Самтҳои фаъолияти илмии шуъбаи Осиёи Ҷанубу Шарқӣ ин аз масоили кишваршиносӣ, геопалитика, таърихи муносибатҳои байналмилалӣ ва робитаҳои адабию фарҳангии кишварҳо иборат аст.
Номи лоиҳа: Геополитикаи Осиёи Марказӣ ва Ҷанубӣ; Вижагиҳои таърихию фарҳангӣ ва мазҳабии равандҳои геопалитикӣ дар Осиёи Ҷанубӣ ва Шарқӣ.
Дар Шуъба мутобиқи барнома нишастҳои илмӣ, семинар, конфронс, симпозиум ва дигар чорабиниҳои илмӣ баргузор мешавад.
Мудири Шуъба - Доктори илмҳои филологӣ, профессор, Ҳабибулло Раҷабов
Ҳабибулло Раҷабов соли 1945 дар деҳаи Чангоби Поёни ноҳияи Ҳисор таваллуд шудааст. Соли 1962 мактаби миёнаро дар деҳаи Қипчоқи ҳамин ноҳия бо баҳои аъло тамом карда, ҳамонсол ба шӯъбаи филологияи Ҳиндӣ ва урдуи Донишгоҳи давлатии Ленинград (ҳозира Санкт Петербург) дохил шуда, онро соли 1967 бомуваффақият хатм намудааст. Фаъолиятикориро худи ҳамонсол дарИнститути шарқшиносии Академияи Илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон оѓоз намудааст.
Пас аз хатми аспирантура дар Институти шарқшиносии Академияи Илмҳои СССР дар шаҳри Маскав, дар Институти шарқшиносии АИ ҶТ ба ҳайси ходими илмӣ ва котиби илмӣ кор кардааст. Дар Донишгоҳи давлатии ба номи Ломоносов дар шаҳри Маскав ва Донишгоҳи ба номи Ҷавоҳирлол Неҳру дар шахри Деҳлӣ такмили ихтисос намуда, рисолаҳои илмӣ навиштааст.
Дар солҳои 1981-1983 дар гурӯҳи мушовирони Шӯравӣ дар Афѓонистон кор кардааст. Дар солҳои 1984-2005 мудири кафедраи филологияи Ҳинди ДМТ. Аз охири соли 2005 то охири солоҳи 2008 муовини аввали ректори ДМТ. Айни ҳол профессори кафедраи филологияи Ҳинд, мудири шуъбаи Ҳиндустон ва Покистони Институти шарқшиносӣ ва осори хаттии АИ ҶТ ва сармуҳаррири маҷаллаи «Оинаи Ҳинд» мебошад. Дар ДМТ аз забон ва адабиёти ҳиндӣ ва урду ва санъати Ҳиндустон дарс мегӯяд.
Шеърҳо ва мақолаҳояш аз солҳои талабаи мактаб буданаш дар рӯзномаҳои ноҳиявию ҷумҳуриявӣ чоп мешуданд. Ба тарҷумаи асарҳои муаллифони хориҷӣ аз забонҳои ҳиндӣ, урду, англисӣ ва русӣ аз солҳои донишҷӯ буданаш машѓул аст.
Ҳабибулло Раҷабов ҳамчун ҳиндшинос ва урдушинос шинохта мешавад. Номи ӯ дар қатори 31 ҳиндшиносони шинохтаи ҷаҳон сабт шудааст. Вай муаллифи рисолаҳои «Новеллистикаи Моҳан Ракеш», «Премчанд», «Ташаккул ва инкишофи ҳикояи муосири ҳиндӣ», «Се насли ҳикоянависони ҳиндӣ», «Муҳовараи тоҷикӣ - ҳиндӣ», «Ин аст Ҳиндустон» ва «Пҳанишварнатҳ Рену» ва мақолаҳои зиёд бахшида ба адабиёт, забон, таърих ва маданияти Ҳиндустону Покистон мебошад. Дар як қатор конференсияҳои умумиҷаҳонии илмӣ дар мамлакатҳои гуногун бо маърӯзаҳои илмӣ баромад карда бо мукофотҳо сарфароз гардидааст. Як силсилаҳикояҳо ва шеърҳои адибони маъруфи Ҳиндустону Покистонро ба забонҳои тоҷикию русӣ тарҷума кардааст. Ба қалами ӯ тарҷумаҳои маҷмӯаҳои «Ҳикояҳои ҳиндӣ», «Зиндагии талх» «Як қатраи меҳрубони борон» «Ҳикояҳои интихобии Равиндранатҳ Тҳакур» (тарҷума аз ҳиндӣ) ва «Рӯҳи озод» (тарҷума аз урду) тааллуқ доранд. Номбурда тамоми ашъори Файз Аҳмад Файзро аз забони урду ба забони тоҷикӣ тарҷума кардааст.
Ҳамчун раиси Ҷамъияти дӯстии Тоҷикистону Ҳиндустон барои тақвияи дӯстии Тоҷикистону Ҳиндустон ва Тоҷикистону Покистон саҳми назаррасе дорад.
Кормандони Шуъба:
- Нуъмонҷон Ғаффоров, сарходими илмӣ
Номгӯи мақолаҳои илмӣ ва оммавии корманди шуъба:
Нақши об дар ҷомеа аз нигоҳи маорифпарварони ибтидои асри хх;
Об ва истифодаи он мушкилоти глобали замони муосир;
Зиёда аз 15 мақолаҳои илмӣ-таҳлилӣ дар маҷалаҳои ватанӣ ва хориҷӣ
Донандаи забонҳои русӣ ва англисӣ мебошад.
Лоиҳаи корманди шуъба:
Вежагиҳои таърихию фарҳангӣ ва мазҳабии равандҳои геополитики Осиёи Марказӣ ва Ҷанубӣ
- Сайфулло Муллоҷонов, сарходими илмӣ
Номгӯи мақолаҳои илмӣ ва оммавии корманди шуъба:
Шароити таърихи ва заминаҳои зуҳури пантуркизм;
Русия ва пантуркизм
Зиёда аз 15 мақолаҳои илмӣ-таҳлилӣ дар маҷалаҳои ватанӣ ва хориҷӣ
Донандаи забонҳои русӣ ва англисӣ мебошад.
- Зебунисо Малахова, ходими илмӣ
Донандаи забонҳои русӣ, англисӣ, ҳинди ва урду мебошад.
Номгӯи мақолаҳои илмӣ ва оммавии корманди шуъба:
Фаъолияти рўшангарї ва сиёсии Мавлоно Абул Калом Озод дар Ҳиндустон;
Образи зан дар офаридаҳои Мирдула Гарг
Зиёда аз 15 мақолаҳои илмӣ-таҳлилӣ дар маҷалаҳои ватанӣ ва хориҷӣ
Лоиҳаи корманди шуъба:
Вижагиҳои таърихию фарҳангӣ ва мазҳабии равандҳои геополитикии Осиёи Ҷанубу шарқӣ.
Нақши маҷаллаи “Ал- Ҳилол”- и Мавлоно Абул Калом Озод дар маорифпарвари Ҳиндустон (1912- 1915)
Почтаи электронї: This email address is being protected from spambots. You need JavaScript enabled to view it.
- Турсунов Т. Х., ходими пешбари илмӣ
Номгӯи мақолаҳои илмӣ ва оммавии корманди шуъба:
Робитаҳои Тоҷикистон ва Ҳиндустон дар соҳаи тандурустӣ (1992 2017);
Равобити тиҷоратӣ - иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Ҳиндустон (1992 2016).
Зиёда аз 15 мақолаҳои илмӣ-таҳлилӣ дар маҷалаҳои ватанӣ ва хориҷӣ
Донандаи забонҳои русӣ ва англисӣ мебошад.
Лоиҳаи корманди шуъба:
Заминаҳои ҳаркатҳои миллӣ озодихоҳӣ дар Осиё (дар мисоли Ҳиндустон).
Почтаи электронӣ: This email address is being protected from spambots. You need JavaScript enabled to view it.
- Усмоналӣ Сайдалиев, ходими пешбари илмӣ
Номгӯи мақолаҳои илмӣ ва оммавии корманди шуъба:
Истифодаи таҷрибаи пешқадами рушди инноватсионӣ - иқтисодии Сингапур ва истифодаи он дар шароити Тоҷикистон.
Таҷрибаи пешқадами инноватсонии иқтисодии Кореяи Ҷанубӣ ва истифодаи он дар шароити Тоҷикистон.
Зиёда аз 15 мақолаҳои илмӣ-таҳлилӣ дар маҷалаҳои ватанӣ ва хориҷӣ
Донандаи забонҳои русӣ, англисӣ ва арабӣ мебошад.
Лоиҳаи корманди шуъба:
Таҷрибаи рушди инноватсиони иқтисодиёти Малаёзия ва истифодаи тон дар шароити Тоҷикистон.
- Нигина Душанбиева, ходими илмӣ
Номгӯи мақолаҳои илмӣ ва оммавии корманди шуъба:
Таснифоти забонҳои ғарбии Ҳиндустон;
Беназир Бҳутто зани оҳанини Шарқ
Зиёда аз 15 мақолаҳои илмӣ-таҳлилӣ дар маҷалаҳои ватанӣ ва хориҷӣ
Донандаи забонҳои русӣ, англисӣ, ҳиндӣ, урдуӣ ва паштуӣ мебошад.
Лоиҳаи корманди шуъба:
Робитаҳои таърихӣ фарҳангӣ ва мазҳабии Тоҷикистон ва Покистон (қисмати шимоли Покистон ва Бадахшон).
- Ким Виктор Михайлович, ходими калони илмӣ
Номгӯи мақолаҳои илмӣ ва оммавии корманди шуъба:
Отношения между Республикой Таджикистан и Републики Корея: Состояние ожидания;
Зиёда аз 15 мақолаҳои илмӣ-таҳлилӣ дар маҷалаҳои ватанӣ ва хориҷӣ
Донандаи забонҳои русӣ, англисӣ, ва куреягӣ мебошад.
Лоиҳаи корманди шуъба:
Основные этапы истарического развития Республики Корея в послевонный период.
- Ҳабиб Мирзоев, ходими илмӣ
Номгӯи мақолаҳои илмӣ ва оммавии корманди шуъба:
Хитой ҳамчун марказӣ қудрат дар сиёсати ҷаҳон;
Ҳали масъалаҳои марзи миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии халқии Хитой;
Зиёда аз 12 мақолаҳои илмӣ-таҳлилӣ.
Донандаи забонҳои русӣ, англисӣ, арабӣ ва туркӣ мебошад.
Лоиҳаи корманди шуъба:
Робитаҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии мардуми Чин дар замони истиқлолият.
- Шарофат Арабова, ходими хурди илмӣ
Зиёда аз 12 мақолаҳои илмӣ-таҳлилӣ.
Донандаи забонҳои русӣ ва англисӣ мебошад.
Лоиҳаи корманди шуъба:
Кино Болливуда и конфуцианского мира как инструмент мягкой силы Индии и государств Восточной Азии.
- Лутфулло Баротов, ходими илмӣ
Номгӯи мақолаҳои илмӣ ва оммавии корманди шуъба:
Ҳамкориҳои иқтисодии Ҷопон ва Ҳиндустон;
Муносибатҳои иқтисоди Ҷопон ва Чин;
Чин дар роҳи рушди устувор;
Донандаи забонҳои русӣ англисӣ мебошад.
- Мирсаид Раҳмонов, ходими калони илмӣ
Шарқшинос ва коршиноси кишварҳои Осиёи Љанубӣ
Номгӯи мақолаҳои илмӣ ва оммавӣ:
Тоҷикистон-Чин-Покистон даҳлези тиҷорат барои Осиёи Ҷануб Шарқ ва Миёна;
Об ва ташаббусҳои ояндасози Тоҷикистон;
Об зару Тоҷикистон заршинос;
Душанбую Лоҳур-пайвандгарони Панҷрӯду Панҷоб;
Минтақашиносӣ: Имкони истифодаи таҷрибаи Малдив дар Тоҷикистон;
Сарзамини подшоҳон 71 сола шуд;
Дурнамои равобити фарҳангии Тоҷикистону Узбекистон;
Муҳаммад Алӣ Ҷиноҳ Пешвои Миллати Покистон;
Маҳатма Гандӣ ва фалсафаи мубориза бидуни зӯроварӣ.
Донандаи забонҳои англисӣ, арабӣ, форсӣ, урдуї ва русӣ мебошад.
Почтаи электронӣ: This email address is being protected from spambots. You need JavaScript enabled to view it.
- Рузибойён Нодирпур Раҳмонӣ, ходими хурди илмӣ
Хатмкардаи Донишгоҳи Миллии Тоҷикистон, факултаи ҳуқуқшиносї
Номгӯи мақолаҳои илмӣ ва оммавї:
Сиёсати Туркия дар мубориза бар зидди тероризм ва ифротгарӣ;
Вазъи ҳуқуқи кӯдак дар ҷаҳони муосир;
Ваҳдати миллӣ асоси сулҳу амният;
Истиқлолият рамзи оромӣ ва субот.
Лоиҳаи корманди шуъба:
Ҳокимияти судии Ҳиндустон
Почтаи электронӣ: This email address is being protected from spambots. You need JavaScript enabled to view it.
- Нигора Файзуллоева, ходими хурди илмӣ
Хатмкардаи Донишгоҳи омӯзгории Тоҷикистон ба номи С. Айнӣ
Донандаи забонҳои русӣ англисӣ ва кореягӣ мебошад.
Номгӯи мақолаҳои илмӣ ва оммавӣ:
Ҳамкориҳои Тоҷикистону Кореяи Ҷанубӣ дар даврони истиқлол;
Саҳифаи нави муносибатҳо дар нимҷазираи Корея;
Таҷрибаи рушди иноватсиони иқтисодиёти Корея ва имконияти истифодаи он дар Тоҷикистон.
Лоиҳаи корманди шуъба:
Заминаҳо ва дурнамои ҳамкориҳои миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Кореяӣ Ҷануби дар даврони истиқлолият
Почтаи электронӣ: This email address is being protected from spambots. You need JavaScript enabled to view it.
- Ф. Қориева, ходими илмӣ
Номгӯи мақолаҳои илмӣ ва оммавии корманди шуъба:
Эҳёи роҳи абрешим;
Тоҷикистон: як роҳ як камарбанд.
Донандаи забонҳои русӣ ва англисӣ мебошад.
Лоиҳаи корманди шуъба:
Роҳи абрешим.
- Малоҳат Қурбонова, лабаранти калон
Хатмкардаи факултетии филологияи шарқ. Айни ҳол магистри соли дуюми муносибатҳои байналмилалии Институти омӯзиши масъалаҳои давлатҳои Осиё ва Аврупои АИ ҶТ
Донандаи забонҳои русӣ, туркӣ ва арабӣ мебошад.
Мақолаҳои илмӣ ва оммавӣ:
Туркия яке аз шарикони афзалиятнок барои Ҷумҳурии Тоҷикистон.