NATIONAL ACADEMY OF SCIENCES OF TAJIKISTAN

INSTITUTE OF STUDYING OF THE PROBLEMS OF ASIAN AND EUROPEAN COUNTRIES

Ҷаҳони маҳдудиятҳо дар иқтисодиёт ва интихобҳо дар он

Author: Lutfullo Barotov

Расм

“Иқтисод як метод аст, то як таълимот. Як асбоби мағз ва як техникаи андешидан аст, ки ба дорандаи он имкон медиҳад хулосаи дуруст барорад.” (Ҷон Мейнард Кейнс (1883-1946))

      Иқтисод истифодаи оқилона ва самараноки захираҳои маҳдуд аст. Дар ҳама замон ва дар ҳама сатҳ захираҳо доимо маҳдуд ҳастанд. Шахсони алоҳида, оилаҳо, ширкатҳои хурду бузург ва давлатҳову созмонҳои гуногун захираҳои муайян ва маҳдуд доранд, ки вазифаи иқтисодшиносон истифодаи дуруст ва гирифтани манфиати бештарин аз онҳо мебошад. Вазифаи иқтисод ҳам дарёфти пули бештар набуда, дарёфти роҳу усулҳои истифодаи дурусту босамари имконоти мавҷудае ҳаст, ки дар ҳама ҳолат маҳдуд ҳастанд. Илми иқтисод чи тавр фикр карданро меомӯзад, на чи фикр карданро. Тарзи фикрронии дурустеро, ки дар сохтани моделҳои иқтисодӣ барои кишварҳои гуногун кумак мекунад ва дар ҳар шароити хос модели муайян барои истифодаи дурусту босамари захираҳои мавҷуда сохта мешавад.

      Яке аз принсипҳои бунёдии иқтисодиёт ин аст, ки ҳар як интихоб арзиши имкониятии худро дорад. Яъне дар сатҳи захираҳои маҳдуд, агар аз як колло истифода кардед, шумо имкони истифодаи яке дигарро аз даст хоҳед дод. Ё дар миёни ду коло як миёнҷиро интихоб бояд кард. Яъне як миқдори муайян аз ин маҳсулот истеҳсол ва истеъмол мешавад ва манбаъҳои боқимонда барои истеҳсоли миқдори муайяни дигар мол равона карда мешаванд. Агар шумо хаста бошед ва ба хоб ниёз дошта бошеду дар конфронс хоб рафтед, аз донистани мавзӯи матраҳшуда маҳрум мешавед. Ё агар даромади худро сарфи бозиҳои комютерӣ кардед, дигар китоб харида наметвонед. Вазифаи иқтисодшинос дар ин ҷо ин аст, ки муайян кунад, дар ҳоли ҳозир арзиши имкониятии кадом як интихоб баландтар аст. Донистани мавзӯи конфронс заруртар аст ё хоб, бозии комютерӣ ё китоб. Ва ё дар миёни ду чиз интихоб бояд кард, ки аз кадомаш бояд зиёдтар харидорӣ ва истеъмол шавад ва аз кадомаш камтар. Хондан дар донишгоҳ ҳам арзиши имконотии худро дорад. Шумо на танҳо харҷи пули шартнома, китобу дафтар, утоқ ва хуроку либосро мекунед, балки аз панҷ сол кор кардан ҳам маҳрум мешавед. Яъне агар маоши моҳона тақрибан 1000 сомонӣ бошад, дар баробари харҷҳои номбаршуда имконияти ба даст овардани 60 ҳазор сомониро (дар 5 сол) ҳам аз даст медиҳед. Ҳар як интихоб дар ҷаҳони пур аз маҳдудиятҳо арзиши худро дорад. Ин масъалаи интихоб миёни ду чиз тамоми инсониятро иҳота кардааст ва як қисмати зиндагии моро ташкил мекунад. Чунки маҳдудиятҳо дар ҳама ҳолат ва барои ҳама вуҷуд доранд. Бою камбағал ва ширкатҳову давлатҳо ҳам мувофиқи ҷойгоҳи худ бо маҳдудиятҳо рӯ ба рӯ ҳастанд ва ҳама маҷбур аст дар доираи ин маҳдудиятҳо, миёни молу маҳсулоти истеҳсолшаванда ва истеъмолшаванда интихоб кунанд. Вақт як мисоли равшани захираҳои маҳдуд аст, ки барои ҳама, бе истисно, маҳдуд аст ва ба “соҳибони вақт” истифодаи дурусти он лозим аст. Гузаштан аз баҳри як чиз, ба хотири дастрас кардани чизи дигар, ногузир аст. Чунки инсон дар ҷаҳони маҳдудиятҳо зиндагӣ мекунад ва наметавонад ҳама вақт пул, дороӣ ва таҷрибаву кор ва фароғатеро дастрас кунад, ки орзу мекунад. Ҷомеа ҳам ҳамчунин аст.

      Новобаста аз сатҳи даромад, шахсони алоҳида дар асоси буҷаи маҳдуди худ тасмимгирӣ мекунанд. Ҳар як истеъмолкунанда ҳаҷми маҳдуди даромади худро дорад, ки дар асоси он маҳсулот ва хизматрасонии мавриди ниёзашро харидорӣ менамояд. Инро маҳдудияти буҷа (budget constraint) меноманд. Интихоб миёни ду чиз дар ҳудуди буҷаи шахсии худ дар асоси муайян кардани арзиши имкониятӣ (opportunity cost) сурат мегирад. Маълум аст, ки ҳангоми хариди як маҳсулот имкони хариди дигар аз даст меравад. Бояд муайян кард, ки хариди кадоме аз ин маҳсулот манфиати бештар меорад ва ҳамонро интихоб кард. Яъне инсонҳо доимо дар пешорӯи интихобу гузаштҳо қарор мегиранд ва маҷбуранд аз баҳри як маҳсулот қисман ё пурра гузаранд, то маҳсулоти дигареро харид кунад, ки ба он ниёзи бештар доранд. Дар бисёр маврид, пурра сарфи назар кардани як маҳсулот барои дастрасӣ ба дигараш дида намешавад. Бештар интихоб сари камтар истеъмоли як маҳсулот ва зиёдтар истеъмол кардани дигаре мешавад, ки айни замон манфиати бештар дорад. Албатта, дар воқеият як шахс танҳо ду маҳсулот истеъмол намекунад ва шумораи маҳсулотҳои мавриди ниёз хеле зиёд ҳастанд. Аммо интихоб ҳамеша вуҷуд дорад ва дар миёни маҳсулотҳои бешумор ҳам дар доираи буҷаи худ инсонҳо интихоб хоҳанд кард, ки кадом маҳсулотро харидорӣ ва истеъмол кунанд ва аз баҳри кадомаш гузаранд. Ё аз кадом маҳсулот камтар харидорӣ кунанд ва шумораи кадоми дигарашро зиёдтар кунанд.

     

     

      Марзи имконоти тавлид ва интихобҳо дар ҷомеа.

      Ҳамон гуна, ки шахсони алоҳида наметавонанд ҳама он чизе, ки мехоҳанд, дастрас кунанд ва бо гузаштҳову интихоб рӯ ба рӯ мешаванд, ҷомеа ҳам бо ин гузаштҳову интихобҳо рӯ ба рӯ аст ва наметавонад дар як вақт дастрасӣ ба ҳама чизҳое дошта бошад, ки мавриди ниёзаш қарор доранд. Ҳудудҳои имконоти буҷа ва интихоб дар сатҳи ҷомеа бо модели Марзи имконоти тавлид (production possibilities frontier) тасвир карда мешавад. Аз сабабе, ки ҷомеа дар ҳар давраи муайян манбаҳои маҳдуд дорад (замин, сармоя, ҷувваи корӣ, ашёи хом ва ғ.), ногузир аст дар ҳудуди он интихоб кунад, ки чи ва дар кадом миқдор бояд истеҳсол шавад, то истифодаи самаранок ва пурраи захираҳои мавҷуд ба роҳ монда шавад.

      Марзи имконоти тавлид графики хамшаклест, ки ҳамаи имконоти максималии истеҳсоли ду колоро, бо дарназардошти манбаъҳои дастрас ва факторҳои таъсиррасон, дар худ тасвир мекунад. Шахсони тасмимигиранда ин гарфикро омӯхта хулоса мекунанд, ки кадом маҳсулотро бо кадом миқдор истеҳсол шавад, ки самаранокии максималӣ аз захираҳои маҳдуди айни замон мавҷудбуда ба роҳ монда шавад.

      Дар мисоли истеҳсоли пахта ва гандум агар тақрибан имконоти як кишвар пурра истифода карда шавад ва дар технологияҳо ягон тағйирот набошад, ҷадвали зерин гузинаҳои гуногунро барои истеҳсоли ин ду маҳсулот нишон медиҳад:

 

Гузинаҳо

Пахта (ҳазор тонна)

Гандум (ҳазор тонна)

a

0

100

b

15

90

c

30

75

d

45

55

e

60

30

f

75

0

      Агар ҳамаи имконоти мавҷуда барои истеҳсоли гандум истифода карда шаванд, 100 000 тонна истеҳсол карда метавонанд. Агар ҳамаи имконот барои истеҳсоли пахта сафарбар шавад, пас 75 000 тонна пахта истеҳсол карда метавонанд. Инҳо ду интихоби ҳошиявие ҳастанд, ки онҳоро гузинаҳои a ва f меномем ва ҳангоми интихоби ин гузинаҳо танҳо як маҳсулотро истеҳсол мекунанд. Дар миёни онҳо гузиназои дигари b, c, d ва e ҳастанд, ки ҳар кадом як миқдор аз ҳарду маҳсулотро истеҳсол мекунанд. Дар гузинаи c агар 30 тонна пахта истеҳсол шавад, пас бо имконоти боқимонда метавонанд 75 тонна гандум истеҳсол намоянд, дар гузинаи e бошад ин таносуб баробари 60 бар 30 аст.

      Марзи имконоти тавлидро дар графики зерин дида мебароем:rasm

      Гузинаҳои дар график нишондодашуда ва ҳар гузинаи дигаре, ки дар ҳамин хат ҷойгир мешавад, интихобҳое миёни истеҳсоли ду маҳсулот ҳастанд, ки дар онҳо ҳама имконони мавҷуда самаранок истифода шудаанд. Ҳар гузинаи дигаре, ки берун аз ин хат дар қисмати дохилии ин график ҷойгир мешавад, маънои пурра истифода накардани имконотро дорад. Нуқтаҳои берун аз ин хат дастнорас ҳастанд, чунки барои расидан ба онҳо манбаи бештар даркор аст, ки айни замон вуҷуд надоранд. Аз ҷониби дигар самаранокии тақсимоти манбаҳоро бо муайян кардани талаботи воқеии ҷомеа ба ду моли мавриди истифода қарор дошта, муайян мекунанд. Истифодаи самараноктарини манбаҳо он вақт ба даст меояд, ки тақсимоти дурусти мувофиқи талаботи ҷомеа ба роҳ монда шавад. Яъне истеҳсоли ҳар маҳсулот ба андозаи талаботи он бояд ба роҳ монда шавад.

      Бо вуҷуди он, ки ҷомеа маҷбур аст, интихоб кунад, ки кадом маҳсулотро бо кадом андоза истеҳсол кунад, муҳим нест, ки тамоми молу маҳсулот ва хизматрасоноҳоро ҳатман бояд худ истеҳсол кунад. Кишварҳо дар истеҳсоли молу маҳсулоти муайян бартариҳо доранд, ки вобаста ба иқлим, захираҳои табиӣ, шароитҳои географӣ, технологияҳо ва маҳорати мутахассисони худ имкон доранд молу маҳсулоти муайянро бо нархҳои нисбатан арзон истеҳсол намоянд. Инро бартариҳои нисбӣ (Comparative Advantage) меноманд, ки дар тасмимгириҳо нақши муайянкунадаро дорад. Барои ба роҳ мондани истеҳсоли як маҳсулот арзиши аслии онро муайян карда, бо арзиши ҳамон мол, ки аз дигар кишвар ворид карда мешавад муқоиса мекунанд. Агар моли воридшаванда арзон бошад ба роҳ мондани истеҳсоли он дар дохил нодуруст ба ҳисоб меравад ва маънои истифодаи камсамари манбаҳоро дорад. Бояд муайян кард, ки кишвар дар истеҳсоли кадом молу маҳсулот бартариҳои нисбӣ дорад ва ҳамон молу маҳсулотро бояд истеҳсол кард. Ба ҷойи мисол метавон ду кишвар Тоҷикистон ва Қазоқистонро дар истеҳсоли ду маҳсулоти кишварзӣ пахта ва гандум овард. Шароити Тоҷикистон барои истеҳсоли пахта бартариҳои худро дорад ва Қазоқистон барои истеҳсоли гандум бартариҳо дорад. Тоҷикистон метавонад бештари имконоти худро барои истеҳсоли пахта сафарбар намояд ва Қазоқистон дар навбати худ барои истеҳсоли гандум. Инҷо савдои байналмилалӣ кори боқимондаро иҷро карда, дар расонидани гандуми Қазоқистон ба Тоҷикистон ва пахтаи Тоқикистон ба Қазоқистон мусоидат мекунад. Дар натиҷа ҳам талаботи ду кишвар ба пахта ва гандум таъмин мешавад ва ҳам имконоти ду кишвар самаранок истифода карда мешаванд. Истеҳсоли маҳсулот дар маҷмуъ метавонад ба таври назаррас зиёд шавад, агар кишварҳо ҳамон маҳсулотеро истеҳсол кунанд, ки дар он бартариҳои нисбӣ доранд ва қисме аз онҳоро дар бозори ҷаҳонӣ барои ба даст овардани маҳсулоти боқимондаи мавриди ниёзи худ ба савдо бароранд.

      Маҳдуд будани захираҳо дар ҳама сатҳ як воқеияти раднопазир аст ва масъалаи асосӣ дар пеши иқтисодшиносон ва сиёсатмадорони тасмимгиранда, на бартараф кардани ин маҳдудиятҳо, балки интихоби дурусти гузинаҳо дар ҷаҳони интихобҳо аст. Дар ҷаҳони маҳдудиятҳо интихобҳои бешуморе вуҷуд доранд, ки чи тавр бояд захираҳои маҳдуди айни замон дастрас истифода шаванд, то аз онҳо манфиати бештарин ба даст ояд. Интихоби дуруст, истифодаи аз ҳама самараноки захираҳо, боиси пешравӣ ва шукуфоии ҳар як кишвар мегардад. Ва баръакс, интихобҳои нодуруст, маънои истифодаи камсамари захираҳоро дошта, сарчашмаи ақибмондагиҳост ва мушкилоти зиёдеро ба бор меоварад.

     

     

      Cарчашмаҳо 1.

      OpenStax, Principles of Economics. OpenStax. 19 March 2014. http://cnx.org/content/col11613/latest/ 2.

      Production Possibility Frontier – PPF. http://www.investopedia.com/terms/p/productionpossibilityfrontier.asp 3.

      Production Possibility Frontier. https://www.tutor2u.net/economics/reference/production-possibility-frontier 5.

      Production Possibility Curve (Explained With Diagram) http://www.economicsdiscussion.net/production/production-possibility-curve-explained-with-diagram/1563 6.

      Граница производственных возможностей. http://www.grandars.ru/student/ekonomicheskaya-teoriya/granica-proizvodstvennyh-vozmozhnostey.html 7.

      ЭКОНОМИЧЕСКАЯ ТЕОРИЯ. Экономический выбор. Граница производственных возможностей. Альтернативные издержки. http://www.aup.ru/books/m98/1_3.htm

     Меҳр Собириён

     10.12.2017

BACK