Ба шарофати сиёсати созандаю фарҳангдӯстона, хирадмандонаву сулҳпарварона ва оқилонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ –Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷашни Наврӯз солҳои охир шукуҳу шаҳомати хоса касб карда, фарогири аксарияти кишварҳои ҷаҳон гардидааст.
Гуфтан ба маврид аст, ки ҷашни Наврӯз аз қадимтарин ва маъруфтарин идҳои мардумони тоҷиктабор буда, умри дарози беш аз панҷҳазорсола дорад. Маънои калимаи “Наврӯз” ин оғози рӯзи нав мебошад. Аммо ниёгонамон ин рӯзро оғози соли нав медонистанд ва солшумориро аз ҳамин рӯз оғоз мекарданд.
Наврӯз ҷашни фарорасии баҳори Аҷам, зиндашавии табиат, оғози кишту кор, айёми баробаршавии шабу рӯз дар фасли баҳор аст. Ба ақидаи ситорашиносон Наврӯз рӯзест, ки офтоб ба бурҷи барра (ҳамал) ворид шуда ва дар ҳамон дақиқаву сонияе, ки ворид мешавад соли нав фаро мерасад.
Боиси ифтихор аст, ки ватани аслии Наврӯз кишвари мо мебошад. Ҳудуди Тоҷикистони имрӯза аз мавзеъҳоест, ки Наврӯз аз нахустин давраи пайдоишаш ҷашн гирифта мешуд. Мардуми тоҷик дар тамоми давру замонҳо ҷашни Наврӯзро ба ҳар шаклу тарзҳои имконпазир таҷлил менамуд.
Анъанаҳои миллии марбут ба ин ҷашн аз насл ба насл интиқол дода шуда, то замони мо ҳифз карда шудаанд. Шоирони ширинкалом, нависандагони барҷаста, донишмандону мутаффакирони барҷаста ҷашни Наврӯзро дар китобу достонҳо, асарҳову рисолаҳои маъруфи худ ҳар яке бо сабки хоссаи хеш васф намудаанд. Масалан, Абурайҳони Берунӣ дар “Осор-ул-боқия” нигошта аст, ки “Рӯзи Наврӯз ягона рӯзест, ки тағйирнопазир аст” ва ҳамзамон дар “Ат-тафҳим” ном асари хеш овардааст, ки “нахустин рӯз аст аз Фарвардинмоҳ ва аз ин ҷиҳат рӯзи нав карданд, зеро ки нишони соли нав аст”. Дар “Шоҳнома”- и Абулқосим Фирдавсӣ ва “Наврӯзнома”-и Умари Хайём низ Наврӯз зиёд васф шуда, Шоҳ Ҷамшед ҳамчун поягузори он ҳисобида шудааст.
Инчунин, устод Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ чунин мегӯяд:
Омад баҳори хуррам, бо рангу бӯйи тиб,
Бо сад ҳазор накҳату ороиши аҷиб.
Шояд, ки марди пир бад-ин гаҳ шавад ҷавон,
Гетӣ ба дил ёфт шабоб аз пайи машиб.
Ҷолиби таваҷҷуҳ аст, ки миллати тоҷик ҳатто дар мушкилтарин давраҳои таърихии худ, аз ҷумла замони истилои арабу чингизиён ва турктозиҳои асрҳои гузашта ҳам ҷашни Наврӯзро ҳифз карда тавонистааст. Дар замони мавҷудияти собиқ Иттиҳоди Шуравӣ ҷашни Наврӯз дубора эҳё гардида буд ва ҷашн гирифта мешуд. Вале маҳз замони Истиқлол бо ташаббуси Роҳбари давлатамон ин ҷашн шукуҳу шаҳомати нав гирифта, ҷаҳонӣ шуд ва имрӯз ҳамон тавре ҷашн гирифта мешавад, ки бояд бошад.
Ҳар сол дар рӯзҳои баҳорӣ тамоми Тоҷикистон ба як ҷашнгоҳи бузурги наврӯзӣ табдил меёбад. Мардум ҳама бо шодиву нишот ва ханда бар лаб бо дилҳои пурфараҳ дар рӯзҳои наврӯзӣ хурсандӣ мекунанд. Албатта, Наврӯз дар аксари кишварҳои ҷаҳон солҳои охир ҷашн гирифта мешавад, аммо дар кишвари мо бузургиву шаҳомати он ба таври хоса аст ва назир надорад. Ҳамон тавре ки шоир фармудааст, Тоҷикистон дар ҳақиқат ватани Наврӯз аст:
Базми гул дар чамани Наврӯз аст
Даври ғулғулфикани Нарӯз аст,
То ба гардун сухани Наврӯз аст,
Тоҷикистон Ватани Наврӯз аст.
Дар сатҳи баланд таҷлил гардидани Наврӯз нишондиҳандаи ободию оромии Тоҷикистон, зиндагидӯстию зебоипарастии мардуми тоҷик мебошад.
Акнун ки Наврӯз ҷаҳонӣ шудаасту тамоми мардумони оламро бо бузургию зебоӣ ва покии худ тасхир намудааст ва дар сатҳи олӣ таҷлил мегардад, миллати тоҷик ҳамчун вориси ин ҷашн, онро бояд аз ҳуҷуми ҳар гуна неруҳои ифротию бадхоҳи миллат минбаъд низ ҳифз намояд. Ҳанӯз солҳои охири мавҷудияти Иттиҳоди Шуравӣ мубаллиғони наҳзатӣ бар зидди дунявият, фарҳанги миллӣ ва хусусан Наврӯз таблиғоти ифротгароёна мебурданд.
Солҳои навадуми асри гузашта бошад, онҳо қишри зиёӣ ва дигар нафаронеро, ки барои пойдории фарҳанги миллӣ мекӯшиданд, таҳқиру тавҳин мекарданд. Дастаҳои қотилони наҳзатӣ солҳои навадум шахсонеро, ки Наврӯз ҷашн мегирифтанд, мавриди фишору озор қарор медоданд. Ташкилоти террористии наҳзатӣ ифротгароӣ ва ҷинояткории худро он замон то дараҷае расонд, ки ба ҷойи Наврӯзу фарҳанги миллӣ ва ободию созандагӣ дар кишварамон ҷангу хунрезӣ, харобию зулмотро овард. Хушбахтона, мардуми тоҷик дар атрофи Сарвари давлати худ муттаҳид гардида, бар зидди ин неруи табоҳкору душман мубориза бурд ва оқибат ғолиб омад.
Хулоса, мардуми Тоҷикистон имрӯз дар ватани ободу ороми худ зиндагии шоиста дорад ва барои пешрафту тараққӣ талош меварзад. Имсол ҳам дар фазои орому осуда ба таври пуршукуҳ Нарвӯзро ҷашн хоҳанд гирфт.
Хайрулло Раҷабалиев,
докторанти PHD- и соли сеюми
Интститути омӯзиши масъалаҳои давлатҳои
Осиё ва Аврупои АМИТ