ТОҲИРИЁН: АВВАЛИН ДАВЛАТИ ТОҶИКОН ДАР ХУРОСОН

Автор: Давлатова Фарида

Расм

Дар охири асри VIII ва ибтидои асри IX вазъияти душвори Хилофати Араб аббосиҳоро водор сохт, ки самти муносибати худро нисбат ба минтақаи Мовароуннаҳр ва Хуросон дигар кунанд. Онҳо ба идораи ноҳияҳои шарқӣ ашрофони маҳаллиро ҷалб намуда, мекӯшиданд, ки ин минтақаҳоро бо воситаи онҳо дар итоати худ нигоҳ доранд. Аз замони ҳукмронии халифа Мансур (754-775) ва ворисони ӯ Маҳдӣ (775-785) ва Ҳорун-ар-Рашид (786-806) Мовароуннаҳру Хуросонро асосан ҳокимон аз ашрофони маҳаллӣ идора мекарданд. Аммо ин боиси дар Осиёи Миёна мустаҳкам шудани ҳокимияти халифа нагардид, балки баръакс, ба озод шудани Мовароуннаҳр аз асорати арабҳо мусоидат кард. Нақши ашрофони маҳаллӣ махсусан баробари ба сари ҳокимият омадани сулолаҳои маҳаллӣ – Тоҳириён дар Хуросон ва Сомониён дар Мовароуннаҳр афзуд.

Бо даргузашти Ҳорун ар Рашид (809) иттиҳоди давлати Аббосиён рӯ ба парокандагӣ овард. Нақши асосӣ ва ҳалкунандаро тасмими Ҳорун ар Рашид дар бораи вориси худ бозида буд. Халифа ду пасар дошт: Муҳаммад (бо лақаби ал- Амин)-аз зане аз хонаводаи Ҳошимиёни араб ва Абдуллоҳ (бо лақаби ал-Маъмун)-аз канизи форс. Соли 782 Ҳорун писари хурдии худ ал-Аминро вориси аввалинаш ва дар соли 799 писари калониаш Маъмунро вориси навбатӣ таъйин кард. Ҳамин тариқ салтанати мусалмонон ба ду қисм тақсим шуд. Дар қисмати ғарбӣ, ки марказаш Бағдод буд, Амин ва дар қисмати шарқӣ бошад, волии Хуросон ал-Маъмун ҳукмронӣ мекард.[5, с.138]

Пас аз марги Ҳорун-ар-Рашид яке аз фармондеҳонаш дар Мовароуннаҳр Рофеъ ибни Лайс аз итоат ба ҳукуматдорони Бағдод даст кашид ва Самарқандро тасарруф кард. Халифа ба муқобили ӯ лашкар фиристод, ки ба он амир Ҳарсама сардорӣ мекард, ки аввал Самарқандро муҳосира ва дар соли 811 ин шаҳрро пурра забт намуда, исёнгарро ба қатл расонид. Пас аз пахш кардани шӯриш вазир Амин ал-Фазл ибни ар-Робиъ ба лашкари Ҳарсама фармон дод, ки ба Бағдод баргарданд. Ин ба ақидаи ал-Маъмун, ки муътақид буд, ки он бояд таҳти фармони ӯ бимонад, хилофи фармони Ҳоруни марҳум дар бораи соҳибихтиёрии худ дар Хуросон буд. Бо маслихати Фазл ибни Саҳл аз фиристодани лашкарро ба Бағдод рад кард. Ҳамин тавр ҷанг байни ду бародар оғоз шуд. [11, с.70]

Халифа Маъмун бо кӯмаки мардуми форс бародараш Аминро мағлуб намуда, баъди ба сари тахт нишастан онҳоро ҳокимони вилоятҳои шарқӣ таъин намуд. Ин ҳокимон боиси заминагузории давлатҳои Тоҳириён ва Сомониён гардиданд.

Асосгузори сулолаи Тоҳириён Тоҳир ибни Ҳусайн тибқи гуфтаи В.В. Бартолд аз аҷдоди Розиқ мавлое аз волии Систон Абӯмуҳаммад Талҳа бин Абдуллоҳ ал-Хузой буд, ки дар навбати худ ба волии Хуросон Салмон бин Зиёд (681-683) итоат мекард. Писараш Мусъаб ҳокими шаҳри Пушанги вилояти Ҳирот буд ва дар таблиғоти Аббосиён бар зидди Умавиён фаъолона ширкат варзида, котиби яке аз шарикони Абӯмуслим буд. Баъд аз ӯ ин шаҳрро бо навбат писараш Ҳусайн (814-815) ва наберааш Тоҳир идора мекарданд. [1, с.506]

Тоҳир на ҳамчун ҳокими ботаҷриба, балки ҳамчун Абӯмуслим дар майдони ҷанг шӯҳрат пайдо кард. Ӯ дар ҷанги зидди Рофеъ ибни Лайс, набераи собиқ волии Хуросон, ки бар зидди халифаи Бағдод исён карда буд, фаъолона иштирок кард. [6, с.61] Дар ин мубориза Тоҳир далерӣ ва маҳорати ҷангии худро нишон дода, соли 811 ӯро дар ҷанги ворисони Ҳорун-ар-Рашид - Амин ва Маъмун - барои ҳокимият Тоҳир дар хилофат фармондеҳи сарбозони Маъмун таъйин намуданд. Соли 813 ӯ Бағдодро забт карда, ба Маъмун барои ба тахт нишастан кӯмак расонид. Баъд аз чанд муддат сарфармондеҳи хилофат, баъд волии Байнаннаҳрайн, сардори қисми ҳарбии Бағдод ва сардори мироб (мудири идораи об)-и Ироқ буд. Маъмун хидматҳои Тоҳирро дар ҷанг бо бародараш фаромӯш накарда, соли 821 ӯро ҳокими Мовароуннаҳру Хуросон таъйин намуд ва ҳамин тавр аввалин сулола ва давлати форсу тоҷик-давлати Тоҳириён таъсис ёфт.

Тоҳир ибни Ҳусайн соли 822 амр дод, ки дар хутбаи ҷумъа номи халифаро зикр накунанд, ки ин маънои кандани алоқа бо Бағдодро дошт. Дере нагузашта аз ин амраш ӯро дар бистари хобаш дар ҳолати марг ёфтанд. Ба ақидаи муҳаққики рус Бартолд Тоҳирро яке аз ҷосусоне, ки аз тарафи халифа Маъмун равон шуда буд, заҳр дода кушт. [2, с. 266] Муаррихи дигар Табарӣ ба заҳр дода, куштани Тоҳир ишора накарда бошад ҳам, ба ривояти барояш дастрас такя намуда, навиштааст: «Вафоти Зуляминайн аз табу ҳарорате буд, ки дучори он шуд ва ӯро дар бистараш мурда ёфтанд. Вақте ки дар он мурда буд, надонистанд ва ҳеҷ кас аз ходимони вай аз вақти вафоташ хабар нашуда буд. Ходимро аз хабари вай пурсиданд ва аз охирин хабаре, ки дар бораи вай дониста буд, ки гуфт: шунидамаш, ки бо порсӣ сухан мегуфт, ки чунин буд: «Дар марг низ марди вояз!!» [7, с. 4983-4984]

Ҳамин тавр, бо вуҷуди он ки хоҳиши ҷудо шудани Тоҳир ибни Ҳусайн ошкор буд, халифа писараш Талҳаро (822-828) волии Хуросон таъйин кард. Пас аз он писари дигари Тоҳир Абдуллоҳ (828-844), ки халифа Маъмун ӯро мисли писари худаш медонист, волии Хуросон шуд. Дар аҳди ӯ Хуросон воқеан давлати мустақил шуда, Нишопур ба манзили Тохириён табдил ёфт. Дар аввал халифа мехост ӯро ба ҷои падари фавтидааш волии Хуросон таъйин кунад. Аммо фаъолиятҳои ӯ дар ғарби хилофат: саркӯб кардани шӯриши Наср бин Шабат дар Раққа, Абдуллоҳ бин ас-Сарӣ дар Миср ва Бобак дар Озарбойҷон ин таъйинотро ғайривоқеӣ арзёбӣ карданд. Бинобар ин бародараш Талҳаро дар Хуросон намояндаи худ таъйин кард. Вақте ки бародараш Талҳа дар соли 828 даргузашт, бародари дигараш Алӣ, ки дар он ҷой буд, ду сол то омаданаш ба Нишопур, ки дар соли 830 ба пойтахташ табдил ёфт, муовини волӣ буд. [4, с.23]

Ба дасти писарони Тоҳир гузаштани волии Хуросон барои ҳуқуқи меросии хонадони Тоҳириён ба манотиқи шарқии хилофат замина гузошт. Таърихи минбаъдаи Тоҳириён нишон медиҳад, ки бидуни номи ӯ хилофат шикаста, расман дар таркиби худ боқӣ монда, номи халифаро ҳар рӯзи ҷумъа дар хутба ёдоварӣ мекарданд. Сиккаи нуқра бо номи ӯ дар ҷои аввал – дирҳамҳо, хиссаи муайяни хароҷ ва дигарон ба хазинаи андозҳои хилофат мепардохтанд, вале намегузоштанд, ки халифа ба корҳои дохилии Хуросон дахолат кунад. Тоҳириён тарзи ташкили як тоифа, вале дар айни замон давлати тавоно медонистанд, ки дар сарзамини Хуросон ва баъдан дар Табаристон ва дигар манотики Эрон хаёти мустақили сиёсиро пеш мебурд.

Тоҳириён бо мақсади устувор намудани ҳокимият ва интишор додани нуфузи худ як қатор тадбирҳо андешиданд. Онҳо дини исломро ҷорӣ карда, дар он такягоҳи ҳокимияти худро медиданд. Дар аҳди Талха тамоми мулкҳои боқимондаи мустақил тобеь гардонида шуданд. Аз ҷумла, қушуни араб таҳти фармоидеҳии Аҳмад ибни Абухолид соли 822 Истаравшанро пурра ба тасарруфи худ даровард. Дар аҳди Абдуллоҳ баъзе мулкҳои оғузҳо забт карда шуданд. Бо супориши ӯ дар сарҳади шимолии Хуросон барои рафъи тохтутози туркҳои оғуз деҳаҳои мустаҳками Фароса (наздикии хозира Кизиларват) ва Деҳистон (Машхади Мисриён) иморат гардиданд. Тоҳириён ҳарчанд то андозае мустақилияти мамлакатро таъмин карда бошанд ҳам, табиист, ки ифодакунандаи манфиати халқи заҳматкаш набуданд. Вале ба ҳар ҳол онҳо дар мамлакат низому тартиби муайян чорӣ карда тавонистанд, барои ривоҷи кишоварзӣ, маҳдуд кардани зӯроварии амалдорону деҳқонон як қатор тадбирҳо андешиданд, ба инкишофи маърифат ва таҷдиди анъанаҳои маданияти маҳаллӣ мусоидат карданд ва бо ҳамин то андозае вазъияти аҳолиро беҳтар гардониданд. [8,с.20]

Муҳаққиқи рус, Пигулевская Н.В. давраи рушд ва гулгуншукуфоии ин давлатро аз фаъолияти намоёнтарин намояндаи сулолаи Тохириён, Абдуллоҳ ибни Тоҳир (828-844) баҳо медиҳанд. [10, с.34] Ӯ кӯшиш мекард, ки ҳаҷми андози кироя (хироҷ)-ро аниқ муайян кунад, то қувваҳои истеҳсолкунандаи мамлакат ва бо ҳамин супоридани андози деҳқононро баланд бардошт. Албатта, наметавон инкор кард, ки дар замони ҳукмронии Тоҳириёни аввал дар нимаи шарқии Эрон ва дар Мовароуннаҳр деҳқонон нисбат ба волиёни араб беҳтар зиндагӣ мекарданд, вале муҳаббати мардумро ба Тоҳириён ҳам нисбат додан мумкин нест. Барои хубтар фаҳмидани моҳияти синфии қудрати Тоҳири Абдуллоҳ ва равшантар тасаввур кардани ақидаҳои сиёсии ӯ бояд номаи маъруфи дастур (ё «хонасозӣ»), ки падараш Тоҳир ибни Ҳусайн ба вай дар давоми умри худ навиштааст, ба хотир овард. Ин нома ба забони арабӣ навишта шуда, онро муаррихи арабзабон Табарӣ (асри X) дар асари таърихии худ зикр намудааст. [7, с.4972] Он дар Шарқ, махсусан дар кишварҳои арабӣ маъруф шудааст, ки мактаббачагон ҳамчун намунаи услуби навишти классикӣ бо он шинос мешаванд.

Ҳоло танҳо дар бораи он кисмҳои мактуб, ки хусусияти маслиҳати сиёсӣ доранд, таваққуф мекунем: «Ба андози замин (ҳароҷ) нигар: тобеон (райатҳо) онро устуворона мепардозанд ..., пас шумо онро ба ҳақ ва адолат, дар асоси баробар ва умумӣ, дар байни ҳамаи онҳое, ки андозбандӣ мешаванд, бояд тақсим кунед; Ба ҳеҷ ваҷҳ ашрофро ба хотири бузургдошти худ ва сарватдорро ба хотири моли худ ва котиб ва касеро аз хешовандони худ аз он озод макунед. Ин андозро аз қобилияти пардохти худ зиёда нагиред, вазифаҳои зиёдатӣ нагузоред ва ба ҳама мардум бо эҳтиром муносибат кунед, зеро ин аз ҳама бештар боиси меҳру муҳаббати онҳо мегардад ва қаноатмандии оммаи мардумро таъмин мекунад».[7, с.4979]

Тоҳир ибни Ҳусайн дар номаи худ тамоми низоми андозҳои аббосиро муқаррарӣ ва қонунӣ медонад. Вай бадиро на дар мизони баланди хароҷот, балки дар сӯистифодаи мансабдорон ва тақсимоти ноодилонаи хароҷот мебинад. Ба ақидаи ӯ, бо аз байн рафтани сӯистеъмолкунӣ- некуаҳволии деҳқонон баланд мешавад ва онҳо ба осонӣ андоз месупоранд, на танҳо давлат, балки аҳолӣ ҳам бой мешавад. Ба андешаи Тоҳир, подшоҳ на он вақт сарватманд аст, ки дар хазина бо роҳҳои гуногун зари зиёд ҷамъ карда бошад, вай вақте сарватманд мешавад, ки раёсаташ обод ва фаровон зиндагӣ кунад. Аз райатҳои бой хазина худ аз худ бой мешавад, зеро он вақт андози замин ва дигар андозҳо ба осонӣ дода мешавад ва райатҳо ба ҳукмронии худ бо майли том итоат мекунанд.

Агар подшоҳро чӯпон (раъй) ва тобеонро пода (раъая) номидан мумкин бошад, пас чӯпон бояд дар хотир дошта бошад, ки танҳо боқимондаи ӯро аз рама ҷамъ кардан мумкин аст. [10, с.34]

Манфиатҳои синфии Тоҳир ибни Ҳусайн дар мактуби ӯ хеле равшан ифода ёфтаанд. «Дар бораи он намояндагони олитарини ашроф ғамхорӣ кун, онҳо ба «шаҳват» афтода, нигоҳубини онҳоро ба дасти худ гирифта, ахволи худро беҳтар мекунанд, то ки камбағалии худро ҳис накунанд».[7, с.4980]

Барои Тохир ибни Хусайн сарватмандии ашрофони заминдор (дехкон) асоси хаёти чамъиятӣ мебошад. Тоҳир дар бораи камбағалон низ менависад: «Ба корҳои мискинон ва бенавоён, ки имкони ба шумо расонидан дар бораи хироҷи ғайриқонунӣ аз онҳо надоранд ва мазлумонро, ки намефаҳманд, ки чӣ гуна ҳаққи худро талаб кунанд, таваҷҷуҳи истисноӣ кун; дар ҳаққи онҳо махфӣ маълумот гиред, онҳоро аз ҷумлаи тобеони худ ба дасти одамони шоиста супоред[7, с.4981]. Дар ин ҷо мақсад як аст: пешгирӣ кардани сӯистеъмол, вале дар айни замон бо ёрии ҷосусҳо аз болои мардум чашм доштан.

Инҳо аслан ақидаҳои роҳбарикунандаи он «ҳикмати шарқӣ» мебошанд, ки дар асоси таълимоти Тоҳир ибни Ҳусайн дар номаи худ ба Абдуллоҳ баён шудаанд.

Абдуллоҳ пеш аз ҳама таваҷҷуҳи худро ба манфиати дехконон равона мекард. Дар байни сокинон аз сабаби истифодаи об барои обёрии сунъӣ аксар вақт баҳсҳо ба вуҷуд меомаданд; дар китобҳои фақеҳони мусулмон дар ин бора дастуре набуд; Аз ин рӯ, Абдуллоҳ фуқаҳои Хуросонро даъват намуда, онҳоро бо иштироки баъзе фақиҳҳои Ироқ дастур дод, ки дар мавриди истифода аз об қоидаҳоро таҳия кунанд. «Китоби ҷӯйҳо» («Китоб-ул-куний»), ки баъди ду қарн дар аҳди Гардизӣ аз ҷониби онҳо тартиб дода шуда буд, дар таҳлили ин гуна мавридҳо ҳамчун дастуруламал хидмат кардааст. Дар фармоне, ки Абдуллоҳ ба мансабдорон барои ҳимояи манфиатҳои кишоварзон амр фармудааст, ба манфиати ин амлок мубоҳисаҳои ахлоқӣ зикр шуда буд: «Худованд моро бо дастони онҳо ғизо медиҳад, бо лабонашон салом медиҳад ва ранҷонидани онҳоро манъ мекунад». Ҳамдардӣ ба табақаҳои поёнӣ Абдуллоҳро ба ғояи таҳсилоти ҳамагонӣ овард, ки онро ӯ бо ибораҳои мушаххас баён кардааст: «Илмро бояд ба арзанда ва ношоиста вогузор кард; илм муроқиби худаш шуда метавонад, то бо ношоиста намонад».[2, с.271] Тавре ки академик Б. Ғафуров менависад: “Давлати Тоҳириҳо ба миқдори зиёди амалдорони босавод эҳтиёҷ дошт. Аз ин ҷост, ки Абдуллоҳ кӯшиш мекард назар ба давраи гузашта дониш ва омӯзишро бештар дастраси оммаи васеи аҳолӣ гардонад”. [3, с.376]

Абдуллоҳ низ монанди падари худ шоир буд. Бародарзодаи ӯ Мансур, ки Марв, Омул ва Хоразмро идора мекард, бо асарҳои фалсафии худ шуҳрат пайдо карда буд. Писари Абдуллоҳ Тоҳири II (844-862) кӯшиш мекард, ки дар ҳар бобат ба падараш тақлид намояд. Умуман, замони ҳукмронии Абдуллоҳ ва Тоҳирро метавон оғози эҳёи маданияти маҳаллӣ номид. Аммо ин ҷараён хеле мураккаб ва ихтилофомез буд. Гап дар сари ин аст, ки худи намояндагони сулолаи Тохириён, хусусан, Абдуллоҳ ибни Тохир, ба маданияти араб ва тамоми зуҳуроти он ихлос доштани худро бо исрор таъкид мекарданд.

Дар асри IX ва ибтидои асри Х дар Эрон ҷамоатҳои зардуштӣ нашъат пайдо карда, маҳз дар ҳамин вақт чунин асарҳои зардуштӣ, аз кабили «Бундаҳиши» ва «Денкарти” инчунин, як қатор таълифоти ғайридинӣ ба вуҷуд меоянд. Тоҳириён ҳамаи инро ба эътибор нагирифта наметавонистанд, хусусан, ки аз чиҳати сиёсат душмани асосиашон хилофати Аббосӣ буд ва худи онҳо ба ҳамон вилоятҳое такя мекарданд, ки аксари аҳолиашон эронизабон буданд. Маҳз аз ҳамин сабаб Тохириён ба шоирон, алалхусус, муътақидони шуубия иҷозат медоданд, ки онҳоро бо подшоҳону қаҳрамонони Эрони пеш аз ислом қиёс карда, ситоиш намоянд. Чуноне ки муаррихи рус Петрушевский И. П. менависад, “дар дарбори Тоҳириён дар қатори забони арабӣ забони форсӣ ҳам мустаьмал буд. Дар Марв китобхонае вуҷуд дошт, ки асарҳои ба забони паҳлавӣ навишташуда нигоҳ дошта мешуд”. [9, с.36-37]

Тибқи ахбори Ибн ал Асир Абдуллоҳ ибни Тоҳир 12 моҳи рабеъу-л-аввали соли 230 / 27 ноябри соли 844 дар синни 47-солагӣ, пас аз 14 соли хукуматдорӣ дар Нишопур аз олам даргузашт. [4, с.181] Дар он замон Хуросон ва кулли вилояти Райю Табаристон ва тобеи он, Кирмон ва Ироқ зери итоати ӯ буд. Илова бар он, ӯ раисии кулли шуртаи Бағдодро ба уҳда дошт. Ӯ дар Хуросон ҳам волӣ ва ҳам сипаҳсолор буд. Ҳангоми вафоти Абдуллоҳ хилофатро Восиқ идора мекард ва бо амри ӯ идораи Хуросон ба ихтиёри писари Абдуллоҳ Тоҳири II вогузор гардид.

Дар охири давраи подшоҳии Тоҳири II дар Систон ҷунбиши мардумӣ ба вуқӯъ пайваст, ки Муҳаммад, ки дар ҷавонӣ ба тахт нишаст ва дар бораи давлатдорӣ кам андеша мекард, ба муқобили он нотавон буд. Муҳаммад соли 876 ба асирии Ёқуб ибни Лайс (Саффориён) афтода озод шуд ва баъдан чанд маротиба волии Хуросон таъйин шуд, вале дар воқеаҳо иштироки воқеӣ надошт. Бародараш Ҳусайн ба Хоразм ба нафақа рафт ва аз он ҷо пас аз кӯшиши бебарор (874) барои забт кардани Бухоро ба Марвруд омад ва Яъқубро мағлуб намуда, (876) Нишопурро забт кард, вале аллакай дар соли 877 маҷбур шуд, ки ба Марв, ки чанд сол соҳиби он буд ва дар он ҷо чанд бино бунёд карда, ақибнишинӣ кунад. Бародарони Тоҳири II чанд муддат фармондеҳи низомии Бағдод боқӣ монданд. Аз инҳо Убайдуллоҳ то вафоташ (913) сардори қабилаи Хуза ба ҳисоб мерафт.

Тоҳириён аввалин сулолаи мусулмонони форсу тоҷик буданд, ки ба истиқлолияти ҳақиқии Эрони Шарқӣ аз Бағдод ибтидо гузошта, дар таърихи ин кишвар давраи мутлақияти равшангарро боз карданд. Накши ин хонавода дар таърихи халки тоҷик ва умуман, Хуросони бузург хеле барҷаста буда, барои таъсиси давлатҳои минбаъдаи миллӣ роҳи васеъ кушод. Сарварони тоҳирӣ ҳама соҳибфарҳанг буданд ва дар баробари пуштибонии дини ислом ва забони арабӣ барои дастгирии ҳувияти миллӣ ва забону фарҳанги маҳаллӣ низ кӯшиши зиёде ба харҷ доданд. Маҳз дар замони давлатдории Тоҳириён забони дарӣ бо истифода аз расмулхати нави арабӣ макоми шоиста пайдо кард. [12]

 

АДАБИЁТ

  1. Бартольд В. В., Тахир ибн Хусейн // Бартольд В. В. Сочинения. том 6, Москва, 1967- С. 506
  2. Бартольд В.В. Сочинения. Том 1. Туркестан в эпоху монгольского нашествия с. 271
  3. Ғафуров Б. Точикон: Таърихи кадимтарин, кадим, асри миёна ва давраи нав. - Душанбе: Нашриёти муосир, 2020. – С.376
  4. Ибни Асир Изуддин. Таърихи комил//Баргардони Саид Мухаммад Ҳусайни Руҳонӣ//Изуддин ибни Асир.Ҷ. ІХ./ Ибни Асир Изуддин 043-Техрон, 1383 ҳ.қ. (2004).- ҷ. 17 с.181
  5. Исомитдинов Ж. Шароитҳои таърихии ба сари қудрат омадани Тоҳириён дар Хуросону Мовароуннаҳр// Тоҳириён ва истиқлоли Хуросони бузург. Душанбе “Ганҷи хирад”, 2022, 184с. С. 138
  6. Мамадазимов Абдугани. Открытый мир таджиков. Книга I. Стратегия Саманидов. - Душанбе, «Илм», 2021, С.61
  7. Муҳаммад Ҷарири Табарӣ. Таърихи-р- русул ва-л- мулук Ҷилди 3. Сарредаксияи Энсиклопедияи Миллии Тоҷик, Душанбе_2014 С.4980-81
  8. Неъматов Нуъмон. Давлати Сомониён: точикон дар асрхои IX—X.—Ду­шанбе: Ирфон, 1989. С. 20
  9. Петрушевский И. П. Земледелие и аграрные отношения в Иране XIII-XIV веков. И. П. Петрушевский М.- Л., 1960 .С. 36-37
  10. Пигулевская Н.В. и др. История Ирана с древнейших времен до конца XVIII века. М„ 1958. С. 34
  11. Фильштинский. И. М. История арабов и Халифата (750-1517г) /. И. М. Фильштинский.- М.: АСТ:Восток-Запад, 2006.- С.70
  12. Эмомалӣ Раҳмон. Тоҷикон дар оинаи таърих. Аз Ориён то Сомониён. Иборат аз чаҳор китоб. Душанбе: «Ирфон». 2009

 

ДАВЛАТОВА ФАРИДА

докторанти курси 2 - юми

Институти омӯзиши масъалаҳои

давлатҳои Осиё ва Аврупои АМИТ

 

НАЗАД