wrapper

Хабарҳо

Сохтори Институт

 Сохтори Институт аз рӯи самтҳои асосии таҳқиқот ва вазифаҳои Институт муайян ва такмил дода шуда, бо пешниҳоди директор аз ҷониби Шуъбаи илмҳои ҷамъиятшиносии АИ Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ мегардад.

Воҳидҳои сохтори Институтро Шуъбаҳои илмӣ-таҳқиқотӣ, бахшҳои онҳо ташкил медиҳанд.

Барои амалӣ намудани самтҳои нави таҳқиқот ва барномаҳои илмӣ Институт пешниҳоди худро ба Шуъбаи илмҳои ҷамъиятшиносии АИ Ҷумҳурии Тоҷикистон роҷеъ ба ташкили ҳайати кории илмии байниидоравӣ, ки дар дигар вазоратҳову идораҳо таъсис дода шудаанд, иброз медорад.

Институт дар асоси қонунгузории чорӣ метавонад мувофиқи тартиби коорпоратсияи илмӣ бо ҳамроҳии муассисоти дигари илмӣ-таҳқиқотӣ, мактабҳои олӣ ва ҳайатҳои кории муваққатии илмӣ, ки барои ҳалли вазифаҳои конкретии илмӣ пешбинӣ шудаанд, таъсис диҳад.

ФАЪОЛИЯТИ ИЛМӢ - ТАҲҚИҚОТӢ

Институти омӯзиши масъалаҳои давлатҳои  Осиё  ва  Аврупои  АИ ҶТ (ИОМДОА) бо Қарори  Ҳукумати ҶТ таҳти № 466 аз 28 октябри соли 2016 ташкил шудааст.

      Дар ИОМДОА 4 шуъба амал мекунад:

  1. Шуъбаи  Шарқи Наздик ва Миёна
  2. Шуъбаи Осиёи Ҷанубу Шарқӣ
  3. Шуъбаи Аврупо ва Амрико
  4. Шуъбаи Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил

  Дар давраи ҳисоботӣ Институти омӯзиши масъалаҳои давлатҳои Осиё ва Аврупо фаъолияти илмӣ-таҳқиқотии худро дар доираи ду мавзӯи илмӣ-таҳқиқотӣ барои солҳои 2016-2020, ки  Шӯрои ҳамоҳангсозии илмӣ-таҳқиқотии Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ кардааст, идома дода истодааст. Азбаски шуъбаҳои дигари институт навтаъсисанд, дорои лоиҳаҳо нестанд. Аммо дар алоҳидагӣ фаъолияти илмӣ-таҳқиқотии худро фаъолона пеш мебаранд: ҷамъ овардани маводҳо барои таҳқиқот ва навиштани мақолаҳои илмӣ ғ.

 
http://www.zoofirma.ru/