Устод Алии Даштӣ (1897‐1981) ба андешаи муҳаққиқони муосири Эрон дар радифи бузургтарин равшанфикрони маъруфи ҷаҳони имрӯза, чун Аҳмади Касравӣ ва Шуҷоуддини Шифо қарор дорад.
Бо вуҷуди ин ҳама шаҳомат ва шуҳрати илмӣ ва адабӣ ҳоло ки ҳоло аст, доир ба ҳаёт ва фаъолиятҳои фарҳангии устод Алии Даштӣ маълумоти дақиқ надорем. Он чи инҷо зикр мешавад, маҷмуае аз ёддоштҳоест, ки аз сарчашмаҳои пароканда гирдоварӣ намудаем.
(1)
Дар бораи зодрӯзаш навиштаанд, ки соли 1897 дар шаҳри Карбалои Ироқ таваллуд шудааст. Мегӯянд, ки баъди бистсолагӣ бо аҳли хонадонаш ба Эрон баргаштааст. Сабабҳои истиқомати тӯлонӣ дар Ироқ маълум нест. Он чӣ барои мо дастрас аст, ин аст, ки Алии Даштӣ дар маҳаллаи пушти бозори Карбало дар хонаводаи эронӣ зода шудааст. Падараш Абдулҳасани Даштӣ аз пешвоёни мансуб ба раис Солеҳи Даштӣ, рӯҳонии хушном ва мавриди эҳтиром ва аз мардуми деҳаи Талху дар бахши Кокии шаҳристони Даштӣ, устони Бушаҳр буд.
Таҳсилоташро дар ҳавзаҳои илмияи Наҷаф шуруъ кард ва таҳсилоти ибтидоиро дар рустои Гуласпия аз тавобеи шаҳристони Дилфон ба итмом расонд. Ҷозибаи озодии иҷтимоӣ ин хонаводаро .... дар соли 1298-1909 ба Эрон кашонд. Дар синни 24 солагӣ дар ҷараёни ҷанги ҷаҳонии аввал, ҳамроҳи падару бародаронаш, Ироқро ба мақсади Эрон тарк гуфт ва бар хилофи тарбияти мазҳабӣ ва умедвориҳои хонаводагӣ, дар фазои пурошӯби рӯзгор, ба дунёи сиёсат ва матбуот ворид шуд. Фаъолияти рӯзноманигориро дар шаҳри Шероз ва дар рӯзномаи “Форс” оғоз кард. Дар соли 1905 рӯзномаи “Халиҷи Форс”- ро мунташир кард. Мақолае аз ӯ мунташир шуд, ки ба навиштаи Рукнзода Одамият, авом онро написандиданд ва ҳаёҳуйе роҳ андохтанд. Ва хостанд, ки ӯро ба қатл бирасонанд. Ночор дар хонаи Абдулҳусайн Мирзои фармонфармо, ки волии Форс буд, паноҳанда шуд. Ва фармонфармо ӯро пинҳонӣ ба Исфаҳон фиристод. Иқомати Даштӣ дар Исфаҳон ҳам монанди Шероз кӯтоҳ буд ва баъд аз панҷ моҳ ба Теҳрон рафт.
Даштӣ дар мақоми ношири ҳафтаномаи “Ситораи Эрон” дар Теҳрон, машғул ба кор шуд ва дар ҳамин замон ки ба унвони яке аз мунаққидони “Қарордоди 1919”, нахустин имконро барои фаъолияти сиёсӣ, ба даст овард. Ӯ ки дар пайи интиқод аз “Қарордоди 1919” барои нахустин бор бо иқомат дар зиндон ошно шуда буд, се бори дигар маҳкум ба ҳабс ва саранҷом ба Ироқ бадарға шуд...
Давраи дуюми зиндонӣ шудани ӯ дар пайи кудатои (табаддулоти) “13 исфанди 1299-1900” буд, ки монанди бисёре аз фаъолони дигар боздошт шуд ва то поёни давлати навадрӯзаи (90) Зиёуддини Таботабоӣ дар зиндон монд. Ӯ дар ин муддат бардоштҳо ва интиқодҳои худро дар ёддоштҳое гирдоварӣ кард, ки ибтидо дар рӯзномаи “Шафақ”, ва сипас дар қолаби китобе ба номи “Айёми маҳбас” мунташир шуд. Ин аввалин китоби Даштӣ буд ва барояш шуҳрати зиёде ба армуғон овард ва то муддатҳо, борҳо таҷдиди чоп шуд. “Айёми маҳбас” китобе комилан эҳсосӣ дар бораи мавзуе комилан сиёсӣ буд, ва афзун бар арзиши адабӣ, аввалин китобест,ки ба тавсифи зиндон ва зиндониёни сиёсӣ, мепардозад. Даштӣ дар ин китоб ба шиддат бар ашрофият ва зиндагии модерни (муосири) Ғарбӣ (урупоӣ) метозад...
(2)
Даштӣ дар 11 исфанди 1300-1921 рӯзномаи “Шафақи сурх”-ро мунташир кард. Ин нашрия, ки ҳадафашро “Тавлиди инқилоби афкор ва бедории ҷомеа” эълом карда буд, аз пешоҳангони ҳаракати иҷтимоӣ дар Эрон буд...
Дар ин давра ҳаводорони Даштӣ аз Ризохон боризтар ва фаъолтар шуд ва “Шафақи сурх” борҳо ба сабаби мақолоти тундаш дучори таваққуф гардид... Бо вуҷуди ин, рӯзнома беш аз 13 сол давом кард...
Нуқтаи оғози пешрафти Алии Даштӣ дар заминаи сиёсат бо истиқрори низоми паҳлавии Ризошоҳ, шакл гирифт. Ӯ дар яке аз нутқҳояш дар маҷлиси Шӯрои миллӣ (30 хурдоди 1313-1934) гуфтааст: “Мо алоҳазрат Паҳлавиро” мазҳари афкор ва идеали миллиамон медонем.”
Дар нутқе дар маҷлиси Шурои миллӣ мегӯяд:
“Ҳоло шумо ба Хузистон ташриф бубаред, дигар нафареро аз арабҳо намебинед, ки ба бар либоси гафия ва уқол дошта бошанд. Ҳама кат (костюм) ва шалвор пӯшидаанд. Ҳама одам шудаанд. Банда ақида дорам, ки шакли гафия ва уқол (либосҳои арабӣ) дар Эрон, шакли одам нест ва ҳам мухолифи миллати мост”...
[Ниг.: Музокироти ҷаласаи понздаҳуми Маҷлиси Шӯрои миллӣ. Чаҳоруми дайи 1307-1928]...
Дар муддати ин солҳо эътиқодоти мазҳабии Даштӣ камрангтар шуд.
Ҳамзамон аз шуғли ҳирфаӣ-ихтисосии рӯзноманигорӣ барои ҳамеша канорагирӣ кард. Дар соли 1314-1935 як рӯз пас аз итмоми давраи ваколаташ дар маҷлиси нуҳум, ба сабаби навиштаҳояш дубора ба зиндон афтод ва рӯзномааш низ мамнуъ шуд. Баъдҳо дар маҷлиси сездаҳум, сабаби зиндонӣ шуданашро “камтар тамаллуқ гуфтан” ва таъриф накардани зиёд аз Ризошоҳ дар конфронси байналмаҷолис дар Истанбул, зикр карданд...
Дар ин солҳо Даштӣ ба омӯхтани забони Фаронса пардохт. Дар зиндагии ӯ, Фаронса дар ҳукми дарвозае ба фарҳанг ва тамаддуни ҷаҳони модерн (муосир) буд. Ӯ ҳамчунин дар канори он забон, таваҷҷуҳ ва алоқаи махсусе ба таърих ва фарҳанги Англия ва Россия дошт. Илова бар забони модарӣ, арабӣ ва фаронса, ду забони аслӣ буданд, ки иртиботи Даштиро бо фарҳанги араб ва Урупо, ба хусус аз тариқи тарҷимаи китобҳои пуртарафдор, барқарор мекарданд. Пурсише, ки зеҳни кунҷкови мутарҷимро дар баррасии осори урупоӣ ба худ машғул месохт, ёфтани роз ва муаммои муваффақияти ҷаҳони Ғарб (Урупо) буд. Алии Даштӣ бардошт ва тасвири дугонае дар ҷустуҷӯи ёфтани посухи он пурсиш дошт. Ӯ худро ватанпарасти Эронӣ медонист. Ва илм, технология, тавоноии иқтисодӣ ва низомӣ, ҳамчунин фардгароӣ (индивидуализм) ва таъсири фард дар умури иҷтимоӣ ва сиёсӣ дар андешаи Даштӣ, ҷанбаҳои пешрафт ва такомули башариятро ташкил медиҳанд ва зомини (кафили) бақои ҷомеа дар гузари замонанд. Ба андешаи Даштӣ, Эрон дар масири (роҳи) худ барои пешрафт, метавонад ба мисли Ҳиндустон ва Япония иқдоми ҷиддӣ намояд... Дар 20 баҳмани 1328-1949 аввалин маҷлиси сенати Эрон ташкил шуд. Даштӣ дар соли 1332 -1953 вориди Маҷлиси сенат шуд ва ин вазифаро то поёни ҳукумати паҳлавӣ ба муддати 26 сол бар ӯҳда дошт. Дар ин солҳо муддате чанд дар Қоҳира ва Бейрут ба сифати сафири Эрон иҷрои вазифа намуд...
Ваҳҳобзода дар “Хотирот”-и худ менависад, ки пас аз инқилоби исломии Эрон, барои ёфтани нависандаи китоби “23 сол” ашхоси гуногуне аз ҷумла Алӣ Нақии Мунзавӣ (писари Оқобузурги Теҳронӣ) ва Алии Даштиро ба иттиҳоми (туҳмати) навиштани китоби “23 сол”, зиндонӣ карданд.
[Ниг.: Интернет. Алии Даштӣ. Бисту се сол (Пешнавиштор: Баҳроми Чӯбина), саҳ. 44]
Муҳаққиқ Эҳсон Нароқӣ нақл кардааст, ки Алии Даштӣ дар бемористони Ҷам, аз вай тақозои таҳияи Сиёнур [фр. суапиче] заҳри зудкуш карда буд, то аз таҳқир, шиканҷа ва озорҳои зиндон халос шавад (Беҳнуд Масъуд, 13 озари 1391-2012). Эҳсон Нароқӣ, он ки маломат кашид ва хуш монд. Ба гуфтаи Саъидии Сирҷонӣ дар зиндон бар асари шиканҷа, лагани хосираи устухонии тиҳигоҳи Даштӣ осеб дид.
Даштӣ дар 26 дайи 1360-1981, дар синни 84 солагӣ, дар бемористони Ҷам дар Теҳрон даргузашт. Ва дар Имомзода Абдуллоҳи шаҳри Рай ба хок супурда шуд (Нигар: Абдулло Шаҳбозӣ. “Зиндагӣ ва замонаи Алии Даштӣ”, Чопи нахуст: 1386‐2007, саҳ.37). Ӯ то поёни умр муҷаррад зист ва хоҳарзодааш Маҳдии Моҳузӣ ки ҳамдами солҳои охири умраш буд, пас аз даргузашташ, ёддоштҳои мунташирнашудаи ӯро дар бораи Носири Хусрав дар тобистони 1362-1983 ба унвони “Тасвире аз Носири Хусрав”, мунташир кард. Ӯ ҳамчунин маҷмуае аз ёддоштҳо ва тақрироти солҳои поёнии умри Даштиро ки аз охирҳои соли 1358-1979 ва андаке пеш аз дастгирӣ ва маргаш то обони 1360-1981 навишта шуда буд, ба номи “Авомили суқут” интишор намуд. Файласуфи муосири Миср доктор Абдураҳмон Бадавӣ (1917-2002) дар хотироти худ ба номи “Саргузашти ман” (дар ду ҷилд) доир ба Эрон менависад: ... шоир, достоннавис ва наққоди адабӣ, Алии Даштӣ аст! Ӯро чанд бор дар хонааш дар шимоли Теҳрон, дар Шамирон дидам! Ӯ дар он ҳангом узви маҷлиси санъати Эрон буд ва аз ҳуқуқи қобили таваҷҷуҳе бархурдор буд ва зиндагии бисёр мураффаҳе дошт (осудае) дошт! Дар хонаи ҳамин Даштӣ буд, ки бо Марзия, хонандаи эронӣ ошно шудам!... (Ниг.: “Эрон дар рӯзгори паҳлавӣ”, тарҷумаи Маҳмуд Ризо Ифтихорзода. Теҳрон. Нашри Савра, Саҳ. 141)
Навиштаҳо ва тарҷимаҳои Даштӣ бозтоби андеша ва мароми ӯ дар баррасии масоили рӯз ва боварҳои мазҳабӣ ва сиёсӣ аст. Нигариши ӯ ба таърих, адабиёт ва ирфони эрониро нишон медиҳанд.
Даштӣ китобҳо ва мақолоти зиёде навишт. Аммо аз ин миён ду китоби ӯ беш аз тамоми осораш бар шуҳрат ва зиндагии Даштӣ соя афкандааст. Ӯ дар китоби "Тахти фӯлод" ба интиқод аз “дини марсум” (дини расмӣ) мепардозад ва беш аз ҳама, китоби “23 сол” ҷанҷолбарангез шуд, ки дар он ба куллӣ тамомияти исломро ба унвони дини барқароргардида бар ваҳй, рад, ва инкор мекунад. (Нигаред: Шаҳбозӣ Абдулло, саҳ.20). Ҳардуи ин китобҳо бидуни зикри номи нависанда ба чоп расидаанд. Ирфони Касроӣ менависад, ки осори Шуҷоуддини Шифоъ, Аҳмади Касравӣ ва Алии Даштӣ ҳанӯз дар бозори дастфурӯшҳо ва ба унвони китобҳои мамнуъа (нораво барои фурӯш) дар Эрон хариду фурӯш мешаванд. (Интернет: Донишномаи озод. Касроӣ, Ирфон. 2 урдубиҳишти 1397-2018. “Оё атеизм дар Эрон дар ҳоли густариш аст?”)
Агарчи Даштӣ китоби “23 сол” (манзур:23 соли давраи пайғамбарии Муҳаммад Ибни Абдуллоҳ-ро дар соли 1311-1932 ба риштаи таҳрир даровард, вале то соли 1326-1947 дар чоп ва интишори он иқдоме накард. Эҳтимол дорад, чопи китоб дар Бейрут анҷом гирифта бошад. Зеро байни солҳои 1350-1971 то соли 1356-1977 режими Шоҳ аз чоп ва интишори ҳар гуна навишторе ки мухолифи дин буд, ҷилавгирӣ мекард. Пас аз инқилоби исломӣ, Даштӣ ба гурӯҳҳои мухолифи ҳукумати ҷумҳурии исломӣ ки зеризаминӣ (ба таври махфӣ) фаъолият мекарданд, иҷоза дод ба чоп ва интишори ин китоб бипардозанд. Гуфта мешавад, ки шумори ним миллион аз ин китоб байни солҳои 1359-1980 то 1365-1986 ба гунаи ғайримаҷоз (беиҷозат) чоп ва фурӯш рафтааст. (Нигар: Ислом ва мусулмонӣ (Чаро мусулмон нестам?), таълифи Ибни Варроқ, тарҷимаи (?).
Дар соли 1354-1975 китобе аз Даштӣ чоп шуд ба номи “Панҷоҳу панҷ” ки дар он ба ситоиши панҷоҳу панҷ соли салтанати паҳлавӣ пардохта аст. Шӯрои дошгоҳи Теҳрон, Даштиро номзади доктори ифтихорӣ кард. Афроде дар ташвиқ ё интиқод аз Даштӣ барои ин китоб, қалам заданд. (Ниг. Шаҳбозӣ... саҳ 94). Аз ҷумла Эҳсон Табарӣ навишт: ”Оқои Алии Даштӣ... ҳар мояе, ки доштаанд, ба хотири бархурдорӣ аз “лаззати умр” дар хидмати ситамгар ниҳоданд” (Ниг. Эҳсон Табарӣ “Панҷоҳу панҷ дар ҳаштоду як”. “Дунё”, нашрияи сиёсӣ ва теоретикии комитаи марказии Ҳизби тӯдаи Эрон, шумораи 3, хурдоди 1355-1967, саҳ 26-29).
Китоби (мансуби) “Авомили суқут”. Бо ин ҳол Даштӣ пас аз инқилоби 1357-1978 ва дар зиндон, китобе навишт ба номи “Авомили суқут”, (“Омилҳои шикаст”) ва дар он аз подшоҳии паҳлавӣ интиқод кард. (Ниг. Шаҳбозӣ, саҳ. 103).
Достони кӯтоҳ
Фитна (1943). (Нашри аввалини осор дар назар аст)
Ҷоду (1951).
Ҳинду (1954).
Пажӯҳишҳо ва нақди адабӣ
Соя (бидуни зикри таърих)
Айёми маҳбас (1922)
Нақше аз Ҳофиз (1957)
Сайре дар девони Шамс (1956)
Хоқонӣ, шоире дерошно (1961)
Даме ба Хайём (1965)
Дар мадҳи Қамартоҷ (1966)
Кохи ибдоъ. (Мунташиршуда дар маҷаллаи “Яғмо” – 1972)
Нигоҳе ба Сойиб (Маҷмуае аз дувоздаҳ мақола – 1974).
Қаламрави Саъдӣ (1959)
Тасвире аз Носири Хусрав (1983)
Идеологияи суннатӣ
“23 сол” (ки қабл аз соли 1974 эҳтимолан дар Бейрут ба чоп расид ва баъдҳо, борҳо ба сурати зеризаминӣ (махфӣ) таҷдиди чоп шуд ва бинише интиқодӣ бар зиндагии поягузори Ислом аст. “Тахти пӯлод”- ки дар соли 1975, бидуни зикри номи нависанда, чоп шуд ва дар баргирандаи баҳсест байни як муваҳҳид (яктопараст) ва як донишҷӯ.
“Ҷабр ё ихтиёр” (1971)
“Иблис дар кисвати (либоси) ирфон”.
(Дар рӯзномаи “Иттилоот”, шумораҳои 18 то 31, урдубиҳишти соли 1974). “Дар диёри сӯфиён”. (Чопи чаҳорум 1984) мақолоте пиромуни сӯфӣ ва “Уқало бар хилофи ақл”. (Оқилон бар зидди ақл) (1975).
Тарҷума
“Эътимод ба нафс”. Таълифи Самоил Исмайлз.
“Навомиси (қонунҳои) рӯҳияи тараққиёти миллатҳо”. Асари Густав Лебон “Тафаввуқи (забардастии) англосаксонҳо марбут ба чист?” Асари Эдмон де Молен.
Дар робита ба фаъолиятҳои илмӣ, фарҳангӣ, адабӣ, адабиётшиносӣ ва сиёсии Устод Алии Даштӣ ба мавзуъҳои зерин муроҷиат карда шавад: Равшанфикрӣ; Феҳристи мунтақидони ислом; Феҳристи мусулмонони собиқ; Феҳристи китобҳои эрониён дар зиндонҳои Эрон; Табъиз (душманӣ) бар зидди бехудоён; Ваҳид Сайёдии Насирӣ; Сино Қанбарӣ; Аҳмади Касравӣ; Муҳсин Амири Арсалонӣ;
Бо як калима:
Устод Алии Даштӣ ёздаҳуми фарвардини (марти) – 1276 – 1897 таваллуд шуда, 25-дайи 1360-1981 дар 84 солагӣ аз ҷаҳон дар гузаштааст. Дар ҷаҳони равшанфикрӣ ӯро чун пажӯҳишгар, нависанда, андешаманд, мутарҷим, мунтақиди адабӣ, рӯзноманигор ва дипломати эронӣ мешиносанд.
Алии Даштӣ пас аз инқилоби 1357-1978 Эрон, дар ҳоле ки дар миёнаи даҳаи ҳаштоди зиндагиаш буд, дастгир, зиндонӣ, шиканҷа ва дар додгоҳи инқилоби исломӣ ба туҳмати навиштани китоби “23 сол” ва нақди ислом, ба эъдом (қатл) маҳкум шуд. (Ниг.: Беҳнуд, Масъуд (13 озари 1391-2012). “Эҳсон Нароқӣ: он ки маломат кашиду хуш монд”. ВВС-форсӣ, дарёфтшуда дар 18 исфанди 1399-2000).
Даштӣ дар 26 дайи 1360-1981 ва дар синни 84 солагӣ дар бемористони Ҷам дар Теҳрон даргузашт ва дар Имомзода Абдуллоҳи шаҳри Рай ба хок супурда шуд.
Таҳияи: Комил Бекзода,
сарходими илмии шуъбаи
Шарқи Миёна ва Наздик
6 феврали 2023