“ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ” – ҲИССИ БАЛАНДИ ИФТИХОРИ МИЛЛӢ

Автор: Давлиёрова Сафаргул

Расм

“ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ” – ҲИССИ БАЛАНДИ ИФТИХОРИ МИЛЛӢ

Таҳти ин унвон бо ташаббуси Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон бахшида ба соли “Маърифати ҳуқуқӣ” ва 30 – солагии ҲХДТ аз ҷониби аъзоёни фаъоли ТИ “Дипломат” санаи 15 – уми майи соли 2024 дар боғи “Истиқлол” аксияи ҷумҳуриявии “Тоҷикона мепӯшем” баргузор гардид.

Ҳадаф аз баргузории ин иқдом пеш аз ҳама арҷ гузоштан ба арзишҳои миллӣ ва анъанаҳои неки аҷдодӣ, махсусан, либоси зебою шинами миллӣ, аз қабили атласу адрасу чакан ва ба ин васила баланд бардоштани фарҳангу маданияти либоспушӣ, таблиғу ташвиқи либоси миллӣ, аз байн бурдани тамоюли бегонапарастӣ, мубориза бо фарҳанги либоспӯшии бегона, ташаккули ҳисси худшиносии миллӣ, эҳёи хотираи таърихӣ ва ҳуввияти миллӣ мебошад.

Дар аксияи ҷумҳуриявии “Тоҷикона мепӯшем” занону бонувони Институти омӯзиши масъалаҳои давлатҳои Осиё ва Аврупои Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, ки аъзои фаъоли ТИ “Дипломат” мебошанд, бо руҳи болида, бо ҳисси волои меҳанпарастӣ либосҳои миллии атласу адрасу чакан ба бар намуда, иштирок карданд.

Ҳамзамон, муҳиммияту мубрамияти дарк намудани мазмуну моҳияти аксияи ҷумҳуриявии “Тоҷикона мепӯшем” пеш аз ҳама дар замири насли наврасу ҷавонони замони Истиқлоли давлатӣ парваридани маҳбубияти пос доштани урфу одат, расму русум, маданияти либоспӯшӣ ва тарзи зиндагии шоиста мебошад.

Мавриди зикр аст, ки либоси миллӣ як рукни фарҳанги миллат ба ҳисоб рафта, ёдгоре аз гузаштагон аст, ки дар тӯли қарнҳо зебоияшро гум накардааст ва минбаъд низ гум нахоҳад кард. Солҳои охир таваҷҷуҳи роҳбарияти мамлакат ба эҳёи ҳунарҳои мардумӣ, ташвиқу тарғиби либоси миллӣ зиёд гардидааст. Зан ва модари тоҷик дар ҳама давру замон посдори ойину анъанаҳои муқаддаси миллӣ маҳсуб гашта, яке аз нишонаҳои асосии фарҳангу тамаддуни миллатҳои мухталифи дунё либоси миллии онҳост. Вақте ки сухан аз либоси миллӣ меравад, ҳатман пеши назар симои занон бо сару либоси миллӣ пеши назар меояд, зеро ки занро олиҳаи ҳусн мегӯянд.

Ҳамин тариқ, моҳияти аксияи ҷумҳуриявии “Тоҷикона мепӯшем” ин ба қадри арзишҳои миллӣ расидан маҳсуб меёбад. Баргузории  чорабиниҳои дорои хусусияти хештаншиносӣ ва ватандӯстидошта, барои рушди фарҳанги миллӣ ва ҳифзи арзишҳои нодири тоҷикона, ки аз аҷдодони ниёкони мо, аз қаъри таърих дарак медиҳанд, беҳтарин иқдом мебошад. Инчунин, барои эҳёи хотираи таърихӣ масъул будан, шарафи бузург аст. Махсусан, дар шароити муосир, ки бархӯрди тамаддунҳо торафт дар авҷ қарор дорад, мо занону бонувонро муваззаф месозад, ки фарҳанги миллии хешро бо тамоми назокату тароваташ ба хотири бақои миллат, ҳастии миллат ба насли оянда ба мерос гузорем.

Инчунин, Институт тасмим гирифтааст, ки дар муаррифии либосҳои шинаму зебои миллӣ, тибқи талаботҳои Дастурамали либосҳои тавсиявӣ саҳмгузорӣ намояд.

Давлиёрова Сафаргул Тешаевна,

н.и.ф., дотсент, ходими пешбари илмии

Шуъбаи ИДМ-и ИОМДОА-и АМИТ

НАЗАД