Вохӯрии вазирони кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Иёлоти Муттаҳидаи Амрико

Автор: Камолов Камолидин

Расм

Тибқи хабаргузории ВАО рӯзи сешанбе, 24-уми октябри соли 2023 дар Самарқанд вохӯрии аввалини вазирони кишварҳои Осиёи Марказӣ дар формати С5+1 оид ба ҳамкории минтақавӣ (Осиёи Марказӣ + ИМА) доир шуд.

Ҳайатҳои вакилон масоили мустаҳкам намудан ва рушди ҳамкории иқтисодиро мавриди баррасӣ қарор доданд.

Тоҷикистонро дар ин ҷаласа муовини вазири рушди иқтисод ва савдои Тоҷикистон Аҳлиддин Нуриддинзода намояндагӣ кард. Дар он ҳамчунин вазири сармоягузорӣ, саноат ва савдои Ӯзбекистон Лазиз Қудратов, вазири савдо ва интегратсияи Қазоқистон Арман Шакалиев, муовини вазири иқтисод ва тиҷорати Қирғизистон Чингиз Мекешов, муовини вазири савдо ва равобити хориҷии иқтисодии Туркманистон Керимбердӣ Қурбонов, мудири Оҷонсии ИМА оид ба рушди байналмилалӣ (USAID) Саманта Пауэр, намояндагони USAID, вазорату идораҳои кишварҳои минтақа ширкат доштанд.

Лазиз Қудратов иштирокчиёни конфронсро хайра мақдам гуфта, қайд кард, ки мушкилоти муосир, аз қабили таъмини амнияти озуқаворӣ, тағйирёбии иқлим ва халалдор шудани занҷири таъминотро метавон тавассути талошҳои муштарак ва дастгирии мутақобила ҳал кард.

«Осиёи Марказӣ ҳамеша ҳамчун пуле буд, ки Аврупо ва Осиёро мепайвандад. Дар байни давлатҳои мо робитаҳои қавӣ мавҷуд мебошад. Дар ҷаҳон ҳеҷ чунин минтақае нест, ки аз рӯи анъана, урфу одат ва арзишҳо ба ҳамдигар ин қадар наздик бошад. «Мо на танҳо ҳамсоя, балки хешу табор, бародар ва дӯстонем, ки дар як минтақаи калон якҷоя зиндагӣ мекунем», - изҳор намуд вазир.

Аз ин рӯ, ҳадафи асосии чорабинии имрӯза таҳким ва рушди ҳамкориҳои иқтисодии кишварҳои минтақа тавассути таҳияи муштараки тадбирҳои мушаххаси ҳамаҷониба мебошад», - қайд кард ӯ.

Лазиз Қудратов таъкид кард, ки тайи чанд соли ахир дар таърихи ҳамкориҳои кишварҳои Осиёи Марказӣ давраи нав оғоз шудааст.

“Ҳаҷми гардиши молии тамоми кишварҳои минтақа дар соли 2022 220 миллиард долларро ташкил дод ва нисбат ба соли 2017 тақрибан ду баробар афзоиш ёфт. Ҳаҷми маблағгузорӣ 5,6 баробар афзуд. Ҳамаи ин тамоюлҳои мусбат дар рушди умумии иқтисодии давлатҳои минтақа, ки маҷмӯи маҳсулоти дохилии онҳо дар давоми панҷ сол 40 фоиз афзоиш ёфтааст, таҷассум ёфтааст”, - дар идома гуфт ӯ.

Дар баробари ин, вазир қайд намудааст, ки, барои вусъату густариши ҳамкориҳои минбаъдаи иқтисодӣ имкониятҳои васеъ мавҷуд мебошанд.

«Дар робита ба ин, мо аз таваҷҷуҳ ва хоҳиши Иёлоти Муттаҳида барои боз ҳам шукуфоӣ ва рушди босуръати минтақаи мо дар баробари чолишҳои ғайричашмдошт дар ҷаҳон истиқбол мекунем», - қайд кард Қудратов.

Вазири сармоягузорӣ мулоқоти Самарқандро идомаи иҷрои тавофуқоти сарони кишварҳои минтақа ва ИМА дар моҳи сентябр дар Ню-Йорк дар чаҳорчӯби платформаи C5+1 номид.

«Ин вохӯрӣ бояд як дастури устувор барои ташаббусҳои муштараки дар пешистода бошад, ки хусусияти байниминтақавӣ дошта, шарикии Осиёи Марказӣ ва Иёлоти Муттаҳидаро ба сатҳи сифатан нав мебарорад», - қайд кард ӯ.

Маъмури USAID Саманта Пауэр ёдовар шуд, ки дар нишасти моҳи сентябр дар Ню-Йорк, ки нишасти минтақавӣ эълон шуда буд, президент Ҷо Байден тааҳҳуди ИМА-ро барои таҳкими истиқлолият, устуворӣ ва шукуфоӣ дар кишварҳои Осиёи Марказӣ тасдиқ кард.

«Бисёре аз кишварҳои шумо дар ин самт қадамҳои муҳим гузоштанд: татбиқи ислоҳот барои ҷалби сармоягузорӣ, фаъолият барои мубодилаи захираҳои энергетикӣ ва об, эътирофи арзишҳои ҳамкорӣ бо шарикони ҷомеаи шаҳрвандӣ, ноил шудан ба пешрафт дар манъи меҳнати кӯдакон ва таъмини масъулияти роҳбарон нисбат ба мардуми худ ”гуфт ӯ.

Ҳамаи ин қадамҳо, гуфт ӯ, метавонад болоравии музди меҳнат, суббот дар минтақа ва шукуфоии умумиро дар ҳар як кишвар афзоиш диҳад.

"Вусъат додани робитаҳои иқтисодӣ барои ноил шудан ба ин ҳадаф муҳим хоҳад буд - ҳам барои рушди иқтисодӣ дар кишварҳои шумо ва ҳам кафолат додани он, ки ҳамаи шаҳрвандони шумо аз рушди фарогир баҳра баранд" гуфтааст роҳбари USAID.

Саманта Пауэр афзуд, ки бо андешидани чораҳои воқеӣ барои коҳиш додани монеаҳо дар тиҷорати байниминтақавӣ ва байналмилалӣ, кишварҳои Осиёи Марказӣ метавонанд воситаҳои ҷалби сармоягузориҳои нав ба минтақаро ба даст оранд, инчунин бозорҳои нави содиротро пайдо кунанд ва ба афзоиши даромади деҳқонону соҳибкорони хурду миёна ноил шаванд.

“Шумо ба табодули дониш ва абзорҳое мусоидат хоҳед кард, ки ба диверсификатсияи иқтисодҳои шумо - табодули навоварӣ, мутобиқ шудан ба тағйирёбии иқлим ва истифодаи самараноки энергияи барқароршаванда мусоидат мекунанд. Ва тавсеаи савдо дар бозорҳои нав, ки USAID бо камоли майл дар ин кор ба шумо кӯмак мекунад, барои рушди одилона ва муассири иқтисодӣ дар ҳамаи кишварҳои шумо имкониятҳои нав фароҳам меорад, дар идома қайд намудааст ӯ.

Дар тӯли таърих, аз замони Роҳи Абрешим, ин минтақа ба мо нишон дод, ки робитаҳои байни одамон, ки тавассути тиҷорат дастгирӣ мешаванд, равандҳои дигаргунсозиро осон мекунанд. Имрӯз шумо имкон доред, ки ҳамин тавр кунед - ба тамоми ҷаҳон нишон диҳед, ки тиҷорат ва ҳамкории байни кишварҳои ҳамсоя чӣ гуна ба манфиати тамоми шаҳрвандон ва таҳкими истиқлолият мусоидат мекунад».

Рӯзи 19 сентябр дар қароргоҳи СММ дар Ню-Йорк нахустин нишасти сарони кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Иёлоти Муттаҳида дар формати С5+1 баргузор шуда буд. Дар ин гуфтугӯҳо ба тақвияти мубориза бо терроризм, таҳкими равобити иқтисодии минтақа ва амнияти энергетикӣ таваҷҷуҳ зоҳир шуд. Дар ин ҳамоиш "зарурати эҳтиром ба истиқлолият ва тамомияти арзии ҳама кишварҳо" ва "ислоҳоти идомадор барои беҳбуди идораи давлатӣ ва волоияти қонун" баррасӣ гардида буд.

Ин вохӯрӣ баёнгари он аст, ки сиёсати пешгирифтаи дарҳои кушода ва бисёрқутбаи кишварҳои минтақаи Осиёи Марказӣ авлавиятҳо ва ҷиҳатҳои мусбати худро нишон дода, баҳри рушди минбаъдаи хоҷагиҳои халқи давлатҳо, густариши ҳамгироии иқтисодии байни онҳо ва некӯаҳволии мардумашонро таъмин хоҳад намуд.

 

К.Камолов

ходими илмии шуъбаи ОМ

Институти Осиё ва Аврупо

25.10.2023

НАЗАД