УСТОД ТОҶИДДИН МАРДОНӢ ОЛИМ, ДИПЛОМАТ, ХОДИМИ ХИЗМАТНИШОНДОДА

Автор: ИИПСАЕ

Расм

  Устод Тоҷиддин Мардонӣ яке аз намояндагони барҷастаи эҷодии мактаби арабшиносии Тоҷикистон ба шумор мераванд.
  Бесабаб нест, ки устод Тоҷиддин Мардонӣ донандаи аълои забони арабӣ буда, дар фазои ҳунари тарҷумонӣ беназир хастанд.
  Боиси зикр аст, ки Устод асарҳои мутафаккирони арабу аҷамро моҳирона тарҷума кардаанд, масалан:
  Дар китоби Устод Тоҷиддин Мардонӣ “Таъсири назми арабӣ ба эҷодиёти шоирони форсу тоҷики қарни XI-XII” қасидаҳои Носири Хусрав ин қадар доманадор аст, ки аз тарҷумаҳои Ҳабибуллоҳӣ ҳам зиёдтар ба назар мерасанд.
  Сабки “Китоб-дӯсти беҳтарин” хеле дар адабиёти араб ва форсу тоҷик ва ҳамчунин адабиёти ҷаҳонӣ маълуму машҳур аст.
  Арабҳо ҳатто чунин зарбулмасал ҳам доранд: “ал-китабу хайрун мин ҷалисин су” -яъне ки “китоб беҳтар аст, аз ҳамсуҳбати бад”, ҳамин ибора қариб ки дар ҳамаи пандномаҳои арабӣ иқтибос шудааст.
  Устод Тоҷиддин Мардонӣ дар китоби мазкур таъсири назми арабӣ, аз ҷумла Абулала ал -Маарри ба эҷодиёти Носири Хусрав моҳирона ва олимона нишон додаанд.
  Масалан, ин гуфтаҳо дар ин мисраъҳо инъикос гардидаанд:

Хуштар зи китоб дар ҷаҳон ёре нест,
Дар ғамкадаи замона ғамхоре нест.
Ҳар лаҳза аз ӯ ба гӯшаи танҳоӣ,
Сад роҳате ҳасту ҳаргиз озоре нест.
ХХХ           ХХХ
Нет лучше книги в мире друга,
В этой обители печали нет заботливее её.
В любые мгновения одиночества от нее
Получаешь сто блаженст и никогда-страданья.

  Ёд дорам, ки ноиби ректори Донишгоҳи мероси хаттӣ- Арабистони Саудӣ доктор Абдулазиз Абдурраҳмон Ал Муслим ба Пажӯҳишгоҳи шарқшиносӣ ва мероси хаттии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ташриф оварда буданд. Он замон меҳмони олиқадри Донишгоҳ доир ба ҳамкории ҳарду кишвар дар мавзӯи «Ҳамкории Тоҷикистон бо кишварҳои арабизабон дар соҳаи илму маориф» сухан ронданд ва мутарҷими ин вохӯрӣ, ки дар шакли синхронӣ сурат гирифт, устод Тоҷиддин Мардонӣ буданд.
  Меҳмоне аз Донишгоҳи мероси Хаттии Арабистони Саудӣ аз тарҷумаи устод Тоҷиддин Мардонӣ бо шавқу завқ хитоб кард: ки мо устодони худро меҷӯем, дар сурате, ки устоди мо ин ҷо бо мост, яъне устод Точиддин Мардонӣ.
  Мавриди дигар, шоҳиди он будам, ки соли 2009 мо конфронси байналмилалии «Ба ифтихори 1310-солагии Абӯҳанифа Нӯъмон ибни Собит (Имоми Аъзам) ва саҳми арзандаи ӯ дар рушди фарҳангу тамаддуни исломӣ»-ро қайд карда будем. Олимон ва донишмандони 47 кишвари ҷаҳон ташриф оварда буданд. Ман ҳамроҳи олимони Австрия ва Шветсия ҳамчун мутарҷим будам.
  Устод Тоҷиддин Мардонӣ тарҷумони меҳмонони кишварҳои арабиро ба уҳда гирифта буданд. Донишмандони кишварҳои арабӣ дар ҳамон вақт дар атрофи устод ҷамъ омада буданд, ки бо устод бо забони ноби арабӣ суҳбат мекард. Чунин ба назар мерасад, ки устод асал буд, дар атрофи он занбурҳо ҷамъ шуда буданд.
  Як нуктаи муҳим ин аст, ки устод Тоҷиддини Мардонӣ дар озмуни бахшида ба корҳои илмӣ ба солгарди Имом Абӯҳанифа сазовори ҷои аввал гардиданд. Ин озмун миёни намояндагони илми Осиёи Марказӣ ва Қафқоз баргузор шуд.
Дар тӯли ин солхо борҳо ба сафари хизматии дарозмуддат (солҳои 1970-1971 ва 1989-1990) ва Ҷумҳурии Ироқ (1979-1983) фиристода шудааст.
  Аз соли 1992 то 2004 дар вазифаи сардори дастгоҳи маъмурии Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон, сардори шуъба, муовини вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар хизмати дипломатӣ буданд. Сафири Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Ӯзбекистон (1995-2001) ва дар Туркманистон (2001-2004).
  Баъди анҷоми фаъолияти дипломатӣ дар Пажӯҳишгоҳи шарқшиносии Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳайси роҳбар ва сипас сармутахассиси илмӣ кору фаъолият кардааст.
  Аз соли 2008 то соли 2011 дар вазифаи муовини ректор оид ба илм ва робитаҳои хориҷии Донишкадаи исломии Тоҷикистон ба номи Имом Абӯханифа ва ҳамзамон мудири Маркази омӯзиши мероси Абӯалӣ ибни Синои Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон кору фаъолият кардаанд.
  Соли 1986 дар мавзӯи «Ташаккул ва рушди анъанаи дузабонӣ дар адабиёти форсу тоҷик дар асрҳои IX-X» рисолаи номзадӣ ва соли 2006 рисолаи доктории худро дар мавзӯи “Таъсири назми арабӣ ба эҷодиёти шоирони форсу тоҷики қарни XI-XII” дифоъ кардааст.
  Аз соли 2017 мудири бахши арабшиносии Пажӯҳишгоҳи Осиё ва Аврупои Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад. Ҳамзамон, Раиси Ҷамъияти дӯстии «Тоҷикистон — ва кишварҳои араб мебошад.
  Ба қалами Т.Н. Мардонӣ чандин монография ва беш аз 200 мақолаи илмӣ оид ба масъалаҳои мубрами арабшиносӣ тааллуқ дошта, инчунин дар Тоҷикистон, Русия, Узбакистон ба Арманистон, Туркманистон, Эрон, Афгонистон, Яман ва дигар мамлакатҳо ба табъ расидаанд. Соҳаи таҳқиқоти илмии Т.Н. Мардонӣ: а) омӯзиши мероси адабии араби форсу тоҷик; б) омӯзиши равобити адабии арабу тоҷик дар асрҳои миёна дар замони нав: в) тарҷумаи асарҳои арабзабони муаллифони асримиёнагии форсу точик ба забонҳои тоҷикӣ ва русӣ.
  Устод Тоҷиддин Мардонӣ як қатор монографияҳо ба табъ расонидаанд, ки инҳо дар умум таҳқиқотҳои бунёдӣ мебошанд.
  1. Мирзо Турсунзода ва ҷаҳони араб (1990);
  2. Дузабона дар назми асрҳои 9-10 (1993);
  3. Носири Хусрав ва фарҳанги арабизабон (2005);
  4. Ашъори Ибни Сино бо забони арабӣ, забон (2006);
  5. 5.Робитаҳои адабии арабу тоҷик. Таърих ва муосир (2006);
  6. Масъуд Саъди Салмон ва шеъри арабӣ (2006);
  7. Саҳифаҳо аз таърихи равобити адабии арабу тоҷик (2010);
  8. Рӯдакӣ ва адабиёти араб (2010);
  9. 9 Халқҳои Шарқ дар осори Садриддин Айнӣ (2018);
  10. Сухан дар бораи Абуалӣ ибни Сино. Тадқиқот ва тарҷума (2018);
  11. Таъсири назми араб ба эҷодиёти шоирони форсу тоҷик дар асрҳои 11-12 (2020).
 
  Илова бар ин, дар тарҷумаи устод Т.Н. Мардонӣ як қатор асарҳои муттафаккирони тоҷику форс , Абубакри Розӣ, Абуалӣ ибни Сино, Хоҷа Юсуфи Ҳамадонӣ, Насириддин ат-Тусӣ ва дигар олимони асримиёнагии форс-тоҷик ба табъ расидаанд.
  Ҳамин тариқ, устод Т.Н. Мардонӣ дар инкишофи илми шарқшиносии тоҷик, махсусан арабшиносии тоҷик саҳми назаррас гузоштаанд. Пажӯҳишҳои ӯ дар заминаи осори илмию адабии арабизабони форс-тоҷик дар равшан кардани бисёре аз саҳифаҳои норавшани таърихи адабиёти асримиёнагии тоҷик ва равобити адабии арабу тоҷик бахшида шудаанд.
  Аз фурсат истифода бурда, устод Тоҷиддини Мардониро бо ҷашни мавлудашон табрик гуфта, барояшон кашфи қуллаҳои баланди илмиву эҷодӣ, саломатӣ, умри дарозро таманно дорам. Орзӯи онро дорам, ки Шумо боз солиёни зиёд бо дастовардҳои нави худ хонандагон ва мухлисонатонро “чун Офтоб бо меҳри худ, нур мепошеду шод мегардонед”.
 
Санавбарбону Воҳидова,
Мудири шуъбаи Аврупо ва Амрико,
д.и.т., профессор
Институти омӯзиши масъалаҳои
давлатҳои Осиё ва Аврупои АМИТ

НАЗАД