wrapper

Хабарҳо

Институт тайёр аст, ки дар самтҳои зерин ҳамкориҳои судмандро бо намояндагони кишварҳои хориҷӣ ва ташкилотҳои байналмилалӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ва берун аз он қарордошта, роҳандозӣ кунад:

- таҳқиқ ва таҳлили масъалаҳои вобаста ба сиёсат, иқтисодиёт, иҷтимоиёт, тамаддун, фарҳанг ва забони кишварҳои хориҷӣ аз нигоҳи илми муосир;

- омӯзиши масъалаи рушди иҷтимоӣ-сиёсӣ, сохтори идоракунӣ, сисёсати инноватсионии давлатҳои хориҷӣ;

- бурдани тадқиқоти илмӣ оид ба масъалаҳои вобаста ба низоъҳои дохилӣ ва минтақавӣ, бехатарӣ дар мубориза бо ҷиноятҳои дохилӣ ва фаромиллӣ (аз ҷумла дар мубориза бо ифротгароӣ ва даҳшатафканӣ);

- омӯзиши масъалаҳои ваҳдатсолорӣ, ҳамгироии иҷтимоӣ дар низоми ҷомеа, низоъҳои иҷтимоӣ ва роҳҳалҳои он, ҷомеаи шаҳрвандӣ ва ҳалли мушкилоти маҳалгароӣ ва зиддияти байни маҳалҳо ва қавмҳо; 

- ташкили конференсияҳои илмӣ, семинарҳо ва мизҳои мудаввар дар мавзӯъҳои гуногун;

- ташкили назарсанҷӣ ва пурсишҳо дар қишрҳои гуногуни ҷомеаи шаҳрвандӣ дар мавзӯъҳои мухталиф;

- ташкили курсҳои кӯтоҳмуддат ва дарозмуддати забономӯзӣ. 

 
http://www.zoofirma.ru/