Тоҷикистон – Арабистони Саудӣ: 30 соли муносибатҳо

Автор: ИИПСАЕ

Расм

  Имсол ба барпошавии муносибатҳои дипломатӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Шоҳигарии Арабистони Саудӣ 30 сол пур шуд.
  Ба ин муносибат рӯзи 12 ноябри соли ҷорӣ дар Театри опера ва балети ба номи С.Айнӣ ҷашнвораи муштараки Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Шоҳигарии Арабистони Саудӣ бо иштироки дастаҳои ҳунарии ду кишвар баргузор гардид. Дар оғози ҷашнвора сафири фавқулодда ва мухтори Шоҳигарии Арабистони Саудӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Валид ибни Абдураҳмон ар-Решайдон ва муовини Вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон М.Шарифзода суханронӣ карда, роҷеъ ба таърих ва  аҳамияти ин муносибатҳо, ҳолат ва дурнамои рушди онҳо маълумот доданд.
  Шоистаи ёдоварист, ки моҳи феврали 1992 Протокол оид ба барпошавии муносибатҳои дипломатӣ миёни Шоҳигарии Арабистони Саудӣ ва Ҷумҳурии Тоҷикистон ба имзо расид ва ба ҳамин минвол Арабистони Саудӣ нахустин давлати арабист, ки бо Тоҷикистони тозаистиқлол муносибатҳои сиёсӣ ва дипломатии худро барқарор намудааст.
  Минбаъд ифтитоҳи Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар пойтахти Арабистони Саудӣ шаҳри Риёз дар моҳи сентябри соли 2008 ва инчунин ифтитоҳи Сафорати Арабистони Саудӣ дар шаҳри Душанбе дар моҳи январи соли 2010 ба унвони нахустин сафорати як кишвари арабӣ як таҳаввуле дар муносибатҳои дуҷониба буд, ки дар пайи рушду густариши хуби ин муносибатҳо як қатор созишномаҳо ва ёддоштҳои ҳусни тафоҳум ба имзо расиданд. Раванди гуфтушунидҳо роҷеъ ба имзои дигар созишномаю ёддоштҳои ҳамкорӣ дар соҳаҳои гуногун бо мақсади таъмини манфиатҳои муштарак ва дастёбӣ ба рушду шукуфоии ду кишвар зери роҳбарии ҳакимона ва бар пояи муносибатҳои бародаронаи ду Сарвар – Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои Муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Ходими Ҳарамайни Шарифайн шоҳ Салмон ибни Абдулазиз Оли Сауд подшоҳи Шоҳигарии Арабистони Саудӣ идома дорад. Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ин фосила панҷ маротиба ба Арабистони Саудӣ ташриф оварда, ду маротиба ба ҳайси Меҳмони олиқадри Ходими Ҳарамайни Шарифайн ба дохили Каъбаи мушаррафа ворид гардиданд ва охирин сафари расмии Ҷаноби Олӣ дар соли 2016 сурат гирифта, пас аз он дар Саммити сарони давлатҳои ҷаҳони арабу ислом ва Амрико, ки соли 2017 дар шаҳри Риёз баргузор гардид, ширкат намуданд.
  Арабистони Саудӣ шарики рушд бо Тоҷикистон ба шумор рафта, таваҷҷуҳи зиёде барои татбиқи нақшаҳои рушди Тоҷикистон тавассути роҳандозии лоиҳаҳои зиёде дар саросари кишвар изҳор менамояд. Бо ин мақсад, Фонди Рушди Саудӣ фаъолият ва ҳамкории худро бо ниҳодҳои давлатии Тоҷикистон аз соли 2003 оғоз намуда, дар ин давом аз ҷониби Фонд барои бозсозии лоиҳаҳои инфрасохторӣ дар Тоҷикистон қарзҳои имтиёзнок ба маблағи 174,000,000 доллари ИМА баробар ба 1,936,000,000 сомонӣ тақдим намуд, ки он ба бахшҳои беҳдоштӣ, маориф, нақлиёт ва обёрӣ равона гардид. Инчунин, лоиҳҳои дигаре имрӯзҳо дар марҳилаи иҷро қарор доранд, ки аз ҷумлаи он лоиҳаи рушди шабакаҳои оби нӯшокию полезӣ дар вилояти Хатлон ба маблағи 25 миллион доллари амрикоӣ баробар бо 278 миллион сомонӣ мебошанд. Ҳамзамон, ба наздикӣ 34 мактаб ба ҳукумати Тоҷикистон супорида шуда, мо дар остонаи марҳилаи чоруми бино ва таҷҳизонидани 34 мактаби миёнаи дигар қарор дорем.
  Дар сатҳи амалҳои башардӯстона ва бар пояи муносибатҳои бародарона, Маркази имдод ва амалҳои башардӯстонаи шоҳ Салмон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон саҳми арзанда гузоштааст. Аз соли 2015 то имрӯз аз ҷониби Марказ 22 лоиҳаи рушд ва башардӯстона бо арзиши умумии 13,950,000 доллари амрикоӣ ё худ 141,500,000 сомонӣ роҳандозӣ гардидааст.
  Ҳамчунин Бунёди башардӯстонаи шоҳ Абдулло панҷ клиникаи тиббии сайёрро бо арзиши тақрибии 20 миллион доллари амрикоӣ, ки бо таҷҳизоти муосири тиббӣ муҷаҳҳаз шудаанд, барои расонидани ёрии тиббӣ ба Точикистон тақдим кард. Нақши Бонки Исломии Рушд ва саҳми он дар рушди кишвар тавассути бунёди лоиҳаҳои муҳим дар тамоми соҳаҳо мусбат ва арзанда ба ҳисоб меравад.
  Бино ба аҳамияти густариши ҳамкориҳо дар бахшҳои иқтисодӣ, сармоягузорӣ ва илмию техникӣ, Комиссияи муштараки Тоҷикистон ва Арабистони Саудӣ нишасти нахустини худро 26 августи соли 2013 дар шаҳри Душанбе баргузор намуд, ки ҳадаф аз он таҳкими муносибатҳои ҳасана ва дӯстии таърихӣ миёни ду кишвар аст. Нишасти дуюми Комиссияи муштараки байниҳукуматӣ 1 апрели соли 2018 дар пойтахти Арабистони Саудӣ шаҳри Риёз баргузор гардид ва ҳоло нишасти сеюми Комиссия дар шаҳри Душанбе ба нақша гирифта шудааст, ки он уфуқҳои васеътари ҳамкориҳоро дар тамоми соҳаҳо хоҳад кушод.
  Сафари расмии Вазири корҳои хориҷии Шоҳигарии Арабистони Саудӣ шоҳзода Файсал бин Фарҳон оли Сауд дар таърихи 3 октябри соли 2022 ба Тоҷикистон мулоқоти ӯ бо Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ҳамтои худ ба раванди муносибатҳои дуҷонибаи байни ду кишвар таъсири хеле мусбат расонид ва иҷрои супоришҳои Сарвари ду кишвар дар таҳкиму густариши ҳамкориҳо ва фаъолсозии машваратҳои сиёсии байни вазоратҳои корҳои хориҷии ҳар ду кишвар нақши назаррас мебозад, ки он ба мутобиқати бинишҳо дар масъалаҳои байналмилалӣ мусоидат хоҳад намуд.
  Тоҷикистон ва Арабистони Саудӣ дорои иқтидорҳои табиӣ ва башарӣ буда, сармоягузорӣ ба энергетикаи сабз, истихроҷи маъдан, кишоварзӣ, роҳандозии шарикии дуҷониба, боздидҳои мутақобилаи соҳибкорон ва таъсиси Шӯрои соҳибкорони ду кишвар аз манфиат холӣ нахоҳад буд.

Шаҳлохон Муродалӣ,
ходими хурди илмии шуъбаи
Шарқи Миёна ва Наздик
 

НАЗАД