Ваҳдати миллӣ – заминаи воқеӣ дар ташаккули давлатдории навини миллати тоҷик

Автор: Салимов Акбар

Расм

Ба истиқболи Рузи Ваҳдати миллӣ

Ваҳдати миллӣ – заминаи воқеӣ дар ташаккули давлатдории навини миллати тоҷик

Ваҳдати миллӣ сутуне мебошад, ки давлат ва миллати моро пойдору устувор нигоҳ медорад ва вазифаи муқаддаси ҳамаи мо аз он иборат аст, ки бо заҳмати созанда ин пояи давлатдории миллиамонро боз ҳам таҳким бахшем.

(Асосгузори сулҳу  ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат,

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон)

Пеш аз ҳама барои пешрафту шукуфоии давлату миллат ҳамеша роҳи ваҳдату сулҳро пеш гирифтан лозим аст. Ваҳдати миллӣ бозёфти арзишмандтарин дар таърихи навини давлатдории миллати тоҷик ҳамчун заминаи воқеӣ дар амалӣ гардидани орзуву ормонҳои мардуми бо қалби пур аз умед ва интизори сулҳу оромӣ ва дӯстиву ҳамдигарфаҳмӣ маҳсуб ёфтааст. Агар ба таърихи солҳои аввали истиқлолият назар андозем, мебинем, ки дар Тоҷикистон ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ сурат гирифта, боиси бародаркушӣ ва харобиву бесарусомониҳо гардид.

Ниҳоят, пас аз 8 даври гуфтушунидҳо (солҳои 1994-1997) дар таърихи 27 июни соли 1997 дар шаҳри Маскав миёни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки бевоситаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва намояндагони мухолифин Саид Абдуллоҳи Нурӣ-раиси иттиҳоди мухолифони тоҷик “Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ дар Тоҷикистон” ба  имзо расонида шуд.

Дар солҳои ҷанги шаҳрвандӣ (1992-1997) дар Ҷумҳурии Тоҷикистон беш аз 100 ҳазор нафар кушта ва ҳудуди як миллион нафар иҷборан тарки ватан карданд. Ҳисороти иқтисодии ҷанг ба Ҷумҳурии Тоҷикистон беш аз 10 миллиард доллари амрикоиро ташкил додааст.

Имзои “Созишномаи умумии истиқрори сулҳу ризоияти миллӣ” дар Тоҷикистон кишварро аз хатари нестӣ ва мардумро аз парокандагӣ наҷот дод. Дар воқеъ, баробари фаро расидани истиқрори сулҳ, ки ба осонӣ ба даст наомадаааст, мардуми Тоҷикистонро аз хуни ноҳакрезиву  бародаркушиҳо, тарки ватану манзил карданҳо ва аз бадбиниву дасисаҷӯиҳо раҳо кард.  Тоҷикони аз ҳам пошхӯрдаву ғурбатзадаро ба ҳам овард. Ҳамчунин, миллионҳо тоҷикони тарки ватан карда бо ташаббусу ибтикори бевоситаи Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Ватан баргардонида шуданд. Минбаъд, таҷлили Истиқлолияти давлатӣ ва Ваҳдати миллӣ барои ҳар як сокини Тоҷикистон ду рукни азизу муқаддас то  абад боқӣ монд. Дар тамоми Паёмҳо ва суханрониҳо Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон махсусан оид ба сулҳу суботи ваҳдати миллии Тоҷикистон, ки дар умқи он ҳисси баланди ифтихори ватандорӣ ва симои хоси миллӣ таҷассум ёфтаанд таваҷҷуҳ медиҳанд, ки гувоҳи гуфтаҳои боло мебошад.

Тибқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи рӯзҳои ид” санаи 27 июн дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун ҷашни расмии давлатӣ -  рӯзи “Иди Ваҳдати миллӣ” қабул гардидааст, ки ҳамасола бо шукӯҳу шаҳомати хоса таҷлил карда мешавад.

Ваҳдати миллӣ сабаб гардид, ки миллати рӯ ба парокандагӣ (парешон) қарордоштаи тоҷик, идомаи арзи ҳастӣ намуд. Воқеан, ҳар миллате, ки дар он ваҳдати миллӣ вуҷуд надошта бошад, он миллат осебпазир буда, дар фурсати муносиб зуд дучори нестӣ қарор хоҳад гирифт. Миллати куҳанбунёди тоҷик, дорои таъриху фарҳанги чандин ҳазорсолаҳо мебошад, ки имрӯз бо арҷгузорӣ ба ин арзишҳои миллӣ, миллати тоҷик дар фазои ҳамдигарфаҳмию ваҳдат  арзи ҳастӣ дорад.

Сокинони кишвар ин рӯзро ҳамчун рӯзи ҳамбастагӣ, ҳамгироӣ, сулҳу ваҳдат ва ҳамфикрӣ ҷашн мегиранд. Ваҳдати воқеии миллӣ бидуни рушди тафаккуру худшиносии миллӣ, ҳифзи забону расму оинҳо, рушди фарҳанги миллӣ, инчунин арҷгузорӣ ба фарҳангу таърихи ҷандинҳазорсолаи миллати куҳанбунёди тоҷик ғайриимкон аст.

Дар воқеъ, Ваҳдати миллӣ неъмати бузургу муқаддас аст, ки ҳама ободиву ободкориҳо, рушду дастовардҳо, некӯаҳволӣ ва хушбахтии ҷомеаи имрӯзу оянда аз он сарчашма мегирад. Ваҳдати миллӣ дар баробари забони модарӣ ва дигар появу рукнҳои давлату давлатдорӣ барои мавҷудияти миллати куҳанбунёди мо нақши муҳим мебозад.

Сулҳу ваҳдати домангустурдаи Тоҷикистон мақоми хосаи онро дар ҷаҳони муосир машҳур сохтааст. Имрӯз сулҳу ваҳдат ва ҳамгироии мардуми тоҷик дар атрофи сиёсати хирадмандонаи Ҳукумати кишвар мавриди таҳқиқи СММ ва созмонҳои мухталифи ҷаҳон гардидааст. Худшиносӣ ва фарҳанги волои миллӣ шаҳодат  аз эҳтиром ба таъриху фарҳанг ва  гузаштаи дур аст. Танҳо тавассути ваҳдат ва ҳамдигарфаҳмӣ мо метавонем истиқлолияти кишварро ҳифзу пойдор ва ваҳдати мардумро мустаҳкам созем.

Мавриди зикр аст, ки ҳанӯз ҳам ашхоси алоҳидаи ғаразпеша ва Созмону гурӯҳҳои террористӣ ва экстремистии фаъолияташон мамнуъ дар Тоҷикистон мақсади заиф кардани мавқеи кишвар ва шаҳрвандони онро дар арсаи байналмилалӣ ва минтақа дошта, фаъолияти тахрибии худро дар шакли ташвиқу тарғиби маводи дорои хусусияти барангехтани кинаву адовати миллӣ, динӣ ва мазҳабӣ ба роҳ мондаанд.

Ҳамин тавр, Ваҳдати миллӣ неъмати гаронбаҳо ва нодир аст, ки миллатро бузургу давлатро дар арсаи ҷаҳонӣ беш аз пеш шуҳратманд мегардонад. Дар шароити ниҳоят душвори бархӯрди манфиатҳои геополитикии кишварҳои абарқудрат дар минтақа ва ҷаҳон, таҳдиду хатарҳои омилҳои номатлуби ҷаҳони муосир, таҳкиму дарк намудани воқеияти ваҳдати миллӣ ва нигоҳ доштани вазъи устувори сиёсию идеологӣ дар ҷомеа нақши ҳалкунандаро мебозад.

Пас, агар мо воқеан хостори рушди ҳамаҷонибаи кишвари соҳибистиқлол бошем, зарур аст, ки огоҳонаву бедордилона бо дарки баланд ба сӯи худшиносии миллӣ шитобем, то Тоҷикистони азизро тавассути сулҳу субот, ваҳдату ҳамдигарфаҳмӣ ва зиракии сиёсӣ таҳкиму густариш диҳем.

Имсол мо дар арафаи 27-умин солгарди таҷлили “Рӯзи Ваҳдати миллӣ” қарор дорем, аз ин рӯ, таманнои онро дорем, ки мардуми шарафманди кишвар бо дастгирии ҳамаҷонибаи сиёсати имрӯзаи Ҳукумати  Тоҷикистон дар зери ливои Ваҳдату дӯстӣ сарҷамъу муттаҳид бошанд.

Салимов Акбар,

ходими калони илмии  Шуъбаи ИДМ-и

Институти омӯзиши масъалаҳои давлатҳои Осиё ва Аврупои

Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон

НАЗАД