Автор: ИИПСАЕ
Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки бо сабаби мавқеи муҳими ҷуғрофии худ дар Авруосиё, ки Осиёи Марказиро бо нимҷазираи Ҳинду Чин мепайвандад, дар меҳвари манфиатҳои геополитикии нерӯҳои муқтадири олам қарор гирифтааст. Бинобар ин, сиёсати ҳадафмандонаро пеш бурда, минбаъд низ стратегияи ҳамкориҳои бисёрҷонибаро дар минтақа ва ҷаҳон дунбол менамояд.
Муваффақияти муносибатҳои дуҷониба аз бисёр ҷиҳат ба тавозуни байни ҳадафҳо ва имкониятҳои татбиқи онҳо вобаста мебошад. Ҳамкориҳои судманди Тоҷикистону Туркия аз оғози истиқлолият собиқаи хубу ғанӣ дошта, ба таъмини амнияти минтақавӣ ва таҳкими мавқеи Тоҷикистон дар низоми ҳамгироии минтақавӣ кӯмаки назаррас мерасонад. Чунин иқдом дурнамои беҳтаре доранд, ки истифодаи васеи он ба нафъи ҳарду кишвар мебошад.
Таҷрибаи муносибатҳои дуҷониба собит менамояд, ки Ҷумҳурии Туркия ҳамчун яке аз шарикони афзалиятноке ба ҳисоб меравад. Байни ду кишвари дӯст дар соҳаҳои мухталиф, аз ҷумла иқтисодиёт, тиҷорат, энергетика, саноат, маориф, фарҳанг, сохтмон ва меъморӣ ҳамкории самарабахш идома доранд. Ҳамкорӣ ва дастгирии доимии ҳарду кишвар дар доираи созмонҳои байналмилалӣ ва форумҳо, хусусан дар доираи ҷаласаҳои Созмони Милали Муттаҳид мусбат арзёбӣ мегарданд.[1]
29 январи соли 1992 Ҷумҳурии Туркия истиқлолияти Тоҷикистонро ба расмият шинохт, ҳамзамон байни ду кишвар муносибатҳои дипломатӣ барқарор гардиданд. Худи ҳамон сол Сафорати Ҷумҳурии Туркия дар Душанбе ба фаъолият шурӯъ намуд.
Моҳи декабри соли 1995 Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Анқара ифтитоҳ гардид. Ин чунин соли 2011 Консулгарии генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Истамбул ба кор шурӯъ кард.[2]
То ба имрӯз зиёда аз 50 адад созишномаю тафоҳумномаҳо ва дигар санадҳои ҳамкорӣ миёни ду кишвар ба имзо расидаанд.
Моҳи майи соли 1996 боздиди расмии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз Туркия баргузор гардид. Дар рафти сафар чанд санади байниҳукуматӣ, аз ҷумла, Эъломияи муштарак, созишномаи консулӣ, созишномаҳо дар бораи ҳамкории ҳуқуқӣ оид ба масъалаҳои шаҳрвандӣ, дар бахшҳои тиҷоратӣ ва ҷиноӣ, дар бораи ташвиқ ва ҳимояи мутақобилаи сармоягузориҳо, дар бораи канорагирӣ аз ситонидани андози дубора, дар бораи нақлиёти байналмилалии автомобилӣ, дар бораи ҳамкориҳо дар соҳаи тиб ва тандурустӣ, варзиш ва туризм ба имзо расиданд. [3]
Дар ин марҳилаи таърихи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз Ҷумҳурии Туркия 6 маротиба боздидҳои расмӣ ва корӣ ҷараён дод, ки онҳо моҳи майи соли 1996, октябри соли 1998, ноябри соли 1999, январи соли 2006, марти соли 2009 ва декабри соли 2010 сурат гирифтаанд. Дар навбати худ Президенти Туркия 3 бор - сентябри соли 1995, ноябри соли 2001 ва майи соли 2009 ба Тоҷикистон бо сафарҳои расмӣ ва корӣ ташриф овардааст.
Моҳи ноябри соли 2001 сафари расмии Президенти Туркия Аҳмад Неҷет Сезер ба Тоҷикистон сурат гирифт. Роҳбарони ду давлат масъалаҳои густариши минбаъдаи ҳамкориҳои миёни ду кишварро муҳокима намуда, доир ба мавзӯъҳои байналмилалӣ ва минтақавии мавриди таваҷҷӯҳи ҷонибҳо табодули назар карданд.
Дар натиҷа ҳуҷҷатҳои зерини дуҷониба ба имзо расиданд: Эъломияи муштарак дар бораи густариши минбаъдаи муносибатҳои дӯстӣ ва ҳамкорӣ, созишномаҳо дар бораи ҳамкорӣ дар мубориза ба муқобили терроризми байналхалқӣ, муомилаи ғайриқонунии моддаҳои нашъадор ва психотропӣ ва ҷинояткории муташаккил, дар бораи ҳамкорӣ дар соҳаи алоқа Мавқеи ду кишвар нисбат ба масъалаҳои мубрами байналмилалӣ ва минтақавӣ наздик ва ё яксон мебошанд. Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Туркия дар дигар сатҳҳо низ мунтазам тамос мегиранд, инчунин дар ҳошияи созмонҳои байналмилалӣ ва минтақавӣ ҳамкории зич ба роҳ мондаанд.
Мутахассисони тоҷик мунтазам дар барномаҳои бозомӯзӣ, ки аз ҷониби Туркия танзим мешаванд, иштирок менамоянд. Илова ба ин, дар ҳоли ҳозир теъдоди зиёди донишҷӯёни тоҷик дар донишгоҳҳои Ҷумҳурии Туркия таҳсил менамоянд.
Зикр кардан бо маврид мебошад, ки комиссияи байниҳукуматии Тоҷикистону Туркия оид ба ҳамкориҳои тиҷоратӣ, иқтисодӣ, илмӣ ва техникӣ имконият медиҳад, ки ҳамкориҳои байни ду кишвар дар соҳаҳои мухталиф сари вақт мавриди баррасӣ ва хулосабарориҳо қарор мегирад. Дар собиқа ҷаласаҳои комиссияи номбурда мунтаазам гузаронида мешуд, ки идомаи ин иқдом ҷавобгӯи манфиятҳои Тоҷикистон мебошад.
Масалан ба нишондиҳандаҳои муқоисавии гардиши савдои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Туркия (млн. долл. ИМА) [4] ва нишондиҳандаҳои муҳими дигар ин гардиши савдои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Туркия (2011- 2017) (млн. долл. ИМА)[5], собиткунандаи муносибати афзалётнок мебошад.
|
2016 |
2017 |
Тамоил |
|
+/- |
% |
|||
Гардиши савдои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон (ҳамагӣ) |
3929,9 |
3973,1 |
43,2 |
101,1 |
Гардиши савдои хориҷӣ бо Туркия, аз ҷумла: |
315,3 |
338,6 |
23,3 |
107,4 |
Содирот |
200,8 |
233,2 |
32,4 |
116,1 |
Воридот |
114,5 |
105,4 |
-9,1 |
92,0 |
Вазни хос % |
8,0 |
8,5 |
- |
- |
Нишондиҳанда |
2010 |
2011 |
2012 |
2013 |
2014 |
2015 |
2016 |
2017 |
Гардиши савдои хориҷӣ бо Ҷумҳурии Туркия |
437,0 |
620,1 |
600,5 |
607,2 |
396,4 |
388,5 |
315,1 |
338,6 |
аз он: Содирот |
377,0 |
543,9 |
493,4 |
422,7 |
251,6 |
255,7 |
200,8 |
233,2 |
Воридот |
60,0 |
76,2 |
107,2 |
184,5 |
144,6 |
132,8 |
114,3 |
105,4 |
Вазни хос % |
11,3 |
14,0 |
11,7 |
12,2 |
7,5 |
9,0 |
8,0 |
8,5 |
Гардиши савдои хориҷии Тоҷикистон (ҳамагӣ) |
3851,6 |
4463,3 |
5138,1 |
4988,8 |
5274,7 |
4326,2 |
3929,6 |
3973,1 |
Ширкатҳои сохтмонии туркӣ дар қаламрави Тоҷикистон паймонкори сохтмони биноҳои маъмурӣ, истиқоматӣ ва тиҷоратӣ, инчунин роҳҳои автомобилгард мебошанд.[6]
Умуман муносибатҳои байни Тоҷикистон ва Туркия имкони густариш ёфтанро доро буда, ду кишвар омода ҳастанд уфуқҳои навро дар ин ҷода фатҳ кунанд.
Малоҳат Қурбонова,
корманди Институти омӯзиши
масъалаҳои Осиё ва Аврупои
АИ ҶТ
Адабиётҳо
1.Саҳифаи нави дипломатияи тоҷик. Д, 2013, саҳ. 26
2.Cиёсати хориҷии Тоҷикистон дар масири истиқлолият. Д. 2011. сах. 167
3.Дипломатияи Тоҷикистон: дирӯз ва имрӯз. Ҷилди 1. Д. 2009. саҳ. 106
4.Саҳифаи нави дипломатияи тоҷик. Д, 2013, саҳ. 160
5.Муносибатҳо бо кишварҳои Осиё ва Африка www.http://mfa.tj
[1] Саҳифаи нави дипломатияи тоҷик. Д, 2013, саҳ. 26
[2] Cиёсати хориҷии Тоҷикистон дар масири истиқлолият. Д. 2011. Сах. 167
[3] Дипломатияи Тоҷикистон: дирӯз ва имрӯз. Ҷилди 1. Д. 2009. саҳ. 106
[4] Муносибатҳо бо кишварҳои Осиё ва Африка http://mfa.tj
[5] Муносибатҳо бо кишварҳои Осиё ва Африка www.http://mfa.tj
[6] Саҳифаи нави дипломатияи тоҷик. Д, 2013, саҳ. 160