NATIONAL ACADEMY OF SCIENCES OF TAJIKISTAN

INSTITUTE OF STUDYING OF THE PROBLEMS OF ASIAN AND EUROPEAN COUNTRIES

«ҶАҲОНРО БА ДОНИШ ТАВОН ЁФТАН…». Андешаҳо дар ҳошияи таъкидҳои Президенти Тоҷикистон дар мулоқот бо фаъолон, намояндагони ҷомеа ва ходимони дин

Author: Ashurov Ardamehr

Расм

«ҶАҲОНРО БА ДОНИШ ТАВОН ЁФТАН…»

Андешаҳо дар ҳошияи таъкидҳои Президенти Тоҷикистон дар мулоқот бо фаъолон, намояндагони ҷомеа ва ходимони дин

Март 15, 2024 17:29

 

ДУШАНБЕ, 15.03.2024 /АМИТ «Ховар»/. Илм дар ҳаёти инсоният нақши меҳварӣ ва муҳим дорад. Зеро мақому мартабаи илм давоми қарнҳо бо далелҳои муътамад ва хеле қадимии таърихи инсоният ба ҳайси неруи тавонои наҷотбахши инсоният, такондиҳанда ва пешбарандаи рушду инкишофи ҷомеаву давлат дониста шудааст. Дар ин хусус номзади илмҳои таърих, ходими пешбари илмии шуъбаи Аврупои Институти омӯзиши масъалаҳои давлатҳои Осиё ва Аврупои Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон Ардамеҳр Ашурзод андешаҳояшро ба АМИТ «Ховар» чунин баён намуд: 

Дар дарозои таърихи башар бузургон илму хирадро таъминкунандаи асосии нишоти зиндагӣ ва саодати рӯзгори инсонҳо ҳисобидаанд. Яъне, донишу маърифат сабаби саодат ва шуҷоату хушбахтии инсонҳо мебошанд. Ба ин маънӣ ҳанӯз беш аз ҳазор сол пеш садри шоирон устод Абӯабдулло Рӯдакӣ фармуда буд:

Дониш андар дил чароғи равшан аст,

В-аз ҳама бад бар тани ту ҷавшан аст.

Яъне, дониш ба ҳайси рӯшангари ақлҳо чароғе аст, ки замири инсонро мунаввар месозад. Пас, агар қалби инсон пуранвор бошад, ӯ қодир аст кулли оламро нурбор созад.

Дар шароити давлатдории кунунии мо маҳз бо шарофати Истиқлоли давлатӣ ва саъю талошҳои пайвастаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷомеа саросар ба омӯзиши пайваста ва андӯхтани донишҳои замонавӣ фарогир шуд. Дар ин раванд аз тарафи давлат хосатан ба наслҳои ҷавон таваҷҷуҳи махсус зоҳир гардид ва ҳамзамон ба ин васила рушди ҳама самту соҳаҳои рӯзгор, аз ҷумла иқтисоду фарҳанг, адаб ва даҳҳо самтҳои дигари фаъолияти ҷомеа ба мушоҳида расид.

Месазад дубора ёдовар шавем, ки таъкиду ҳушдорҳои паёпайи Президенти Тоҷикистон дар ҳар мулоқоту суханрониҳои судманд ва махсусан дар мулоқоти ахиран баргузоршуда бо фаъолон ва намояндагони аҳли ҷомеа ва ходимони дини ҷумҳурӣ ба таъкидҳои боло саривақтӣ ва идомаи ҳамон раванди маҷросозандаи беш аз сисолаи Пешвои муаззами миллат арзёбӣ мешавад.

Дар ҳар баромаду мулоқоти Пешвои миллат риояи анъанаҳои аҷдодӣ ва такмили онҳо вобаста ба замону аз нигоҳи нав ба масъалаи анҷоми тадбирҳои созандагию бунёдкорӣ, анҷоми сахову хайр ба эҳтиёҷмандон, ятимону камбизоатон, ғамхорӣ нисбат ба падару модар ва хоҳару бародарони хеш ҷойгоҳи хосса дорад.

Тавре шоҳид гаштем, ҳангоми суханронӣ дар ин мулоқот Пешвои миллат масъалаҳои вобаста ба ҳаёти иҷтимоӣ, аз ҷумла маънавиёту маърифати мардуми мамлакатро баррасӣ намуда, вазифаҳои мушаххасро барои бартараф намудани чанде аз мушкилоту камбудиҳое, ки дар ин самт ҷой доранд, бо таҳлилҳои амиқу дақиқ пешниҳод намуданд.

Дар ҷаҳони зудтағйирёбанда ва мураккаби муосир хатари тафаккури ифротгароӣ ба раванди давлатдории кишварҳо таъсири манфӣ мегузорад. Ба мушоҳида мерасад, ки дар бархе давлатҳои олам ҳизбу ҳаракатҳои ифротгаро ба зиндагии озодона ва ҳифзи ҳуқуқҳои шаҳрвандон таҳдид намуда, боиси шиканҷаи мардум, ихтилофи ҷомеа ва ниҳоят хунрезӣ, ҷабру зулм ва куштори одамони бегуноҳ мегарданд.

Пешвои миллат зимни суханронӣ бо таҳлил ва шарҳи воқеияти ҷаҳони муосир нақши калидии илму маърифатро дар пешгирии хатарҳои номатлуб, аз ҷумла тафаккури хурофотӣ ва ифротгароӣ возеҳ баён намуданд. Дар ин васила, аз ҷумла таъкид гардид, ки фарогир будан бо донишҳои устувор ва тафаккуру ҷаҳонбинии илмӣ ба дарки худогоҳию хештаншиносӣ ва устувории ҳаёти маънавию иҷтимоии башарият мусоидат намуда, зиндагии шоиставу босуботро таъмин месозад.

Дар доираи мулоқот, аз ҷумла ҳушдор дода шуд, ки дар ҳар давру замон ноустувории илму маърифат ва истифодаи нодурусти фарҳанги ғайр боиси падид омадани таассубу ҷаҳолат, тундравӣ, ҷангу бадбахтиҳо ва нобудшавии табиату инсоният шуда метавонад. Аз ин рӯ, яке аз воситаҳои асосии муқовимат бо ин падидаҳои хатарнок ва нобудсоз фарогирии ҷомеа бо илму маърифати баланд маънидод мегардад, ки таъсири ин раванд бештар ба ҷавонон дахл дорад.

Ба ин маъно, Президенти Тоҷикистон чунин таъкид доштаанд: “Ҷавонон бояд дар зиндагӣ роҳи дурустро интихоб кунанд, рафтору кирдорашонро ба манфиати худ, оила, давлат ва ҷомеа равона намуда, бо истифода аз фазои сулҳу оромии мамлакат ва имконияти фароҳамовардаи давлат ба касбомӯзӣ ва аз худ намудани илму дониш машғул шаванд”.

Зимни мулоқоти судманди Пешвои миллат возеҳ баён гардид, ки аксари шахсони ба ҷиноятҳои экстремистиву террористӣ дастзада ба таълими ғайриқонунии динӣ ҷалб гардидаанд ва аз таҳсил дар мактаби миёна дур мондаанд. Зеро, маҳз мактаб дар рушди маънавиёт ва ҷаҳонбинии илмии насли наврас нақши асосӣ мебозад. Чунки ташаккули ҷаҳонбинӣ аз мактаби миёна сарчашма гирифта, зина ба зина сайқал меёбад.

Имрӯз, дар ҳоле ки ҷаҳон мувоҷеҳи хатарҳои зудпаҳншавандаву зудфарогир ва низою равандҳои мураккабу печида аст, мо тавонистем таҳти роҳбарии Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сулҳу оромӣ, суботи сиёсӣ ва ваҳдати миллиро муназзам нигоҳ дорем ва ин омили муҳим сарчашмаи саодату хушбахтӣ ва рафоқату осудагӣ маҳсуб мешавад. Пас, дар оянда низ ҳифзи ин неъматҳои бузург рисолати мо, шаҳрвандони мамлакат дониста мешавад.

Дар ин хусус Пешвои муаззами миллат зимни суханронӣ иброз намуданд, ки “ояндаи Тоҷикистон низ маҳз аз сатҳи маърифати мардум ва пешрафти илму техника вобаста буда, ҷалби ҷавонону наврасон ба илму дониш ва касбу ҳунар бояд дар маркази таваҷҷуҳи ҳамаи аҳли ҷомеа қарор дошта бошад”.

Воқеан, намояндагони соҳаи илму маърифат, ки ба рушди илм дар мамлакат муваззаф мебошанд, аз ҷумла ходимони дин бояд дар ташаккули ҷаҳонбинии илмии насли наврас саҳм гузоранд. Дар ин маврид Пешвои миллат изҳор доштанд, ки «ходимони дин низ вазифадор ҳастанд, ки ҷавонону наврасонро ба омӯзиши илму донишҳои дунявӣ, хусусан фанҳои риёзиву табиӣ ва техникӣ ҳидоят намоянд».

Бо назардошти ин таъкидҳо набояд фаромӯш созем, ки дар пешрафту тараққиёти ҳама давлатҳои дунё, аз ҷумла Тоҷикистон низ олимон ва ходимони илм нақши муассир доранд. Дар марҳилаи кунунии Истиқлоли давлатӣ баҳри омӯзиши илму дониш ва касбу ҳунар барои мо ҳамаи шароит муҳайё аст. Танҳо дарки худогоҳиву хештаншиносӣ ва иҷрои рисолату масъулиятшиносӣ зарур аст, ки моро ба зиндагии шоиста ва орому субот расонида тавонад.

Хулоса, дар даврони Истиқлоли давлатӣ моро зарур аст, ки дар пешрафту тараққиёт ва муаррифии давлати азизамон- Тоҷикистон саҳм гузорем. Пеш аз ҳама, дониш омӯзем, ҷаҳонбинӣ ва зеҳнияту тафаккури илмиамонро тақвият бахшем, ба муқаддасоти миллӣ арҷ гузорем, аз таъриху фарҳангу забони пурғановатамон бархурдор бошем ва ҳамеша ба ҳифзи манфиатҳои давлатӣ, марзу буми мамлакат, Истиқлолу Ваҳдати миллиамон омода бошем.

Чуноне ки Президенти Тоҷикистон зимни мулоқот бо фаъолон ва намояндагони ҷомеа ва ходимони дини мамлакат таъкид доштанд: «Шукрона кунем, ки мову шумо соҳибватану соҳибдавлат ҳастем, шукрона кунем, ки узви кулли созмонҳои байналмилалӣ ҳастем ва дар қатори кишварҳои ҳатто абарқудрати ҷаҳон соҳиби як овоз ҳастем, шукрона кунем, ки моро дар арсаи байналхалқӣ чун давлати фаъол, муаллифи панҷ ташаббуси сатҳи ҷаҳонӣ мешиносанд ва эҳтирому эътироф менамоянд. Пас биёед, ба қадри ин Ватан, ин сарзамини биҳиштосои аҷдодӣ, сулҳу оромӣ, суботи сиёсӣ ва нону намаки он расем, ба хотири ободии боз ҳам бештари Тоҷикистони азизамон ва пешрафти давлати соҳибистиқлоламон муттаҳиду сарҷамъ ва софдилонаву содиқона заҳмат кашем. Нагузорем, ки фарзандони мову шумо, яъне оянда ва баракату саодати минбаъдаи мо василаи дасти дигарон ва боиси бадномии миллати тамаддунсози тоҷик дар арсаи ҷаҳонӣ гарданд».

Ин таъкидҳои Пешвои миллат баёнгари ифтихору сарфарозӣ ва шукргузории ҳар сокини мамлакат буда, моро водор месозанд, ки ба таври пайваста арзишҳои миллию аҷдодиро бо масъулияти баланди ватандорӣ ҳифз намоем.

Бознашр аз сомонаи khovar.tj/2024/03/a-onro-ba-donish-tavon-yoftan-andesha-o-dar-oshiyai-takid-oi-prezidenti-to-ikiston-dar-mulo-ot-bo-faolon-namoyandagoni-omea-va-hodimoni-din/

 

BACK