NATIONAL ACADEMY OF SCIENCES OF TAJIKISTAN

INSTITUTE OF STUDYING OF THE PROBLEMS OF ASIAN AND EUROPEAN COUNTRIES

ҲАМКОРИҲОИ ДИПЛОМАТИЯИ ТОҶИКИСТОНУ ПОКИСТОН ДАР МИЗОНИ СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ШАНХАЙ

Author: Rahmonov Mirsaid

Расм

Дар шароити мушкилоти печидае, ки кишварҳои минтақа ва дар саросари ҷаҳон рӯбарӯ ҳастанд, кишварҳои узви СҲШ барои пешбурди ҳадафу мақсадҳои он якҷоя кор мекунанд. Ҳадафи он ҳалли масъалаҳои таъхирнопазир ва мусоидат ба амнияти минтақавӣ, шукуфоии иқтисодӣ ва табодули фарҳангӣ мебошад. Он на танҳо барои СҲШ ҳамчун як созмони байналмилалӣ арзишманд, балки ҳамчунин дорои потенсиали намунавӣ барои муносибатҳои байни кишварҳои ҷаҳон мебошад. Бо ташвиқи ҳамоҳангӣ ва ҳамкорӣ, барои пешрафти дастаҷамъӣ ва шукуфоии ҳама шарикон илҳом мебахшад.

Осиёи Марказӣ аз аввали даврони истиқлолият бо минтақаи Осиёи Ҷанубӣ равобити хубу ҳасана барқарор карда, бо доштани пайвандҳои мушатараки адабу фарҳангу забону таърих, лоиҳаву барномаҳо дар коркард ва мубодилаи иқтидори фаровони табиӣ ва ташаббусҳои созандаи худ дар ҳалли масоили гуногуни ҷаҳон нақши стратегӣ мебозанд.

Дар ин зимн, Тоҷикистон аз кишварҳоест, ки бо Покистон пайванди ҷуғрофии наздик дошта, муносиботи дипломатӣ миёни ҳар ду давлат 6 июни 1992 барқарор гардид. Аввалин маротиба соли 1993 Сафорати Ҷумҳурии Исломии Покистон дар Душанбе боз гардида, фаъолияти он аз ибтидои 1994 оғоз шуд. Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон нахустин маротиба соли 1994 ба Покистон сафар карда, борҳо барои ширкат дар нишасту ҷаласаҳо ба ин кишвар сафар кард, ки ахиран санаи 14-уми декабри соли 2022 вориди ин кишвар шуд.

Бо даъвати Ҳукумати Покистон Президенти Тоҷикистон рӯзҳои 2 ва 3 июни 2021 ба Покистон сафар намуда бо Сарвазир, Президент ва дигар раҳбарияти олии ин кишвар дидору мулоқот карданд, ки дар натиҷа 12 санади ҳамкорӣ дар соҳаҳои мухталиф миёни ҳар ду давлат ба имзо расид.

Қайд кардан ба маврид аст, ки дар 11 моҳи соли 2020 гардиши мол байни ду кишвар ба 16,2 млн. мерасид, ки аз он содирот 6,6 млн. доллар ва воридот 9,6 млн. долларро ташкил медиҳад. Тибқи омори нав дар даҳ соли охир табодули тиҷоратии ҳар ду кишвар то 100 миллион доллари амрикоӣ расидааст ва тарафҳо талош доранд, то онро афзоиш дода ба 500 миллион доллар расонанд. Яке аз дигар самтҳое ки Тоҷикистон ва Покистонро бо ҳам наздик месозад, ин амалисозии лоиҳаи КАСА-1000 мебошад, ки ҳамоҳангсозии асосии он Тоҷикистон, Қирғизистон, Афғонистон ва Покистон мебошанд. Бояд қайд кард, ки ҳадафи асосии лоиҳаи КАСА-1000 ин тавлид ва интиқоли барқи обӣ аз Осиёи Миёна ба Осиёи Ҷанубӣ мебошад. Бо амалисозии ин лоиҳа кишвари Покистон 1300 мегаватт барқ дарёфт менамояд, ки бо ин васила равобити минтақавиро тақвият мебахшад.

Мавриди зикр аст, то нимаи 6 моҳи соли 2021 тадриҷан барқароршавии гардиши савдо миёни ду кишвар нисбат ба давраи соли гузашта 6,3 фоиз афзоиш ёфта, ба 18,9 миллион доллари амрикоӣ расид. Вазоратҳои корҳои хориҷии ҳар ду кишвар равобити хуби дипломатиро дар чаҳорчӯбаи созишномаҳо тақвият дода, рушд меёбанд. Ҳар ду кишвар узви фаъоли СММ, СҲИ (ECO), Созмони ҳамкории Шанхай ва Созмони кишварҳои исломӣ ва дигар форуму ташкилоти минтақавии худ мебошанд. Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи дипломатияи бисёрҷониба ба рушди робитаҳои самаранок дар доираи Созмони ҳамкории Шанхай таваҷҷуҳи махсус зоҳир менамояд. Дар Консепсияи сиёсати хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон чунин зикр шудааст: «Ҳадафи иштироки фаъоли Ҷумҳурии Тоҷикистон дар СҲШ таҳкими муносиботи неки ҳамсоягӣ, робитаҳои боэътимод ва дӯстона байни давлатҳои аъзо ва нозирон дар Созмон, инчунин таъмини амнияту субот ва рушди устувори иқтисодӣ дар минтақа мебошад».

Бинобар ин, Ҷумҳурии Тоҷикистон самтҳои афзалиятноки фаъолияти худро дар доираи Созмони мазкур на танҳо дар соҳаи амният ва ҳамкории иқтисодӣ, балки дар рушду таҳкими ҳамкориҳои бисёрҷониба дар соҳаи фарҳангиву гуманитарӣ низ мебинад.

Созмони Ҳамкориҳои Шанхай (СҲШ) як созмони сиёсӣ, иқтисодӣ ва байналмилалии Авруосиё аст. Он бузургтарин созмони минтақавӣ дар ҷаҳон аст, ки тақрибан 60% минтақаи Авруосиё ва 40% аҳолии ҷаҳонро фаро мегирад. СҲШ вориси Панҷгонаи Шанхай мебошад, ки соли 1996 миёни Ҷумҳурии Мардумии Чин, Қазоқистон, Қирғизистон, Русия ва Тоҷикистон ташкил шудааст. Дар 15 июни соли 2001 раҳбарони ин кишварҳо ва Ӯзбекистон дар Шанхай мулоқот карданд, то созмони нави ҳамкориҳои амиқи сиёсиву иқтисодиро эълон карданд.

Покистон 9 июни соли 2017 дар ҷаласаи 17-уми Шӯрои сарони давлатҳои СҲШ дар Остонаи Қазоқистон расман ба узвияти комилҳуқуқи СҲШ пазируфта шуд. Дохил шудани Покистон як марҳалаи муҳими сиёсати хориҷӣ, таҳкими ҳамкориҳои он бо кишварҳои узви СҲШ ва имкон додани нақш дар суботи минтақа муҳим арзёбӣ мегардад.

Ахиран ҷаласаи вазирони умури хориҷаи СҲШ дар Гоа-и Ҳиндустон рӯзҳои 4 ва 5 майи соли 2023 баргузор шуд. Дар ин конфронс вазири хориҷаи Покистон ширкат дошт. Ин нахустин сафари дипломати аршади Покистон ба Ҳинд дар 12 соли ахир буд. Ин сафар, ба гуфтаи вазорати хориҷа, ба ҳеҷ ваҷҳ тағийроти мавзеъи принсипии Покистон дар масъалаи Кашмирро инъикос намекунад, аммо бо интиқод аз дохили кишвар рӯбарӯ шудааст.

Ҷаласаи 22-юми Шӯрои сарони ҳукуматҳои СҲШ таҳти раёсати Қирғизистон рӯзҳои 25-26 октябри соли 2023 дар Бишкек баргузор гардид. Тибқи муқаррароти СҲШ, пас аз анҷоми ҷаласа Покистон раёсати Шӯрои сарони ҳукуматҳои СҲШ дар солҳои 2023-2024-ро ба ӯҳда гирифт. Ин нахустин бор аст, ки Покистон раёсати Шӯрои сарони ҳукуматҳои СҲШро ба ӯҳда дорад.

Пешниҳоди раиси Шӯрои сарони ҳукуматҳои Созмони ҳамкориҳои Шанхай аз ҷониби Покистон як таҳаввули муҳимест, ки пойбандии кишварро ба ҳамкориҳои минтақавӣ ва шукуфоии муштарак таъкид мекунад. Дар давоми фаъолияти Покистон ба таҳкими робита, беҳбуди равобити нақлиётӣ, тавонмандсозии ҷавонон ва сармоягузорӣ дар бахшҳои калидӣ, аз қабили кишоварзӣ, истихроҷи маъдан, канданиҳои фоиданок, энергетика ва технологияҳои иттилоотӣ таваҷҷуҳи возеҳ дода шудааст. Ин равиш мавқеъи прагматикиро дар қонеъ кардани ниёзҳои таъхирнопазири минтақа инъикос мекунад.

Ҷалил Аббос Ҷилонӣ, вазири хориҷаи Покистон, ки дар нишасти ахири Созмони ҳамкориҳои Шонгҳой дар Бишкек ҳайати Покистонро сарварӣ кард, ба таври қобили мулоҳиза нақши Покистонро ҳамчун як долони тиҷоратӣ дар чорроҳаи Осиёи Ҷанубӣ, Осиёи Марказӣ ва Ховари Миёна таъкид кард. Ин аҳамияти асосии пайвастагии коллективиро барои эҷоди як минтақаи аз ҷиҳати иқтисодӣ муттаҳид нишон медиҳад. Ҳамкории осоиштаи вазирони корҳои хориҷии Покистону Ҳиндустон дар ҷараёни ҷаласаи СҲШ далели рӯҳбаландкунанда аст. Ин нишон медиҳад, ки СҲШ метавонад ҳамчун як платформаи ҳамкориҳои минтақавӣ бидуни печидан ба баҳсҳои дуҷониба нақш хоҳад бозид.

СҲШ ҳамчун як платформаи муҳим барои пешбурди ҳамкориҳои кишварҳои узв дар бахшҳои иҷтимоию иқтисодӣ, тиҷоратӣ ва молиявӣ ба вуҷуд омадааст. Машварату мубодилаи афкори ахири вазири хориҷаи Покистон ҷаноби Ҷилонӣ бо раҳбарони кишварҳои дигари СҲШ, аз ҷумла раиси ҷумҳури Қирғизистон ва нахуствазири Тоҷикистон, бахшҳои густурдаи ҳамкориҳои дуҷониба ва ҳамкориҳои минтақавиро барои шукуфоии мутақобила фаро гирифтааст.

Таъкиди вазири корҳои хориҷӣ дар бораи пойбандии бепоёни Покистон ба “Рӯҳи Шанхай” аз аҳамияти эътимоди мутақобила ва дидгоҳи муштарак барои шукуфоӣ ва рушд дар доираи СҲШ мебошад. Дурнамои зикршуда оид ба алоқаи нақлиётӣ ва минтақавӣ, инчунин ҳамкориҳои минтақавӣ дар соҳаи тавонмандсозии ҷавонон, рафъи камбизоатӣ, тағйирёбии иқлим ва рафъи оқибатҳои офатҳои табиӣ муносибати ҳамаҷонибаро барои ҳалли мушкилоти минтақавӣ нишон медиҳад.

Покистон раисии Шӯрои сарони ҳукуматҳои СҲШ барои солҳои 2023-2024-ро бар дӯш гирифт. Дар ин зимн, кишвар метавонад аз таҷрибаҳои сиёсӣ, иқтисодиву тиҷоратӣ ва саноативу технологии хуби худ истифода карда минтақаро ба сӯи шукуфоӣ ва рушди дипломатияи мардумӣ ҷалб намояд. Барои замина ва амалисозӣ бояд таваҷҷуҳи бештар ба ҳамкориҳои амалӣ, таҳкими робита ва инфрасохтор, тавонмандсозии ҷавонон, рафъи камбизоатӣ ва сармоягузорӣ ба бахшҳои потенсиалиро тавсеа бахшида, ӯҳдадориро барои сулҳу оромӣ ва амнияти минтақа рушд ва тақвият дод.

Кишвари Покистон аз гузашта таҷрибаи хуб дар бахшҳои саноат, тиҷорату туризм ва ҳарбӣ дошт, ки мисолу намунаҳои онро дар сектору форуму бахшҳои гуногуни созмонҳои ҷаҳон аз ҷумлаи СММ метавон мушоҳида кард. Лиҳозо раисии СҲШ аз ҷониби кишвари Покистон барои солҳои 2023-24 як қадами мусбат дар самти таҳкими суботи минтақа ва шукуфои муштарак миёни мардумони он хоҳад буд. Ҳамин тариқ, Тоҷикистон ва Покистон якҷоя метавонанд бо ҳам масири аслии энергетикии хуберо барои эҷоди ҳамкорӣ ва рушди ҳамгироии минтақавӣ ба вуҷуд оварда аз сарватҳои инҷо хуб истифода хоҳанд кард. Дар ин зимн, ҳар ду кишвар чун аъзои фаъоли СҲШ метавонанд дар пешбурди сулҳу амният ва иқтисоду тиҷорату саноат саҳми муассир гузоранд.

Ба андешаи нигорандаи сатрҳо кишварҳои аъзои СҲШ дурнамои худро дар бораи расидан ба амнияту сулҳи пойдор бо унсуру моделҳои хос, аз ҷумла тарғибу ташфиқи фарҳангӣ, рушду пешрафти иқтисодӣ, фаъолсозии лоиҳаву барномаҳои муассири пазируфташудаи худ, ҳамкории муштарак, пайвастшавӣ ва раҳоӣ аз таҳдиду хатарҳо кору фаъолияти муштарак барқарор намуда, минтақа ва ҷаҳонро ба самти созандагиву сулҳофаринӣ ҳидоят фармуда, дипломатияи мардумиро тавсеаву тақвият бахшанд.

 

Мирсаид РАҲМОНОВ,

таҳлилгар, ходими калони илмии

шуъбаи Осиёи Ҷанубу Шарқии

Институти Осиё ва Аврупои АМИТ

BACK