ҲАМКОРИҲОИ ИДМ ВА СҲШ ДАР ТАҲКИМИ СУЛҲ ВА ТАЪМИНИ АМНИЯТИ МИЛЛИИ МИНТАҚАИ ОСИЁИ МАРКАЗӢ

Author: Davliyorova Safargul

Расм

       Ҷумҳурии Тоҷикистон дар даврони соҳибистиқлолии давлатии кишвар бо мамлакатҳои гуногуни олам, аз ҷумла кишварҳои ИДМ, муносибатҳои дипломатии худро таҳти аломати мусбат нигоҳ дошта, барои пешрафти ҳамкорӣ дар соҳаҳои иҷтимоӣ, иқтисодӣ, тиҷоратӣ, сиёсӣ, амниятӣ, техникӣ, фарҳангӣ, илмӣ, маориф ва гуманитарӣ бо давлатҳои минтақа фаъолияти ҳадафмандро ба роҳ мондааст. Дар ин раванд арзёбии равобити миёни кишварҳои аъзои ИДМ дар доираи СҲШ дар минтақаи Осиёи Марказӣ қобили таваҷҷуҳ мебошад.

         Ҳамкориҳои кишварҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил (ИДМ) ва Созмони ҳамкориҳои Шанхай (СҲШ) дар арсаи таҳкими сулҳ ва таъмини амнияти миллӣ дар минтақаи Осиёи Марказӣ дар шаклҳои гуногун, аз ҷумла машқҳои муштараки низомӣ, табодули иттилоот, ҳамоҳангсозии фаъолиятҳо ба хотири мубориза бо терроризм, ифротгароӣ ва гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир сурат мегирад.

         Аз ҷумла СҲШ дар таъмини амнияти Тоҷикистон, бахусус дар заминаи мубориза бо терроризм ва қочоқи маводи мухаддир, нақши муҳим дорад. СҲШ ҳамкориҳоро дар доираи салоҳияти худ ҳам дар кишварҳои алоҳида ва ҳам бо кишварҳои нозир фаъолона инкишоф медиҳад.

         Тоҷикистон ҳамчун кишвари иштирокчии фаъоли СҲШ дар рушду таҳкими ҳамкориҳои гуногунҷанбаи муфид ва баланд бардоштани обрӯйи ин созмон саҳм мегирад.

         Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил як корпоя (платформа) - и муҳими ҳамкориҳои амниятӣ низ мебошад. Узвияти Тоҷикистон дар ИДМ ва СААД ба кишвар имкон медиҳад, ки дар чорабиниҳои муштараки мубориза бо таҳдидҳои фаромиллӣ  фаъолона ширкат варзад.

         Дар маҷмуъ, ҳамкории ИДМ ва СҲШ ҷиҳати таъмини амнияти Тоҷикистон созукор (механизм)-и ҳамаҷонибаеро дар назар дорад, ки ба муқобили  чолишҳои аз терроризм, ифротгароӣ, қочоқи маводи мухаддир ва дигар шаклҳои ҷинояткории фаромиллӣ бармеоянд[1].

         Минтақаи Осиёи Марказӣ аз зумраи минтақаҳое мебошад, ки кишварҳои он дорои таърихи муштираканд ва дар тӯли қарнҳо сарнавишти ягона доштанд. Маданият, урфу одат, расму русум ва фарҳанги ба ҳам хеле наздик доранд ва, ба истилоҳ, кишварҳои ҳамҷавор мебошанд. Минтақаи мазкур дар маркази таваҷҷуҳи доимии татбиқгарони ҳадафҳои рушди СҲШ қарор дошта, яке аз меҳварҳои фаъолияти гуногунсамтаи ин созмонро ташкил медиҳад. СҲШ ниҳоди ҳамгироии минтақавии универсалӣ буда, маҳз бо мақсади ҳалли мушкилоти минтақаи Осиёи Марказӣ низ таъсис дода шудааст. Дар муддати мавҷудият ва фаъолият дар арсаи байналмилалӣ самтҳои фаъолияти СҲШ аз доираи Авруосиё фаротар гардиданд. СҲШ имрӯз ба яке аз ниҳодҳои бонуфузи муносибатҳои байналмилалӣ табдил ёфтааст. Новобаста аз ин, самтҳои ибтидоии фаъолияти ниҳод иваз нагардидаанд. Ин матлаб дар Эъломияи Душанбегии бистсолагии СҲШ ва минбаъд дар нишастҳои Самарқанд ва Ню-Делии СҲШ тасдиқи худро пайдо намуд. Осиёи Марказӣ аз меҳварони СҲШ буда, давлатҳои Осиёи Марказӣ ба таъмини амнияту осудагӣ ва шукуфоии минтақа ва, дар маҷмуъ, тамоми кишварҳои аъзо талоши худро равон месозанд[3].

          ИДМ ва СҲШ ба хотири таҳкими сулҳ ва таъмини амнияти миллӣ дар минтақаи Осиёи Марказӣ, густариши ҳамкорӣ дар соҳаҳои гуногун, аз қабили мубориза бо терроризм, ифротгароӣ, гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир, инчунин дар соҳаҳои робитаҳои иқтисоду фарҳанг нақши муҳим доранд.

         Ҳамкории ин созмонҳо ба фароҳам овардани фазои боамн дар минтақа, мусоидат ба рушди устувор ва таҳкими муносибатҳои неки ҳамсоягии байни кишварҳои аъзо равона шудааст.

Ҳамкорӣ дар доираи ИДМ:

          Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил (ИДМ) аксари кишварҳои пасошуравӣ, аз ҷумла давлатҳои Осиёи Марказиро муттаҳид мекунад. ИДМ бо масъалаҳои амният, иқтисод, соҳаи гуманитарӣ ва дигар соҳаҳое, ки барои кишварҳои иштирокчӣ манфиат доранд, машғул аст.

         Дар доираи ИДМ ҳамкории бисёрҷониба дар самти мубориза бо терроризм, ифротгароӣ, қочоқи маводи мухаддир ва ҷиноятҳои фаромарзӣ сурат мегирад.

Ҳамкории иқтисодӣ, аз ҷумла дар бахшҳои тиҷорат, сармоягузорӣ, нақлиёт ва энергетика, авлавият дорад.

Ҳамкории башардӯстона масъалаҳои маориф, фарҳанг, илм ва сиёсати ҷавононро дар бар мегирад.

Ҳамкорӣ дар доираи СҲШ:

         Созмони Ҳамкориҳои Шанхай (СҲШ) як созмони минтақавии байналмилалиест, ки кишварҳои Осиёи Марказӣ, инчунин Россия, Чин, Беларус, Эрон, Ҳиндустон ва Покистонро дар бар мегирад.

    СҲШ ба масъалаҳои амният, аз ҷумла дар бахшҳои мубориза бо терроризм, сепаратизм ва ифротгароӣ, инчунин мубориза бо қочоқи маводи мухаддир таваҷҷуҳи хосса зоҳир мекунад.

Ҳамкории иқтисодӣ: Дар доираи СҲШ ба рушди тиҷорат, сармоягузорӣ, нақлиёт ва энергетика аҳамияти калон дода мешавад..

         Кишварҳои аъзои СҲШ дар соҳаҳои фарҳанг, илм ва маориф низ ҳамкории судовар доранд.

         Мулоқотҳои сатҳи олию баланд, аз қабили нишастҳои  роҳбарони давлатҳои аъзои СҲШ, ба пешбурди муколамаи сиёсӣ ва ҳамоҳангсозии кори кишварҳои аъзо мусоидат мекунанд.

Ҳамкории байни ИДМ ва СҲШ:

         Фаъолиятҳои ИДМ ва СҲШ метавонад якдигарро пурра намоянд, зеро ҳар ду созмон ба масъалаҳои амният ва рушди устувори иқтисодӣ дар минтақаи Осиёи Марказӣ таваҷҷуҳи калон доранд.

         Саъю кӯшишҳои муштарак метавонанд ба рафъи чолишҳо ва таҳдидҳои умумӣ, аз қабили терроризм ва экстремизм, равона карда шаванд.

          Ҳамкорӣ дар самтҳои мубодилаи иттилоот, гузаронидани машқҳо ва амалиёти муштараки низомӣ ва ҳамоҳангсозии мавқеъҳои сиёсӣ муҳим арзёбӣ мегардад.

         Татбиқи лоиҳаҳои муштарак дар бахшҳои иқтисод, нақлиёт ва энергетика ба рушди устувори минтақа мусоидат мекунанд.

Намунаҳои ҳамкорӣ:

 Гузаронидани машқҳои якҷояи зиддитеррористӣ, монанди «Рисолати сулҳ».

 Татбиқи лоиҳаҳои муштарак дар соҳаи нақлиёт ва энергетика.

 Ҳамоҳангсозии кӯшишҳо дар амри мубориза бо қочоқи маводи мухаддир.

Мубодилаи таҷриба дар соҳаи мубориза бо ифротгароии динӣ:

         Дар маҷмуъ, ҳамкории ИДМ ва СҲШ барои таҳкими сулҳу амният дар Осиёи Марказӣ ва ҳамчунин барои таъмини рушди устувори минтақа аҳамияти бузург дорад[2].

         ИДМ ва СҲШ дар таъмини амнияту субот дар Осиёи Марказӣ, густариши ҳамкорӣ дар бахшҳои мухталиф, аз қабили мубориза бо терроризм, ифротгароӣ, қочоқи маводи мухаддир, ҳамчунин дар бахшҳои иқтисоду фарҳанг нақши муҳим доранд.

         Ҳар ду созмон, ИДМ (Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил) ва СҲШ (Созмони Ҳамкории Шанхай), ҷонибдори таҳкими сулҳ ва таъмини амният дар минтақа мебошанд. Ҳамкорӣ дар доираи васеи соҳаҳо сурат мегиранд, аз ҷумла:

Мубориза бо терроризм ва экстремизм

         Ҳар ду созмон дар амри мубориза бо таҳдидҳои террористӣ, ифротгароии мазҳабӣ ва сепаратизм фаъолона ҳамкорӣ мекунанд.

         Сохтори минтақавии зиддитеррористии (РАТС) СҲШ ба ҳамоҳангсозии талошҳо дар арсаи мубориза бо ин таҳдидҳо солҳост, ки машғул мебошад.

 Муқовимат ба гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир

         Дар доираи мубориза бо маводи мухаддир ИДМ ва СҲШ барномаҳо ва амалиёти муштараки ҷилавгирӣ аз гардиши ғайриқонунии маводи мухаддирро амалӣ мекунанд.

Ҳамкории иқтисодӣ

         Рушду тавсеаи иқтисодӣ яке аз самтҳои асосии фаъолияти ҳар ду ташкилот мебошад. Ҳамкорӣ иҷрои лоиҳаҳои тиҷоратию сармоягузорӣ,  соҳаҳои нақлиёт ва энергетикаро дар бар мегирад.

 Ҳамкориҳои фарҳангӣ

          Созмонҳо ба густариши робитаҳои фарҳангии кишварҳои аъзо, аз ҷумла дар соҳаҳои маориф, илм, сайёҳӣ ва варзиш, таваҷҷуҳ зоҳир мекунанд[3].

         Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи пешбурди дипломатияи бисёрҷониба ба рушди робитаҳои самаранок дар доираи Созмони ҳамкории Шанхай таваҷҷуҳи махсус зоҳир менамояд. Дар Консепсияи  амалкунандаи сиёсати хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон омодааст: ”Ҳадафи иштироки фаъоли Ҷумҳурии Тоҷикистон дар СҲШ таҳкими муносиботи некуҳамсоягӣ, робитаҳои боэътимод ва дӯстона байни давлатҳои аъзо ва нозирон дар Созмон, инчунин таъмини амнияту субот ва рушди устувори иқтисодӣ дар минтақа мебошад”[4]. СҲШ яке аз созмонҳои бонуфузи байналмилалии минтақавие мебошад, ки дар сиёсатрониҳои олами муосир нақш ва таъсири махсус дорад. ИДМ дар арсаи байналмилалӣ ҳамроҳи СҲШ ҳамкориҳои муваффақ доранд ва мавқеъҳои худро мунтазам ҳамоҳанг менамоянд.

Созмони ҳамкориҳои Шанхай: Созмони ҳамкории Шанхай 13 марти соли 2025 имзо шудани Аҳдномаи Тоҷикистон ва Қирғизистонро дар бораи сарҳади давлатӣ, ки таҷассумгари иродаи неки тарафҳо барои ҳалли масъалаҳо бо воситаҳои осоишта дар руҳияи машваратҳои баробарҳуқуқ, ҳусни тафоҳум ва эҳтиром мебошад, истиқбол кард”[5].

           Котиби генералии СҲШ Чжан Мин таъкид дошт, ки “агар Осиёи Марказӣ суботи худро нигоҳ дорад, боиси амнияти куллӣ ва агар рушду такомули худро идома диҳад, ин омил боиси шукуфоии минбаъдаи СҲШ мегардад”[3].

         Сафири Фавқулода ва Мухтори вақти Ҷумҳурии Мардумии Чин Фан Сянжун  иброз намуда буд, ки “Тоҷикистон яке аз падарсолорон - муассиси СҲШ буда, аз нахустин рӯзҳои таъсисаш дар тамоми иқдомот дар доираи он фаъолона ширкат меварзад. Тайи ин солҳо Ҷумҳурии Тоҷикистон дар рушди ин Созмон саҳмгузор будааст”[6].

         Ирина Бокова, директори генералии ЮНЕСКО (2009-2017), изҳори андеша дар бораи он кардааст, ки Осиёи Марказӣ гавҳари дурахшоне дар ҳалқаи Авруосиё мебошад, ки дорои таърихи бою фарҳанги беназир буда, ба инсоният муҳаққиқону шахсиятҳои нотакрор ва кашфиёту навгониҳои бузурги илмиро ба армуғон овардааст. Тағйирот ва навгониҳои дар Осиёи Марказӣ бавуҷудомада ба ояндаи дурахшони ҳамгироии кишварҳои он умедвор мекунанд, ба тамоми ҷаҳон нишон медиҳанд, ки чӣ гуна муносибатҳои накуҳамсоягӣ ва ҳамҷаворӣ новобаста аз сиёсати хосси иқтисодиву иҷтимоии кишварҳои алоҳида бояд ба роҳ монда шавад. Муҳим он аст, ки роҳбарони давлатии кишварҳои Осиёи Марказӣ барои ҳалли мушкилоти муосири байналмилалӣ мулоқоту машварат, дастгирии ҳамдигарӣ ва ҳамдигарфаҳмиро пеша менамоянд[3].

         Рашид Олимов, профессори Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, раиси Шурои машваратии Маркази дӯстӣ ва ҳамкориҳои СҲШ дар Тоҷикистон чунин ибрози ақида намуд: “Муҳим аст, то СҲШ таваҷҷуҳи худро нисбат ба Осиёи Марказӣ коста нагардонад ва ташаббусҳои бештарро дар самти мустаҳкамгардонии соҳибихтиёрии кишварҳои минтақа ва фароҳам овардани шароит ҷиҳати ташаккули минтақаи шукуфо дар Авруосиё роҳандозӣ намояд ва яқин аст, ки дар ояндаи начандон дур кишварҳои Осиёи Марказӣ, ба монанди “палангҳои осиёӣ” ва “шерони африқоӣ”, ба “бабрҳои Осиёи Марказии иқтисодӣ” табдил хоҳанд ёфт”[3].

         Дар ниҳоят, ҳамкории ИДМ ва СҲШ дар таҳкими сулҳ ва таъмини амнияти миллӣ дар минтақаи Осиёи Марказӣ ба рушди ҳамкориҳои минтақавӣ ва шарикии мутақобилан судманд саҳми арзанда гузоштан мебошад. Ҳадафи асосии кишварҳои Осиёи Марказӣ ин нигоҳ доштани сулҳу суботу оромӣ дар минтақа мебошад.

Хулоса: Дар даврони ҷаҳонишавӣ рӯйдодҳо, равандҳо, сиёсатрониҳои як давлат барои давлатҳои ҳамсоя ва, умуман, кишварҳои олам бетаъсир буда наметавонанд. Аз ин нуқтаи назар фаъолияти давлатҳои Осиёи Марказӣ бо истифода аз зарфиятҳои ИДМ ва СҲШ имкон фароҳам меоварад, ки дар ҳалли масъалаҳои минтақавию байналмилалӣ назари хосси худро дошта бошанд ва ё аз мавқеи муштарак баромад намоянд. Созмонҳои ИДМ ва СҲШ барои давлатҳои Осиёи Марказӣ боз як имкони дигари саҳм гирифтан дар ҳалли мушкилотҳои минтақавию байналмилалиро фароҳам меоваранд.

Пешниҳодҳо:

Ба Ҷумҳурии Тоҷикистон лозим аст, ки:

 - дар мубориза бар зидди терроризм, ифротгароӣ, гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир ва ҷинояткории муташаккили фаромиллӣ аз ҷодаи ҳамкории давлатҳои аъзо, ҳамгироии мавқеъҳо, пеш гирифтани амалҳои мувофиқашуда мутобиқ ба манфиатҳои миллию давлатии худ истифода намояд.

- ИДМ ва СҲШ  ташкилотҳои минтақавӣ мебошанд. Аммо дар доираи ин созмонҳо Ҷумҳурии Тоҷикистон метавонад даст болои набзи сиёсию иқтисодии минтақа дошта бошад. Истифодаи дурусти зарфиятҳо ва имконоти  ИДМ ва СҲШ ҳамеша ба амалишавии ҳадафҳои созандаи Тоҷикистон мусоидат хоҳад кард.

- дар фазои созмонҳои ИДМ ва СҲШ, бо истифода аз таҷрибаи давлатҳои аъзо, ба роҳ мондани ҳамкориҳои муассир дар самти таъмини амнияту субот, дарёфти созкориҳо (механизмҳо) - и самараноки ҳамгироии минтақавӣ барои Ҷумҳурии Тоҷикистон аз манфиат холӣ нест.

- ба Ҷумҳурии Тоҷикистон лозим аст, ки дар ҳалли масъалаҳои доғи рӯз, аз қабили масъалаҳои сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ, тиҷорати байнидавлатӣ, фарҳангӣ, маданият, илм ва маориф, ки СҲШ онҳоро ҳамчун майдони муфиди ҳаллу фасли дастаҷамъона қарор додааст, иштирок намуда, сиёсати хориҷии манфиатҳои миллиашро аз ин  тариқ низ пиёда бисозад.

ДАВЛИЁРОВА САФАРГУЛ ТЕШАЕВНА

ходими пешбари илмии Шуъбаи Иттиҳоди Давлатҳои

Мустақили Институти омӯзиши масъалаҳои давлатҳои

Осиё ва Аврупои АМИТ

 номзади илмҳои фалсафа, дотсент

BACK