NATIONAL ACADEMY OF SCIENCES OF TAJIKISTAN

INSTITUTE OF STUDYING OF THE PROBLEMS OF ASIAN AND EUROPEAN COUNTRIES

Адибон ва нақши адабиёти ҳиндиву урду аз дидгоҳи адабиётшинос Ҳабибулло Раҷабов

Author: Rahmonov Mirsaid

Расм

(Дар ҳошияи китоби тозанашри профессор Ҳ.Раҷабов маҷмуаи ҳикояҳои адибони Ҳиндустон “Ҷиҳози арӯс”)

Тарҷума ва муаррифии адибону адабиёти ҷаҳон аз як забон ба забони дигар аз корҳои беҳтрини эҷодӣ маҳсуб меёбад. Зеро ба воситаи он метавон аз забону адабу фарҳангу тамаддуни мардумони кишварҳои гуногуни ҷаҳон шиносоӣ пайдо кард. Дар ҳақиқат адабиёт ва шинохту муаррифии адибони бузурги он чун ситораҳои дурахшон, ки вуҷудашон саршор аз муҳаббат, меҳр, каромат, шарофат ва латофат мебошад, барои башарият чун чароғи роҳнамо роҳнамо ҳастанд. Зеро онҳо бо равшаниву ҷазабаҳои адабӣ ва забонӣ чун сармояҳои нодире мебошанд, ки барои инсоният ҳаёти дурусту комилро нишон дода, ҳамчун дарахти пурсамар онро тарбият намуда дар ҷаҳон хуррамӣ меоваранд.

Ҳамин тавр, илму дониш ва ҳидоятгари арзишҳои волои адибон чун манбаи муҳаббату хирад баҳри башарият дурахшонӣ мекунад. Тавассути ҳамин оиннамоҳои дурахшони онҳо мо аз ҳақиқати воқеаҳои муҳими иҷтимоии ҳар давру замон огаҳӣ пайдо карда, роҳи дурусти зисту зиндагониро интихоб намуда умр ба сар бурд.

Аз ҳамин хотир аст, ки меҳри адабии онҳо мо инсонҳоро бо муҳаббати оламу одам ошно месозад. Мо аҳли башар дар канори ҳамин сарчашмаи дурахшон бо олами рангинмоя ба воя мерасему аз онҳо дарси адаб, меҳру вафо, латофату садоқат ва ватандӯстиву инсондӯстӣ меомӯзем.

Ҳамин ҷаззобияту шоистагиҳо мебошанд, ки дар бораи мақоми адабиёту адибон ва ҷалолу бузурги онҳо хелеҳо навиштаанду боз менависанд ва хоҳанд навишт. Набояд фаромӯш кард, ки ҳамаи адабиёти олам бо мисолу масалҳои хубу ҷаззоби ҳаётӣ башариятро аз зиндагӣ ва ҳадафҳои он огаҳ намуда масоили мубрами онро кашшофона ва халлоқона баён мекунад.

Нависандагон дар осорашон адабиётро чун воситаи инъикоскунандаи ҳаёт ва хислатҳои гуногуни ҳаёти одамон дониста, кашфу васфи воқеият ин ё он масоили мубрами онро зарур мешуморанд. Дар воқеъ, забону адабиёт воситаи муассири шинохти масоили мухими ҳаётӣ буда, хонандаро аз дарки мушкилот хабардор мекунад. Донишманди тоҷик С. Ятимов адибону адабиётро чун як неруи бузурге, ки дар системаи ягонаи таъмини манфиатҳои миллӣ заҳмати зеҳнӣ кашида, дар пойдорӣ ва рушди тафаккури миллӣ хизмати босазо карда метавонад, медонад. 

Бо чунин санадҳо, метавон адабиётро чун неруи нарм дар рушд ва муносибатҳо миёни кишварҳо донисту заминагузори равобит ва дӯстиву ҳамбастагии халқиятҳо эътироф кард.

Дар ин зимн, донишманд Ҷозеф Ной мафҳуми «неруи нарм»-ро ба адабиёт, фарҳанг, арзишҳои сиёсӣ ва ормону орзуҳо дар самти сиёсати хориҷӣ рабт дода, адабу фарҳангро ҳамчун унсури он пиндошта, таъсири онро дар ҷаҳонбинӣ ва таҳаввули ташаккули шуури одамон муҳим арзёбӣ менамояд.

Шоири машриқ Муҳаммад Иқбол ҷойгоҳи адабиётро дар кашфи масоили мубрами иҷтимоӣ муҳим арзёбӣ карда дар маҷмуаи ашъори урдуаш адибони адабиётро ба мардони бузург ташбеҳ дода шаҳомату бурзургии онҳоро баён кардааст.

Ба назари Иқбол адибон бо эҷодиёти арзишманди худ дар пайкараи кӯҳна рӯҳияи навро падид оварда, мардумони ҷомеаро аз ҷаҳолат ба сӯи маърифат роҳнамоӣ мекунанду оҳоро аз тақлиди нобаҷо озод месозанд.

Адабиётшинос ва муаррифгари забону адабу фарҳанги мардумони Тоҷикистону Ҳиндустон профессор Ҳабибулло Раҷабов низ нақши адабиётро дар таҳқиму робитаҳои дӯстиву ҳамкории кишварҳо муҳим шуморида, тарҷумаи асарҳои адибонро аз забонҳои гуногун заминаи хубе дар тавсеаи пайвандҳои адабӣ миёни онҳо меҳисобад. Зеро бо чунин тарҷумаҳо мардумони кишварҳои гуногун аз ҳақиқату воқеияти забону адабу фарҳанги якдигар огоҳ шуда, тавассути офаридаҳои адибон масоили мубрами ҳаёти башарият баён мегардад.

Инҷо кӯшиш кардем то китоби тозанашри профессор Ҳабибулло Раҷабов зери унвони “Ҷиҳози арӯс” барои дӯстдорони адаб муаррифӣ намуда нукоти калидии онро пешкаши хонандагон гардонем.

Тоҷикистону Ҳиндустон муносибатҳои дипломатиашонро санаи 28 августи соли 1992 барқарор карда, соли 1993 нахустин Сафири Ҷумҳурии Ҳиндустон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон (бо иқомат дар Тошкент) таъин гардид. Ҳамин тавр, соли 1994 Сафорати Ҷумҳурии Ҳиндустон дар шаҳри Душанбе ва дар соли 2003 Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Деҳлӣ кушода шуданд.

Дар ин зимн, ҳар ду ҷониб дар соҳаҳои сиёсӣ, иқтисодӣ-тиҷоратӣ, сармоягузорӣ, иҷтимоӣ ва тандурустӣ, фарҳангию гуманитарӣ, ҳарбӣ ва амниятӣ ва дигар бахшҳо созишномаҳо ба имзо расонида, ҳамкориҳои худро дар давоми беш аз 30 соли равобити дипломатӣ тавсеа бахшида, тақвият доданд.

Тибқи сомонаи расмии Вазорати корҳои хориҷаи Тоҷикистон роҳбарони кишварҳо дар давоми беш аз 30 соли равобит ба давлатҳои якдигар сафарҳо дошта, созишномаҳо ба имзо расониданд.

Бояд қайд кард, ки Ҷумҳурии Ҳиндустон дувумин сераҳолитарин давлати дунё баъди Чин буда, санаи 15-умин августи соли 1947 аз зери мустамликаи Бритониё озод гардида, истиқлоят ба даст овард.

Ҳамин тариқ, дар давоми 75 соли истиқлолият аз зинаҳои поёнии давлатдории миллӣ ба зинаҳои болоӣ расида, саноат ва иқтисодиву тиҷорати худро таҳкиму тавсеа бахшида, мақоми худро дар минтақа ва ҷаҳон пайдо кард. Адабиёту забон ва фарҳанги қадима ва маконҳои таърихии он шуҳрати ҷаҳонӣ дошта хело муҳим арзёбӣ мегардад.

Дар осори устод Мирзо Турсунзода хусусан “Қиссаи Ҳиндустон ва “Садои Осиё” ошноӣ ва тавсифи қораи Ҳинд хело хуб васф шудааст. Дар ин зимн, адабиёти халқҳои Ҳиндустон таърихи қадимаи беш аз чорҳазорсола дошта, роҳҳои тӯлониро тай карда, рушду тараққӣ кардааст. Дар рушди он саҳму нақши адибони Ҳиндустон хело бузург буда, бо заҳмату талоши пайвастаи онҳо ҷалолу шукӯҳи адабиёт то ба имрӯз дурахшон мебошад.

Бояд қайд кард, ки халқҳои тоҷику ҳинд дорои таъриху суннатҳои бостонӣ буда, решаи онҳо ба давраҳои қадим мерасад. Замоне “Роҳи абрешим” аз масири Ҳиндустон ва Осиёи Миёна мегузашт. Он ба инкишофи равобити тиҷоратӣ ва фарҳангии Тоҷикистону Ҳиндустон мусоидат мекунад.

Ҳамин тавр, адабиётшиносону ҳиндшиносони тоҷик бо тавсияҳои хуби устод Айниву Турсунзода ва алалхусус академик Бобоҷон Ғафуров дар марказҳои илмӣ ва таҳқиқотӣ, аз ҷумла Академияи миллии илмҳо ва донишгоҳҳои олӣ дар рушди адабиёти ҳинд саҳм гузошта, бо таҳқиқу омӯзишу лексияҳои илмии худ рушду равнақ доданду то ба имрӯз идома дода истодаанд.

Бо сарчашмаҳову манобеи дақиқ метавон зикр кард, ки забони форсӣ-дарӣ-тоҷикӣ дар ин кишвар беш аз 600 сол мавриди истифодаи давлатдорону адибон қарор дошт ва ё ба ибораи дигар: “З-ин қанди порсӣ, ки ба Бангола меравад”, нақш бозидааст.

Дар ин зимн, аз ҷониби нашриёти “ЭР-граф” китоби тозанашри профессор Ҳабибулло Раҷабов “Ҷиҳози арӯс” дар ҳаҷми 272 саҳифа нашр гардид. Мундариҷаи китоб иборат аз муқаддима ва муаррифии ҳикояҳои 8 адиби маъруфи адабиёти ҳиндиву урдузабон пайванд ба масоили мубрами таърихӣ, сиёсӣ, иқтисодӣ, ва иҷтимоӣ, барои хонандаи тоҷик пешкаш гардидааст.

Муаллиф дар муқаддимаи китоб оид ба нақши адибону адабиёти Ҳиндустонро бо эҷоди ҳикояву достонҳои гуногун маълумот дода, чунин мешуморад, ки асри ХХ-ро метавон асри инкишофи жанри ҳикоя дар таърихи Ҳиндустон донист. Зеро ба гуфти муаллифи китоб ҳикояҳои асри ХХ аз ҳикояҳои замони пешин бо шаклу мазмун ва персонажҳояшон хело фарқунанда мебошанд. Зеро дар онҳо тасвири ҳодисаҳову воқеаҳо ва фоҷиаҳои даврони истиқлол ва истисмору беҳуқуқии тамоми мардум ва алалхусус бадбахтии занону кӯдакон мавриди таваҷҷуҳ қарор гирифта, роҳҳои ҳал ва тавсияву пешниҳодҳо бештар ироа шудааст.

Бояд қайд кард, профессор ва ҳиндшиноси тоҷик Ҳабибулло Раҷабов бо назардошти таҳқиқоту тадқиқоти ихтисосиаш барои доираи васеи хонандагон, адабиётшиносон ва ҳиндшиносону мутахассисони адабиёти халқҳои ҷаҳон пешниҳод мешавад. Муаллифи китоб дар асоси корҳои тадқиқотии худ аз рӯи ихтисос ва забондониву ҳиндшиносиаш мавзуъро хело хуб баррасӣ ва андешаронӣ карда шудааст, ки хонанда метавонад аз масоили адабу забон ва нақши адибони ҳинд ва минтақаи Осиёи Ҷанубӣ ва равобити адабиву фарҳангии ин кишварҳо бо Осиёи Марказӣ алалхусус бо Тоҷикистон огаҳии хуби илмӣ пайдо кунад.

Китоб зери таҳрири номзади илмҳои филологӣ, Ҳайдар Қурбонов, тарҷумаи муаллиф Ҳабибулло Раҷабов ва ҳамкории сафорати Ҳиндустон дар Тоҷикистон рӯи чоп омадааст.

Китоби “Ҷиҳози арӯс” бо мундариҷа ва бобу зербобҳояш бар асоси достону ҳикояҳои адибони маъруфи шибҳи қора таҳия ва мураттаб гардидааст.

Дар оғози китоб суханони сафири Ҳиндустон дар Тоҷикистон ҷаноби Вираҷ Сингҳ оварда шудааст, ки чанд нуқтаи муҳимро оид ба тарҷумаи саргузашти адибон ва асарҳои адабии онҳо ишорат карда, мавзуъро хело моҳирона таҳқиқу баррасӣ намуда, онро заминаи хуби равобит миёни кишварҳо медонад.

Ҳамин тавр, муаллиф таърихи қадимаи Ҳиндустон, аз ҷумла Шӯриши сипоҳиёнро аз воқеаҳо ва пурфоҷиатарин қиёми мардуми истисморшуда ва ҷафокашидаи Ҳиндустони мустамликавӣ медонад. Ин ҷунбишҳо адибони пешқадами ҳиндро водор сохт, то бо ҳар роҳу восита дар майдони ҷанг ва муборизаҳои тақдирсози миллӣ иштирок намуда, ҳодисаҳоро воқеъбинона тасвир намудаанд.

Ҳамин тариқ, муаллиф нақши маҷаллаҳои адабиро дар тасвири воқеаҳои даврони озодихоҳӣ, кашмакашҳову муборизаҳо ва офаридаҳои адибони пешқадам бо мисолҳои хубу возеҳ пешниҳоди хонанда кардааст.

Ҷолибиву ҷаззобияти китоб дар он аст, ки муаллиф ҳикояҳои ҳар адибро барои хонанда пешкаш кардааст, ки шомили масоили мубрами ҳаётӣ мебошанд.

Китоб бо шаш ҳикояи адиби маъруфи ҳинд “Равиндратҳ Тҳакур (1861-1941)” оғоз гардида ҳамин тавр номгузорӣ шудааст. Ҳикояи нахустин “Судя” ном дорад, ки дар бораи ранҷу дарди ҷавонзане нақл мекунад, ки Гатаёвна Кширода ном дошту аз дарбадариҳои зиёд ва бехонагӣ чандин маротиба дар чанд ҷой паноҳгоҳ ёфта зиндагӣ ба сар мебарад. Дертар ӯ ба куштани кӯдаке, ки ӯро мехост наҷот диҳад гумонбар шуда суд шуда бо ҳукми судя қарори ба дор овехтани ӯ содир мегардад. Вале дар ниҳоят Кширода дар зиндон боқӣ мемонад ва бо гузашти айём рӯзе судя муноқишаи ӯро бо назоратчии зиндон барои гирифтани кадом ангуштарие дида ба худ мегӯяд, ки табиати занон ин аст, ки агар марг дар шонаашон савор шавад ҳам дар дилашон муноқиша кардан меғунҷад. Барои судя маълум мегардад, ки барои занҳо аз зару зеварҳои ороишӣ дида дигар чизе азизе набудааст.

Ҳамин тариқ, дар ҳикояи дигаре зери номи “Як шаб” тасвири меҳру муҳаббат ва фарозу нишебҳои роҳҳои он баён гардидааст, ки ошиқ бо тай кардани фосилаҳои дуру наздик ҳамон як шабро барои худ ифодакунандаи маънои тамоми зиндагии худ пазируфта таслими он мешавад. Дар ин зимн, ҳикояи “Далия” дар бораи Роҷаи Аракан ва муколимаву муноқишаҳои ӯ барои хостгори духтарони Шоҳ Шуҷоъ ба писаронаш тасвир ёфтааст. Ҳикояи дигар бо номи “Бало” дар бораи Киран зани одамдӯсту некукору шӯх ва ҳикояи дигаре бо номи “Хоҳари калонӣ” аз масоили мубрами занони деҳа ва муносибату муомилоту муноқишаҳои онҳо нақл мекунад.

Дар ин бахши китоб муаллиф ҳикояи “Ҷиҳози арӯс”-ро оварда аст, ки номи маҷмуа низ бо ҳамин ном номгузорӣ шудааст дар бораи хонаводае нақл мекунад, ки доштани панҷ писар соҳиби як духтар шуда номашро Нерупома мегузоранд, ки маънои “беназир”ро ифода мекунад. Дар натиҷа падару модари хонавода Нерупомаро калон карда барояш аз хонаводае домод меёбанд. Дар ниҳоят тарафи домод аз тарафи арӯс ба миқдори даҳ ҳазор рупия ҷиҳоз ва дигар чизҳо талаб менамояд. Аммо бо муноқишаву созишҳои миёни ҷонибҳо тӯй бе ягон хурсандиву дабдавае гузашт. Хонаводаи арӯс бо домоду духтарашон дар тамос буданд. Аммо бо пайдо шудани мушкили пардохти ҷиҳози арӯсӣ мушкилот зиёд шудан мегирифт ва хонаводаи арӯс дар хонаи қудо мондани духтарашонро тоқат намекарданду пайваста талош мекарданд пул пайдо карда пардохт намоянд. Дар ниҳоят волиди арӯс ба таври пинҳонӣ тасмим гирифт, ки хонаро фурӯхта бо маслиҳати харидор то замоне дар онҷо иҷора нишаста ба ивази пули он ҷиҳози духтарашро пардохт мекунад. Фарзандони ӯ аз ин кор огоҳ шуда вайро аз ин тасмими падар манъ карданд. Дар натиҷа падари арӯс бо гирифтани қарзи барзиёд дар таъмини хароҷоти хона ба мушкилот рӯ ба рӯ гашт. Бо замми он ӯ се ҳазор рупияи ҷамъкардашро дар рӯмоле печонида ба хонаи қудо рафта ба онҳо медиҳад. Аммо бо дидани маблағ онҳо ӯро масхараомез мегӯянд, ки ин пулҳоро барои худ монаду зарурат ба онҳо нест. Хулоса напардохтани ҷиҳози арӯсии духтар омили ранҷу дарди бисёре аз оилаҳо мегардад, ки дар ҳикояи мазкур хело хуб тасвирсозӣ шудааст.

Дар қисмати баъдии китоб панҷ ҳикояи Премчанд бо номҳои “Муаллим”, “Маслиҳатҳои Мотерам Шастрӣ”, “Кафан”, “Зиёфат барои бобоҷӣ” ва “Бемории хушиовар” оварда шуданд. Мавриди зикр аст, ки муаллиф дар китоби дигари худ бо номи “Премчанд” маълумоти муфассал дар бораи нависандаи ҳақиқатгӯи ҳинд оварда ҳикояҳои “Кафан”, “Муаллим” ва “Зиёфати барои Бобоҷӣ”-ро низ барои хонанда пешниҳод кардааст. Муаллиф Премчандро (номи аслиаш Дҳанпатрай. М.Р.) ҳамчун асосгузори реализми танқидӣ дар адабиёти ҳиндӣ ва яке аз бузургтарин нависандагони Ҳиндустон дониста нақши ӯро дар рушди адабиёт муҳим мешуморад.

Ҳамин тариқ, муаллиф дар саҳифаи 142 то 155-и китоб ду ҳикояи Вишну Прабҳакарро бо номҳои “Писари ман” ва “Ҳикояи нотамом” овардааст, ки оиди тасвири ҳаёти рӯзмарраи инсон буда, баёну тасвири он аз ҷониби адиб дар кашфи масоили мубрами иҷтимоӣ ва рушду тараққии адабиёти ҳиндӣ муҳим арзёбӣ мешавад. Зеро дар ҳикояи “Писари ман” тавсир ва муноқишаҳои миёни мардумони гуногуни ҷомеа аз ҷумла ҳинду мусулмонҳо оварда шудаст. Дар ин зимн, муносибат ва пешгирӣ ва нақши духтурон қадр наҷоти аҳолии кишвар низ баён гардидааст. Дар ҳикояи “Ҳикояи нотамом” муколамаи дуҷониба миёни афроди ҷомеа аз ҷумла мусалмонону ҳиндуҳо оварда шудааст, ки тақсимшавии сарзамини худ баҳсу мунозира мекунанду якдигарро таърифу мазаммат менамоянд. Аммо бо овардани як қиссаи модар дар бораи ҳаёти солим ва ҳамсоягиву дӯстӣ муноқишаҳо ба муколимаҳо табдил шуда роҳҳои ҳалро пайдо мекунанд. Дар ниҳояти ҳикоя оварда шудааст, ки дар ин дунё ягон қуввае нест, ки муҳаббатро нест кунад ва шояд он мавҷуд набошад. Танҳо он гоҳе аз беэҳтиётии мо намудор мешавад.

Муаллиф дар қисмати дигари китоб ду ҳикояи Пҳанишварнатҳ Рену (1921-1977)-ро бо номҳои “Ҷарроҳӣ” ва “Қасами сеюм” оварда аст, ки нақш ва сабабу маслиҳати табиб дар ҷарроҳӣ накардани беморе, ки дар рӯи худ хол дошт хело хуб тасвирёбӣ шудааст. Ҳикояи “Қасами сеюм” (Теесри Касам) воқеаҳои ҷомеаи деҳоти Ҳиндустонро тасвир мекунад. Ин достони аробакаши соддалавҳона Ҳираман аст, ки ба Ҳирабай, раққоса ошиқ мешавад. Вақте ки онҳо ба ярмаркаи деҳа мерасанд, Ҳирабой аз Ҳироман хоҳиш мекунад, ки чанд рӯз дар ярмаркаи деҳа бимонад, то рақси ӯро бубинад. Вақте ки Ҳираман ба наутанки меравад, ӯ мефаҳмад, ки дигарон Ҳирабойро ҳамчун фоҳиша мебинанд ва ин ӯро ба ташвиш меорад. Ӯ кӯшиш мекунад, ки ӯро аз ҷомеа муҳофизат кунад. Ҳирабай мекӯшад ба ӯ бифаҳмонад, ки ин воқеияти сахти ҳаёти ӯ аст. Ҳираман аз Ҳирабой хоҳиш мекунад, ки касбашро тарк кунад ва ба зиндагии шоиста шурӯъ кунад. Ҳираман афсурда шуда, аз ярмаркаи деха баромада, ба деҳаи худ бармегардад. Пас аз он Ҳираман савумин савганд (теесри қасам) мехӯрад, ки дигар ҳеҷ гоҳ раққосаи гурӯҳҳои ҳунариро дар аробаи худ намебарад.

Ҳамин тариқ, дар идома муаллиф ҳикояи “Роҳзан”-и Хадиҷа Мастур, ки ягона нависандаи зан дар ин китоб мебошад, ки санаи11 декабри соли 1927 дар маҳаллаи Барелии Ҳиндустон таваллуд шуда, пас аз истиқлолияти Покистон дар соли 1947 ҳамроҳи хонаводааш ба Лоҳур муҳоҷират кард ва дар он ҷо иқомат менамояд. Дар ҳикоя саргузашти Сорбон оварда шудааст, ки дар вақти сайру гашт ба назараш чунин менамуд, ки роҳзане аз ҷониби куҳсор ба тарафи ӯ омада истодааст. Аммо бо тасалло додан худ ба худ мегуфт, ки ӯ чӣ дорад, ки роҳзанҳоро бидузданд. Он чизеро ки дорад хело маҳдуд буда дар сурати зарурат худаш он чизҳоро ба дуздон хоҳад супорид. Хулоса ӯ сафарашро идома дода ба ҷое мерасаду дар меҳмонхонае бо чанд мусофир рӯзашро мегузаронад. Дар инҷо ӯ аз хизматгори меҳмонхона талаб мекунад то барояш чароғ биёварад. Зеро пеш аз хоб рафтан ӯ бояд китоб хонад. Дар натиҷа дарёфт мекунаду ба хондани китоб оғоз менамояду панҷ мусофири дар онҷо буда ба вай нигоҳ мекарданд. Дар ниҳоят бо ҳам шинос шуда бо пурсидани деҳаҳои якдигар ба муноқиша мепардозанд. Хулоса панҷ мусофир ба баҳсҳо оғоз карда яке баъди дигаре суханҳо дар бораи ин пасар мегуфтанду ба вай ваъдаҳои гуногун медоданд. Дар ниҳоят ӯ ба ташвиш меояду аз вазъияти ба вуҷуд омада каме ҳарос мекунад. Дар ниҳоят пас аз чанд соате писарро ҳуш ба сар меояду чашмонашро молида-молида кушода ба хона назар мекунад. Аммо намедонист дар куҷо бошаду корҳои шаби гузашта ба ёдаш меоманданд. Ӯ ба ташвиш омада ба ҳар тараф нигоҳ мекард, аммо ҳеҷ мусофиреро намедид. Фақат дид, ки дар назади чорпоя чароғе меистаду пилтаи он нишебшуда дудаш тарафи онро сиёҳ кардааст. Сипас дарро кушода ба берун баромада мебинад, ки одамон гашту гузор карда ронандагон мошинҳояшонро тоза мекунанд. Ҳамин тариқ, ӯ китобҳояшро ҷамъ кард ва мехост кордашро аз зери болинаш гирад, ки хатчаеро ёфт, ки ҳамроҳи он бист рупия пул ҳасту дар он бо ҳарфу каҷу килеб чунин навишта шудааст: “Шахси дар ҷустуҷӯи илм буда хушбахт аст ва оромона хоб меравад. Ин пул аз тарафи ман ба ту ёрӣ. Кордро парто! (Он касе, ки ту ӯро мешиносӣ).”

Дар ниҳоят муаллиф бо овардани ду ҳикояи Камлешвар Прасад Саксенаро, бо номҳои “Лош” ва “Ман” овардааст. Аввалин достони Камлешвар бо номи «Рафиқ» соли 1948 нашр шудааст. Ӯ бо достонҳову баъзе асарҳои дигар, ки ҳаёти имрӯзаро бо услуби равшан тасвир кардаанд, машҳур гардид. Дар фаъолияти пурсамари худ, ки чаҳор даҳсоларо дар бар мегирад, ӯ беш аз сесад ҳикоя, даҳ романи барҷастатарин нашр, аз ҷумла Мусофир, Регистон ва Китне Покистон эҷод кардааст.

Дар қисматҳои охири китоб муаллиф ҳикояи донишманд ва ходими ҷамъият Сэр Сайид Аҳмадхонро бо номи “Гузашти айём” овардааст, ки дар бораи қимати вақт истифодаи дурусти он бо мисолҳои хело ҷаззобу хело ибратомӯз баён шудааст. Ҳикоя бо чунин орзуву хоҳишҳо хонандаро аз шинохти вақту истифодаи он хабар медиҳад, ки дар он ин тавр ишора шудааст: “Пас, эй ҳамватани ҷавони ман. Эй бачаҳои қавми ман! Барои беҳбудии мардуми худ кӯшиш кунед то аз накардани он бо сад оҳу армон пушаймон гардед”. Ҳамин аст мафҳуму манзури барои беҳбудии халқи худ кӯшиш кардан. Сир Сайид Аҳмадхон моҳи октябри 1817 таваллуд шуда санаи 27 марти 1898 вафот кардааст. Ӯ яке аз ислоҳотгарон, файласуф ва маорифпарвари машҳури Ҳинд мебошад.

Дар ниҳоят муаллиф китобро бо як ҳикояи Рагҳунандан Триведӣ (1955-2004) бо номи “Бечора” ҷамъбаст намуда пешкаши хонандаҳо менамояд. Дар ҳикоя саргузашти пирамарде, оварда шудааст, ки пеш аз нафақа чун муаллим кор карда, бо камгӯиву оромрафториаш бештар маъруф буд. Ҳамин тавр зинадагиаш бо якрангӣ мегузашт. Аммо рӯзе ӯ ба таври пинҳонӣ ғайб мезанад ва писараш ӯро ҷустуҷӯ карда дар ниҳоят танҳо тани беҷони ӯро меёбаду халос. Ҳамин тавр, писари мӯйсафед, бечора, ана ҳаминро нафаҳмида, ин оламро падруд гуфта оҳ мекашаду худаш ҳам вафот мекунад.

Китоб бо доштани хусусиятҳои адабии худ, аз ҷумла аслият ва дурустии номи адибону асарҳои мунтахаби онҳо метавонад барои муҳаққиқону ходимони илм, мутахассисони соҳа, аспирантону докторантҳо, магистрантҳо ва устодону омӯзгорони донишгоҳҳову марказҳои таҳқиқотии соҳавӣ ҳамчун дастури хуби таълимӣ истифода гардад.

Хулоса, китоб бо кашфи чунин адибон ва роману ҳикояҳои воқеии онҳо аз бозгӯии воқеаҳои ибратомӯзи замони худ заминаҳоро дар шинохти дурусти зиндагии мардумони гуногун ва ҷилавгирӣ ва пешгирӣ кардани ҳар гуна хатарҳо ва эҷоди ҷомеаи озоду орому обод дар замони соҳибистиқлолии кишвар кори хело арзишманд мебошад.

Мавриди зикр аст, ки профессор Ҳабибулло Раҷабов яке аз адабиётшиносони Тоҷикистон буда, аз зумраи 43-юмин ҳиндшиноси ҷаҳон мебошад, ки оид ба тарвиҷу тарғиби забону адабиёти ҳиндӣ ва мавзуъҳои марбут ба Ҳиндустону Осиёи Ҷанубӣ китобу мақолаҳои зиёде навиштааст. Таҷриба ва фаъолиятҳои зиёда аз 40 солаи ин марди адабу донишманд буд, ки баррандаи ҷоизаи адабии (орден)-и “Падма Шри”-и кишвари Ҳиндустон ва санаи 31-уми августи соли 2023 бо ордени Дараҷаи II-и Тоҷикистон мушарраф гардид.

 

Раҳмонов Мирсаид

ходими калони илмии

шуъбаи Осиёи Ҷанубӣ ва Шарқии

Институти Осиё ва Аврупои АМИТ   

BACK