро бо камоли ҷиддият “Абдулло” хитоб мекунанд. Бе ягон руҷуъҳои лирикӣ... Чаро ин Абдулло воқеан як шахсияти ба маънои ростинаш ҷиддӣ сахт ҷиддӣ аст. Ҳамаи характер ба ӯ кӯмак кард, ки Ғуломиддин Мирзоев – ҳамкасби Тоҷиддин ва ҳамсояи Абдулло ва Кишвар аст. Ғуломиддин ва Абдулло аз ноҳияи зебои Ашт ҳастанд. (Ман соли 1968 як ҳафта дар Ашт меҳмон будам. Дар тӯи дӯстам Лутфулло даъват шуда будам). Ин як ҳафтаро дар меҳмондории Муҳиддин, Олимхон, Лутфулло, Нозир Арабзода... гузаронидам. Ва хотироти фаровони романтикие дорам аз ин сафар... Робитаи Тоҷиддин бо Ғуломиддин ва Абдулло аз давраи донишҷӯӣ боз бо ҷиддият ва самимияти хоси худ, шинохта шудааст Тоҷиддин, Ғуломиддин ва Абдулло яке аз кадрҳои сиёсии Тоҷикистони мустақил ҳастанд, ки чандин сол вазифаи масъулиятноки сафириро дар кишварҳои пасошӯравӣ ва исломӣ бо камоли ҷиддият ва шоистагӣ анҷом доданд. Тоҷиддин ҳамеша мавриди таваҷҷуҳи ёру дӯстони ҷавон ва ҳамсоли худ буд ва ҳоло ҳам ҳаст. Боре аз сафари хориҷ баргашт ва ману Сафаров Муҳоҷирро ба хонаи падараш дар Ҳисор даъват намуд. Шояд рӯҳияи ҳазлу мутоиба сабаби ин эҳтироми мутабодил гардида бошад. Тоҷиддин ба таври пӯшида ва рамзи шӯхӣ мекунанду Муҳоҷир ба таври намоишкорона ва ошкоро. Муддате чанд Тоҷиддин, Ғолиб, Саиднуриддин, Муҳоҷир, Абдулло, муаллима Наима Қаҳҳорова ва чанде дигар дар бинои пешинаи “Шарқшиносӣ” дар наздикиҳои “Чойхонаи Роҳат” кор мекарданд. Баъзан барои хабаргирии ёру дӯстон ба онҷо мерафтам. Ба мушоҳида мерасид, ки дар Институти Шарқшиносии он рӯза, дар дохил як шахсияти соҳибэҳтиром (авторитет) муаллима Наимахон буданду аз берун устод Ҳасан Иброҳим Наққоши ироқӣ. Ҳама дар атрофи ин ду нафар ҷамъ меомаданду гуфтугӯҳои воқеан самимонае аз илму дониш оғоз мегардид... Бештар устод Наққош сухан мекард. Дигарон гӯш мекарданд. Фақат муаллима Наимахон ҷасоратмандона ба устод Наққош савол медод ва доир ба ҷавобҳои Устод баъзан эътироз мекард. (Чаро ки муаллима ба кишварҳои арабӣ сафар карда буд ва аз роҳи омӯзиш вазъияти сиёсии он кишварҳоро хуб медонист.) Дар ин миён Тоҷиддин ба камоли ҷиддият гӯш мекард ва ягон – ягон назиротеро дар ғилофи ҳазлу шӯхӣ ба муаллима ва ё Устод Наққош изҳор медошт. Ҳамин шеваи бархурдро каму беш Саиднуриддин ва Муҳоҷир низ доштанд. Аммо Ғолиб бисёр ҷиддӣ ва бо далелу бурҳон ба майдони баҳс ворид мешуд. Ва кӯшиш мекард, ки дар ин гуна баҳсҳо ҳамеша баранда бошад на бозанда! Албатта, ҳамеша баранда буд, ба ин хотир, ки назари мусоҳибонро қатъи назар аз савоб ва дуруст буданашон ба осонӣ қабул ва эътироф намекард. Дар ин робита Абдулло Юлдош ҳам ки аҳли танз ва нуктасанҷӣ аст, ҳикояте дар ҳақи Ғолиб сохта ва бофтааст, ки гӯё касе дар бораи соли вуқуъи ҳодисаи таърихие бо Ғолиб баҳс мекунад. Ғолиб назари ӯро рад мекунад. Рақиб барои қонеъ кардани Ғолиб мегӯяд, ки ман ин ҳодисаро аз китоби “Таърихи Табарӣ” хондаам. Чаро ба ман бовар намекунед?
Ғолиб фавран ҷавоб медиҳад: “Табариат ҳам номаъқул кардааст!”
Тоҷиддин дар баҳсҳои илмӣ хеле бо назокат рафтор мекунад. Ҳадафаш ин аст, ки мусоҳибаро наранҷонад. Имрӯзҳо ки ба синни мубораки 75 расида ва таҷрибаи талху тунди сафириро паси сар карда, боз ҳам эҳтиёт ба харҷ медиҳад ва дар ҷавоби мусоҳибони дурушт ва якрав бо овози баланд механдаду як латифаи намакинро бо шӯру шавқ нақл мекунад. Ҳама мефаҳманд, ки мазмуни латифа ҷавобест ба ин мусоҳиби ҳозиру нозир. Баҳси ҷиддиро бо ҳазлу шӯхӣ ба поён мебарад. Ин рафтор шояд аз мутолиаи фаровони ӯ дар адабиёти тоҷику араб ва осори сиёсии Урупои имрӯза бармеояд, ки Ӯ солҳо дар хизмати давлатӣ ва таҳқиқотҳои адабиётшиносии худ таҷриба андӯхта, ба ин сатҳи муомилаи комилан фарҳангӣ расидааст. Барои мисол равоншиносии овозадори амрикоӣ Дейл Корнеги (ваф. 1955) дар мусоҳибае гуфтааст, ки: Хулосаи ҳамаи китобҳои ман аз ин ду нукта иборатанд:
- Ҳангоми гуфтугӯ ҳеҷ гоҳ мусоҳибро танқид накун.
- Дар баҳсу мунозира ҳеҷ гоҳ ба масъалаҳои тунду тез наздик нашав ва дахолат накун.”
Гумон намекунам, ки Тоҷиддин пайрави Дейл Корнегӣ бошад. Ба ин далел, ки ҳеҷ гоҳ аз Карнегӣ ба мо чизе нақл накардааст ва аз ягон китоби ӯ ҳам ном набурдааст. Ҳарчи ҳаст, худи Тоҷиддин аст. Бо одобу ахлоқи фитрӣ, табиат ва модарзод! Дар таърихи башарӣ аз қадим боз як иштибоҳи содалавҳонае роиҷ шудааст, ки гӯё “Ҳамаи одамон шогирди касе будаанд!” На ин тавр нест. Ин танҳо метавонад изҳори эҳтиром бошад, нисбат ба илм ва бузургсолони қавм. Дар ҳар замоне. Дар Урупои асрҳои миёна мегуфтанд, ки: “Ҳар ки аз модар мезояд дар зиндагӣ хоҳ шогирди Афлотун мешавад ва ё пайрави Арасту!”
Ҷаҳони нав исбот кард, ки ин назар дуруст нест. Ба ин далел, ки дар Урупои имрӯза Афлотун ва Арасту шогирдони бисёре надоранд. Фарҳангиёни имрӯзаи Урупо ва Ғарб бештар худро шогирди Шопенгауэр, Нитше, Гегел, Рассел, Ҳайдеггер, Ясперс, Вил Дюрант, Сартр, Камю, Достоевский, Толстой ва дигарон мешуморанд. Ин ҳам як навъ эҳтиром ва эътироф нисбат ба хидматҳои ин мардони бузург аст. Дурусташ ин аст, ки ҳамаи мо шогирдони Устод ЗИНДАГӢ ҳастем. Устоди воқеӣ ва ҳақиқии мо ЗИНДАГӢ ном дорад. Ин воқеиятти талхро бояд эътироф кард. Агар ростиро мехоста бошем. Аз ин доира берун танҳо фазои холии худситоӣ асту ҷаҳлӣ. Ҷустуҷӯҳои илмии Тоҷиддин ба ҳама маълуманд. Ӯ фидокорона баҳсу таҳқиқ мекунад. Бо аслиҳаҳое сахт ҷиддӣ: забонҳои русӣ, англисӣ, арабӣ ва тоҷикӣ. Ҳамаи ин ҷаҳор забонро дар сатҳи академикӣ медонад. Аксари осори шарқшиносии тоҷик аз таҳрири забонӣ ва мазмунии ӯ гузаштаанд. Аз ҷумла солҳои 1980 як боби рисолаи илмии маро дар мавзӯи “Муҳаммад Шаҳристонӣ ва таснифоти мазҳабҳои исломӣ” аз тоҷикӣ ба русӣ тарҷума кард, ки дар ҳамаи таҳрирҳои баъдина бетағйир боқӣ монд. Тоҷиддин берун аз илм, хизматҳои гуногуни амалие ҳам ба ёру дӯстон анҷом додааст. Боре агар дар ҳузураш аз ин хизматҳо ёдоварӣ кунем, изҳори нохушнудӣ мекунад ва мегӯяд, ки “мо вазифаи граждании худро иҷро кардаем, дигар ҳеҷ!” Бо як мисол дар ин мавзӯъ басанда мекунем:
- Рисолаи номзадӣ ва доктории маро Тоҷиддин таҳрир намуд;
- Китоби “Паёмбарони фарҳанги мо” бо кӯмаки молии ӯ ба чоп расид;
- Чанд дафъа китобҳои ҷомеашиносӣ ва фалсафии аз Москва овардаашро ба китобхонаи шахсии мо тақдим кард;
- Дар солҳои ҷанги шаҳрвандӣ, ки ба сифати сафири кабири Тоҷикистон дар Ӯзбекистон ва Туркманистон кор мекард, чанд маротиба бо мошин маводи хӯрокворӣ барои хонаводаи мо фиристод...
Ҳамаи хидматҳоро Тоҷиддин дар ҳақи дигар ёру дӯстон ҳам анҷом додааст. Ман ҳам хабар дорам. Бигузор худашон эътироф кунанд. Он чи ба ман дахл дорад, ин чанд ҷумлаи нотамоме ки дар бораи ӯ навиштаам, имкон хоҳад дод, ки як нафаси озод бикашам ва лаҳзае чанд худро аз бори миннати хизматҳои Тоҷиддин озод эҳсос намоям...
Доир ба саргузашти расмии ӯ чизи бисёре намедонам...
Аз дигарон шунидам, ки бобои модариаш аз Балҷувон ё Сарихосор ба сифати паноҳанда ба Ҳисор омада, дар ин ҷо муқимӣ шудааст... Аҷдодони падарӣ аслан ҳисорианд ва ин қабила дар ноҳияи Ҳисор шоху барги зиёде доранд. Мо дар давраи шӯравӣ доир ба аслу насаб ва қавму маҳал гуфтугӯе надоштем. Ҳукумат ҳам ин қабил масъалаҳоро хуш надошт.
Ин аст, ки ҳоло доир ба ҳамкурсон, ҳамкорон ва ёру дӯстони давраи ҷавониашон маълумотҳои дақиқе надорем. Маълумотҳо доир ба қавму қабила ва маҳалро дар назар дорам. Ҳоло мисли он ки ҳама маҳалгаро шудаем, аз ин навигарӣ ва навоварӣ хурсанд нестем. Ва аз уҳдаи фаромуш карданаш ҳам намебароем. Мисли он ки дар ин масъала гирифтори ҷаҳли мураккаб гардидаем... Ҷаста гурехта кӯшишҳое барои ислоҳи ин “ҷаҳл” ба назар мерасад... Ҳоло ҳам, ки фурсат аст натавонистам, ки аз худи Тоҷиддин доир ба он мавзуъ маълумотҳои автобиографӣ бипурсам. Салоҳ надонистам. Зарурат надорад. Агар зарур мебуд, худаш боре дар ин мавзуъ чизе мегуфт. То ҳол ки чизе нагуфтааст, мо ҳам чизе намепурсем. Бо ҳарчи ҳаст қаноат мекунем. Ин камбуди моро ояндагон ислоҳ хоҳанд кард. Агар зарурате пеш ояд. Барои мисол, худи ман ба масъалаҳои М.М.М., миллату мазҳабу маҳал ҳеҷ хушбин нестам. Гумон мекунам, ки дар тӯли таърих маҳз ҳамин секунҷаи (М-М-М) сабабгори асосии ҳамаи бадбахтиҳои башарият буда ва ҳоло ҳам ҳастанд. Одатан пуштибони ҷиддии ин секунҷа авомунносанд. Дар вақти ҳозир (20-солаи аввали асри ХХI)- моро ба мардуми хурофотӣ, бесавод ва сиёсатзадаи дунё зӯрашон намерасад. Онҳо аз ҳад зиёданд ва аҳли хирад аз ҳад кам. То тағйири таносуби баробар, ҳоло вақти зиёде дар пеш аст. Чорае ҷуз сабр нест. Таҳаммулу интизорӣ ҳам кори саҳлу осоне намебошад. Шояд дар оянда як ҳадафи муштараке пайдо шаваду ин мушкилиро осон намояд. Ба ҳар сурат ин ҳадафи муштарак динӣ ва ё сиёсӣ нахоҳад буд.
Комил Бекзода,
ходими пешбари илмии шуъбаи
Шарқи Миёна ва Наздик