Забондонӣ  низ ҳунармандиву қаҳрамонист

Автор: ИИПСАЕ

Расм

(Дар партави паёми президенти кишвар)
Ҷомеаи донишманду донишомӯзу донишдӯст   ҳеҷгоҳ аз  пешрафтҳои замона дар канор намонда, ҳамқадами замон хоҳад буду монд. Зеро дониш калидест, ки тавассути он метавон ҳар дари бастаро боз карду ганҷеро пайдо кард.  Имрӯз тамоми кишварҳои дунё бо истифода аз ҳамин манобеъ рушд намуда, сазовори ҳар ҷоиза мегарданд. 
Ҳамин буд, ки бо ташаббуси роҳбари кишвари Тоҷикистон  озмӯнҳои созанда ба мисли “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст”,“Тоҷикистон Ватани азизи ман”  барпо гардид, то ҷомеаро дар партави дастурамали нав зери унвони “Илм-фурӯғи маърифат”  аз бесаводӣ ба сӯи босаводӣ,  аз бекорӣ ба сӯи корёбӣ, аз беҳунарӣ ба самти ҳӯнаромӯзӣ роҳнамоӣ намояд.
Бо ҳамин ташаббусҳои худшиносӣ ва миллатсозии худ дар паёми имсола омӯзишу озмоишу ошноӣ бо донишҳои нави замони муосир мавриди баррасӣ ва таҳлил қарор гирифт ва таъкид шуд,  ҳар ҷавони муосири тоҷик бояд забони модариро хуб эҳтиром карда, дар баробари он  яке аз забонҳои хориҷӣ аз ҷумла рӯсӣ ва англисиро ба таври бояду шояд ёд бигирад.
Ҳамин тавр омӯзиши забонҳои хориҷӣ  муҳим арзёбӣ гашта, ёдгирии онҳо аз шоҳкориҳову ҳунармандиҳои забардаст ба шумор меравад. Зеро бо ин донистаниҳо   шахс метавонад барои  роҳҳои нави зиндагиро пайдо кунад.  Ва чунон, ки дар ҳикмати халқ омадааст, “Забон донӣ, ҷаҳон донӣ” барояш дарҳои ҳамаи дунёро боз мекунад. Имрӯз мо дар раванди ҷаҳонишавӣ  қарор дорем ва ҳар соату дақиқаву сония вориди “хоначаи  ҷаҳонӣ” гашта, бо ҳазорҳо қавмияту миллиятҳои олам  муошират ва муколима мекунем.
Хулоса, агар мехоҳем ҳамқадами замон бошем, лозим аст, ки ҳамқадами забон низ бошему ҳар чӣ зудтар ба омӯзишу  ёдгирии онҳо камари ҳиммат бандем.  Модоме, ки  сӯхан дар бораи ёдгирии забон меравад, дӯст доштем, ки аз  машваратҳои устодон ва моҳирини забон кор бигирем. Бояд зикр кард, ки дар омӯзиш роҳҳои гуногун мавҷуданд, ки бояд хонанда онҳоро тай намуда, ба мақсад ноил гардад.
Аммо мо инҷо аз  машварати моҳирон, соҳибони забон ва устодони бо таҷриба истифода барем, то бо аҳолии сайёра озоду ором муколима карда тавонем. Ва беҳуда нагӯфтаанд, ки
       Ақлҳоро ақлҳо ёрӣ диҳад, 
       Машварат идроку ҳушёрӣ диҳад.
Банда чанд сол мешавад, бо илму адаб, забону забономӯзӣ кору фаъолият мекунам, баъди баррасиҳои офлайниву (истифода аз китобу маҷалла) онлайнӣ (истифодаи интернету роҳҳову усулҳои технологии нав)  равишу роҳҳои нави худомӯзиро пайдо кардам, ки мехоҳам бо Шумо онро шарик  созам ё ба қавли дӯстони онлайнӣ шеэр кунам. Тавсияҳои зерин барои ҳама хоҳишмандони забон ба хусус донишомӯзони Институт Осиё ва Аврупо ва дигар макотиби олии кишвар   муносиб буда, ба рушди таҷрибаомӯзии муҳовираву мукотибавии онҳо  кӯмак мерасонад.
Моҳир ва устоди забони англисӣ  Вирҷиниа Линг панҷ роҳи осонро барои  омӯзиши забон тавсия медиҳад, ки хело осон, сода ва натиҷабахш мебошад.
Банда ин равишро  панҷак ном гӯзоштам, зеро  он аз панҷ тавсия ба мисли як панҷаи даст иборат аст ва метавонад  моро кӯмак кунад то панҷхону панҷдону  панҷгир шавем ва чун панҷситори дурахшон ҳаёт ба сар барем.

Якум, калима ё иборатҳоро  барои азёдкардан дар атрофи  худ ҷойгӯзор намо. Он метавонад ибораи граматикӣ бошад ё оддӣ. Азёдкардани ин ё он ибора  як бахши омӯзиши забони англисӣ буда, он дӯшвор ва хастакунанда низ мебошад.
Аз ин лиҳоз  моро зарӯр аст то ҳар калимаву ибораи интихобкардаро  дар атрофи худ (хусусан маконҳое, ки мо бештар вақти худро мегӯзаронем)  ҷойгузор карда, онро дар ёд бигирем.

Дуввум, татиб додани  блог ё журнали онлайнӣ  метавонад  бо як равиши оддиву осон маҳоратҳои навиштани шумо рушду нуму бахшад. Дар аввал Шумо метавонед  аз суратҳо ва сарлавҳаҳо истифода кунед ва бо кӯмаки дастгоҳчаҳои ҳамроҳи худ онро бисанҷеду бифаҳмеду биёбед.
Саввум, Шумо бояд дастгоҳчаи ҳамроҳи худро аз забони дигар ба забони англисӣ табдил диҳед. Ин Шуморо маҷбур месозад то ҳамеша бо англисӣ фикр намуда  инкишоф ёбед.

Чаҳорум, бо шавқу завқ  ибораҳоро интихоб карда, ба омӯзиш майл намоед. Зеро бе завқу шавқ Шумо ба мақсад  нахоҳед  расид. Ва  ҳикмати  созандаро  “Гар ба дил завқе надорӣ синаҷунбонӣ чӣ суд”-ро ҳеҷгоҳ бояд фаромӯш накард. Ба ҳар кореки майли бештар доред талош кунед аз манобеву масодир  илмии он истифода намоед.
Ибораҳои навро ҷудо сохта, барои тарҷумаи онҳо аз ҳар васоил аз ҷумла интернет, фарҳанги ҷайбӣ ва дӯстӣ хубу чолок истифода намоеду бо онҳо муколимаи амалии бештар намоед.

Панҷум, ё дар ниҳоят ҳамеша ба гӯш додани хабару паёмҳо аз манобеи дуруст ба монанди BBC, CNN ва шабакаҳои омӯзишии онлайнӣ одат кунед. Ҳамеша талош кунед, чизеро шунидед, бо қалам онро нависед то ибора дар зеҳнатон нақш бандад.  Ё ба қавли  қалам,
Қалам гуфто ки ман шоҳи ҷаҳонам,
Қаламкашро ба мақсад мерасонам, сазовор гашта,  ба муроду мақсади  худ расед.
Хулласи калом, бо чунин роҳнамои содаву одӣ мо метавонем аз фурсатҳои дастасшуда ва фазои технологӣ дуруст истифода карда, Ватану миллатро ободу озоду ором нигоҳ дошта, онро ҳамқадами замону забон дар миёни халқиятҳои олам гардонем.
 
Мирсаид Раҳмонов,
корманди Институи Осиё ва Аврупои АМИТ
 
 

НАЗАД