ЗАМИНА ВА МАРҲИЛАҲОИ ТАШАККУЛИ МЕЪЁРИВУ ҲУҚУҚИИ АСЕАН - АСОСТСИАТСИЯИ КИШВАРҲОИ ОСИЁИ ҶАНУБУ ШАРҚӢ

Автор: ИИПСАЕ

Расм

  Таҳлил намудани заминаи меёриву ҳуқуқии АСЕАН - Асостсиатсияи кишварҳои Осиёи Ҷанубу Шарқӣ-ро метавон ба панҷ марҳилаи рушди сохтори институтсионалии ин созмон ҷудо намуд.
  1. Марҳилаи худшиносӣ (1967-1976). АСЕАН дар давраи аввали мавҷудияти худ як сохтори басо нопойдори сиёсӣ-иктисодӣ буд, ки мамлакатҳои аъзои он пеш аз ҳама барои бартараф намудани ихтилофоти дар байни худ мавҷудбуда ва инкишофи муносибатҳои мутобиқгардида барои ҳалли мушкилоти умумиминтақавӣ кӯшиш менамуданд. Рӯйхати муфассали вазифаҳое, ки дар назди аъзоёни АСЕАН истодааст, дар Декларатсияи Бангкок (Эъломияи АСЕАН), ки аз ҷониби вазирони корҳои хориҷӣ моҳи августи соли 1967 тартиб дода шуда буд, дарҷ гардидааст.
  Дар он мақсади муассисони АСЕАН оид ба ташаккули механизми амалинамоии ҳамкориҳои минтақавӣ, барои ноил шудан ба се ҳадафи асосӣ сабт шудааст:
  - ҳавасманд гардонии рушди иқтисодӣ, пешрафти иҷтимоӣ ва фарҳангии минтақа дар заминаи амалҳои муштарак;
  - таҳкими сулҳу амният дар Осиёи Ҷанубу Шарқӣ;
  - инкишофи ҳамкорҳо ва ёрии хамдигарӣ дар масъалаҳое, ки манфиати умумии иқтисодӣ, иҷтимоӣ, маданӣ, техникӣ, илмӣ ва маъмурӣ доранд.
  Аз гуфтаҳои боло маълум мешавад, ки АСЕАН дар ибтидо бештар ҳамчун «клуби ёрии ҳамдигарӣ” дар назар гирифта шуда буд, на ҳамчун иттиҳоди иқтисодӣ ё блоки ҳарбию сиёсӣ. Веле бо вуҷуди ин, ва бо дарназардошти вазъи мураккаби байналмилалӣ дар минтақа масъалаи таъмини бехатарии минтақа аз рӯзномаи АСЕАН берун намонданд.
  1. Марҳилаи ташаккул (1976-1992). Моҳи феврали соли 1976 дар ҷазираи Балии Индонезия аввалин нишасти АСЕАН баргузор шуд. Аз ин лаҳза марҳилаи нави рушди институтсионалии созмон оғоз ёфт. Маҳз дар ҳамин давра ба идеологияи умумиминтақавӣ, ки номи "Роҳи ACEAH” (The ASEAN Way) –ро гирифт, асос гузошта шуд. Принсипҳои асосии он, ки дар Шартномаи дӯстӣ ва ҳамкорӣ дар Осиёи Ҷанубу Шарқӣ (Шартномаи Бали) ифода ёфтаанд, ин аст:
  - эҳтироми мутақобила ба истиқлолият, соҳибихтиёрӣ, баробарӣ, тақсимнопазири ҳудудӣ ва ҳувияти миллии ҳамаи миллатҳо;
  - ҳуқуқи хар як давлат ба озод будан аз дахолат, тобеъкунӣ ё маҷбуркунӣ аз берун;
  - дахолат накардан ба корҳои дохилии ҳамдигар;
  - бо рохи осоишта ҳал намудани ихтилофҳо ва баҳсҳо;
  - даст кашидан аз истифодаи қувваи зурӣ ё тахдиди истифодаи он;
  - ва ба роҳ мондани ҳамкориҳои мутақобилаи судманд.
  Қабули қарорҳо "бо роҳи АСЕАН" иштироки ҳамаи ҷонибҳои манфиатдорро дар машваратҳои ғайрирасмӣ дар назар дорад, ки ҳадафи он ҷустуҷӯи розигии тарафайн оид ба ин ё он мушкилот мебошад. [1, с. 8] Агар дар рафти гуфтушунид тарафҳо ба якдигарфаҳмӣ муяссар нагарданд, ҳукми ин масъала ба муҳлати номуайян мавқуф гузошта мешавад. Ин механизми қабули қарор ба принсипҳои анъанавии машваратӣ ва расидан ба тавофуқ ва ҳамфикрӣ, ки ҳангоми муҳокимаи нуқтаҳои назари гуногун, роҳи ҳале пешниҳод мегардад, ки барои ҳамаи иштирокчиёни мубоҳиса қобили қабул аст. Бо дарназардошти он ки АСЕАН дар шароити ноустувории минтақавӣ, нобоварии мутақобилаи байни кишварҳои асосгузор, ки на танҳо аз тафовутҳои этникӣ, забонӣ ва конфессионалӣ, балки бар асари зиддиятҳои идеологӣ ва баҳсҳои ҳудудӣ таъсис дода шуда буд, ин усули қабули қарорҳо самараноктарин ба ҳисоб мерафт, ки бавоситаи таҳкими эътимоди мутақобила ва рушди ҳамкориҳои прагматикӣ дар доираи Ассотсиатсия мусоидат менамуд.
  Дар баробари ҳуҷатҳои ҷолиби сиёсии ин давра Декларатсияи Манила, ки дар натиҷаи сеюмин мулоқоти АСЕАН, дар сатҳи олӣ дар моҳи декабри соли 1987 ба имзо расида буд ва натиҷаи пурраи мавҷудияти бистсолаи Ассотсиатсияро ташкил медод, зикр намудан ба маврид аст. Яке аз нуктаҳои муҳими Эъломияи Манила ин, мулоҳизаи кишварҳои АСЕАН дар мавриди таъсиси минтақаи озод аз силоҳи ҳастаӣ дар Осиёи Ҷанубу Шарқӣ буд. Ин ташаббус далели он гардид, ки Ассотсиатсия омода аст, ки ҳалли мушкилотҳои амниятии минтақаро ба уҳда гирад ва бо давлатҳои абарқудрат дар заминаи баробар мусоҳиба намояд.
  1. Марҳалаи васеъшавӣ (1992-1999). Чорумин нишасти солгарди АСЕАН моҳи январи соли 1992 дар Сингапур баргузор гардид. Дар Декларатсияи Сингапур, ки дар он ҷо қабул гардид, комёбиҳои асосии иттиҳодро дар зарфи чоряк асри гузашта чамъбаст намуда, марҳалаҳои асосии тараққиёти минбаъдаи онро нишон доданд. Дар он аз ҷумла, хусусияти ошкоро доштани созмон ва омодагии он барои баррасии масъалаҳои амнияти минтақавӣ бо тамоми давлатҳои минтақа (аз ҷумла бо кишварҳои сотсиалистии Ҳиндухитойи Шарқӣ) ва шарикони муколамавии ғайриминтақавӣ зикр гардидааст. Ҳамчун як қадами амалӣ дар татбиқи ин мақсад таъсиси Форуми минтақавии АСЕАН (ФМА), механизми гуфтушуниди дипломатияи пешгирикунанда, ки қодир ба хомӯш кардани низоъҳоро дар марҳилаи аввал ва мусоидат ба ҳалли осоиштаи зиддиятҳо пешбинӣ шудааст, таъсис дода шуд. Ҷаласаи аввалини ФМА моҳи июли соли 1994 дар Бангкок баргузор шуда буд ва аз он сол инҷониб ҳамасола гузаронида мешавад.
  Дар ҷаласаи Сингапур ҳамчунин тасмим гирифта шуд, ки мулоқоти раҳбарони “шашгона” мунтазам (дар се сол як маротиба) баргузор шавад, на фақат дар шароити зарурӣ, ки дар ҳуҷҷатҳои қаблӣ сабт шуда буданд.
  Моҳи июли соли 1992 Ветнам, Камбоҷа ва Лаос, ки Шартномаи Бали-ро имзо намуданд, мақоми нозирони доимиро дар АСЕАН гирифтанд ва дар моҳи июли соли 1995 Ветнам расман ба Ассотсиатсия дохил шуд. Дар нишасти панҷуми АСЕАН, ки моҳи декабри соли 1995 дар Бангкок баргузор гардида буд, раҳбарони “Ҳафтгона” (G7 АСЕАН) бо раҳбарони Камбоҷа, Лаос ва Мянма музокироти ғайрирасмӣ анҷом доданд. Дар натиҷа, дар декларатсияи хотимавии маҷлиси машваратии Бангкок АСЕАН ҳадафи худро дар бораи то охири аср муттаҳид намудани ҳамаи даҳ давлати Осиёи Ҷанубу Шарқӣ эълон намуд. Чунон ки маълум аст, ин ҳадафи мазкур бо муваффакият иҷро гардид.
  Дар қатори дигар ҳуҷҷатҳои муҳими дар ин давра ба имзорасида, бояд эъломияи барномавии «Дидгоҳи АСЕАН - 2020», ки дар нишасти дуюми ғайрирасмии АСЕАН, моҳи декабри соли 1997 дар Куала-Лумпур баргузор гардид, қабул карда шудааст, зикр намоем.
  Дар ин эъломия, баҷуз аз масъалаҳои сиёсӣ, муҳимияти ҳамгироии иқтисодӣ дар минтақа нишон дода шудааст. Аз ҷумла, дар он бори дигар таъкид гардидааст, ки кишварҳои минтақа омодаанд ташкили Минтақаи озоди иқтисодии АСЕАН (AФТА - АСЕАН FREE TRADE AREA), ки соли 1992 дар Эъломияи Сингапур сабт шудааст, ба роҳ монанд ва инчунин ба ҳадаф гирифта шуд, ки Минтақаи сармоягузории АСЕАН, Системаи умумии энергетикии АСЕАН, қубурҳои умумии газ ва обгузари АСЕАН ва рушди манбаъҳои барқароршавандаи энергия ро бунёд намоянд.
  Моҳи декабри соли 1998 дар нишасти шашуми АСЕАН дар Ханой як санади дигари сиёсӣ бо номи «Нақшаи амалиёти Ханой» қабул гардид, ки дар он қадамҳои мушаххас оид ба татбиқи вазифаҳои солҳои 1999-2004, ки дар «Дидгоҳи АСЕАН - 2020» гузошта шудаанд, муайян карда шуданд. Ғайр аз ин, дар Декларатсияи Ханой зарурати густариши минбаъдаи равандҳои ҳамгироии минтақавӣ зикр гардидааст.
  1. Марҳилаи институтсионализатсия (1999-2007). Аз охири солҳои 1990-ум сар карда, самитҳои ACEAH (расмӣ ва ғайрирасмӣ) ҳамасола ва аз миёнаҳои солҳои 2000-ум ду маротиба дар як сол гузаронида мешаванд. Дар ин давра тамоюли инкишофи сохтор ва тартиби кори он дар доираи ҳамкории АСЕАН мушоҳида карда мешавад, агар пештар роҳбарони давлатҳо ва ҳукуматҳои мамлакатҳои АСЕАН танҳо бо қабули декларатсияҳои тантанавӣ ба муносибати солгарди навбатии Ассотсиатсия махдуд мешуданд, пас дар марҳалаи нав рӯзномаи он пурмазмун гардида, ба танзимдарории фаолияти АСЕАН ва соҳаҳои махсуси он, ки барои кишварҳои узв манфиат доранд, бештар баррасӣ мегарданд.
  Дар нӯҳумин мулоқоти расмии роҳбарони “Даҳгона”, ки моҳи октябри соли 2003 дар ҷазираи Балии Индонезия баргузор гардид, нусхаи нави “Эъломияи АСЕАН” таҳти унвони “Эъломияи дуюми ризоияти Бали” муаррифӣ шуд. Ин ҳуҷҷат аввалин ҳуҷҷате буд, ки дар он аввалин бор хоҳиши кишварҳои минтақа барои таъсиси ин Иттиҳод зикр гардид, ки аз се асос (рукн) иборат буд: ҳамкориҳои сиёсӣ ва амниятӣ, ҳамкориҳои иқтисодӣ ва иҷтимоӣ-фарҳангӣ.
  Эъломияи мазкур тавсифи муфассали ҳар се қисмҳои иттиҳоди АСЕАН-ро дар бар гирифта, тафовути куллии онро аз аҳдномаҳои мудофиавӣ, иттифоқҳои низомӣ, блокҳои амниятӣ ва дигар шаклҳои муқаррарии иттиҳодияҳои минтақавӣ, нишон медиҳад.
  Дар саммити навбатӣ, ки дар моҳи ноябри соли 2004 дар Лаос баргузор шуд, Барномаи амалиёти Вентиян оид ба ташаккули иттиҳоди АСЕАН ва қисмҳои алоҳидаи он барои солҳои 2004-2010 ба тасвиб расид.
  Дар нишасти сенздаҳуми роҳбарони Ассотсиатсия, ки моҳи ноябри соли 2007 дар Сингапур баргузор шуда буд, Хартияи АСЕАН қабул гардид, ки 15 декабри соли 2008 ба кор шуруъ намуд. Он сохторҳои идоракуниро, ки то он замон таҳия шуда буданд, - Саммити АСЕАН, Шӯрои ҳамоҳангсозии АСЕАН (иборат аз вазирони корҳои хориҷӣ), Шӯрои иттиҳод (ё ҷаъмияти) АСЕАН, инчунин котиботи миллӣ ва кумитаи намояндагони доимии мамлакатҳои аъзои АСЕАН-ро қайд намуд. Ғайр аз ин, тибқи Хартияи АСЕАН бояд Фонди АСЕАН ва идораи махсуси АСЕАН оид ба ҳуқуқҳои инсон таъсис дода мушуд. Механизми мавҷудаи машваратӣ ва ризоият ҳамчун асоси ҳамкорҳои мутақобил байни кишварҳои ширкаткунанда пазируфта шуд.
  Илова бар ин, дар соли 2007 давлатҳои “даҳгона” (G-10) ташаббуси таъсиси Форуми баҳрии АСЕАН-ро, ки ҳамчун платформаи муколама ва табодули таҷриба байни коршиносони ҳукуматӣ ва ҷомеаи илмӣ оид ба доираи васеи масъалаҳои таъмини озодии киштиронӣ амал мекунанд, баромад карданд.
  Дар Форуми мазкур намояндагони “Даҳгона” ва ҳашт кишвари шарики минтақавӣ аз қабили: Русия, ИМА, Чин, Ҳиндустон, Ҷопон, Ҷумҳурии Корея, Австралия ва Зеландияи Нав иштирок намуданд. Ҷаласаи ифтитоҳии Форуми баҳрӣ моҳи июли соли 2010 дар Сурабая (Индонезия) баргузор гардид.
  1. Марҳилаи шакливазкунӣ (аз соли 2007 то имрӯз). Таҳаввулоти АСЕАН дар марҳилаи ҳозира аз рӯи ҳуҷҷатҳои барномавӣ, ки дар ибтидои солҳои 2000-ум тасдиқ шудаанд, муайян карда мешавад. Аз ҳуҷҷатҳои дар ин давра қабул гардида «Харитаи роҳ ба Иттиҳоди АСЕАН»-ро (марти 2009, Таиланд), қайд кардан лозим аст, ки дар он вазифаҳо барои ташаккули Иттиҳод, пешниҳоди нақшаҳои он дар соҳаҳои сиёсат ва амният, Иттиҳоди иқтисодӣ ва иҷтимоӣ-фарҳангӣ барои солҳои 2009-2015 оварда шудаанд, ҷамъбаст карда мешавад.
  Ғайр аз ин, “Эъломияи сеюми ризояти Бали” (ноябри соли 2011, Индонезия), ки нақшаи амалҳои навро барои солҳои 2013-2017 тасҳеҳ кардааст, Эъломияи Бандар-Сери-Бегаван дар бораи дидгоҳ барои Иттиҳоди АСЕАН пас аз 2015 (октябри 2013, Бруней) ва Эъломияи Нейпидо дар бораи дидгоҳ барои Иттиҳоди АСЕАН пас аз 2015 (ноябри 2014, Мянма), қобили таваҷҷуҳ аст.
  Дар нишасти 27-уми АСЕАН, ки моҳи ноябри соли 2015 дар Малайзия баргузор шуд, бо тантана эълон шуд, ки созишномаи таъсиси Иттиҳод аз 31 декабри соли 2015 эътибор пайдо мекунад. Илова бар ин, роҳбарони давлатҳо ва ҳукуматҳои Ассотсиатсия як санади дигари барномавӣ бо номи "АСЕАН 2025: иттиҳоди созанда" – ро қабул карданд, ки дар он самтҳои асосии таҳаввулоти минбаъдаи Ассотсиатсия барои даҳ соли оянда муайян карда шуданд. Дар он лоиҳаҳои инкишофи Иттиҳод дар соҳаи сиёсат ва амният, иттиҳоди иқтисодӣ ва иттиҳоди иҷтимоӣ-фарҳангӣ, Нақшаи генералии алоқамандкунӣ ва нақшаи кории Ташаббуси ҳамгироии АСЕАН 2015-2025 дохил карда шудаанд [1, с. 8].
Дар самити 32-юм ки моҳи апрели соли 2018 дар Сингапур баргузор шуд, ҳуҷҷати консептуалӣ таҳти унвони «Нигоҳи роҳбарон ба АСЕАН-и устувор ва навовар» қабул карда шуд, ки дар он 10 шарти асосии «Устуворӣ ва навоварӣ» номбар шудааст.
  Моддаҳои ҳаштум ва даҳуми ин рӯйхат, ки дар он нигоҳдории суботи минтақа мустақиман ба “таҳкими ҳувияти АСЕАН” ва “эҳтироми ҳуқуқ ва озодиҳои инсон” иртибот дода мешавад, қобили таваҷҷуҳ аст. Дар баробари ин, бояд қайд кард, ки дар ин ҷо маънои тафсилоти либералии ҳуқуқ ва озодиҳои инсон нест, балки тафсирест, ки дар Эъломияи АСЕАН оид ба ҳуқуқи инсон, ки аз соли 2012 қабул шудааст, баён гадидааст. Ба ибораи дигар, таҳкими ҳувияти АСЕАН ва эҳтиром ба ҳуқуқ ва озодиҳои инсон аз тарафи раҳбарони АСЕАН дар заминаи “арзишҳои осиёгӣ” баррасӣ мегардад, ки ҳуҷҷати мазкур дар чунин рӯҳия навишта шудааст.
  Ҳувияти минтақа бо наздикии ҷуғрофӣ, таърихи умумӣ, ваҳдати сиёсӣ, наздикии фарҳангӣ ва таҷриба асос наёфтааст, ҳарчанд ки ҳамаи ин бешубҳа унсурҳои муҳиманд, вале барои ташаккули ҳувияти минтақавӣ басанда нестанд. Он тавассути ҳамкории зичи ҳукуматҳо ва дар асоси дастгирии васеи омма ба вуҷуд омадааст. Афзоиши институтҳои бисёрҷониба дар даҳсолаҳои охир ва тамоюли афзояндаи минтақагароӣ (ҳамгироӣ) дар Осиёи Ҷанубу Шарқӣ дар баробари ҳувияти миллӣ ҳисси муайяни ҳувияти минтақавиро дар ҳар як кишвари минтақа ба вуҷуд овардааст [2, с. 111]. Ҳамин тариқ, ҳувияти минтақавӣ ҳувияти миллиро аз байн намебарад, балки баръакс ҳувияти миллиро бунёд намуда истодааст ва дар байни аҳолии давлатҳои минтақаи Осиёи Ҷанубу Шарқӣ ҳисси мансубият ба як Иттиҳоди ягонаро ба вуҷуд овардааст.
  Мувофиқи “Оинномаи АСЕАН”, мақоми олии роҳбарикунандаи Ассотсиатсия “Саммити АСЕАН” мебошад, ки сарони давлатҳо ва ҳукуматҳои Ассотсиатсияро муттаҳид мекунад.
  Саммит мақсадҳои сиёсии АСЕАН-ро муайян карда, қарорҳои калидиро доир ба масъалаҳои сиёсӣ, ноил шудан ба онҳо ва инчунин барои баромадан аз вазъиятҳои буҳронӣ, дар асоси риояи принсипҳои мубоҳиса ва якдилӣ қабул мекунад.
  Раёсати АСЕАН ҳамасола аз як узви Ассотсиатсия ба дигараш бо тартиби алифбои инглисӣ мегузарад, аммо дар ин қоида истисноҳо вуҷуд доранд (масалан, Мянма бо сабабҳои бад будани вазъи сиёсии дохилаш дар соли 2004 аз раёсати худ даст кашидааст). Мулоқотҳои сатҳи олӣ дар як сол ду маротиба таҳти роҳбарии кишвар мизбон-раиси созмон баргузор мешаванд.
  Дувумин мақомоти муҳими роҳбарикунандаи АСЕАН Шӯрои ҳамоҳангсози АСЕАН мебошад, ки аз вазирони корҳои хориҷии кишварҳои узв иборат аст, ки дар як сол на камтар аз ду маротиба барои омода кардани рӯзномаи нишастҳои АСЕАН ва назорати иҷрои қарорҳои онҳо ҷамъ меоянд. Шӯрои мазкур инчунин вазифадор аст, ки фаъолияти се шӯрои иттиҳоди АСЕАН-ро ҳамоҳанг созад, то ки стратегияҳои онҳо ба якдигар мувофиқат кунанд ва пурзӯр намудани самараи онҳо ва амалӣ гардондани ҳамкории мутақобилан судмандро дар байни онҳо назорат барад. Шӯроҳои чамъиятии АСЕАН дар навбати худ барои фаъолияти идораҳои вазоратҳо масъуланд ва ба сардорони давлатҳо ва ҳукуматҳои АСЕАН ҳисобот медиханд. Ҷаласаҳои онҳо дар як сол на камтар аз ду маротиба таҳти роҳбарии вазирони кишвар –раиси Ассотсиатсия, ки ба самтҳои мушаххас: бахши амният, иқтисод ва ҳамкориҳои иҷтимоӣ-фарҳангӣ масъуланд, баргузор мешавад.
  Яке аз идораҳои муҳимми Асотсиатсия Котибот мебошад, ки қароргоҳаш дар шаҳри Ҷакарта пойтахти Индонезия воқеъ аст. Бо мақсади беҳтар намудани ҳамкориҳои байни мамлакатҳои аъзо дар заминаи котиботи Ассотсиатсия Кумитаи намояндагони доимӣ дар АСЕАН таъсис дода шудааст, ки дар он ҳар як давлати “Даҳгона” намояндаи доимии худро дар рутбаи сафир таъйин мекунад. Илова бар ин, дар кишварҳои узв, котиботи миллии АСЕАН таъсис дода шудааст, ки вазифаҳои ҳамоҳангсозии иҷрои қарорҳои АСЕАН дар сатҳи миллӣ ва ҳамчунин огоҳ намудани ҷомеаи маҳаллӣ ва соҳибкоронро дар бораи имкониятҳои пешниҳодкардаи Ассотсиатсия иҷро мекунад.
  Дабири кулли АСЕАН аз ҷониби раҳбарони воломақоми кишварҳои узв ба муҳлати панҷ сол таъйин мешавад ва ҳуқуқи такроран интихоб шуданро надорад, барои довталабоне, ки ба ин вазифа пешниҳод мегарданд, талаботҳои махсус аст, ки онҳо бояд ҷавобгӯ бошанд, онҳо бояд шаҳрвандони кишварҳои узви Ассотсиатсия бошанд, ротатсияи онҳо бояд мувофиқи принсипи алифбо (аз рӯи номҳои англисии давлатҳои АСЕАН) анҷом дода шавад, ҳангоми интихоби номзадҳо қобилият, таҷрибаи касбӣ ва ҷинси онҳо бояд ба назар гирифта шаванд.
  Котиби генералӣ дар ҷаласаҳои Саммити АСЕАН, Шӯрои ҳамоҳангсозӣ, Шӯрои Иттиҳод ва дигар чорабиниҳое, ки ҳузури ӯро тақозо мекунанд, ширкат варзида, инчунин ACEAH-ро дар ҳамкорӣ бо шарикони байналмилалии Ассотсиатсия намояндагӣ мекунад.
  Аз нимаи солҳои 70-уми асри гузашта сар карда АСЕАН стратегияи «доираҳои ҳаммарказиро» бомуваффақият амалӣ менамояд, ки ба зиёд кардани саъю кӯшишҳо барои ҳамгироӣ, пеш аз ҳама, дар дохили худи Ассотсиатсия; дуюм, дар шакли “ACEAH+3”; сеюм, дар доираи муносибатҳо бо шарикони муколамаи Осиё ва Уқёнуси Ором (Чин, Ҷопон, Кореяи Ҷанубӣ, Ҳиндустон, Австралия, Зеландияи Нав); чорум, дар муносибат бо марказҳои қудрати ҷаҳонӣ (Русия, ИМА, ИА); панҷум, дар доираи созмонҳои васеи байниминтақавӣ, аз қабили АТЭС ва АСЭМ равона карда шудааст [3, с. 119].
  Ҳамин тариқ, дар тӯли ним асри мавҷудияти худ, АСЕАН роҳи тӯлонӣ ва душворро тай намуд, ки аз як гурӯҳи зерминтақавӣ, ки дар натиҷаи зиддиятҳои дохилӣ аз ҳам ҷудо шуда буданд, то ба як созмони мукаммали минтақавӣ, ки ҳоло ҳамкориҳоро дар соҳаҳои гуногун бо давлатҳои абарқудрати ҷаҳонӣ фаъолона инкишоф медиҳад ва ба шарофати он рӯзномаи байналмилалиро муайян мекунад, табдил ёфт.
  Бо таваҷҷуҳ ба гузашта метавон гуфт, ки кишварҳои АСЕАН траекторияи дурусти ҳамгироии минтақавиро (ва шояд ягона роҳи дурустро дар он шароити таърихӣ) интихоб намуданд, ки ба онҳо имкон дод нобоварии мутақобиларо аз байн баранд ва сулҳро дар шароити гуногунрангии минтақа таъмин кунанд ва дар иттиҳод бошанд.

  
                                                                                  АДАБИЁТ
  1. Сумский В.В. Опыт регионализма на азиатском Юго-Востоке и поиск ответов на новые вызовы // Международные процессы 2017. Т. 15. № 3. С 7-8.
  2. Колдунова Е. В. «Диалоговые партнерства» во внешней политике АСЕАН // Международные процессы. 2017. T. 15. № 3. С. 59-60.
  3. Байков А.А. Сравнительная интеграция : Практика и модели интеграции в зарубежной Европе и Тихоокеанской Азии. М .: Аспект Пресс, 2012.
  4. The ASEAN Declaration. Bangkok. 8 August 1967 Available at: hups: //asean.org/the-asean-declaration-bangkok-declaration-bangkok-8-august-1967/
  5. ACEAH // The ASEAN Official Website Available at: http://www.asean.org
 
Қудратзода Комрон,
мудири шуъбаи Осиёи Ҷанубӣ ва Шарқӣ
Ҳамидова Сарвиноз
ходими хурди илмии шуъбаи
Осиёи Ҷанубӣ ва Шарқӣ

НАЗАД